13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 367

Қатъи фаъолияти 8 посгоҳ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон

0

25-уми сентябри соли ҷорӣ, раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи хотима бахшидани муноқишаи марзиро имзо карданд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, ин протокол зимни дидору гуфтушуниди раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар гузаргоҳи “Қизил-Бел” ба имзо расидааст.

Пас аз ба имзо расидани протокол, ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки ҳама бандҳои протоколи имзошуда амалӣ шуда, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар марзи ду кишвар барқарор хоҳад шуд.

Инчунин раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар бо хабарнигорон суҳбат кардаанд.

Саймумимин Ятимов дар муроҷиат ба расонаҳо гуфтааст, ки “мо бояд дар истифодаи калимаҳо хеле эҳтиёткор бошем. Ҳар як сухан метавонад зарар расонад”.

Дар идома ӯ қайд карда, ки “Агар протоколу хуҷҷатхои имзошударо қатъиян риоя кунем, ба сарзамини тоҷику қирғиз сулҳ меояд”. Аммо ӯ дар бораи аз байн бурдани 8 постгоҳи марзӣ шарҳи бештаре надод.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи протоколи имзошуда ягон ҷузъиёти дигар надодааст, вале раҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба хабарнигорон гуфт, ки дар қисми аввали протокол гуфта мешавад, ки барои ҷилавгирӣ аз низоъҳо дар оянда тасмим гирифта шуд, ки посгоҳҳои сарҳадӣ, ки ҳамвора боиси низоъ мешаванд, бардошта шаванд.

“Аввал, посгоҳи марзии “Бедак” аз ҷониби Тоҷикистон ва “Тамдиқ” аз тарафи Қирғизистон. Дар онҷо на сарбозон хоҳанд буд, на мардуми одӣ. Дувум, посгоҳи “Булоқбошӣ” аз Қирғизистон ва посгоҳи “Кех” аз Тоҷикистон. Сипас гузаргоҳи “Қарочиқум” ва “Шаршен” аз Тоҷикистон ва “Катта-Туз” ва “Дача” аз Қирғизистон” – гуфт Ташиев.

Инчунин таъкид мешавад, ки тибқи ин протокол бояд фаъолияти кори Комиссияи демаркатсия ва делимитатсияи суръат бахшида мешавад.

Ташиев изҳори умедворӣ кард, ки тамоми праблемаҳо ҳал мешаванд ва таъкид кард, ки “Мо, ҷониби Қирғизистон, тибқи тамоми бандҳои дар ин протокол нишондодашуда амал мекунем”.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам ҳудуди 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол қисме аз он аломатгузорӣ нашудааст ва ин боиси сар задани низоъҳо дар марз шудааст.

Дар ҳодисаҳои хунини ахир, рӯзҳои 14-17 моҳи сентябри соли ҷорӣ дар манотиқи наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда 100 нфар кушта ва садҳо захмӣ ба ҷо гузоштааст. Дар ин даргириҳо ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози танишҳо муттаҳам карданд.

Шикасти тахти золим бо дастони мазлум

0

Ҳоло ҳам дер нашудааст, то пеши ин золим гирифта шавад ва Миллату Ватани азиз ба иззату шаҳомате, ки ба он шоиста аст, бирасад.

Худованд инсонро фитратан озод офаридааст ва роҳашро худаш интихоб намуда, ба амалкардаҳояш тибқи қонуни осмонӣ ва заминӣ, худаш ҷавобгар аст. Локин нафарони худхоҳ, ки аз ҳадди хеш гузашта, ҳуқуқи дигаронро поймол намудаанд, барои ҳимояашон қонунҳоеро эҷод менамоянд, то назди касе ҷавобгар набошанд.

Раҳмонов ҳам аз зумраи золимонест, ки барои худ ва оилааш қонунеро ба имзо расонидааст, то ин ки мақоми дахлнопазирӣ дошта бошад. Суоле матраҳ мешавад, ки чӣ сабаб шудааст, ки ”пешво” на аз Худо тарс дорад на аз бандаи Худо? Ҷавоби ин суолро ҳар нафар аз худ бипурсад, ки ман кистам ва дар ин росто чӣ масулияте дорам?

Барои одамоне, ки бо зарурати ҷавоб додан ба саволҳои «ман кистам?» ва «ҷои ман куҷост?» дучор меоянд, дин ҷавобҳои ҷолиб медиҳад. (Бархӯрди тамадунҳо. с.153. С.Хантингтон).

Ин тавр бошад, ба суроғи Қуръон, ки  китоби роҳнамоӣ башарият аст, меравем. “Ва ёд  кун он замонеро, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: ”Ҳамоно Ман дар замин насли инсонро меофарам,ки баъзе  ҷонишини  баъзеи дигар мешаванд,(то заминро бар асоси итоати Худо обод кунанд).”(тафсири ояти 30, сураи Бақара)

“Ва яқинан Мо насли Одамро (бо додани ақл ва дигар лутфу эҳсонҳои Хеш) гиромӣ сохтем ва онҳоро бар бештари он чи офаридаем, бартарии бузург бахшидем. (тафсири ояти 70, сураи Исро).

Чуноне мебинем, ҳам дар қонуни ватанӣ ва ҳам дар қонуни илоҳӣ инсон соҳибихтиёр буда, мақоми хосеро соҳиб мебошад ва ин каромате, ки Офаридгор ба инсон ато намудааст, бояд аз тарафи ҳар нафар ҳифз карда шавад, то золиме ин неъмати боарзишро ба нестӣ нарасонад. Мутасифона, ин каромату шарофати мардум аз таҷовузҳои  Раҳмонов қариб, ки ба нобудӣ расида аст.

”Инсон озод офарида шудааст, аммо ҳамеша дар занҷире гирифтор аст, ки худаш онро бофтааст”. (Ж.Ж.Руссо). Аз ин ҷо бармеояд, ки инсон ба ҳар он мушкилие афтодааст, аз ҳосили дасти хеш буда ва берун шудан аз он ҳам ба худи ӯ вобастагӣ дорад ва кофист ҳақашро донад ва аз худ дифоъ кунад ва аз чораҳои мавҷуда истифода намуда, то дар ҳали мушкилоташ ноумед нашуда, муборизаро давом диҳад.

Ҳодисаҳои сарҳадӣ бори дигар исбот намуд, ки барои ин ба ном “Пешво”-и золим ғайр аз худ ва оилааш ҷони ягон сокини Ватан арзише надорад. Худатон қазоват кунед, ҳукумати Қирғизистон 150 ҳазор шаҳрвандони назди сарҳадиашро ба маконҳои амн кӯчонида, барояшон макон ва таом ҳозир карда, баҳри фавтидагон рӯзи хосеро мотами миллӣ эълон менамояд.

Пешвои чоплусон бошад, мардуми осоиштаи бетаҷрибаро бо лофи “ватандорӣ ва ҳифзи Ватан” ба ҷанг пеш намуда, ба куштан медиҳад ва баъд аз маргашон одитарин вазифаи инсониро, ки таслият мебошад, ба забон наоварда, марги кӯдакон ва модарону ҷавонмардони Ватанро бо хандаи таҳқиромези Ятимови хоин чунин хулосагирӣ менамояд: ”маргу ғам ва дарди шумо ватандорон, хурсандии ману оилаи ман ва вазирони чоплуси ман аст”.

Ҳамватани гиромӣ, эҳсоси иззат кардани қирғизҳо аз ҷасорату амалкардаҳояшон мебошад. Онҳо дар сӣ сол  президенҳои нолоиқашонро пайи ҳам иваз карда, қадру озодиашонро ҳифз намуданд ва имрӯз ин эҳтиромро аз тарафи ҳокимонашон ба даст оварданд, яъне бо роҳи мубориза ҳаққашонро талаб карда, золимонро сабукдӯш кардаанд.

Мутасифона, мо ба сафсатаи ин золим, ки мудом “солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накунед ва шукронаи тинҷӣ намоед” мегӯяд, бовар карда, ҳам аз нон мондаем ва ҳам аз ҷон ва қариб аст, ки каромати худодадаро ҳам аз даст диҳем. Ҳоло ҳам дер нашудааст, то пеши ин золим гирифта шавад ва Миллату Ватани азиз ба иззату шаҳомате, ки ба он шоиста аст, бирасад.

Фақат аз таҷрибаҳои гузашта ва фурсатҳои мавҷуда ба пуррагӣ истифода намуда, ба ҳукумати оилавӣ хотима додан лозим аст. Чуноне матафаккири аввалҳои асри 20-и мелодӣ Абдураҳмон Кавокибӣ гуфтааст: “Шахси худкома агар дар пеши худ монеи оҳанин набинад, ҳамаи марзҳоро мегузарад. Агар золим дар паҳлӯи шахси мазлум шамшер бинад, ба зулм иқдом намекунад . Чуноне ки мегӯянд: Омодагӣ барои ҷанг монеи ҷанг мегардад”. (Табиатҳои яккатозӣ А.Кавокибӣ.с.21).

Салмон  Саидзода

Кирилл Кабанов: Барои зодагони ОМ хидмат дар артиш ҳатмӣ шавад!

0

Кирилл Кабанов, узви Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Русия пешниҳод карда, ки барои зодагони Осиёи Марказӣ, ки то даҳ соли пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, хидмати ҳарбиро ҳатмӣ кунанд.

Тибқи ин пешниҳод агар шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз хидмат дар артиши Русия саркашӣ кунанд, худашон ва пайвандонашон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешаванд.

Узви Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Русия мегӯяд, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба адои як соли хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷалб карда шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳод дар доираи фармони Владимир Путин дар мавриди қисман басиҷкунӣ ба артиш матраҳ шудааст.

Кабанов ин пешниҳодро “вокуниши муносиб” ба манъи расмии мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи иштироки шаҳрвандони худ дар ҷанги Украина, ки Русия онро “амалиёти махсус” гуфтааст, медонад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз судури фармони Путин дар бораи қисман басиҷкунӣ ба артиш сафоратҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Федератсияи Русия ва Додситонии кулли Узбекистон ва Қазоқистон аз шаҳрвандонашон хоста буданд, ки дар ҷанг дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ширкат накунанд, чун иштирок дар он ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Чанд зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро доранд, дар суҳбат ба Azda tv гуфтанд, ки баъд аз эълони басиҷкунӣ онҳоро ба артиш даъват кардаанд ва ҳеҷ роҳе ҷуз рафтан ба сарбозиро надоранд.

Дар сурати сарпечӣ аз рафтан ба ҷанг, онҳоро аз 10 то 15-соли зиндон таҳдид мекунад ва инчунин дар сурати фирор аз ҷанг мақомоти Русия таҳдид кардаанд, ки зану фарзандон ва волидайнашонро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ хоҳанд кашид.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Azda tv, баъд аз дастури Путин барои басиҷкунии 300 ҳазор нерӯи захиравӣ, қонунҳои низомӣ як шаба дар Русия тағйир кардааст, барои мисол пештар шаҳрвандоне, ки 2 фарзанд доштанд ва ҳамсарашон ҳомилаи 5 моҳа мебуд аз рафтан ба артиш озод буданд ва ҳоло дар як шаб ин қонунро тағйир дода, шарти нарафтан ба ҷангро 3 фарзанд ва бордор будани 4-ум фарзанд муайян кардаанд.

Муҳоҷирон таъкид мекунанд, ҳамзамон ҳеҷ маҳдудияте дар ин басиҷкунӣ вуҷуд надорад, ҳам падарро бо писар ба ҷанг бурда истодаанд ва ҳам аз як оила ду бародарро бо ҳам.

Инчунин ваъдаи мақомот дар мавриди ин ки касоне, ки ба ҷанг фиристода мешаванд, ҷои корашон ҳифз мешавад, низ иҷро намешавад ва корфармоҳо коргаронеро, ки ба ҷанг мераванд, бо омадани даъватнома аз кор ихроҷ мекунанд.

Azda tv аз тоҷикистониёни муқими Русия эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки аз раванди басиҷкунии мақомоти ин кишвар ҳар муълумоте ва ё аксу наворе доранд, барои нашр кардан ба унвонии мо бифиристанд.

Эътирози тоҷикон дар назди сафорати Қирғизистон дар Олмон

0

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди сафорати Қирғизистон дар шаҳри Берлини Олмон гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карда, шиорҳои “Бас кунед куштани кӯдакони тоҷик!”-ро баланд карданд.

Гуфта мешавад, ин гирдиҳамоии эътирозии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар рӯзи 22-уми сентябр доир гаштааст. Маълум нест, ки касе аз намояндагони сафорати Қирғизистон бо онҳо ҳамсуҳбат шудааст ва ё не. Вале онҳо аз мақомоти кишвари Қирғизистон хостанд, ки иғвову ҷангро бас кунад.

Ин нахустин гирдиҳамоии эътирозии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар мебошад, ки дар робита ба ҷангҳои хунини ахири марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дори мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 14 то 17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даргириҳои хунин сар зад, ки дар натиҷа беш аз 100 нафар аз ду тараф кушта шуда, садҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳукуматҳо якдигарро дар оғози даргирӣ гунаҳкор карданд.

Бекор кардани низоми раводид байни Тоҷикистон ва Марокаш

0

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Марокаш зери созишномае имзо карданд, ки бар асоси он низоми раводид байни ду кишвар бекор карда мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳои марокашӣ 22-уми сентябри соли 2022 вазирони короҳои хориҷии Тоҷикистон ва Марокаш дар шаҳри Ню-Йорки Амрико созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси низоми раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва расмӣ бекор карда мешавад.

Ба қавли манбаъ, ин Созишномаро вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкориҳои африқоӣ ва муҳоҷирони Марокаш Носир Бурита ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Меҳриддин баъд аз музокироте, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк анҷом доданд, имзо карданд.

Вазири корҳои хориҷии кишварамон Сироҷиддин Меҳриддин бо ситоиш аз ин иқдом изҳори умедворӣ кардааст, ки он як “саҳифаи наверо дар равобити ду кишвари бародар” боз мекунад ва метавонад дар бахшҳои иқтисод ва гардишгарӣ кумак кунад.

Амриддин Аловатшоевро дар “критий” ҷойгир карданд

0

Масъулони маҳбасҳои кишвар Амриддин Аловатшоевро, ки дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ ба 18-соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбаси шаҳри Ваҳдат ба СИЗО-и шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Аловатшоеви 44-соларо барои се сол ба утоқи низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий” ҷойгир кардаанд.

Гуфта мешавад, тағйири муассисаи ислоҳӣ ва низоми ҳабси Амриддин Аловатшоев бидуни муҳокима ва иштироки вакили дифои ӯ сурат гирифтааст.

Хонум Саркорова дар истинод ба манбааш аз СИЗО-и Душанбе хабар медиҳад, ки Аловатшоев дар маҳбас ба ягон амали ғайриқонунӣ даст назада буд ва тасмими тағйири муассисаи ислоҳӣ ва низоми ҳабси ӯ бо фармони “боло” сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки Аловатшоевро аввали ҳафта барои шоҳидӣ додан дар мурофиаи Холбаш Холбашов ба СИЗО оварданд.

Наздикону пайвандони Амриддин Аловатшоев интиқоли ӯро аз маҳбас ба боздошгоҳи муваққатӣ тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, сабабашро намедонанд.

Ёдовар мешавем, ки Амриддин Аловатшоев 11-уми январи соли ҷорӣ дар Русия нопадид ва чанде баъд дар Тоҷикистон пайдо шуд. Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон моҳи феврал гуфт, ӯ истирдод шудааст, аммо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода гуфт, ки бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргашту боздошт шуд.

Боздошти Аловатшоев дар пасманзари иштирокаш дар тазоҳуроти зодагони ВМКБ дар робита ба нооромиҳои охири моҳи ноябри соли 2021 сурат гирифт.

Додгоҳ 29-уми апрели соли ҷорӣ, ӯро ба панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла ба гаравгонгирӣ, ташкили иттиҳоди экстремистӣ ва ғайра гунаҳкор дониста ба 18 соли зиндон маҳкум карда буд. Фаъолону коршиносон ҳукми ӯро сохта медонанд.

Мақомоти Тоҷикистон то имрӯз чеҳраҳои сиёсӣ ва низомии шинохтаро, ки мухолифи ҳукумати Раҳмонов дониста мешаванд, ба монанди Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳаит, Ғаффор Мирзоев ва чанд тани дигар дар зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯр (критий) ҷой кардааст.

Кумаки $80 млни Бонки ҷаҳонӣ ба “Барқи Тоҷик”

0

Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади дастгирӣ ва беҳбуд бахшидан ба вазъи молии ширкати давлатии энержии “Барқи Тоҷик” 80 миллион доллари амрикоӣ кумак мекунад.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Суйим Созишномаи маблағгузории ин бонк ба ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар Душанбе имзо карданд.

Арзиши умумии лоиҳаи навбатии сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ ба “Барқи Тоҷик” 80 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, мақсад асосии ин кумакҳо беҳтар намудани вазъи молиявӣ, қобилияти пардохтпазирии он, беҳтар намудани идоракунӣ ва шаффофияти кории ҶСК “Барқи тоҷик” мебошад.

“Барқи Тоҷик” ягона ширкати давлатии энержии кишвар буда, ҳамасола қарзҳояш аз ширкатҳои тавлидкунандаи барқ меафзояд. Гуфта мешавад, қарзи ин ширкат танҳо дар назди нерӯгоҳи обии барқии “Сангтӯда-1” беш аз 200 миллон доллари амрико буда ва он дар ҳоли афзоиш аст.

Ҳушдори сафорат ба шаҳрвандон: Ба ҷанг наравед!

0

Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав рӯзи 22-уми сентябр бо нашри муроҷиатномае тоҷикистониёни муқими ин кишварро ҳушдор дода, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ иштирок накунанд.

Дар муроҷиати сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид мешавад, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат кардани шаҳрвандони Тоҷикистон мувофиқи Кодекси ҷиноятии кишвар ҷиноят ҳисобида, шахси иштироккунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

“Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.”, омадааст дар муроҷати сафорат.

Ин муроҷиати сафорат Тоҷикистон дар Маскав ба шаҳрвандон дар ҳолест, ки дирӯз 21-уми сентябр расиҷумҳури Русия Владимир Путин бо судури фармоне қисман басиҷкунӣ ба артиш ва ҷалби 300 ҳазор сарбози эҳтиётиро эълон кард.

Пас аз эълони ин хабар, чандин муҳоҷир дар тамос ба мо гуфтанд, ки ба онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аллакай даъватнома омадааст. Ва ҳамчунин дар байни муҳоҷирони тоҷик овозаҳои зиёде паҳн шуда, ки ҳамаро ваҳшатнок кардааст.

Се донишманди тоҷик узви Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон шуданд

0

Се тан аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик узви пайваста ва ифтихории Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон гардиданд.

Донишманд ва адиби тоҷик Абдунабӣ Сатторзода

Бино ба иттиои

Рустами Ваҳҳоб, донишманд ва шоири тоҷик

Гуфта мешавад, пеш аз ин чанд тан аз донишмандони кишварамон чун Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Абдулқодир Маниёзов, ва Саймуддин Додихудоев узвияти ин Фарҳанистонро доштанд.

Интиқоди фарҳангиёни эронӣ аз бархӯрди пулиси Эрон бо муътаризон

0

Меҳрони Мудирӣ, яке аз ҳунармандони синамо ва коргардонҳои машҳури Эрон дар мавриди вазъияти ахири кишвараш вокуниш карда, аз мақомот хост, ки бо мардум бархӯрди хашин накунанд.

Эронинтернешнл зимни нашри навори Меҳрони Мудирӣ навшта, ки ин коргардони эронӣ “Садо ва симоро таҳрим кард”.

Мудирӣ, ки барномаҳои пуртарафдореро дар телевизионҳои Эрон муҷригӣ мекунад, дар эътироз ба амалкарди пулиси ин кишвар бо эътирозгарон гуфт, намехоҳад ба ҳеч ваҷҳ як лаҳза аз барномаҳояш дар шабакаҳои ин кишвар пахш шаванд.

Мудирӣ аз мақомоти кишвараш хоста, ки бо мардум ҳарф бизананд ва ба талаботи онҳоро бишнаванд. “Ҳеч кас дар ин кишвар хоҳони хушунат нест,  ҳич кас дилаш намехоҳад шиша бишканад, ҳич кас дилаш намехоҳад утумобил оташ бизанад, ҳич кас дилаш намехоҳад чизеро тахриб кунад. Бубинед мутолиботи мардум чӣ аст”, мегӯяд ин коргардон.

Ҳамзамон филмсози машҳури дигари эронӣ Масъуд Кимёӣ низ бо нашри навори ҳамсон ҷониби мардум шуда, аз ҳукумат ва мақомдорони кишвараш хоста, ки бо мардум бархӯрди нодуруст надошта бошанд.

Мақомоти интизомии Эрон мегӯяд, гурӯҳҳои хориҷӣ ва манфиатҷӯён талош доранд вазъро хароб кунанд ва муътаризон ҳамаро оташ мезананд.  

ّЁдовар мешавем, ки пас аз вафоти Маҳсо Аминӣ, як зани 22-солаи эронӣ мардуми ин кишвар 6 рӯз боз даст ба эътироз задаанд. Ба гуфтаи муътаризон, пулис ба хотири “бадҳиҷобӣ” ин занро шиканҷа карда, ки дар натиҷа ӯ даргузаштааст.

Аммо пулис мегӯяд, Маҳсо Аминиро лату кӯб накардааст ва ӯ худ ба сактаи қалбӣ дучор шуда ва баракс, маъмурони пулис ӯро кумак кардаанд, ки ба бемористон интиқол диҳанд, вале ӯ вафот кардааст. Ва дар ин росто наворе низ нашр карда, ки дида мешавад, як хонум дар назди маъмурони пулси ба замин меафтад ва дар ҳол мардуми дар гирди ӯ ҷамъ мешаванд.