Интихоби Трасс ҳамчун Сарвазири Британия ба замоне рост меояд, ки ин кишвар сахтарин шароити таваррум ва рукуди иқтисодиро дар 40 соли гузашта таҷриба мекунад.
Инчунин бар асоси арзёбии расонаҳо, иқтисоди Британия, то кунун дар пилаи 6-ум қарор дошт, вале акнун як зина суқут карда, Ҳиндустон ин ҷойгоҳро касб кардааст.
Хонум Лиз Трасс дар саҳфаи Твиттер пас аз интихоб шуданаш ҳамчун раиси Ҳизби муҳофизакор ва акнун Сарвазири Бртиния аз мардумаш ташаккур карда гуфтааст, “ман иқдомоти ҷасуронае анҷом хоҳам дод, то ҳама аз ин даврони сахт убур кунем, иқтисоди худро рушд диҳем ва иқтидори Британияро ба кор бигирем.”
Гуфта мешавад, хонум Лиз Трасси 47-сола то кунун чандин мақомҳои калидиеро раҳбарӣ карда ва тайи як соли ахир дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ ифои вазифа мекард. Вай дар замони рақобатҳои интихоботӣ қавл дода буд, ки як ҳукумати қавӣ ташкил дода, дар давоми як ҳафта пас аз ба қудрат расиданаш кумакҳои бештареро ба мардум пешниҳод мекунад.
Дар робита ба наҳваи муборизаҳои худ раҳбари Ҷамбаҳи муқовимати миллӣ гуфтааст, ки айни замон бо истифода аз равишҳои ҷангии падараш Аҳмадшоҳи Масъуд меҷанганд. Муборизаҳои онҳо низ аз нигоҳи тактикӣ чирикӣ сурат мегиранд ва то кунун нерӯҳои Толибон ҳеч муваффақияте дар саркӯби онҳоро ҳосил накардаанд.
Писари Қаҳрамони Миллии Афғонистон дар идома гуфтааст, ки то кунун нерӯҳои ҷабаҳаи таҳти раҳбариаш аз ҷониби ҳеч кишваре мавриди ҳимоят қарор нагирифтаанд, ҳама он чи ки дар ихтиёр доранд, бо кумаки мардуми Афғонистон ба дасти онҳо расидааст. Ва бо ҳамин имконот дар чанд вилоят масруфи ҷанг ҳастанд.
Гуфта мешавад, аз замони дубораи сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон зиёда аз як сол мегузарад ва дар ин муддат Ҷабҳаи муқавимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Амҳад Масъуд, ки камтар аз як сол аз таъсиси он мегузарад, ба устухоне дар гулӯи Иморати исломӣ табдил шудааст.
Телевизиони “Афғонистон Интернешнал” навореро нашр карда, ки дар он гуфта мешавад, ин таркиш дар назди дарвозаи вурудии сафорати Русия ба вуқуъ пайваста ва бар асари он чанд нафар кушта ва захмӣ шудааст.
Ҳамзамон бархе аз бошандагони минтақаи Доруламон дар Кобул ба расонаҳо гуфтаанд, ки шиддати ин таркиш он қадр зиёд буда дару тирезаи хонаҳои онҳоро низ такон додааст.
Таркиш дар назди сафорати Русия замоне рух додааст, ки мардум барои дарёфти раводид (виза) саф кашида буданд ва инчунин Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст, ки дар натиҷаи ин таркиш ду корамандони ин сафоратхона кушта шудааст
Қабл аз ин Ройтерз ҳам ба нақл аз манобеъ дар ҳукумати Толибон хабар дода буд, ки ин таркиш соати 10:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух дода буд ва дар натиҷаи ин таркиш дасти кам ду нафар кушта ва 11 каси дигар захмӣ шудааст.
Инчунин дар ин навор дида мешавад, мардумони зиёде аз маҳалли вуқуи ҳодиса ва атрофи он бо доду фиғон фирор мекунанд.
Ба қавли “Кобул Нюс“, фармондеҳии пулиси Кобул ҳам мегӯяд, ки як бомбгузори маргталаб дар назди сафорати Русия дар ҳавзаи 7-ум талош мекард, ки худашро битарконад, қабл аз расидан ба ҳадафаш, нерӯҳои амниятӣ ӯро ҳадаф қарор доданд ва инфиҷор рух дод.
Гуфта мешавад, бо ин вуҷуд мақомоти Толибон, ки раҳбарии Афғонистонро бар уҳда доранд, то ҳол дар бораи дигар ҷузъиёти ин ҳодиса ва теъдоди қурбониёни он шарҳу тафсиле ироа накардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 29-соле хабар дод, ки дар қаллобии бузург, яъне бо роҳи фиреб аз худ кардани наздики 500 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад.
Тавре дар хабар гуфта мешавад, ин ҷавони 29-солаи сокини пойтахт 3 мошини “Тайота” бо моделҳои гуногун ва як “Лексус RX”, ки аз 90 ҳазор то 265 ҳазор сомнӣ арзиш доштаанд, аз соҳибонашон гирифта пули онҳоро барнагардондааст ва яке аз онҳоро фурӯхта ҳуҷҷатҳояшро ба соҳиби наваш надодааст.
Ба гузориши ВКД, мошинҳое, ки ин сокини пойтахт бо роҳи фиреб аз дигарон гирифта ва маблағи онҳоро нагардондааст, “Тойота-Бокс” арзишаш 90 ҳазор сомонӣ, “Лексус RX” 100 ҳазор сомонӣ ва “Тойота-Камри” 265 ҳазор сомонӣ будаанд, ки арзиши умумиашон 455 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин ҷавони 29-сола аз ҷониби маъмурони ВКД боздошт ва нисбаташ парванда оғоз шуда, тафтишоти он идома дорад.
Раҳмоновро пайравонаш дар назари мардум ва ҳатто ҷаҳониён “ассогузори сулҳу ваҳдат” муарифӣ менамоянд, ҳатто талошҳое ҳам кардаанд, то ин ки ӯ дорандаи ҷоизаи Нобел гардад, локин ҷоизасупорони нобелӣ, мисли мардуми бечораи тоҷик нест, ки бо зулм “боевик”-ро сулҳофар муарифӣ кунанд.
Ҳатто нафароне, ки худашон ин унвонро сохта ба “пешво”-яшон часпонданд, дар “эҷод”-ашон бо шубҳа менигаранд, чунки бо роҳи ҷанг ба сари қудрат омадани “ҷаноб” ва бо тарсу ваҳшат, яъне ”террор” давом ёфтани ҳукуматашро, ҳамагон дар дохилу хориҷи кишвар медонанд ва борҳо ҳам аз тарафи хоҷагонаш ва ҳам аз тарафи “дӯсти колхозчӣ”-аш низ тасдиқ ёфтааст.
Чуноне, ки дар матлабҳое қаблӣ зикр кардем мутахасисони соҳаи ҳуқуқ навъҳои гуногуни “терроризм”-ро муайян кардаанд. “Пешво”, ки дар ҳама соҳаҳо “пешсаф” аст, дар иҷрои намудҳои “терроризм” ҳам саҳми худро гузошта, ба қатори дигар “дастовардҳояш” унвони наверо низ касб намудааст. Ин ҳам бошад “асосгузори терроризм дар Тоҷикистон” ва татбиқи намудҳои гуногуни “террор” бар зиди сокинони маҳаллӣ аст.
Президенти Тоҷикистон дар давоми камтар аз даҳ рӯз ду бор бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи “саркӯби бадахшониҳо” суҳбат кардааст.
Хадамоти матбуоти Президент иттилоъ дода, ки дирӯз, 1-уми сентябри соли 2022 Сарони Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид “дар бораи ҳамкориҳои оянда” ва “таъмини сулҳу субот” телефонӣ суҳбат карданд.
Ин суҳбати телефонӣ дар ҳоле анҷом шуда, ки ба қавли котиботи Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гутерриш 26-уми августи соли ҷорӣ низ дар бораи “мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ” гап зада буданд.
Тоҷикистон ва дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон мухолифони ҳукуматашро “терросту ифротгаро” медонанд ва бо баҳонаи “таъмини сулҳу субот” дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ мақомот бо дастури Президент дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон наздик ба 100 нафар аз эътирозгаронро қатли ом ва зиёда аз 300 нафари дигарро мавриди боздошту бозпурсиҳо қарор доданд.
Аз сӯи дигар маҳкум кардани ҷамъе аз фаъолони бадахшонӣ, ки бо иттиҳомоти мухталиф боздошт шудаанд ва ба солҳои тӯлонӣ маҳкум кардани онҳо ба зиндон дар Тоҷикистон фаъолони тоҷикистонӣ ва бахусус бадахшониро ҳам сахт нигарон кардааст.
Инчунин мақомот дар ин муддат иддае дигаре аз фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз Русия ва дигар кишварҳои пасошуравӣ дуздида ба Тоҷикистон истирдод карданд ва сипас пушти дарҳои баста онҳоро низ ба солҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кардан. Ин амали мақомот низ вокуниши ҳомиёни ҳукуқи башар дар Тоҷикистон ва хориҷ аз онро ба бор овардааст.
Шоҳзода Карим Оқохон, ки раҳбари маънавии исмоилиёни ҷаҳон ва аз он ҷумла шиаёни исмоилӣ дар Бадахшони Тоҷикистон шинохта мешавад, дар сатҳи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ лоббиҳои зиёде дорад ва ба гуфтаи бархе коршиносон таъсири ҳамин лоббиҳо буд, ки як моҳ пеш Парлумони Аврупобо аксарияти оро амалкарҳои мақомоти Тоҷикистон дар қиболи бадахшониҳоро маҳкум кард.
Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, содир шудани ҳукмҳои ноодилона ва ё ба қавле “говсуд” кардани фаъолони бадахшонӣ ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндонҳо кардани ишон “хашм”-и раҳбари исмоилиёнро дар сатҳҳои мухталиф ба бор овардааст ва акнун ғайри мустақим мехоҳад Эмомалӣ Раҳмонро зери фишор қарор диҳад.
Аз сӯи дигар, Созмони Миллали Муттаҳид яке аз кафилони суҳл дар Тоҷикистон буд, вале вақте Ҳукумат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро аз саҳнаи сиёсӣ ҳазф ва онро террористӣ эълон кард, амалан ҳеч коре накард, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи ҷаҳонӣ зери фишор қарор диҳад.
Аммо акунун вақте кор ба дасти лоббиҳои Оқохон уфтодааст, мебинем, ки Президенти Тоҷикистон дар ҳар ду суҳбатҳои худ “илтиҷо” карда мегӯяд, “омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории он” хоҳонем.