Радабандии ахири кишварҳо нишон додааст, ки дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвар амн пас аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар мақоми сеюм қарор дорад.
Акс аз сомонаи https://www.visionofhumanity.org
Дар ин радабандӣ, ки аз ҷониби “GLOBAL PEACE INDEX” анҷом шудааст, 163 кишвари дунё оварда шудааст ва дар он Афғонистон мақоми охирро ишғол кардааст.
Инчунин бар асоси баровардаҳои ин созмон, пас аз Афғонистон Яман ва Сурияву Русия низ ҷузви кишварҳо ноамнтарини дунё арзёбӣ шудаанд.
Ҷолиб он аст, ки тибқи арзёбиҳои “GLOBAL PEACE INDEX” бо вуҷуди ҳамлаҳои низомии Маскав алайҳи Киев дар ин шаш моҳи ахир, Украина дар мақоми 153 ва Русия дар мақоми 60-ум қарор гирифта, ки Киев 7 зина амнтар аз Русия дониста шудааст.
Тавре расонаи “РАПСИ” аз қавли сухангӯи Додгоҳи олии Русия хабар дод, қарор аст, масъалаи террористӣ хондани ҲНИТ дар ҳудуди Русия пушти дарҳои баста баргузор шавад.
26-уми июли соли ҷорӣ Игор Краснов, додситони кулли Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, изҳор дошта буд, ки Додситонии кулли Федератсияи Русия бо дархосте ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ки ҲНИТ дар қаламрави Русия ташкилоти “террористӣ” шинохта шавад.
Дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум 18,1 дарсад аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти Тоҷикистонро ташкил додааст. Дар ин бора “Avesta” дар истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар дод.
Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ Тоҷикистон беш аз 411,3 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бо афзоиши 26,7% ворид шудааст, ки он беш аз 338,5 миллион долларро ташкил додааст.
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар беш аз 463,1 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳафт моҳи соли 2021 10,8 дарсад камтар аст. Ҳаҷми воридоти гандум беш аз 155,2 миллион долларро ташкил дод.
Воридоти орд дар ин давра беш аз 27,9 ҳазор тоннаро ($10,2 миллион) ташкил додааст.
Дар маҷмуъ аз аввали сол ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллар маҳсулот ворид шудааст.
Бино ба иттилои Pamir Daily News, ҳамроҳи Мамадбек фаъоли диаспораи помирӣ Дилдорбеков Мансур Мардонович низ дастгир шуда буд, аммо пас аз чанд соат раҳо шуд.
То ҳол сабаби боздошти Атобеков Мамадбек ва дар куҷо нигоҳдорӣ шуданаш маълум нест.
Баъд аз ҳодисаҳои ахири Бадахшон, ки бо кушта шудан ва боздошти даҳҳо зоддаи ин вилоят анҷомид, хабари боздошту ба Тоҷикистон истирдод шудани чандин зодаи ВМКБ дар қаламрави Русия расонаӣ мешавад.
Аз ҷумла, дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо, фаъолони помирӣ аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.
Пештар аз ин, бо қарори додгоҳҳои Русия Парвиз Ғоибназаров, Руслан Лашкарбеков, Руслан Пӯлодбеков, Ҷонибек Чоршанбиев, Муслим Наврӯзов, Чоршанбе Чоршанбеев ва чанд тани дигар ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд. Ва қабл аз онҳо Амриддин Аловатшоев аз қаламрави Русия рабуда шуда буд.
Инчунин сарнавишти ду зодаи дигари Бадахшон Абдуллобеков Акбар, ки кормандони интизомии Русия ӯро бо дархости додситонии Тоҷикистон дар метрои “Кузминки” боздошт карда буданд ва блогери зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мақсуд Ғаёсов, ки аз дохили манзилаш боздошт шуда буд, норӯшан боқӣ мемонад.
Чанд тани дигар дар боздоштгоҳҳои Русия интизори қарори истирдоданд ва дар Тоҷикистон хатари боздошту зиндонӣ шудан онҳоро таҳдид мекунад.
Ҳамаи ин афрод зодагони ВМКБ буда, дар Русия кору зиндагӣ мекарданд ва қисме фаъолони диаспораи помирӣ буда, бар зидди саркӯби мақомоти тоҷик алайҳи аҳолии Бадахшон садо баланд карда буданд.
Пас аз ҳодисаи ҳамла ба Салмон Рушдӣ бори дигар баҳси ҷойгоҳи хушунат дар ислом доғ шуд ва зеҳнҳоро ба худ машғул дошт. Бархеҳо ба ашколи мухталифе ба ин ҳодиса вокуниш карданд ва ҳатто радду бадалҳое ҳам дар ин замина сурат гирифт. Фазои маҷозии тоҷикӣ ҳам аз ин қоида истисно набуд ва ин масъаларо ҳар кас ба гунае матраҳ мекард. Қабл аз инки ин мақоларо бинависам хеле фикр кардам, ки бинависам ё на. Мутарддид будам. Зеро медонам, ки масъала хеле ҳассос аст ва ин навишта ҳам метавонад баҳсҳои дигареро ба вуҷуд оварад ва ҳар касе аз он ба ҳар гуна бардошт кунад. Аммо билохира тасмим гирифтам бинависам. Зеро ҳақиқат ва воқеият дар натиҷаи радду бадалҳо ва ҳамин нақдҳо равшан хоҳад шуд.
Қазоватҳои ноогоҳона
Пеш аз ҳама саволи ман ин аст, оё касоне, ки дар ин масъала андешаронӣ мекунанд, он китобро хондаанд?
Бовар дорам дар ҷомеаи тоҷикӣ аксарияти қотеи касоне, ки дар бораи китоби “Оятҳои шайтонӣ”-и Салмон Рушдӣ сухан мегӯянду баҳс мекунанд, онро нахондаанд. Ҳам мухолифон ва ҳам мувофиқони ин нависанда бештар бар асоси фатвоҳои пешвоёнашон ва ё аз сари лаҷбозӣ ба он аксуламал нишон медиҳанд. Ҳатто агар аз онҳо бипурсед, ки дар куҷо ва чи гуна ӯ ба Паёмбари ислом (с) тавҳин кардааст ва дақиқан кадом гуфтаи ӯро тавҳин мепиндоред, ҷавобе нахоҳанд дошт. Аммо аз рӯи эҳсосот такрор хоҳанд кард, ки ӯ душмани ислом асту ба Паёмбари ислом тавҳин кардааст ва баръакс. Аммо намедонанд, ки дар куҷои китоб ва чӣ тавҳине вуҷуд дорад. Ин гуна қазоват дар масоил ва ё дар бораи бархе афрод дар ҷомеаҳои мо кам нестанд ва мутаассифона, ба як асл табдил ёфтаанд.
Мавзӯъ чист?
Агар мувофиқону мухолифон ин китобро мехонданд ва дарк мекарданд, ки нависанда бо илҳом аз ривоятҳои исломӣ даст ба чунин коре задааст, шояд ба ин ҳад аксуламали шадид нишон намедоданд.
Яъне Салмон Рушдӣ достони худашро бо илҳом аз ҳодисаи “Ғарониқ” навиштааст. Ҳодисае, ки дар чандин китоби машҳури мусалмонон ривоят шудааст, агарчи бархеҳо онро рад ҳам кардаанд. Ривоят чунин аст, ки ҳангоми қироати сураи “Наҷм” Паёмбари акрам(с) таҳти таъсири илқооти шайтонӣ карор гирифтаву ду ояти шайтониро ҳам ҳамроҳ бо оёти Раҳмонӣ хондааст. Аммо Ҷабраили амин баъдан Паёмбар (с)-ро аз ин масъала огоҳ мекунад ва онҳоро ҳазф мекунад. Ин ривоятро тақрибан аксарияти мусалмонони огоҳ медонанд ва дар бархе китобҳои сирати Паёмбар (с), аз ҷумла Сираи Ибни Ҳишом ва дар бархе тафсирҳо, аз ҷумла тафсири Табарӣ омадааст.
Дар китоби “Оятҳои шайтонӣ” нависанда воқеият ва тахайюлотро бо ҳам омехтааст. Ба гунае ки, гӯё ҳавопаймое суқут мекунад ва пас аз он ду шахсият зинда мемонанд, ки исми яке аз онҳоро Ҷабраили Пуштакзан ва дигариро Салоҳиддин Чамчо мегузорад. (тарҷумаи Рушанак Иронӣ ба забони форсӣ). Ҳатто дар дар ин роман ҳеҷ исме аз Паёмбари ислом (с) ва ё ҳатто дини ислом ҳам бурда нашудааст.
Нуктаҳои баҳсбарангез дар ин китоб бармегардад ба истифодаи нависанда аз ривояти “Ғарониқ”, ва исми Маҳанд, ки мунтақидон онро шабеҳи исми Паёмбари ислом(с) мебинанд. Нуктаи дигар, истифода аз номҳое аст, ки номи занони Паёмбар(с) ҳастанд. Дар охири достон ҳам ба имоме ишора мекунад, ки дар табъид ҳаст ва пас аз инқилоб дар кишвараш ба он бармегардад. Яъне, тавҳин ба Паёмбар, тавҳин ба занони Паёмбар ва тавҳин ба имоме, ки дар табъид будаву баъди инқилоб ба кишвараш баргашта аст, аз муҳимтарин нуктаҳои ин китоб ҳастанд.
Тавҳини Паёмбар (с) ва ҳукми қатли тавҳингар
Агар касе ба Паёмбари ислом иҳонат кард, мусалмонон муваззафанд, ки бо ӯ бо хушунат рафтор кунанд? Ин масъала барои мардуми мусалмон аз аҳамияти болое бархурдор аст. Зеро барои як мусалмон Паёмбар(с) ва занҳои ӯ муқаддасанд ва болотар аз ҳама чиз меистанд. Бо вуҷуди ин, Қуръони Карим на танҳо мусалмононро ба бархурди хашин фармон надодааст, ҳатто худи Паёмбарро дар баробари мухолифонаш таъкид ба хештандорӣ ва таҳаммулпазирӣ кардааст. Ба қавли бархе донишмандон дар таърихи ислом аввалин боре, ки кайфари иҳонат ба Паёмбари ислом маҳкумият ба эъдом унвон шуд, аз тарафи Ибни Таймия буд. Аммо Қуръон ба сароҳат мардумро ба куштани тавҳингарон амр накардааст ва худи Паёмбар (с) ҳам ба чунин коре дастур надодааст.
Марзи байни озодии баён ва эҳтиром ба муқаддасот
Масъала вақте ҳассос мешавад, ки аз як тараф бар ҳуқуқи асосии инсон, ба хусус ҳуқуқи озодии андеша ва баён ва аз тарафи дигар эҳтиром ба муқаддасоти дигарон ва маҳдудаи он матраҳ мешавад. Тавофуқ бар сари ин ду арзиш бо хушунат имконпазир нест. Марз байни озодии баён ва эҳтиром ба муқаддасоти дигаронро танҳо аз тариқи гуфтугӯ ва муколама метавон мушаххас кард. Дар воқеъ, хушунат дар чунин ҳолат ҳам ба озодии андеша ва баён зарба мезанаду нафрати тарафдоронашро нисбат ба муқаддасот бештар мекунад ва ҳам тарафдорони эҳтироми муқаддасотро ифротӣ ва хашин муаррифӣ хоҳад кард. То ҷое, ки бархе аз мунтақидон бо такя бар ин амалкардҳо, ҳатто мегӯянд, ҷомеаҳои тақаддусгаро наметавонанд бо илм, ақлоният ва ҷаҳони инсонӣ таомул ва ҳамзистӣ дошта бошанд.
Дар муқобил равшанфикрони мусалмон бар ин боваранд, ки ҳам аз нигоҳи шаръ ва ҳам аз нигоҳи илм метавон байни ин арзишҳо марзҳои мантиқӣ тарсим кард, аммо на бо хушунат.
Ба ин тартиб, масъулияти мо барои таъйини ин марзҳо бештар аз дигарон аст ва мо бояд собит кунем, ки як ҷомеаи дорои муқаддасот ҳам метавонад як ҷомеаи озод ва пешрафта бошад. Ҳамчунин бояд собит кунем, ки муқаддасот хушунатзо нестанд ва ин масъулиятро бипазирем. Рӯ овардан ба хушунат дар воқеъ, фирор аз зери бори ин масъулияти муҳим аст.
Бобоҷон Қаюмов
Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.
Аз сӯи дигарагар ин омор ва рақамҳоро дасти кам дар ин 7 соли ахир муқоиса кунем, маълум мешавад, ки талабот ба дармону табобат нисбат ба таълиму тарбия дар ин давраи ҳисоботӣ ду баробар зиёдтар шудааст.
Ба иборати дигар, агар то сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон 3 ҳазору 229 мактаб ва 2 ҳазору 860 муассисаи тиббӣ фаъолият мекарда бошанд, имрӯз теъдоди мактабҳо 3640 ва теъдоди муассисаҳои тиббӣ ба 5116 адад расидааст. Яъне, то соли 1992 теъдоди муассисаҳои тиббӣ 11 дарсад камтар аз мактабҳову имрӯз бошад, баръакс, шумори муассисаҳои тиббӣ 23 дарсад зиёдтар аз мактабҳо шудааст.
Гуфта мешавад, то чанд вақте пеш ҳукуматдорон ва дар раъси онҳо худи Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар мулоқот ва дидорҳояш бо қишрҳои мухталифи мардум таънаву маломат карда гуфтааст, ки дар Тоҷикистон теъдоди масҷидҳо аз мактабҳо зиёдтар аст. Аммо ҳоло мебинем, ки теъдоди духтурхонаву дорухонаҳо ва ё расмӣ карда гӯем, муассисаҳои тиббӣ на танҳо аз мактабҳо, балки аз масҷидҳо ҳам зиёдтар шудааст.
Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон аз норасоии 3406 омӯзгор дар муассисаҳои таълимии кишвар шикоят мекунад, ки тибқи омори мақомот, соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бо тахассуси омӯзгор 5323 нафар ва коллеҷҳои омӯзгориро 1830 нафар ҷавонон хатм карданд. Яъне, танҳо дар як сол дар маҷмуъ 7153 кадри омӯзгор омода шудааст, вале боз ҳам беш аз 3 ҳазору 400 кадр дар ин соҳа намерасад.
Камбуди кадр дар соҳаи маориф яке аз мушкилотест, ки солҳо боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, ҳал кардани ин мушкилӣ аз як сӯ кори чандон мушкилӣ нест, зеро дар кишвар кадри омӯзгор ба андозаи кофӣ дорем. Ба таври мисол, вақте танҳо дар як сол беш аз 7 ҳазор кадр дар ин ришта омода мешавад, давоми 5 ё 10 соли гузаштаро агар ҳисоб кунем, хеле кадрҳои зиёд вуҷуд дорад, ки ба қадри кофӣ басанда аст.
Аммо аз сӯи дигар ин мушкилӣ ҳал шуданаш бисёр душвор ба назар мерасад, зеро сабаби аслии фирори омӯзгорон ин кам будани маош аст. Ва сабаби ночиз будани маоши омӯзгорон аз вуҷуди фасоди бузург дар ин соҳа дарак медиҳад. Мутаассифона фасоду ришва танҳо дар як соҳа нест, дар тамоми соҳаҳои кишвар ба авҷи аълои худ расидааст ва ин падида сабаб мешавад, ки мушкилот рӯз ба рӯз бештар гирдида, барои онҳо роҳи ҳал пайдо кардан номумкин шавад.
Ягона роҳи ҳал пайдо кардан барои рафъи мушкилоти кадрӣ дар соҳаи маорифи кишвар, ин таъмини омӯзгорон бо маоши хуб аст. Агар воқеъан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тавонад ин мушкилиро бартараф кунад ва омӯзгорони ҷавонро бо маоши хуб таъмин кунад, пас маълум мешавад, ки ин ниҳод буҷаи кофӣ дорад, вале ҳамаи он аз ҷониби масъулони ин вазорат ғорат мешавад ва хоинони асосӣ ҳам ҳаминҳо ба ҳисоб мераванд.
Аммо маълум аст, ки Вазорати маориф наметавонад ин мушкилиро рафъ кунад, сабабҳояшро бар боло зикр кардем. Дар чунин сурат Эмомалӣ Раҳмон бояд вазирону расиони дуздашро, ки буҷаи кишварро ғорат мекунанд ва ҳаққи мардумро мехӯранд ҳамчун хоини давлату миллат бе ҳукми додгоҳ умрбод ба зиндон андозад, чи гунае, ки фаъолони сиёсӣ ва равшанфикрони бегуноҳро мекунад. Чун ӯ метавонад ба чунин коре даст занад.
Дар сурати иҷро нашуадни дастури Эмомалӣ Раҳмон ва боз ҳам беҷазо мондани вазир Саидзода ва дигар масъулони соҳа, маълум мешавад, ки расиҷумҳур ё ноуҳдабарост ва ё худаш ҳам дар дуздии буҷет шарик аст.
Муҳаммадлии Юсуф
Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.