17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 282

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷи Эрону Арабистон

0

Вазирони корҳои хориҷии Ҷумуҳрии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар пойтахти Чин бо ҳам мулоқот мекунанд.

ББС ба нақл аз Ройтерз ва рӯзномаи Аш-Шарқуласати чопи Риёз хабар додааст, ки 6-уми апрели соли 2023 вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Пекин, пойтахти Чин бо ҳам мулоқот мекунанд.

Ба қавли манбаъ, як мақоми баландпоя дар Теҳрон гуфтааст, аз он ҷое, ки Чин дар таҳсини равобит байни ду кишвар саҳмгузорӣ карда, намояндагони аршади ду кишвар мувофиқат кардаанд, ки фардо, 6-уми апрел дар Пекин мулоқот кунанд.

Гуфта мешавад, Теҳрону Риёз пас аз 7 соли қатъи робита 10-уми марти соли ҷорӣ эълон карданд, ки ҷонибҳо бо миёнҷигарии Чин равобити худро аз сар гирифтанд. Ба дунболи он, сафирони Эрону Арабистони Саудӣ дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе низ мулоқот карданд.

Фарқ байни истиқболи худӣ ва бегона дар Тоҷикистон

0

Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Озарбойҷонро Сарвазири Тоҷикистон ва дигар афроди расмӣ истиқбол карданд.


Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 5-уми апрели соли 2023, Илҳом Алиев, Президети Озарбойҷон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.

Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Озарбойҷонро ҷаноби Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон ва дигар афроди расмӣ истиқбол карданд.

Акс аз манбаъҳои боз
Дар ин чорабинии расмӣ Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳ ва дар паҳлӯи Президенти Озарбойҷон болои фаршҳои қирмиз ва рангине, ки ба ифтихори қудуми меҳмонон дар замин фарш гардида буд, роҳ мерафт ва ба сифати мизбон дигар афроди расмиро ба меҳмон муаррифӣ мекард.

Акс аз манбаъҳои боз
Инчунин маросими истиқболи расмӣ аз Илҳом Алиев дар назди Қасри миллат “бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.”

Аммо бархилофи ин, ҳафтаи пеш, дақиқтараш вақте Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Тоҷикистон 29-уми марти соли ҷорӣ ба вилояти Суғд сафар карда буд, мақомоти амниятӣ ва кумитаи тадорукоти ин сафар маросими истиқболи бошукуҳе ороста буд, ки ҳатто ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷоза надода буданд, ки ба фаршҳо наздик шавад.  

Акс аз манбаъҳои боз
Ҷолиб он буд, вақте Эмомалӣ Раҳмон аз фурӯдгоҳ вориди толор гадида, болои фарши сафед қадам мезад, дида мешуд, ки Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд пушти гулчанбарҳо пинҳон шуда, ба қадамзаниҳои Эмомалӣ Раҳмон болои фарш дуздида-дуздида тамошо мекард.

Акс аз манбаъҳои боз
Гуфта мешавад, вақте раиси ҷумҳури як давлат ба шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвараш сафар мекунад, ҳеч гоҳ мақом ва ҷойгоҳе баландтар аз як раиси ҷумҳури кишварҳои дигаре, ки бо сафарҳои расмӣ вориди кишвараш мегарданд, надорад.

Аммо, чиро вақте Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси ҷумҳур ба шаҳру ноҳия сафар мекунад, мақомот ва кумитаҳои тадорукоти он сафарҳо дар аксари маврид касеро намегузоранд, ки паҳлӯи вай болои фаршҳо қадам занад, суолест, ки ҳар бинандаеро водор ба андеша мекунад…

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda.tv

Ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба Масҷиди Ақсо

0

Бомдоди рӯзи чоршанбе, 5-уми апрели соли ҷорӣ нерӯҳои исроилӣ ба дохили Масҷид-ул-Ақсо ворид шуда, бар сари намозгузорон ва эътикофнишастагон ҳамла карданд.

Боздошти намозгузорон дар дохили Масҷиди Ақсо аз ҷониби нерӯҳои исроилӣ (05.04.2023)
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, нерӯҳои исроилӣ намозгузорони дохили масҷидро “иғтишошгар” хонда, онҳоро мавриди ҳамлаи худ қарор доданд ва садҳо нафарро низ боздошт карданд.

Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, нерӯҳои исроилӣ дастикам 500 нафарро субҳи имрӯз аз дохили масҷид боздошт карда ва дар натиҷаи задухӯрдҳо 14 нафар захмӣ шудааст.

Салиби Сурхи Фаластин эълом кард, ки нерӯҳои исроилӣ монеи расидани пизишкон ба масҷид мешаванд ва намегузоранд ба маҷруҳон сари вақт кумак расонида шавад. Ин ниҳод мегӯяд, нерӯҳои исроилӣ ҳатто ба мошинҳои гурӯҳи пизишкон ҳамла карда, шишаҳои онҳоро шикастанд.

Дар муқобил нерӯҳои Ҳаракати ҲАМОС ҷониби Исроил 10 мушак партоб карданд, ки ба гуфтаи сухангӯи артиши Исроил 6-тои онҳо гардонида шуд, аммо 4 мушаки дигар ба манотиқи исроил исобат кард.

Ҷангандаҳои Исроил низ субҳи имрӯз баъзе нуқоти Ғаззаро бомборон карданд. Мақомоти ин кишварр мегӯянд, ҷангандаҳои он ду макони аслиҳасозӣ ва захоири аслиҳаро, ки тобеъи Ҳаракати ҲАМОС буд, бомборон кардааст.

Юруши нерӯҳои исроилӣ ба Масҷиди Ақсо ва боздошти садҳо намозгузор дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 5-ум то 12-уми апрел иди Пасхи яҳудиён гузаронида мешавад. Ҳамасола нерӯҳои артиши Исроил дар ин рӯзҳо ба дохили масҷид ҳамла карда, бо мусалмонҳо даргир мешаванд.

Юриши нерӯҳои исроилӣ ба Масҷиди Ақсо рӯзи 5-уми апрели соли 2023
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки нерӯҳои исроилӣ бо силоҳ дар дохили масҷид ба сӯи мардум оташ мекушоянд ва мардумро латукӯб мекунанд ва ҳатто дида мешавад онҳо пиразанҳоро ба замин кашолакунон мебаранд.

Доналд Трамп расман боздошт шуд

0

Рӯзи 4-уми апрели соли 2023 баробари ҳузур ёфтани Доналд Трамп дар додгоҳ боздошт шуд. Ӯ ба унвони собиқ президнти Амрико аввалин нафарест, ки бо иттиҳомоти гуногун расман боздошт мешавад.

Додгоҳи Манхэттени шаҳри Ню-Йорк Доланл Трампро ба 34 айб, аз ҷумла сохтакориҳо дар муомилоти тиҷоратӣ айбдор кардааст, ки худи Трамп ҳама айбҳоро рад кардааст.

Собиқ раисҷумҳури Амрико инчунин дар додани ришвар ба як зани ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ муттаҳам мешавад. Тибқи иттиҳоми додгоҳ, Трамп қабл аз интихоботи президентии соли 2016 барои фош накардани сирри маҳрамона ба ин зан 130 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун ришва додааст.

Ба иддаои додситонӣ, Трамп ҳамчунин ба доштани робитаҳои маҳрамона бо ду зани дигар низ муттаҳам мешавад, ки барои сокит кунондани онҳо ба яке 150 ҳазор ва ба дигарӣ 30 ҳазор доллари амрикоӣ додааст.

Ҳомиён ва ҷонибдорони Доналд Трамп мегӯянд, Додситони Манхэттен ба дунболи сиёсӣ кардани парвандаи ӯ аст ва мехоҳад пеш аз оғози маъракаи интихоботи президентии соли оянда аз обрӯи собиқ расиҷуҳур коста кунад.

Додгоҳ пас аз тафҳими иттиҳомот ва шунидани сухани Трамп ӯро расман аз боздошт раҳо кард ва ӯ ба  иқоматгоҳи худ ба Флорида баргаштааст.

Гуфта мешавад, дар сурати исботи иттиҳомоти эълоншуда алайҳи Трамп, ҳадди аксар ӯро то 4 соли зиндон интизор аст, вале ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, дар сурати гунаҳкор донистани Трамп ҳам ӯ ҷаримаи нақдӣ хоҳад шуд ва бисёр баъид астба зиндон фиристода шавад.

Мақомот алайҳи Бузургмеҳр Ёров парвандаи нави ҷиноятӣ боз кардаанд

0

Мақомот нисбати ҳомии ҳуқуқ ва зиндонии сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи нави ҷиноятӣ боз кардаанд.

Бино ба иттилои Бунёди “Бузургмеҳр”, парванда гӯё дар асоси аризаи яке аз маҳбусоне, ки ҳамроҳи Бузургмеҳр Ёров дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекард, оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ба парвандаи ин зиндонии сиёсӣ моддаи 247 қисми 4 бандҳои «а» ва «б»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро илова кардаанд, ки он ҷазоро дар намуди ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол модари ин зиндонии сиёсӣ аз он шикоят дорад, ки ҳеч адвокат ва ташкилоте аз тарси фишори мақомоти Тоҷикистон омода нест, ҳимояи писарашро бар уҳда гирад.

То ҳол сабаби аслии боз шудани парвандаи нав, ки чорум айби мақомот болои Бузургмеҳр Ёров мебошад, маълум нест.

Гуфта мешавад, мақомоти зиндонҳо Бузургмеҳр Ёровро аз маҳбаси низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий” то ба охир расидани тафтишоти пешакӣ ва қарори ниҳоии Додгоҳ ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и №1 шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Бунёди “Бузургмеҳр”, созмони ҳуқуқие, ки аз ҷониби пайвандони маҳбусони сиёсии тоҷик дар Аврупо ташкил шудааст, бо нашри баёния боз шудани парвандаи нав нисбати ин адвокати шинохта ва таъқиби шаҳрвандонро барои ибрози ақида маҳкум намуда, аз мақомоти тоҷик хостаат ба таъқибу фишор болои адвокатҳо хотима бахшад.

Пештар аз ин Ҷамшед Ёров, раиси Бунёд ва бародари Бузургмеҳр Ёров дар суҳбат бо Azda tv гуфта буд, ки дар остонаи таҷлил аз “Рӯзи Президент” мақомоти зиндонҳо бо Бузургмеҳр Ёров дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ва пешрафти кишвар баҳс мешаванд ва интиқодоти ӯ ба масъулин писанд намеояд. Гуфтаҳои Бузургмеҳр Ёровро ду зиндонии дигар низ дастгирӣ мекунанд, ки дар натиҷа ҳарсеро барои 15 рӯз равонаи утоқи ҷаримавӣ карданд.

Наздиконаш мегӯянд, Бузургмеҳр Ёров ҳангоми дар утоқи ҷаримавӣ қарор доштанаш мавриди шиканҷаи шадиди кормандони зиндон қарор гирифта, дар натиҷа ӯро шоми 23-юми ноябри соли гузашта дар беморхонаи муассисаи ислоҳӣ бистарӣ карда буданд.

Масъулони зиндонҳои кишвар охири моҳи ноябри соли 2022 Бузургмеҳр Ёровро аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои ду сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтаанд.

HRW: Ҳукми Манучеҳр Холиқназаров бекор карда шавад

0

Cозмони Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикитон талаб кард, ки адвокати шинохтаи зодаи Бадахшон Манучеҳр Холиқназаровро, ки ғайриқонунӣ боздошту зиндонӣ шудааст, озод кунад.

Дар изҳороти созмони HRW, ки 4-уми апрели соли ҷорӣ нашр шуд, аз мақомоти Тоҷикистон талаб шудааст, ки ҳукми додгоҳ алайҳи зиндонии сиёсӣ Манучеҳр Холиқназаров ва дигар фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бекор карда шавад ва барои нақзи ҳуқуқашон ба онҳо ҷубронпулӣ пардохт гардад.

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар HRW маҳкум ба зиндон шудани адвокат Манучеҳр Холиқназаровро интиқоми мустақими мақомот барои фаъолияти касбияш номид. Хонум Султоналиева мегӯяд, ки ин амали мақомот доғи дигареро ба вазъи ҳуқуқи башари ҳукумати Тоҷикистон зам мекунад.

Пештар аз ин HRW дар изҳороти муштараке бо ҳафт созмони байналмилалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буданд, ки ба ҳамаи гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷозат дода шавад, ки бидуни мамониат кор кунанд ва ҳама иттиҳомоти қалбакӣ алайҳи Холиқназаров ва дигар ҳомиёни ҳуқуқро ҳукумат лағв кунад.

Дар изҳороти муштараки созмонҳо гуфта мешуд, ки мақомоти Тоҷикистон бо бастани созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ эълон кардани кори ҳомиёни ҳуқуқи башар, маъракаи худро барои аз байн бурдан ва хомӯш кардани ҳама гуна садоҳои интиқодӣ дар кишвар идома медиҳанд.

Манучеҳр Холиқназаров моҳи майи соли 2022, дар пасманзари ҳодисаҳои ахири Бадахшон боздошт ва моҳи декабри соли 2022 дар мурофиае пушти дарҳои баста бо иттиҳомоти сохта, яъне ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнӯъ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Холиқназоров то замони боздошташ мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир буд ва моҳи ноябри соли 2021 ба “Комиссияи 44”, ки  дар ҳамкорӣ бо муфаттишони Додситонии кул кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва беназмиҳоро дар маркази ВМКБ таҳқиқ мекарданд, пайваста буд. Ҳоло аксари аъзои ин комиссия бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон гаштаанд.

Паноҳандаи суриягӣ шаҳрдори яке аз шаҳрҳои Олмон интихоб шуд

0

Паноҳандаи суриягӣ Райён Аш-Шибл дар шаҳри Остелшайми Баден-Вюртемберги Олмон шаҳрдор интихоб гардид.

Бино ба иттилои расонаи DW, Райён Аш-Шибл, ки соли 2015 ба Олмон паноҳанда шуда буд, дар интихоботи раёсати шаҳри Остелшайми Олмон дар баробари ду номзади маҳаллӣ, Марко Штраус ва Маттиас Фей бо ба даст овардани 55,41% овозҳо пирӯз шуд. Аш-Шибли 29-сола эҳтимолан аввалин суриягӣ аст, ки дар ҷанубу ғарби Олмон шаҳрдор интихоб мешавад.

Гуфта мешавад, собиқ шаҳрдори Остелшайм Юрген Фукс аз интихоб шудани Райён Аш-Шибл ба ҳайси шаҳрдори нав пуштибонӣ кардааст. Район 18-уми июни соли ҷорӣ корро ба ҳайси шаҳрдор шуруъ хоҳад кард.

Муҳаммадҷон Кабиров, рӯзноманигор ва коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд: “Ба ҳайси шаҳрдори шаҳри Остелшайми Олмон интихоб шудани ҷавони суриягӣ бо номи Райён Аш-Шибл баёнгари вуҷуди болои арзишҳои демократӣ ва мардумсолорӣ дар ин кишвар аст. Дар ҳоле, ки чунинҳо дар кишварҳои худ ҳатто наметавонанд президенти худро озодона интихоб кунанд. “
Кабиров афзуд, “намунаҳои дигари чунин интихоб шуданҳо дар кишварҳои демкратӣ зиёд аст, аз ҷумла додрас интихоб шудани як зани ҳиҷобдор дар Амрико, сарвазир интихоб шудани покистонитабор дар Скотланд, шаҳрдори Лондон интихоб шудани покистонитабор, сарвазири Бритониё интихоб шудани ҳиндутабор ҳама баёнгари гуфтаҳои болост.”
Райён Аш-Шибл 29-сола зодаи Ас-Сувайдаи Сурия буда, соли 2015 замони даъваташ ба артиш, тавассути Лубнон ба Туркия фирор мекунад. Пас аз он ӯ ҳамроҳи дигар муҳоҷирон ба ҷазираи Лесбоси Юнон меравад.

Дертар ӯ вориди хоки Олмон шуда, якуним сол дар шаҳри Калв зиндагӣ карда, ба омӯхтани забони олмонӣ машғул мешавад. Баъд ба Алтунгштейт мекӯчад ва баъд аз хатми таҷрибаомӯзӣ дар маъмурияти маҳаллӣ кор карда, ҳафт соли охир дар маъмурияти Алтунгштейт ба ҳайси ёвари маъмурӣ кор кардааст.

Вокуниши Русия ба хабари пайвастани Финландия ба НАТО

0

Дабири кулли НАТО (Созмони Аҳдномаи Анталникаи Шимолӣ) Йенс Столтенберг аз пайвастани Финландия ба ҳайси 31-умин узви ин созмони низомӣ хабар дод.

Столтенберг дар нишасте эълом кард, ки рӯзи сешанбе кишвари Финландия ба таври расмӣ ба эътилофи НАТО мепайвандад. Финландия дар шимоли Аврупо ҷойгир буда, бо Русия беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад.

Хабари пайвастани ин кишвар ба НАТО Русияро нигарон кардааст. Дар вокуниш ба ин хабар Русия низ эълом кард, ки нерӯҳои дифоияшро дар наздикии марз бо Финландия тақвият мебахшад.

Котиби матбуотии расиҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи сешанбе гуфт, ки пайвастани Финландия ба НАТО “ташдид ёфтани вазъият”, “таҷовуз ба амнияти Русия” аст. Ӯ афзуд, ки дар робита ба ин иқдом кишвараш “чораҳои муқобил” меандешад.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар вокуниш ба ин иқдоми Финландия гуфт, ки ин кишвар баъд аз ҳамроҳ шудан ба НАТО озодӣ ва истиқлоли худро зери суол мегузорад. Ин ниҳоди калидии Русия мегӯяд, пас аз ҳамроҳ шудани Финландия ба ин эътилофи низомӣ авзоъ дар Аврупои Шимолӣ куллан тағйир хоҳад ёфт.

Русия густариши эътилофи НАТО-ро дар назди марзҳояш таҳдид ба амнияти худ арзёбӣ мекунад. Аммо Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг мегӯяд, ки маҳз амалкардҳои Русия боиси густариши ин созмони низомӣ шудааст, на баръакс.

Ҳамзамон рӯзи сешанбе расонаҳои Русия иттилоъ доданд, ки пас аз эълони ҳамроҳ шудани Финландия ба НАТО Вазорати хориҷаи ин кишвар аз муваққатан баста шудани филиали консулгарии генералияш дар шаҳри Петрозаводски Русия хабар дод.

Мақомоти Финландия далели бастани консулгарии худро дар шаҳри Петрозаводски Русия ба “коҳиши қобили мулоҳизаи шумори вазифаҳои калидӣ” рабт дода, мегӯяд, ки кормандони он ниёзе ба доштани дафтари махсус дар ин шаҳр надоранд. Аммо расонаҳои русӣ ин амалро иқдомои Финландия ба амалкарди ахираш талаққӣ кардаанд.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ва ба далели нигарониҳои амниятӣ баъзе кишварҳои Аврупои Шимолӣ, аз ҷумла Финландия ва Шветсия хостори ҳамроҳ шудан ба НАТО шуданд.

Оё Тоҷикистон узви кишварҳои туркзабон мешавад?

0

Бархе коршиносони рус иддао доранд, ки Тоҷикистонро дар ояндаи наздик ба кишварҳои туркзабон ҳамроҳ хоҳанд кард.

Рӯзномаи “Независимая” Русия бо нашри як гузориш аз забони бархе коршиносони худ иддао карда, ки “яке аз ҳадафҳои сафари Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон табдил додани ин кишвари порсизабон ба Созмони Кишварҳои Туркзабон аст.”

Душанбе ва Боку дар доираи созмонҳои минтақаӣ назири Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Сомзони Милали Муттаҳид ва ғайра шарики ҳам ҳастанд, вале Тоҷикистон, ки як кишвари порсизабон аст, аз чанд тараф дар иҳотаи кишварҳои туркзабон ҷойгир шудааст.  

Бинобар ин Озарбойҷон мехоҳад ҷуғрофиёи таъмини манофеи иқтисодӣ ва лоҷистикии худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзоиш диҳад. “Аз ин рӯ, сафари раисиҷумҳур Илҳом Алиевро метавон як кӯшиши ҳамгироии Тоҷикистонро, ки кишвари туркзабон нест, ба формати муштараки ҳамкориҳо дар асоси ваҳдати ҷуғрофӣ арзёбӣ кард.”

Тибқи ҳисоботи Кумитаи омори Тоҷикистон ҳаҷми доду гирифтҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соли 2022 шаш миллиону дусад ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст. 6,2 миллион доллар дар маҷмӯъ 01% аз маҷмӯи савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Тоҷикистон асосан аз Озарбойҷон маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст.

Гуфта мешавад, Созмони Кишварҳои Туркзабон дар ҳоли ҳозир 5 узви доим ва ду узви нозир дорад. Соли 2009 он ҳамчун Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон тавассути сарони Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия таъсис ёфт. Узбекистон соли 2018 эълон кард, ки ба он мепайвандад. Ин кишвар соли 2019 ба узвияти ин созмон пазируфта шуд. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Туркманистону Маҷористон узви нозир дар ин созмон мебошанд.

Мулоқоти Илҳом Алиев бо Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон

0

Қарор аст фардо, 5-уми апрели соли ҷорӣ Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон бо сафари корӣ вориди Тоҷикистон бишавад.

Илҳом Алиев дар ин сафараш бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун баррасӣ намуда, санадҳои ҳамкориро ба имзо мерасонанд.

Гуфта мешавад, Раҳмон ва Алиев дар шаҳри Душанбе аввал бо ҳамдигар вохӯрда, сипас ҳайатҳои ҳар ду кишвар ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.

Asia-Plus дар истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки “пас аз анҷоми гуфтушунидҳо сарони кишварҳо бо изҳороти муштарак барои ВАО суханронӣ мекунанд” ва шоми ҳамон рӯз Илҳом Алиев ба Озарбойҷон бармегардад.

Бино ба сафари Илҳом Алиев ба Тоҷикисон имрӯз дар Душанбе форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар он иштироки беш аз 150 нафар аз ҳарду ҷониб дар назар аст, ба кор шурӯъ мекунад.

Гуфта мешавад, дар доираи ин форум байни корхонаву ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистону Озарбойҷон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки ҳудуди 95% ба воридоти молу маҳсулот аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост меояд. Тоҷикистон аз Озарбойҷон асосан маҳсулоти нафтӣ мехарад.