25.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 481

Мақомоти Тоҷикистон қасди ҷони Маҳмадалӣ Ҳаитро кардаанд?

0

Сомонаи “Ислоҳ.нет” ки мудираш Муҳаммадиқболи Садриддин – яке аз мухолифони ҳукумати президенти 28-солаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов, дар матлабе аз нақшаи қатли Маҳмадалӣ Ҳаит аз сӯи мақомдорони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иддаои сомонаи “Ислоҳ”, амалиёти маҳви физикии Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мақомдорони тоҷик рӯйи даст гирифтаанд ва барои иҷрои ин кор Дониёр Сафаров – қотиле, ки дар гузашта дар куштори ду духтари ҷавон гунаҳкор дониста мешавад, вазифадор шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Донёр Сафаровро ҳамроҳ бо як нафари дигар бо ҷурми куштори ду ҷавондухтар дар моҳи декабри соли гузашта барои 22 сол маҳкум ба зиндон кард.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит, аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2016 ба ҳукми абад маҳкум шуда, дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ба иддаои ин сомона, Дониёр Сафаров – ҳамон ронандаи мусофиркаши маҳкумшуда бо ҷурми қатли ду одамро бо Маҳмадалӣ Ҳаит дар як ҳуҷра ҷо кардаанд.

Манбаи “isloh.net” менависад:

“Як корманди баландрутбаи милисаи Душанбе бо номи Хусрав Аминов Нуриддинович, ки аз солҳо пеш бо Дониёр Сафаров рафиқӣ ва риштаи дӯстӣ дошт, ба Дониёр ваъда додааст, ки шарти раҳоии ӯ ба куштори Муҳаммадалӣ Ҳайитов марбут аст. Ҳоло маълум нест, ки дар пушти ин «заказ» шахсан худи Эмомалӣ Раҳмонов меистад ва ё афроде баландпояи дигар аз мақомоти Тоҷикистон”.

Дурустии ин хабар аз ҷои дигаре таъйид ё рад нашудааст, аммо пештар Радиои Озодӣ аз қавли ҳамсари М.Ҳаит, ки рӯзи 22-юми майи соли ҷорӣ бо ӯ дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе мулоқот кард, хабар дода буд, ки як нафари муттаҳам ба ду кушторро бо шавҳараш дар як ҳуҷра ҷой кардаанд.

Савринисо Ҷӯрабекова ба “Радиои Озодӣ” гуфт:

“Дар як утоқ бо зиндонии гунаҳкор дар куштори чанд зан нишондаанд. Ишора кард, ки ин зиндонӣ зуд-зуд оби ташнобро банд мекунад ва ё тавтеаҳои дигарро ба роҳ меандозад, то ӯ асабӣ шуда, вокуниши тунд нишон диҳад. Аз маъмурони зиндон мехоҳад ӯро бо зиндониёни дигар, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ нигоҳ доранд”.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷик дар Аврупо мегӯяд, Вазорати адлияи ҶТ худаш конунро дағалона вайрон мекунад.

“Тибқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, зиндониёне, ки ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, бояд ҷудогона аз дигар маҳбусон нигоҳ дошта шаванд. Дар моддаи 78-и ҳамин қонун омадааст, ки шахсони якумра аз озодӣ маҳрум аз дигарон ҷудогона нигоҳ дошта мешаванд. Ва касеро ба ғайр аз маҳкумшудаҳои якумра бо онҳо дар ҳуҷраҳо ҳамроҳ кардан мумкин нест.”

“Хатогии дуюм ва ё бемасъулиятии Ҳукумат он аст, ки якумра махкумшудагон набояд дар СИЗО нигох дошта шаванд. Дар СИЗО  дилхоҳ маҳкумшуда барои иҷрои ягон кори ёрирасонӣ ва ё ҳангоми гузаронидани ягон амали тафтишотӣ ҷой дода мешавад. Пас аз даҳ рӯзи ба қувваи конунӣ даромадани ҳукми суд, бояд маҳкумшуда ба колонияҳои махсус равон карда шавад”, – гуфт Ҷамшед Ёров ба “Аздо тв”

Додгоҳ дар Тоҷикистон паси дарҳои баста Маҳмадалӣ Ҳаитро дар соли 2016 бо иттиҳоми терроризму экстремизм ба ҳукми абад маҳкум кард. Ӯ ва наздиконаш қарори додгоҳро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид низ дар пайи тафтиши қазияи Маҳмадалӣ Ҳаит дар соли 2018 боздошти ӯро ғайриқонунӣ донист ва аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кард то ӯро бе ягон қайду шарт фавран озод кунанд.

Як микроавтобуси ҳомили муҳоҷирон дар Русия чаппа шуд

0

Дар вилояти Волгогради Русия микроавтобуси “Газел”, ки муҳоҷирони кориро мебурд, дар як тасодуф чаппа шуд. Дар натиҷаи тасодуфи микроавтобус дар вилояти Волгоград 13 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора вебсайти Сарраёсати ВКД-и Русия дар ин минтақа хабар дод.

Дар хабари ВКД-и Русия гуфта мешавад, дар дохили “Газел” 14 мусофир буданд, ки ба сӯи ҷои корашон мерафтанд, вале онҳо бо худ ҳуҷҷат надоштанд. Дар ҳоли ҳозир вазъи ду нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи тандурустии вилояти Волгоград қайд кард, ки пас аз садама даҳ мард ва ду зан бо ҷароҳатҳои гуногун, аз ҷумла захмҳо дар сар, шикасти сутунмӯҳра ва осеби шикам дар беморхона бистарӣ шуданд.

Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба Раёсати умури муҳоҷирати Русия менависад, ки муҳоҷирони дохили “Газел” шаҳрвандони Узбекистон буданд ва ҳамаи онҳо асноди заруриро бо худ доштанду қонунӣ кор мекарданд.

Киҳо дар Олимпиадаи Токио Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд?

0

Имрӯзҳо мусобиқаҳои интихобии бозиҳои олимпии 2020 дар ҳама намудҳои варзиш ба поён мерасанд ва тимҳои олимпӣ барои сафар ба Токио, ки бозиҳо дар онҷо аз 23 июл шуруъ мешаванд, омодагӣ мегиранд.

Тибки иттилои “Азия-Плюс” то ба имруз 8 варзишгар аз Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар бозиҳои олимпии Токио иҷозатнома ба даст овардаанд ва ин варзишгарон иборатанд аз:

  1. Сомон Маҳмадбеков дар вазни (73 кг)

2.  Акмал Муродов (81 кг)

3. Комроншоҳ Устопирён то (90кг)

4. Темур Раҳимов (100 кг)

Муштзанҳо:

  1. Баҳодур Усмонов (64 кг)

2. Шаббос Негматуллоев то (81 кг)

Ва варзишгарон Гулсунбӣ Шарипова ва Элдар Аҳмадиев.

Ҳамчунин бар асоси квотаи федератсияи байналмилалӣ, Тоҷикистон ду роҳхати шиноварӣ хоҳад дошт. Тибқи дархост як варзишгари мард ва як зан ки дар Ҷоми Ҷаҳонии 2019 ширкат кардаанд имкони иштирок дар бозиҳои олимпиро доранд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон то ҳол тасдик накарда аст, ки кадоме аз шиноварони точик дар олимпиада ширкат хоҳанд кард.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Ҷопон – Токио аз 23 июл то 18 августи соли 2021 баргузор мегарданд.

Ин бузургтарин мусобиқаи варзишии ҷахон аст, ки дар он тақрибан 11 ҳазор варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Онҳо дар 33 навъи варзиш ба рақобат пардохта барои 339 маҷмӯаи ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Имзои тавофуқнома байни Русия ва Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи хӯроки мактабӣ

0

Тавофуқнома дар бораи маблағгузории лоиҳаи хӯроки мактабӣ дар Душанбе аз ҷониби намояндагони Русия ва Тоҷикистон ба имзо расид.

Музокиротро вазири молия Файзиддин Каҳҳорзода ва директори минтақавии фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Аврупо, ва Осиёи Марказӣ Дина Солех анҷом доданд, дар натиҷа тавофуқнома оиди маблағгузории барномаи хӯрокхурии мактабӣ ба имзо расид.

Хабаргузории Спутник иттилоъ дод, ки грант барои ин лоиҳа аз ҷониби Русия дода мешавад ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион доллар хоҳад гирифт.

Русия ба воситаи Барномаи Ҷаҳонии СММ ба таври мунтазам лоиҳаҳоро оиди беҳтар кардани сифати ғизо дар мактабҳо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад.

Аз соли 2013 бо дастгирӣ ва пуштибонии Русия дар Тоҷикистон воҳидҳои хӯрокворӣ таъмир карда шуданд ва барои кормандони наздики 60 мактаби тоҷикӣ омӯзиш гузаронида шуд.

Ҳафт нонвойхонаи мактабӣ сохта ё бозсозӣ шуданд, ки ҳоло 61 муассисаи таълимиро бо нон таъмин менамоянд. Дар саҳни ҳавлии 10 мактаб гармхона бунёд карда шуда ва китоби “дастурхони хӯрок дар мактаб” ба чоп расонида шуд.

Кумаки умумии молиявӣ то ба имрӯз наздик ба 80 миллион доллар  мерасад.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба ВКХ-и Русия нота дод

0

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар робита ба боздошти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Ҳусейнов, ки бо скинхедҳо (фашистон) дар яке аз кӯчаҳои Маскав занозанӣ кардааст, нота фиристод.

Бино ба навиштаи “Авесто” сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба расонаҳо гуфт, ки сафорат дар нотаи худ таҳқиқи мунсифона ва шаффофи ҳама ҳолатҳои ҳодисаро талаб кардааст.

Гуфта мешавад, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав сарнавишти ин шаҳрванди Тоҷикистонро зери назорати худ хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки шоми 23 июн скинхедҳо бо садои баланд дар кӯчаҳо шиори “Русия барои русҳо, Маскав барои масквагиҳо!” сар медоданд. Дар кӯчаи Толбухин байни скинхедҳо ва муҳоҷирон задухӯрд сурат гирифт, ки дар он доғистониҳо ва як шаҳрванди Тоҷикистон ширкат каданд.

Полис чанд иштирокчии занозанӣ, аз ҷумла Амиршо Хусейнов шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард.

Видеои корбарон

Пас аз чанд соати боздошт, ҳама скинхедҳо ва доғистониҳо аз боздоштгоҳ раҳо шуданд, ба истиснои Амиршо Хусейнов, ки нисбати ӯ тибқи моддаи 213 (авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва ӯ барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло Амиршо Ҳусейнов дар боздоштгоҳи муваққатии Рублевское 5-и Маскав нигаҳдорӣ мешавад.

Гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон бештар аз он аст, ки мақомот мегӯяд?

0

Бемории коронавирус дар Тоҷикистон, ба хусус дар Душанбе хеле паҳн гаштааст. Як манбаъ аз шаҳри Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, дар тамос бо “Аздо тв” гуфт, хонаводаи онҳо ва аксари ҳамсояҳо ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Ӯ дар посух ба суоли “Аздо тв”, ки чаро ба бемористон намераванд ва ба табибон муроҷиат намекунанд, гуфт:

“То агар шиноси қавӣ ва наздик надошта бошӣ бемористон қабул намекунад ва ташхис ҳам намегузаронад, духтур рафтан бисёр мушкил аст”.

Ин манбаъ мегӯяд, аз сабаби он ки табибон ба додашон нарасиданд, маҷбур шудаанд дар хона ба табобат машғул шаванд.

Дар ҳамин ҳол як манбаи дигар аз вилояти Хатлон низ ба “Аздо тв” гуфт, ки “намедонам зуком аст ё коронавирус, вале хеле сахт гирифтааст, ҳатто бӯйро аз даст додем. Хонавода, ҳамсояҳо, хулоса мардуми зиёд гирифторанд, вале духтурон ташхис намегузаронанд”.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти кишвар дар омори расмии дирӯзааш гирифторон ба бемории COVID-19-ро 21 нафар ва як рӯз пеш 24 нафар гуфта буд. Аммо сокинон ба ин омор бовар надоранд ва мегӯянд, ки мисли марҳилаи аввали паҳншавии бемории ҳамагир дар гуфтани оморҳо пинҳонкориҳои зиёд аст ва омори воқеӣ бештар аз онест, ки мақомот ироа мекунанд.

Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон омад, мушкилоти марзӣ ҳал мешаванд?

0

Рӯзи 28 июн Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Ӯро дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон, раисҷумҳурони ду кишвар шоми 28 “бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд”.

Бино ба навиштаи хабаргузории ҳукуматии “Ховар” сафари президенти Қирғизистон дар Тоҷикистон ду рӯз давом хоҳад кард ва “мулоқоту музокироти сатҳӣ олӣ миёни ду кишвар” дар назар аст.

Аммо аз он дабдабае, ки барои пешвози Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ороста буданд, он дар пешвози Ҷабборов дида намешавад.

Бояд гуфт, ки ин аввалин сафари расмии Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон хоҳад буд.

Баъд аз даргириҳои хунини марзӣ дар охири моҳи апрел гуфта мешуд, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки Содир Ҷабборов барои нишасти рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ва ҳалли мушкилоти марзӣ ба Душанбе ташриф меорад.

Озмоиши коронаи тими занони футболбози эронӣ пеш аз омадан ба Тоҷикистон

0

Занони навҷавони футболбози эронӣ қабл аз сафар ба Тоҷикистон аз озмоиши коронавирус гузаштанд.

Тибқи гузориши хабаргузории “Форс”, аъзои тими миллии футболи духтарони навраси Эрон, ки рӯзи сешанбе бо мақсади ҳузур дар мусобиқоти САFA роҳии Точикистон хоҳад шуд, аз озмоиши корона гузаштанд.

Гуфта мешавад, аъзои тими футболи навҷавонони эронӣ имрӯз озмоиш доданд ва пас аз эъломи натиҷаи озмоишҳо рӯзи сешанбе ба Тоҷикистон меоянд.

Мусобиқаи байналмилалии духтарон CAFA дар Душанбе бо ширкати дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар Душанбе баргузор мегардад.

Дастаи мунтахаби футболи навҷавонони духтаронаи Эрон дар даври охирини мусобиқаи CAFA тавонистанд унвони қаҳрамониро ба даст оваранд ва акнун умедвор ҳастанд, ки дар мусобиқаи оянда унвони қаҳрамонии худро ҳифз кунанд.

Ёдовар мешавем, ки анҷумани футболи Осиёи Марказӣ ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфта аст, ба яке аз панҷ минтақаи конфедросиюни футболи Осиё (AFC) шомил аст.

CAFA федросиюнҳои футболи шаш кишвари Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, ва Эронро муттаҳид мекунад.

Воксиназании муҳоҷирон дар Маскав оғоз шуд

0

Эм кардани муҳоҷирони корӣ дар Маскав шуруъ шуд. Дар ин бора Сергей Собянин шаҳрдори Маскав хабар дод. Ба гуфтаи Собянин воксинакунонӣ дар низоми озмоишӣ оғоз мешавад ва ин равандро барои шаҳрвандони хориҷӣ мутобиқи дархости корфармоён ташкил мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳамакнун корфармоён муваззаф шудаанд воксинакунонии коргаронро ташкил кунанд. Ба гуфтаи Собянин баъдтар ин шеваро тагйир хоҳанд дод.

Тибқи гузориши хабаргузории “Спутник” дар эмкунии шаҳрвандони хориҷӣ воксинаи “Спутник Лайт” истифода хоҳад шуд, ки истеҳсоли Русия аст.

Муҳоҷирон дар Маркази муҳоҷирати Сахароваи Маскав метавонанд аз соати 9- субҳ то 21- шаб худро эм кунонанд. Хамарӯза дар ин марказ то 2 ҳазор нафар воксин зада мешаванд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав ба зуди муҳоҷироне, ки дар коргоҳе расман кору фаолият намекунанд метавонанд худро эм кунонанд.

Дар назар аст, ки дар Маскав боз як маркази воксинакунонии муҳоҷирон ташкил шавад. Гуфта мешавад, онро дар маркази савдои “Садовод” боз хоҳанд кард.

Пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин дастур дода буд, ки дар кишвар низоми воксинакунонии пулакӣ роҳандозӣ шавад.

Боздошти чанд тоҷик барои убури ғайриқонунии марз дар Литва

0

Аз аввали соли 2021 дар марзи кишвари Литва 387 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шудаанд, ки 6 тои онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ин муҳоҷирон  мехостанд аз Белорус ғайриқонунӣ дохили марзи Литва шаванд. Адади муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин сол нисбат бо соли 2020 тақрибан панҷ маротиба бештар гуфта мешавад.

Хадамоти давлатии марзбонии Литва қайд карда, ки 104 хориҷӣ аз ҷониби марзбонон дар соли 2018, 46 нафар дар соли 2019 ва 81 нафар дар соли гузашта боздошт шудаанд. Аммо имсол танҳо дар камтар аз шаш моҳи аввали сол аллакай ин адад ба 387 нафар расид.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, аксарияти онҳо ҳуҷҷат надоранд. Дастгиршудагон занон, мардон, ноболиғон ва калонсолони синну солҳои гуногун мебошанд. Хориҷиён аз Литва дархости паноҳандагӣ карданд”, – гуфтанд дар департамент.

Ҷониби Литва вазъ дар марзро мушкил арзёбӣ мекунад, зеро дар гуазргоҳҳо шумораи зиёди муҳоҷирон ҷамъ омадаанд. Бо сабаби он ки дар баъзе қитъаҳои сарҳад камераҳои назоратӣ насб карда нашудаанд, шумори кормандони амниятӣ дар марз чанд маротиба зиёд карда шудаанд.

“Вазъ бо ҳамкорони беларусии мо дар ҳоли ҳозир хеле душвор аст. Онҳо намехоҳанд дар бораи қочоқи ғайриқонунӣ ва муҳоҷират табодули иттилоот кунанд.”, – мегуяд Видас Мачайтис, муовини сардори Хадамоти давлатии марзбонии Литва.

Аммо расонаи русии “Лента. ру” аз қавли сардори шӯъбаи якуми Кумитаи давлатии марзбонии Белорус, Андрей Филатов навишта, ки ин кишвар тамоми созишномаҳоро бо идораҳои марзбонии кишвари ҳамсоя иҷро мекунад.

Дар аввали моҳи июн Хадамоти давлатии марзбонии Литва хабар дод, ки 72 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар марз бо Белорус дастгир шудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, инҳо шаҳрвандони Ироқ, Сурия, Беларус ва Русия мебошанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки охири моҳи май президенти Белорус, Александр Лукашенко таҳдид кард, ки назоратро бар болои қочоқ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар робита ба фишори Арвупо ба Минск пас аз ҳодисаи ҳавопаймои “Ryanair” суст мекунад. “Мо назоратро бар боли қочоқ ва муҳоҷирон қатъ кардем, акнун шумо худатон онҳоро боздоред”, гуфта буд Лукашенко

Хабрагузори литвонӣ “Delfi” хабар дода, ки аз 555 муҳоҷири ғайриқонунӣ, 328 нафарашон шаҳрвандони Ироқ будаанд. Инчунин 46 шаҳрванди Эрон, 42 – Сурия, 39 – Беларус, 17 – Русия, 11 – Туркия, 10 – Шри-Ланка, 6 – Тоҷикистон, 3 – Афғонистон ва 2 хориҷӣ аз Яман ва Миср ва як шаҳрванди Сомалӣ боздошт шуданд.