26.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 376

Табрикоти Елизаветаи II ба Эмомалӣ Раҳмон чанд лаҳза пеш аз маргаш

0

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон 8-уми сентябри номи шуморе аз президентҳо, созмонҳо ва шахсони сиёсии маъруфро нашр кардааст, ки ба муносибати 31-умин солгарди истиқлоли кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ фиристодаанд.

Гуфта мешавад, дар номаҳои табрикотӣ раҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таъкид кардаанд.

Дар байни номи роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳонӣ номи Елизаветаи II низ зикр шудааст.

Зикри номи маликаи Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II дар қатори фиристодагони барқияи шобдошӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки худи ҳамон рӯз хабари вафоташ дар расонаҳои ҷаҳон нашр шуд.

Гуфта мешад, маликаи Бритониё чанд рӯз пеш аз вафот бемор буд ва хусусан як рӯз пеш аз вафот зери назорати шадиди табибон қарор дошт. Ва субҳи панҷшанбе кохи подшоҳии Бритониё хабар дод, ки “пизишкони малика нигарони саломатии ӯ ҳастанд ва тавсия кардаанд, ки малика таҳти назорати пизишкӣ бимонад.”

Аммо Хадамоти матбуоти Президент 8-уми сентябр, рӯзи вафоти малика Елизаветаи II хабар дод, ки ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли кишвар барқияи шодбошӣ фиристодааст.

Чунин ба назар мерасад, ки малика лаҳзаи дар дами марг қарор доштан табрикоти Эмомалӣ Раҳмонро муҳим дониста, ба ӯ барқияи шодбошӣ фиристодааст.

Чизе, ки ба таври комил воқеӣ будани ин ҳама табрикоти раҳбарони кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу шахсиятҳои пурнуфзуро зери шубҳа қарор медиҳад.

Гиряи мардро дидаӣ?

0

Чанде қабл дар соҳили дарё як рӯзи истироҳатиро бо як ҷавони муввафақе, ки дар 30 солагӣ аллакай се мағозаи калон дар Русия кушодаасту даҳҳо нафарро бо ҷои корӣ таъмин намудааст, гузаронидем. Аз ҳар тараф чақ-чақ мекардем, нохост гап дар мавзуъи закот рафт. Ин дам он ҷавон гуфт, ки “ака, ягон маротиба гиряи мардро дидаӣ”? Гуфтам, албатта дидаам, аз ҷумла худам имсол он қадар гиристаам, ки шояд дар умрам ин қадар нагириста бошам. Ҷавон гуфт, гиряи дар мусибатро намегуям, гиряи аз ҳаяҷонро дар назар дорам. Гуфтам, на, надидаам, беҳтараш нақл кунед, чиро дар назар доред. Ҷавон ба нақл огоз кард:

“-Соли гузашта дар яке аз шаҳрҳои Русия як қисми маблағи закотамро ба чанд оилаи ниёзманд равон намудам. Қисми боқимондаашро, ки 40 ҳазор рублро ташкил менамуд дар кисаам монд ва нафаре, ки дар ҳақиқат ниёзманд бошад дарёфт нанамудам, фикр кардам чанд рӯзи дигар ҷустуҷӯ мекунам шояд, ки пайдо намоям. Рӯзи дигар ба Москов барои бор харидан сафар намудам. Дар бозори яклухтфурӯшии Москов аробакаш, ки ҷавони тоҷик буд борҳои харидаи маро то ба мошин мекашонд. Зимни боркашонӣ телефони дастии ӯ чанд маротиба занг мезад, гуширо гирифта наметавонист. Ниҳоят ӯ дар назди мошин бо арақи шаш қатор имкон ёфт телефонашро бардорад ва чанд қадам дуртар аз мошин ҳарф занад. Банда нохост шоҳиди гуфтугӯи ӯ бо духтараке шудам, ки бо гумони ғолиб хоҳари аробакаш буд. Духтарак аз Тоҷикистон занг мезад ва мегуфт, ки акаҷон пул равон кунед, ки аҳвол бад аст. Модар бемор шудаасту пул надорем, дору харида наметавонем. Рӯз аз рӯз ҳолаш бад шуда истодааст. Дар хона ҳеҷ чиз надорем. Майлаш мо рӯза мегирему намехурем, лекин очама табобат накунем аз даст меравад ва мегирист. Ҷавон мегуфт, ки охир шумо маро фаҳмед, ки ман нав омадаам, ҳанӯз ҳамаро нағз намешиносам, ҳамагӣ чанд рӯз шуд бо ҳоли зор патент кардаму худро дар қайд мондам. Ҳатто дар як рӯз як маротиба хурок мехурам то пул ҷамъ шавад. Пули хонаро додан лозим, охир дар ин ҷо пул намеборад. Аммо гиряҳои хоҳар ҷавонро бовар мекунонд, ки дигар илоҷ нест бояд аз таги замин ҳам бошад аққалан 10 ҳазор рубл пайдо карда, равон кунад.

Ҷавон гуфтугӯро хотима дод ва гӯширо ба ҷайб гузошт, дар чеҳрааш яъсу навмедӣ намудор буд. Бо чеҳраи маҳзун андешамандона ба гӯшае менигарист. Тамоми суҳбати ӯро ман гӯш кардам. Аз мусоҳибаи онҳо мутаассир гаштам. Беихтиёр наздаш рафтаму номашро ва аз кадом ноҳияи Тоҷикистон буданашро пурсидам. Баъд аз ҷайбам 30 ҳазор рубл бароварда ба дасташ додаму гуфтам инро барои модарат равон кун то табобат кунад ва боз 10 ҳазор рубли дигар ба дасташ додам, ки инро ба ҷайбат гузошта, шиками сер ба кор баро. Ин дам ҷавон аз ҳаяҷон нохост ба гиристан оғоз намуд. Намедонист чӣ гуна миннатдорӣ баён кунад. Оби дидагонаш рӯяшро мешуст. Ин қадар аз ҳаяҷон ҳиқ – ҳиқкунон гиристани мардро бори аввал дидам. Ба оғушаш гирифтам ва ба пушташ тап – тап задам ва худоҳофизӣ намудам. Ба дил гуфтам, ки алҳамдулилоҳ он чил ҳазор рубли боқимондаи закотамро адо намудам, иншоаллоҳ ин маблағ ба нафари ниёзманд расид….”

Ин нақлро барои он ин ҷо овардам, ки имрӯз алҳамдулилоҳ мардуми хайрхоҳу закотдиҳанда хеле бисёр шудаанд ва хуб мешуд эшон хайру садақот ва закоти хешро ба он инсонҳое, ки воқеан ҳам ниёзманданд, тақсим намоянд. Чуноне, ки ин ҷавони қаҳрамони мо як қисми закоти худро ба нафари ниезманди ғариб тақсим намуд. Худованд ҳар яки мову шуморо аз ҷумлаи закотдиҳандагон гардонад.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Олим Сафолов

Давлати мустақил аз шаҳрвандони мустақил таркиб меёбад

0

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи хориҷ аз кишвар, мегӯяд, давлат вақте соҳибистиқлол дониста мешавад, ки шаҳрвандонаш озод бошанд ва мафҳуми озодиро дарк кунанд.

Ба муносибати Ҷашни Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми сентябр Намояндагии Паймони миллии Тоҷикистон дар Лаҳистон мизи гирде бо номи “Дарки моҳияти Истиқлол” бо ҳузури коршиносон ташкил кард.

Дар ин нишаст Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ гуфт, имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон, ки худро соҳиби ин дастоварди давлатӣ мешуморад ва ҳамасола онро бодабдабаи хос ҷашн мегирад, вале онҳоеро, ки дар ба даст овардани Истиқлоли Тоҷикистон саҳми асосӣ доранд ва солҳои 90-уми асри гузашта бо нидои озодихоҳӣ ба майдонҳо рехтанд ва раҳои кишварро аз зери султаи Шӯравӣ талаб карданд, “тавҳин мекунанд ва ҳатто онҳоро муттаҳам мекунанд, ки шумо будед Шӯравиро барҳам додед ва сабаби ҷанги шаҳрвандӣ шудед.”

Муовини раиси ПМТ бар ин назар аст, ки давлати мустақил аз шаҳрвандони мустақил ва озод таркиб меёбад “Ва модоме ки шаҳрвандон мустақиланд, онҳо бояд аз ҳама пеш аз шарафу иззати инсонии худ дифоъ кунанд ва нагузоранд ин иззату шарафи инсонии онҳо паст зада шавад.”

Ба гуфтаи Шерзамонов, давлатҳое, ки дар давлатдории худ баъди ба даст овардани Истиқлол новаффақанд шуданд ва мушкилоти иқтисодӣ солҳост онҳоро домангир кардааст, аз ҷумла Тоҷикистон, табиист, ки шаҳрвандонаш баргашти замони шӯравиро орзу мекунанд ва Истиқлол барои онҳо ҳеч арзише надорад, “ва мегӯянд, ки кош ҳамон Шӯравӣ аз нав барқарор мешуд ва мо бо он неъматҳое, ки Шӯравӣ дошт бо он дар неъмат мезистем”.

Ҳамзамон дар ин нишаст Азимҷони Ваҳҳоб, таҳлилгар ва узви Раёсати олии ҲНИТ таъкид кард, ки мақомдорони имрӯзаи Тоҷикистон ҳеч нақше дар ба даст овардани Истиқлоли давлатии кишвар надоранд.

“Мутаассифона, ман дар ин ҷо агар бигӯям, ки инҳо ҷинояткороне ҳастанд, ки Истиқлоли Тоҷикистонро ба хоку хун кашиданд, иштибоҳ намекунам.”, мегӯяд Ваҳҳобов.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари масоили сиёсӣ, ҳукумати феълӣ аз худи Раҳмонов шуруъ карда бо тамоми аъзои он на ин ки ҷонибдори Истиқлол буданд, балки мухолифи он буданд. Ва ҳатто онҳое, ки дар Эъломияи истиқлоли кишвар имзо гузошта буданд, ин тоифа онҳоро ба қатл расондаанд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар Тоҷикистон озодиҳои ҳуқуқи инсон дар поёнтарин сатҳ қарор дорад, “бинобар ин, метавонам бигӯям, ки мо танҳо дар шакл як кишваре дорем, ки ҳамчун кишвари мустақил узви Созмони Милали Муттаҳид ҳаст, вале дар дигар ҷандаҳо кишвари мустақил надорем. На аз назари сиёсӣ ва на иқтисодиву дигар ҷанбаҳо.”

Ҳамчунин Исломҷон Сайидов, намояндаи ПМТ дар Лаҳистон иброз дошт, ки миллати тоҷик ба истеқлоли воқеӣ нарасидааст ва ҳоло ҳам талош дорад, ки ба як истиқлоли комил даст ёбад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳиҷрати аҳолии Тоҷикистон ба кишварҳои дигар ва ин қатлу куштору зиндонӣ карданҳое, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳад, баёнгари ин гуфтаҳост.

Ба гуфтаи Сайидов, аз нигоҳи таҳлили ҷомеашиносӣ ба он хотири истиқлоли комилро то ҳол ба даст наовардаем, ки чун “ҳоло мардум ба воситаи як гурӯҳи ҷиноятпеша дар ҳолати ғуломӣ нигоҳ дошта мешаванд”.

“Ҳукуматдорони мо имрӯз мехоҳанд мардумро дар атрофи як шахс ҷамъ кунанд. Ин ба хотири набудани як фикр ва идеяи миллӣ аст.”, мегӯяд намояндаи ПМТ дар Лаҳистон.

Абдуллоҳ Мағзумов, рӯҳонӣ ва узви ҲНИТ аз заҳамоти Тоҳир Абдуҷабборов барои ба даст овардани Истиқлол сухан гуфта, афзуд, ки ӯ он замон аз алфози ноби форсӣ-тоҷикӣ истифода мекард, ки ҳукуматдорон суханҳои ӯро дарк намекарданд. Зеро аксари сиёсиёни он замон бо забони омехтаи тоҷикиву русӣ суханронӣ мекарданд.

“Тоҳир Абдуҷабборов бо талошу заҳматҳои зиёд ва ҷасорату мардонагӣ тавонистанд, ки Истиқлолиятро ба миллат бидиҳанд, агарчи дар қонун ва коғазҳо ҳам бошад”, аммо ин Истиқлол ба дасти шахсони нолоиқ афтод.

“Истиқлол” ва “сиёсати хирадмандона”-и Раҳмонов нисбати мухолифон

0

Чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон бо гузашти 31 сол ҳоло ҳам дар остонаи соли 1991 қарор дорад ва  фарзияҳои баъдина аз ин бадтар хоҳад шуд.

Акс аз сомонаи “mediazona.ca”

Тоҷикистон 31 сол пеш давлати соҳибистиқлол шуд, вале мутаассифона ин соҳибистиқлолӣ имрӯз ба доираи афроди муайяне маҳдуд шудааст. Воқеияти 31-солаи истиқлоят нишон медиҳад, ки аз ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон дар 31 соли баъдина низ, агар ҳамин раванд идома ёбад, камтарин пешрафтеро интизор шудан мумкин нест. Сохтани ду бино ва мумфарш кардани роҳҳо, ин пешравӣ ҳисоб нашуда, балки талаботи замон аст ва бо ин худро набояд фирефт.

Бешак, ба ин ҳол гирифтор шудани Тоҷикистон ба якборагӣ нашудааст. Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонов аз оғози ба сари ҳукм омаданаш то ба имрӯз сиёсати барканор кардани мухолифон ва “ҷудо карда ҳукмронӣ намо”-ро пеш гирифтааст.

Як назари сатҳие ба таърихи 31-солаи истиқлолият,  водор месозад, ки дар бораи  ояндаи кишвар дурусттар ва амиқтар андеша карда шавад. Сиёсати қотилонаи Эмомалӣ то солҳои 2000 зиёда аз ҳафтод нафар рӯзноманигорро, ки “гули сари сабад”-и ҷамъият, вале дар гулӯи “ҷаноби олӣ” чун “устухоне” буданд, аз байн бурд. Ҷои тааҷҷуб дар он аст, ки то ҳол қотилони аксари ин зиёиён маълум нашудаанд. Қатли Муродулло Шералиев, Муҳиддини Олимпур, Отахон Латифӣ ва даҳҳо нафари дигар далели ин гуфтаҳо мебошад.

Баъд аз соли 2000-ум  Эмомалӣ сиёсати дигари муборизаро пеш гирифт. Ин даъфа вай бо мухолифони худ бо зиндонӣ кардани онҳо бархӯрд намуд. Зиндонӣ кардани Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзи Искандаров, ки ду нафари аввалӣ аз ёрон ва ҳамқадамони Эмомалиянд, ҷузъи хурде аз ҷиноятҳои вайро дар ин самт равшан месозад.

Нуқтаи дигаре, ки бояд зикр шавад, ин чашм ало кардани Эмомалӣ ба ҳизбҳои сиёсии кишвар мебошад.

Тағйир додани номи ҲХТ ва бо номи ҲХДТ соҳиб шудани ин ҳизб аз ҷониби Эмомалӣ, қадами нахустине дар ин майдон буд ва ба яккатозии як ҳизб замина гузошт.  Агар зиндонӣ шудани раиси ҲДТ ва ба ду ҷиноҳ тақсим шудани ин ҳизб дуввумин қадами дастдарозии Эмомалӣ ба барканор кардани ҳизбҳои сиёсии кишвар ҳисобида шавад, аз соли 2010 сиёсати хасмонаи вай дар ин раванд хеле суръат пайдо кард. Албатта, дар саромади ин ҳизбҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор дошт, ки бо тартиб додани протоколи 33-20 он зина ба зина ва дар ниҳояти кор соли 2015 бо пуррагӣ аз саҳнаи сиёсии кишвар дур карда шуд.

Ахиран, латукӯби раиси ҲСДТ Раҳматулло Зоиров ва ба зиндон андохтани ҷонишини ӯ Маҳмурод Одинаев ситораи ин ҳизб низ дар паси абрҳои сиёсати ҳизбкуши Эмомалӣ аз рӯшноӣ боз монд.

Ин ҷо ба маврид аст, ки як нигоҳе ба ҷамоатҳо ва шахсиятҳои исломию динӣ карда шавад, ки дар муддати бист соли ахир ба чӣ ҳол рӯ ба рӯ гардиданд. Дастгоҳҳои ҷазодиҳии ҳукумати Эмомалӣ дар мисоли КДАМ ва ВКД ва ёрирасон дар мисоли додситониҳову додгоҳҳо аз солҳои 2002 инҷониб бо баҳонаи аъзо будан ба Ҳизбуттаҳрир, Ҷамоати Таблиғ, Ҳаракати Салафия, Ҷамоати Ихвонулмуслимин ва Шоҳидони Яҳво ва ғайра аксари ҷавононе, ки каме ба ислом ва дин майл нишон медоданд, ба паси милаҳои зиндон кашиданд ва ё бо гирифтани маблағҳои ҳангуфт барои муддате бошад ҳам онҳоро раҳо намуданд.

Инчунин, маъракаи бадномкунии ходимони динии маҳаллӣ, ки ба рӯйхати ҳизбу ҷамоатҳои боло рост намеомаданд, ба симои ин қишри ҷомеа зарбаи сахте зад, чунон ки дар байни ҷомеа як бадбинии ноогоҳона ба ходимони дин пайдо гардид.

Дуздидани мухолифон аз ҷониби ҳукумат ва бо пуррагӣ бедарак шудани баъзе аз онҳо, як самти муборизаи дигари ин режими бесалоҳ мебошад.

Дар ниҳояти кор моҳи маи соли 2022 баъд аз эҷоди фитна дар Помир ҳукумати Эмомалӣ даст ба қатлу куштор ва боздошту зиндонӣ кардани сокинони осоишта зад. Ин ҳол ба андозае вусъат пайдо намуда, берун аз марзи Тоҷикистонро низ фаро гирифт, чунон ки одамрабоӣ дар ҳудуди Русия ва ба “биҳишти сохта”-и Эмомалӣ истирдод намудани онон то ба имрӯз давом дорад.

Нуқтаҳои зикршуда намунае аз ҳазорҳо ҷиноятҳои 31-солаи ин ҳукумат аст, ки бо рехтани хуни зиёда аз 150 ҳазор нафар оғоз ёфта ва бо солона аз Ватан берун шудани қариб садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тамом мешавад, ки ин ҳоло поёни кор нест.

Чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон бо гузашти 31 сол ҳоло ҳам дар остонаи соли 1991 қарор дорад ва  фарзияҳои баъдина аз ин бадтар хоҳад шуд.

Фарзияҳоеро дар ҳолати давом ёфтани ҳукумати Эмомалӣ бо “сиёсати хирадмандона”-аш метавон чашмдор шуд, ки амалӣ шудани он нисбати мухолифонаш аз воқеият дур нест:

А)Бо кумаки “дастгоҳҳои ҷазодиҳӣ”-и худ ва албатта, бо ҳамкории “хабаркашҳои маҳаллӣ” инсонҳое, ки заррае аз ин сиёсат изҳори норизогӣ мекунанд, мавриди боздошту шиканҷа қарор медиҳад.

Б)Ё касоне, ки ба андозаи муайяне донишу фарҳанг доранд ва аз қишри ноогоҳи ҷомеа фарқ мекунанд, бо вуҷуди дар хизмати режим буданашон, зиндонӣ мекунад ва ё берун аз ватан месозад..

В)Инчунин, ҷомеаи шаҳрвандӣ фалаҷтар гардида, камбудии кадрҳо дар тамоми соҳаҳо назаррас мегардад.          

Г)Расонаҳои мустақили боқимонда пурра аз байн мераванд ва ё барои арзи вуҷуд кардан, аз хатти кашидаи ӯ берун намераванд.

Ғ)Танқиди ҳукумати Тоҷикистон танҳо аз ҷониби муҳоҷирон-мухолифони тоҷикистонии кишварҳои Аврупо ва Амрико садо медиҳад.

Д)Аммо дар мавриди муҳоҷирони Русия, ки асоситарин тамошобинони барномаҳои мухолифон ба шумор мераванд, ҳаминро бояд гуфт, ки дар ҳолати қонуният пайдо кардани мамнуияти Ҳизби наҳзати ислом дар ҳудуди Русия, онҳо бо камтарин далел ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд ё бо пардохти ҷаримаҳои миёншикан ҷони худро халос месозанд.

Е) Мардум то ҷон доранд бо дарёфт кардани шаҳрвандии Русия ва кишварҳои дигар аз “ҷаннати сохта”-и Эмомалӣ рӯ ба фирор меоранд.

Аз гуфтаҳои боло чунин хулосабарорӣ  кардан мумкин аст:

1) Ҳукумати Эмомалӣ ҳеҷ вақт ба салоҳ намеояд ва ҳатто омаданӣ нест;

2) Мардуми Тоҷикистон бояд аз хоби ғафлат бедор шаванд, зеро рӯз ба рӯз дер хоҳад шуд;

3) Ягон миллати дунё барои тоҷикон озодии сиёсиро ҳадя намекунад, то он замоне худи онҳо барои он кӯшиш нанамоянд;

4) То ҳизбҳои сиёсии мухолифи ҳукумат ва гурӯҳҳои фаъол сари як ҳадаф ба ҳам наоянд, аз эҳтимол дур аст, ки вазъи сиёсии Тоҷикистон тағйир ёбад.

Абдуллоҳ Мурод

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Рӯзноманигороне, ки ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистонанд

0

Исфандиёри Одина, фаъоли мадании тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш феҳристи шуморе аз рӯзноманигоронро нашр кардааст, ки бо иттиҳомоти сохта дар Тоҷикистон барои солҳои гуногун зиндонӣ шудаанд.  

Ин феҳристи рӯзноманигоронест, ки ҳамин ҳоло дар Тоҷикистон ДАР ЗИНДОН ба сар мебаранд. Сипос аз Зафари Суфӣ барои таҳияи ин феҳрист. Инҳо ЗИНДОНИЁНИ СИЁСӢ ҳастанд, ки асосан барои анҷоми фаъолиятҳои машрӯъ ва қонунии рӯзноманигорӣ ва ё фаъолиятҳои сиёсию иҷтимоъии худ ба маҳбас фиристода шудаанд.

Маҳмадалӣ Ҳайит,

Раҳматуллоҳи Раҷаб,

Ҳикматулло Сайфуллозода,

Абдуқаҳҳори Давлат,

Абдуллоҳ Ғурбатӣ,

Далери Имомалӣ,

Абудусаттор Пирмуҳаммадзода,

Завқибек Саидаминӣ,

Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом),

Улфатхоним Мамадшоева,

Муҳаммадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон)

Будани онҳо дар зиндон доғи нанге бар пешонии раиси ҷумҳурест, ки худро пешвои миллат эълом карда ва дам аз сулҳу ваҳдат ва озодию истиқлол мезанад, дар ҳоле ки пой бар рӯи ҳуқуқи асосии мардум, аз ҷумла ҳаққи озодии баён ва ҳаққи дарёфти иттилоъ, гузошта. Маҳрум доштани мардум аз ин ҳуқуқи бунёдин, ки ҳам дар Қонуни асосии Тоҷикистон ва ҳам дар мавозини байналмилалии ҳуқуқи башар басароҳат зикр шудааст, фақат як далел дорад: ТАРС.

Яъне мақомҳои Тоҷикистон, аз раиси ҷумҳур шурӯъ карда то пойинтарин сатҳи давлат, аз ОЗОДИИ БАЁН ва ИТТИЛОЪРАСОНИИ ОЗОД башиддат БИМ доранд. Чиро? Далелаш фақат ин аст, ки озодии баён иҷоза медиҳад мардум ба таври озодона интиқоди худро аз сиёсаҳои ғалат ва нокоромад баён кунанд. Иттилоърасонии озод метавонад ФАСОДИ густарда дар дастгоҳи сиёсиро ифшо кунад!

Барои ин ки ФАСОД ифшо нашавад ва мардум ОГОҲ нашаванд, давлат фақат як найранг ё тарфанд дорад: Он ҳам ба зиндон андохтани ҳар рӯзноманигоре, ки метавонад фасодро ИФШО кунад! Ҳеч далели дигаре барои зиндонӣ кардани рӯзноманигорон вуҷуд надорад!

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Esfandiar Adineh

Малика Елизаветаи II даргузашт

0

Бино ба иттилои Қасри Бокингҳом маликаи Бритониё, Елизаветаи II рӯзи панҷшанбе 8-уми сентябри соли 2022 дар умри 96-солагӣ аз олам даргузашт.

Малика Елизаветаи II пас аз марги падараш Ҷорҷи VI дар соли 1953 бар тахти салтанати Бритониё нишаст. Аз замони салтанати ӯ то имрӯз Бритониё 15 сарвазир иваз кардааст. Бо ин ҳол ӯ дарозумртарин маликаи дунё маҳсуб меёбад.

Гуфта мешавад, ҷонишини Елизаветаи II писари 73-солааш Чарлз хоҳад буд. Мақоми салтанатӣ дар Бритониё мақоми ташрифотӣ буда, дар асл умури кишварро сарвазири мунтахаб пеш мебарад.

Албания бо Эрон робитаҳои дипломатиашро қатъ кард

0

Давлати Албания эълон карда, ки ба сабаби ҳамлаи сайберии Эрон ба системаи давлатии ин кишвар робитаҳои дипломатиашро бо ӯ қатъ кард.

Сарвазири Албания Эди Рама

Ба гузориши “Ройтерз”, Эди Рама, сарвазири Албания рӯзи чоршанбе хабар дода, ки дар пайи қатъи робитаҳои дипломатӣ бо давлати Эрон ҳастанд.

Ӯ рӯзи гузашта аз коркунон сафорати Эрон ва дипломатҳои он дар кишвараш хост, ки дар давоми 24 соат Албанияро тарк кунанд.

Нахусвазири Албания дар суханронии дирӯзааш ба рӯзноманигорон гуфта, “Ин вокуниши сахт киомилан муносиб бо шиддат ва хатари ҳамлаи сайберӣ аст, ки таҳдид ба фалаҷ кардани хадамоти умумӣ, пок кардани системаҳои диҷитал, сирқати иртибототи электронии дохилии давлат ва эҷоди ҳараҷу мараҷу ноамнӣ дар кишвар кардааст.”

Ёдовар мешавем, ки сомонаҳои давлатии Албания моҳи июли имсол мавриди ҳамали сайберӣ қарор гирифта буднд ва мақомоти ин кишвар ангушти иттиҳомро ба сӯи Эрон дароз мекунанд. Аммо Эрон онро иттиҳоми Амрико хондааст.

Эмомалӣ Раҳмон шакли давлатдории худро “дурусту дурбинона” номид

0

Презеденти Тоҷикистон дар Паёми табрикотиаш ба муносибати Рӯзи истиқлол аз сохти давлатдории худ таъриф ва аз мардум ташаккур кард.

Ирмӯз, 8-уми сенятбри соли 2022, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо ироаи Паёми табрикотиаш ба муносибати 31-уми солгарди истиқлоли Тоҷикистон таъриф карда гуфт, “бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти шакл ва сохти давлатдорӣ буд.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давоми раҳбарии наздик ба 30- солааш сохт ва шакли раҳбарии умури Тоҷикистонро марҳила ба марҳила аз гурӯҳӣ ва сипас хешутаборӣ ва ахиран ба оилавӣ табдил додааст, таъкид мекунад, ки равандҳои муосир “бори дигар собит месозад, ки шакл ва сохти давлатдории мо интихоби дурусту дурбинона буда, худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.”

Президенти Тоҷикистон мардумро аз “яроқнокшавии бошитоб ва оғози дигарбораи “ҷанги сард”, мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ” тарсонда мегӯяд, ки дар ҳифзи истиқлол “фаъолона саҳм гузорем.”

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле аз сохти давлатдории худ тавсиф мекунад ва онро “дурусту дурбинона” меномад, ки ҳама интихоботи перезидентӣ ва парлумонӣ кишвар аз ҷониби Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва ё дигар созмонҳои байналмилалӣ “ношаффоф” ва “ғайридемократӣ” баҳо дода шудаанд.

Инчунин ба қавли коршиносон, дар ин 10 соли ахир аз саҳнаи сиёсии кишвар дур сохтани ҳизбҳо ва чеҳраҳои мухолиф, ба зиндон андохтани равшанфикрону рӯзноманигорон, поймол шудани ҳуқуқи озодии баёон ва инҳисори комили қудрату сарвати давлат дар дасти як хонавода, давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро аз нимадемократӣ ба диктатураи комил бурдааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 расман Истиқлоли худ аз собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравиро эълон кард ва ҳоло бо 180 кишвари дунё муносибатҳои дипломативу дӯстона дорад ва узви комулҳуқуқи 57 созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.

Зубайдуллоҳи Розиқро боз ба ШИЗО интиқол доданд

0

Зубайдуллоҳи Розиқ, зиндонии сиёсии 80-сола ва собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро боз ба утоқи ҷаримавӣ (ШИЗО) интиқол додаанд.

Зубайдуллоҳзода Ҳисом, писари Зубайдуллоҳи Розиқ дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод, ки дирӯз 7-уми сентябр падари 80-солаашро боз ба ШИЗО, яъне утоқи ҷаримавӣ интиқол додаанд.

Ба навиштаи писари зиндонии сиёсӣ, сабаби интиқоли Зубайдуллоҳи Розиқ ба утоқи ҷаримавӣ “аз ҷойи хоби падараш пайдо кардани китоби Куръон ва адабиёти исломӣ будааст. Ва ин китобҳо барои режим мамнӯъ будаанд”.

Дар ҳамин ҳол як масъули зиндони шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Зубайдуллоҳи Розиқ ба ҷурми “вайрон кардани низоми маҳбас” 15 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ бурда шуд. Ин корманди зиндон иддао кардааст, ки “бо вуҷуди даъватҳои батакрор, Зубайдуллоҳи Розиқ бо истифода аз китобҳои мазҳабӣ ба таълими динии ҷавонон идома дод.”

“Ба домулло эҳтиром дорем. Гуфтем, марҳамат, намоз хонед, дуо кунед, лекин дар маҳбас таълими динӣ ғайриқонунӣ аст. Боз мешунавем, ки кори худро идома додааст. Дафъаи гузашта ҳам гуфта будем, риоя нашуд,” – шарҳ додааст намояндаи зиндони Ваҳдат ба Радиои Озодӣ.

Аммо Зубайдуллоҳзода Ҳисом, ин иттиҳомотро рад мекунад ва ба ин бовар аст, ки мақомоти маҳбас баъди ин ки падараш дар номае аз президенти Тоҷикистон баррасии дубораи парвандаашро хост, ӯро “чап” гирифтанд.

Ин бори аввал нест, ки ин зиндонии сиёсии солмандро кормандони зиндон ба утоқи ҷаримавӣ интиқол медиҳанд.

Пештар аз ин, чанд маротибаи дигар низ ин доишманди диниро, ки 80 cол дорад ба утоқи ҷаримавӣ бурдаанд. Аз ҷумла, бори охир ӯро бо ҷурми “хондани намози шаб” чунин муҷозот карда буданд. Аммо пас аз як ҳафта ва бо назардошти вазъи бади саломатияш ӯро ба утоқи муқаррарӣ баргардониданд.

Дар ин маврид Зубайдуллоҳзода Ҳисом моҳи августи соли ҷорӣ дар суҳбат бо Azda tv гуфта буд: “падарамро аз утоқи ҷаримавӣ раҳо кардаанд, вале саломатияш хуб нест. Хонавода имрӯз давоҳои лозимаро барояш бурданд”.

Наздикони Зубайдуллоҳи Розиқ борҳо дар бораи саломатии ӯ изҳори нигаронӣ карда буданд. Гуфта мешуд, чун утоқи ҷаримавӣ, ки хеле шароити вазнин дорад, таҳаммул кардани чунин шароит барои як пирамард хеле душвор аст.

Зубайдуллоҳи Розиқ ҳамроҳи дигар аъзоёни аршади ҲНИТ сентябри соли 2015 боздошт ва соли 2016 бо иттиҳомоти гуногун барои 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Иттиҳометое, ки худи ӯ ва пайвандонаш ба куллӣ рад мекунанд.

Парвиз аз Маскав ба Душанбе истирдод ва ба 18 соли зиндон маҳкум шуд

0

Парвиз Ғоибназаров, зодаи деҳаи Риҷисти ноҳияи Рошткалъаи Бадахшон дар шаҳри Душанбе ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. То ҳол маълум нест ӯ ба кадом моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор мешавад.

Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар саҳфаи телеграми худ хабар медиҳад, ки Парвизро як моҳ пеш дар шаҳри Маскав дар назди хонааш вақте мехост ба кор равад, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт ва ба ҷониби Тоҷикистон супурдаанд.

Гуфта мешавад, Парвиз Ғоибназаров яке аз дӯстони Гулбиддин Зиёбеков, ки рӯзи 25 ноябри соли 2021 аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ваҳшиёна кушта шуд буд, мебошад.    

Ба навиштаи манбаъ, касе аз наздикони Ғоибназаров дар бораи ба Душанбе истирдод шудани ӯ ва аз иттиҳомоти эълоншуда алайҳаш хабар надодаанд.

Тафтишот ва мурофиаи ин зодаи Бадахшон паси дарҳои баста, бидуни иштироки вакил баргузор шудааст.

Баъд аз ҳодисаҳои ахири Бадахшон, мақомоти Тоҷикистон даҳҳо зоддаи ин вилоятро боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд.

Аксари онҳо аз дастрасӣ ба адвокат маҳрум буда, тафтишот ва мурофиаи додгоҳияшон пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.