31.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 471

Тоҷикистон: Apple нахустин шуда андоз супорид

0

Дар Тоҷикистон аввалин шуда ширкати хориҷии Apple аз ҳисоби хидматрасониҳои электронӣ ба маблағи 238 ҳазор сомонӣ андоз супорид.

23-уми июл Кумитаи андоз бо нашри иттилоияе хабар дод, ширкати хориҷии Apple Distribution International Limited, ки дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамояд, 16 июли соли ҷорӣ аз байни чунин ширкатҳо нахустин шуда тайи шаш моҳи ахир барои семоҳаи I ва семоҳаи II–и соли 2021 андоз супорид.

17-уми декабри соли 2020 парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” тасвиб кард, ки тибқи муқаррароти он ширкатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, вазифор шуданд дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шаванд ва андоз аз арзиши иловашударо ба буҷети давлат пардохт намоянд.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз қабули қонуни мазкур то имрӯз 18 адад ширкатҳо ба мақомоти андоз муроҷиат намуда, худро ба қайд гирифтаанд.

Аввали моҳи марти соли ҷорӣ Кумита хабар дода буд, ки аввалин шуда ширкатҳои бузурги электронӣ – Facebook ва Google дар Кумитаи андоз худро ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифтанд.

Омодагии Тоҷикистон барои мизбонии 100 ҳазор паноҳҷӯ

0

Мақомоти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мегӯянд, барои қабули 100 ҳазор паноҳҷӯйи эҳтимолӣ аз Афғонистон дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) омодагӣ мегиранд.

22-юми июл, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотиаш ба хабарнигорон дар робита ба эҳтимоли паноҳ овардани муҳоҷирони афғон гуфт, “набояд фаромӯш кард, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ сокинони моро қабул карданд. Онҳо моро бо хона ва хӯрок таъмин карданд. Имрӯз онҳо дар изтиробанд ва мо вазифадорем, ки кумак кунем. Албатта, бо назардошти меъёрҳои бехатарӣ ва санитарӣ.”

Тоҷикистон дар ду моҳи ахир, ки нерӯҳои Таҳрики Толибон дар Шимоли Афғонистон аксари вулусволиҳоро тасарруф кардаанд, мизбони садҳо нафар аз сарбозону марзбонон ва мардуми мулкии Афғонистон буд.

Пеш аз ин Амрико аз кишварҳои минтақа, ба хусус кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон хоста буд, ки ҳудуди 50 ҳазор муҳоҷир ва паноҳҷӯи Афғонистонро дар кишварҳои худ паноҳ диҳанд. Ин афрод касоне ҳастанд, ки дар гузашта барои ишғоли Афғонистон ба низомиён ва мақомоти ИМА дар Афғонистон ҳамкорӣ карданд ва дар ҳоли ҳозир ҷони онҳоро дар хатар аст.

Тоҷикистон ҳудуди 1400 киломтер марзи муштарак бо Афғонистон дорад ва дар тамоми манотиқи он сӯи марз вазъият ноором ва ҷанг байни нерӯҳои давлатӣ ваТолибон идома дорад. Толибон иддаъо дорад, ки дар ҳоли ҳозир 90 дарсади марзҳои Афғонистон дар ихтиёри нерӯҳои онҳо қарор дорад.

Афғонистон дар солҳои 93-97 асри гузашта мизбони беш аз ним миллион муҳоҷири Тоҷикистон буд, дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон қабули муҳоҷирони Афғонистонро “қарзи инсонӣ”-и худ медонанд. Зимнан, Тоҷикистон дар 30 соли ахир низ ҳазорҳо муҳоҷири Афғонро паноҳ дода, аксари онҳо дар ноҳияҳои тобеи Марказ, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд.

Консерт дар дохили масҷид

0

22-юми июл мақомоти ноҳияи Рашт дар дохили масҷиде дар деҳаи Навдӣ барои ҷавонон бо иштироки овозхонҳо консерт баргузор карданд.

Ба иттилои сомонаи “

Даргузашти Идигул Қосимзода аз бемории COVID-19

0

Идигул Қосимзода, вакили парлумони Тоҷикистон ва собиқ раиси Кумитаи занони кишвар имрӯз 22 июл бар асари бемории COVID-19 дар синни 53-солагӣ даргузашт. Дар бораи марги ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон хабар доданд.

То ҳол на дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон ва на ниҳодҳои расмии кишвар дар мавриди марги ӯ чизе нашр накардаанд.

Радиои Озодӣ аз қавли як масъули бемористони “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе навишт, ки сабаби марги ӯ гирифтор шудан ба бемории коронавирус будааст.

Бино ба иттилои манбаъ, чаҳорро рӯз пеш наздикони Идигул Қосимзода ӯро бо нишонаҳои коронавирус дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Пизишк гуфта, ки номбурда дар хона табобат мегирифтааст, аммо пас аз бад шудани ҳолаташ ӯро ба бемористон оварданд. “Дар зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузоштем. Хеле талош кардем, аммо наҷот дода натавонистем. Вирус шушашонро тамом карда буд”, – афзудаст мусоҳиби Озодӣ.

Манбаъ қайд мекунад, ки Қосимзода дар қатори дигар намояндагони Парлумон воксин гирифта буд.

Идигул Қосимзода 4 январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) буда, дар мақомҳои гуногун кор кардааст.

Қосимзода аз ибтидои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то соли 2003 омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №51-и ноҳияи Вахш буд. Аз соли 2003 то соли 2006 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонба номи Сотим Улуғзода ба ҳайси муаллимаи забони русӣ кор кардааст. Солҳои 2008-2015- Муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи мазкур буд ва аз соли 2017 то 2020 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 1 марти соли 2020 то дами марг вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Идигул Қосимзода бештар дар мавзӯҳои ҳассос, ба хусус ҳиҷоби занон дар расонаҳо ном бароварда буд. Ӯ ин кори худро “фаҳмондадиҳии занон”, “ташвиқи либоси миллӣ” ва “мубориза бо либоси бегонагон” унвон мекард, аммо рафтораш борҳо дар ҷомеаи тоҷик, ба хусус дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

Фаъолони тоҷик “Рӯзи забон”-ро қайд карданд

0

Гурӯҳе аз фаъолони Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ “Рӯзи забон”-и модарӣ-тоҷикӣ (форсӣ)-ро қайд карданд.

22-уми июли соли 1989 пас аз талошҳои зиёди иддае аз равшанфикрони кишварамон забони тоҷикӣ (форсӣ) дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мақоми давлатӣ касб кард.

Дар идомаи талошҳои равшанфикорони Тоҷикистон дар соли 1989 дар Тоҷикистон барои касб кардани мақоми давлатӣ гирдиҳомоие низ баргузор шуд, ки ташкилкунандаҳои он се нафар, Барот Мақсудов ва Ҷумахон Исоев, устодони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Сафари Мастонзод, корманди фабрикаи пойафозоли шарҳи Душанбе буданд.

Тоҷикистон ба муддати 20 сол санаи 22-уми июлро ҳамчун “Рӯзи забон” таҷлил мекард, аммо соли 2009 Маҷлиси Олии Тоҷикистон “бо мақсади такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳуруии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул карда, санаи онро ба 5-уми октябр, рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон тағйир дод. Сипас ин санаро рӯзи ид эълом кард.

Бо ин вуҷуд, хеле аз фаъолони Тоҷик тағйир додани “Рӯзи забон”-ро сиёсӣ дониста, онро бахше раванди таҳрифи торих ва воқеиятҳои Тоҷикистон аз сӯи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Кумаки 40 ҳазори вояи Озарбойҷон ба Тоҷикистон

0

Озарбойҷон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ваксинаҳои “AstraZeneca” барои COVID-19-ро тақдим кард.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз Озарбойҷон ба Душанбе тавассути ҳавопаймо 40 ҳазор воя (доза) ваксинаи AstraZeneca оварда шудааст.

Дар маросими супоридани ваксинаҳо дар фурӯдгоҳи Душанбе, намояндагони Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ки ин ваксинаҳо дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ нигоҳ дошта мешавад ва дар раванди эмкунии аҳолӣ истифода мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон 192 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca оварда шуд.

Дар охири моҳи июн 300 ҳазор воя ваксинаи чинии CoronaVac аз Чин ба Душанбе ройгон оварда шуд. Тоҷикистон ният дорад, ки аз ҳисоби гранте, ки Бонки Осиёии Рушд ҷудо кардааст, аз Чин 3 миллион дозаи ин навъи ваксинаро харидорӣ кунад.

Санҷиши омодагии ҷангии низомиён дар Тоҷикистон

0

22-уми июл дар шаҳри Душанбе, маркази вилояти Хатлон ва дигар манотиқи кишвар санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки беш 200 ҳазор сарбозу афсар сурат гирифт.

Ба иттилои сомонаи президент, ин санҷиши омодагии низомиён, ки зери унвони “Марз-2021” баргузор шуд, дар таърихи истиқлоли кишвар бори аввал буда, дар он 100 ҳазор афсару сарбози Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор афсару сарбози ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми кишвар бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Гуфта мешавад, дар ин санҷиши омодагии сарбозони кишвар, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 мошинҳои махсуси ҳарбӣ, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.

Ин чорабинӣ бо иштироки худи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва дигар масъулони соҳаи низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш бештар ба нооромиҳои ахир дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон ишора карда, вазъро дар он кишвар, ба хусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, бениҳоят мушкилу мураккаб арзёбӣ кард.

Баъд аз оғози ноамниҳо дар Афғонистон ва зери тарсарруфи Толибон даромадани аксари манотиқи шимоли ин кишвар, мақомоти кишварҳои ҳамммарз бо он, ба хусус Тоҷикистонро сахт нигарон кардааст.

5-июли соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон пас аз нишаст дар Шӯрои Амнияти Тоҷикистон супориш дод, ки 20 ҳазор сарбоз дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мустақар шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон аз забткориҳои Толибон дар Афғонистон нигарон буда, борҳо аз кишварҳои узви СПАД кумак хоста буд. Ба хусус Маскав Раҳмонро итминон дода, ки омода аст ҳам дар доираи СПАД ва ҳам аз тарқи ҳамкориҳои дуҷониба Душанберо кумак кунад.

Тоҷикистон дар ҳоле нигаронии худро аз қудрат гирифтани нерӯҳои Таҳрики Толибони Афғонистон дар шимоли ин кишвар ба намоиш мегузорад, ки Толибон даъво доранд, ки тайи ду соли ахир дар Душанбе дафтари ғайрирасмии онҳо фаъолият мекунад.

Раиси Паймони миллии Тоҷикистон ҳам дар як суҳбати ахири худ дар посух ба суоле гуфт, заминаи пазироии мақомоти Маскав аз Толибон дар Душанбе сурат гирифтааст.

Covid-19: 19 бемор аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон

0

Дар як моҳи ахир беш аз 20 нафар аз наздикону пайвандони Эмомалӣ Раҳмон ба бемории коронавирус гирифтор шуда, хоҳар ва хушдоманаш бар асари ин беморӣ ба ҳалокат расидааст.

Шамсуллоҳ Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон беш аз як моҳ мешавад, ки дар бемористони маъруф бо номи “Клиникаи Мансуров”-и шаҳри Душанбе бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ аст.

Гуфтанист, 5-уми июл дар ин бемористон хушдомани Эмомалӣ Раҳмон хонум Ӯзбекбӣ Асадуллоева бар коронавирус вафот карда буд. Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки домоди дигари президенти кишвар Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳамсараш Озода Раҳмон низ ин бемориро пушти сар кардаанд.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш, шумори наздикони Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба каронавирус гирифтор шудаанд, беш аз даҳ нафар мегӯяд. Аммо бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ теъдоди онҳоро 19 ва баъзеи дигар ҳудуди 25 нафар қайд кардаанд.

Манобеи Озодӣ аз чанд бемористон хабар додаанд, ки полковник Фахриддин Сафарзода, писари Қурбонбӣ Раҳмонова, бо чанд узви оилааш низ дар бемористон бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ шудааст.

Аз бемор шудани ду духтари президент низ гузориш мешавад, аммо то ҳол мақомот гирифтор шудани наздикони раисҷумҳурро ба бемории COVID-19 расман тасдиқ накардаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали бақайдгирии бемории коронавирус то 20 июл дар кишвар 14228 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 13801 нафар (97,0%) шифо ёфтаанд.

Вазорат мегӯяд, то имрӯз бар асари бемории ҳамагир 114 нафар ҷон бохтаанд, аммо корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин омори мақомот бовар надоранд ва оморои маргу мирро ба маротиб бештар аз омори вазорат медонанд.

Тасаллияти худ ба худии Эмомалӣ Раҳмон

0

21-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон дар як иқдоми нодир бо интишори тасаллиятномае ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар корномаи расмиаш изҳори ҳамдардӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба нудрат мушоҳида мешавад, маротибаи ҳамдардии худро ба унвони президент Эмомалӣ Раҳмон барои даргузашти хоҳараш Қурбонбӣ Раҳмоноваи 64-сола расман ва аз тариқи сомонаи президент баён кардааст.

Қурбонбӣ Раҳмонова дувумин кас аз аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тайи ду ҳафтаи ахир бар асари гирифторӣ ба коронавирус вафот мекунад.

Пеш аз ин дар санаи 5-уми июли моҳи ҷорӣ хушдомани Эмомалӣ Раҳмон хонум Ӯзбекбӣ Асадуллоева дар синнӣ 88-солагӣ ҷоми маргро чашида буд.

Бемасъулиятии додгоҳҳои Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон бо вуҷуди ҷудо кардани маблағҳои ҳангуфт барои роҳандозии “ҳукумати электронӣ” ҳоло ҳам ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад.

Дар мафҳуми “ҳукумати электронӣ” муҳаққиқ Муҳаммад Сулаймонӣ менависад, “истифодаи технологияҳои рақамӣ барои дигаргун кардани идоракунии давлат бо ҳадафҳои баланд бардоштани функсияҳои асосии он, иҷроиши қонунҳо, сиёсатҳо, хизматрасониҳо ва ғайраҳо мебошад”.

Тоҷикистон беш аз 18 сол мешавад, ки барои таъсис ва ташкили “ҳукумати электронӣ” барнома дорад. Вале то кунун мафҳуми “ҳукумати электронӣ” дар кишвар шартӣ аст ва дар ҳукми иҷро надаромадааст.

Мисол аз додгоҳҳои кишвар:

Мо барои возеҳ шудани масъала танҳо ба сомонаҳои як ниҳод – додгоҳҳои кишвар сар задем, маълум шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 додгоҳ дар интернет сомонаҳои расмии худро доранд. Аммо аз ин шумор аксари онҳо фаъол нестанд ва сари вақт матолиби худро нашр намекунанд.

Баъзе додгоҳҳои кишвар чунон бемасъулиятанд, ки бори охир соли 2018 дар мавриди берхе парвандаҳои ҷиноятӣ хабар нашр кардаанд. Баъзеи дигар сомоанаҳо фаъол ҳастанд, вале дар мавриди тавсифи раисҷумҳуру маҷлисҳои “тантанавӣ” ва “шунидани Паём”, “тамошои дастаҷамъонаи филми “Хиёнат”” ва ғайра матолиб нашр кардаанд, аммо дар мавриди хабарҳои асосӣ, ки марбут ба парвандаҳост қариб чизе намегӯянд. Барои намуна фаъолияти сомонаҳои расмии додгоҳҳои кишварро баррасӣ мекунем:

Додгоҳи олии Тоҷикистон:

Сомонаи Додгоҳи олии Тоҷикистон охирин хабарашро рӯзи 19-уми июли 2021 нашр кардааст. Ин хабар дар бораи нишасти матбуотӣ аст. Дар бораи парвандаҳо бошад моҳҳост хабаре нашр накардааст. Бештари матолиби ин сомона дар мавриди нишатсҳову матолиби умумӣ, ба монанди нишастҳои “тантанавӣ” бахшида ба рӯзҳои муайян, нишасти матбуотии ҳар давра, шунидани Паёми Президент, мақолаҳо дар васфи “Пешво” ва ғайра мебошанд.

Аммо хабар дар мавриди ҳукми додгоҳ бошад, 27 феврали соли 2020 дар бораи ҳалномаи судии як шаҳрванд аз додгоҳи ноҳияи Фархор ва 26 октябри 2018 “Баррасии парвандаи Абдусамадов Ҳ.А ва дигарон”-ро нашр кардааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе:

Охирон хабари гузоштааш 8-уми июли ҳамин сол аст, аммо охирон хабар дар мавриди таҳқиқи парвандаҳо 3-уми июл нашр шудааст.

Додгоҳҳои навоҳии шаҳр:

Ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабари охирашро 21 июн гузоштааст. Ноҳияи Шоҳмансур хабари вобаста ба таҳқиқи парвандаҳоро 09-уми май соли ҷорӣ нашр карда, вале хабари умумиияш дар мавзуи “Қозии адолат бояд одил бошад” 24 май гузошта шудагӣ аст. Ноҳияи Сино марбут ба қазияҳои додгоҳӣ 10-уми июл хабар нашр кардааст. Ноҳияи Фирдавсӣ охирон хабараш дар мавриди “Истиқлолият – рамзи олии ватану ватандорӣ” дар таърихи 8 сентябри соли 2020 нашр карда, аммо дар мавриди таҳқиқи парвандаҳо охирон хабараш 21 октябри соли 2019 нашр шудааст. Яъне ин додгоҳ давоми беш аз якуним сол хабаре дар мавриди паварндаҳо нашр накардааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизонии шаҳри Душанбе:

Cомонани Додгоҳи ҳарбии гарнизонии шаҳри Душанбе нисбат ба дигар додгоҳҳо каме фаъолтар буда, охирон хабарашро 13 июли соли ҷорӣ дар сомонааш гузоштааст ва давоми ду ҳафтаи моҳи июл 7 хабар нашр кардааст.

Ноҳияҳои тобеи марказ:

Дар байни ноҳияҳои тобеии марказ аз ҳама фаъолтарашон додгоҳи ноҳияи Ваҳдат мебошад, ки хабари охиронаш дар мавриди рӯйхати парвандаҳои барравсимешуда 13 моли июл нашр шудааст. Баъд аз он ноҳияи Рӯдакӣ меистад, ки хабари охиронаш 30 июни ҳамин сол нашр гаштааст.

Бемасъулияттарин додгоҳҳои ноҳияҳои тобеи марказӣ ин ноҳияи Лахшу Ҳисор ба шумор мераванд, ки Лахш соли 2018 ва Ҳисор моҳи май 2020 хабар нашр кардаанд.

Вилояти Суғд:

Сомонаи додгоҳи вилояти Суғд охирон хабараш 30 июн нашр шудааст, аммо хабар дар мавриди парвандаҳои ҷиноятӣ ва ё ҳукмҳои додгоҳӣ 11 июни соли 2020 нашр шудааст.

Шаҳри Хуҷанд:

Ин сомона ҳам ба қатори дигар сомонаҳои додгоҳҳои кишвар ба тавсифу таърифи “Пешво” ва нашри мақолаҳои умумӣ машғул буда, охирон хабараш дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ муборак бод!” 25 июн нашр шудааст. Аммо охирон хабараш дар мавриди парвандаҳои ҷиноятӣ 09 феврали ҳамин сол аст.

Дар навоҳии вилояти Суғд аз ҳама фаъолтар додгоҳи ноҳияи Спитамен аст, ки хабари охиронаш 21 июни соли ҷорӣ дар мавриди “Рӯйхати парвандаҳои таъйингардида” нашр шудааст. Ва баъд аз он ноияи Панҷакент, Конибодом ва Исфараса меистанд.

Бемасъулияттарин додгоҳҳо дар вилояти Суғд, додгоҳи шаҳри Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва ноҳияи Ашт мебошанд, ки охирон хабарҳояшон 30 июли соли 2018 нашр шудааст.

Вилояти Хатлон:

Додгоҳи вилояти Хатлон хабари охиронашро дар бораи ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон 6 июл нашр кардааст, аммо хабари охиронаш дар мавриди қазияҳои додгоҳӣ 13 апрели ҳамин сол нашр шудааст.

Шаҳри Бохтар:

Сомонаи шаҳрии Додгоҳи шаҳри Бохтар дар бораи “санади судӣ” 24 июни соли ҷорӣ матлаб нашр кадааст. Инчунин то охири моҳи июн аксар вақт ҳар ҳафта рӯйхати парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва оилавиро нашр мекардааст.

Дар байни додгоҳҳои вилояти Хатло аз ҳама фаъолтар додги ноҳияи Ёвон ба ҳисоб меравад, ки хабари охирашро 16 июл нашр кардааст. Ва баъд аз он ноҳияи Хуросон меистад.

Бемасъулияттарин додгоҳ дар вилояти Хатлон додгоҳи ноҳияи Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, ноҳияи Данғара ва ноҳияи Фархор ба ҳисоб мераванд, ки охирон хабарҳояшон соли 2018 ба нашр расидааст.

Сомонаи додгоҳи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ):

Сомонаи додгоҳи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) хабари охиронаш дар мавриди тамошои дастаҷамъонаи Паёми президент аз ҷониби кормандон мебошад, ки дар таърихи 26 январи соли ҷорӣ нашр шудааст, аммо дар мавриди қарорҳои додгоҳӣ ва ё парвандаҳои ҷиноятии ин вилоят давоми ду се соли ахир умуман матлабе нашр накардааст. Ин сомона танҳо як хабар дар мавриди рӯйхати парвандаҳои ҷиноятии шаҳри Хоруғ 17 октябри 2019 хабар нашр шудааст.

Чӣ кор бояд кард?

Муҳаммад Сулаймонӣ дар матлабаш дар хусуси “ҳукумати электронӣ” барои роҳандозӣ шудани ин низоми ҷадид чандин роҳкорҳои амалиро пешниҳод мекунад. Ӯ аз ҷумла меорад, ки дар назди тамоми вазоратҳо, корхонаҳо, ҳукумати шаҳрҳо ва ҷамоатҳо ҳадди ақал равзанаи ягона ё портал ҳукуматӣ таъсис дода шавад.

. Низомӣ соддакардаи тартиби хуччатгузорӣ тариқи ҳукумати электронӣ тартиб дода шавад.

. Дар тамоми мақомотҳои давлатӣ хусусан мақомотҳои болоии ҳукумат  таҳлил гузаронида шавад ва аз тариқи равзанаи ягона ба шаҳрвандон пешниҳод карда шавад.

Сабабҳои рушд накардани ҳукумати электронӣ

Аз нигоҳи ин муҳаққиқ чанд омиле вуҷуд дорад, ки метавон онҳоро ҳамчун монеъи рушди “ҳукумати электронӣ” дар Тоҷикистон ном бурд. Аз ҷумла:

  1. Сатҳи баланд коррупсия дар мамлакат (дар тамоми мақомотҳо дида мешавад аз раисҷумҳур сар карда то коргари оддии ҷамоат).

2. Паст будани сатҳи суръати интернет дар ҷумҳурӣ.

3. Баланд будани арзиши интернет дар Тоҷикистон.

4. Набудани пойгоҳҳои мавҷи ё интернети дар деҳаҳои дурдасти кишвар.

5. Набудани маблағгузориҳои мустақим аз ҷониби давлат.