19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 553

Латукӯби вазири тандурусӣ тавассути ҷиянҳои Эмомалӣ Раҳмон

0

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозодаро ҷиянҳои Эмомалӣ Раҳмон ба хотири даргузашти модарашон сахт латукӯб карданд.

Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон, ки имрӯз 26-уми июл баргузор шуд, вазир Ҷамолиддини Абдуллозода ширкат надошт. Муовини якуми ӯ, Ғафур Муҳсинзода гуфт, вазир сафар кардааст. Аммо Радиои Озодӣ аз қавли манобеаш хабар дод, ки вазири тандурустии кишварро хоҳарзодаҳои Эмомалӣ Раҳмон латукӯб кардааанд.

Сабаби латукӯб шудани вазир аз ҷониби писарони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари Раисҷумҳур нодуруст табобат кардани модарашон арзёбӣ шудааст.

“Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ва Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент дар натиҷаи ин ҳамла “сахт маҷрӯҳ шудаанд”-, омадааст дар хабар.

Ба қавли манобеи Радиои Озодӣ, муноқиша замоне сар задааст, ки ду соат пеш аз марги Қурбонбӣ як пизишки хориҷӣ шеваи табобати хоҳари президентро нодуруст гуфта, супориш додааст, то тарзи муолиҷаро дигар кунанд ва дар натиҷаи ин ҳамла ҷоғи вазири тандурустӣ сахт осеб дидааст.

Пас аз марги Қурбонбӣ Раҳмонова ҷиняҳои Эмомалӣ Раҳмон, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо ба пизишкон ҳамла карда, чанди каси онҳоро латукӯб кардаанд. Ин муноқиша “бо дахолати Рустами Эмомалӣ онҳоро ором кардаанд”, ‑ мегӯянд манобеи Озодӣ.

Қурбонбӣ Раҳмонова рӯзи 20 июл дар синни 64-солагӣ даргузашт. Сабаби даргузашти ӯро гирифторӣ ба COVID-19 гуфтанд.

Норасоии 2 млн. муҳоҷирони корӣ

0

Русия тасмим гирифтааст, ки давоми як моҳи оянда раванди ҷалби муҳоҷирони кории сохтмончиро ба ин кишвар соддатар кунад.

25-уми июл, Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия дар сафҳаи Инстаграмиаш эълон кард, ки айни замон норасоии қариб ду миллион муҳоҷири корӣ дар бахши сохтмонҳои Русия ба қайд гирифта шудааст.

Марат Хуснуллин, ки бо обуначиёни сафҳаи интсаграмиаш суҳбат мекард, гуфт, мо тасмим гирифтем, ки тартиби овардани коргаронро ба кишвар соддатар кунем. Зеро дар ҳоли ҳозир 1,5-2 миллион нафар нерӯи корӣ дар сохтмонҳои Русия намерасад.

Вай афзуд: «Мо кӯшиш мекунем, ки ин масъаларо ҳал кунем. Ҳоло камбуди фоҷеабори коргарон ба назар мерасад. Фикр мекунам, ки дар як моҳи оянда мо тартиби ба сохтмонҳо овардани коргаронро соддатар хоҳем кард.»

Марат Хуснуллин таъкид кард, коронавирус вазъиятро тағйир дода, нархҳо афзоиш ёфтаанд, аз ин рӯ Русия нигарони афзоиши таваррум дар сохтмонҳост.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Вазорати сохтмони ин кишвар роҳи арзон кардани вуруди муҳоҷиронро пайдо кардааст. Ин вазорат аз тариқи қатораҳои чартерӣ ба Русия овардани муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кардааст.

Навъи “Делта”-и коронавирус дар Тоҷикистон

0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вуҷуди навъи “Делта”-и коронавирусро дар кишвар тасдиқ кард. Бино ба тахмини масъулони ин ниҳод, эҳтимол навъи мазкур аз Русия ба Тоҷикистон ворид шудааст.

26-уми июл Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотии ин возарати гуфт, аз рӯйи нишонаҳо дар ҷумҳурии мо эҳтимолан, навъи коронавируси Делта вуҷуд дорад.

Муҳсинзода дар идома афзуд, “Аммо барои дақиқ кардан вуҷуди навъи Делта, мо натиҷаҳои тестҳоро ба як озмоишгоҳи вижа дар Лондон фиристодаем ва мунтазири натиҷаҳои ташхис ҳастем”.

Изҳороти муовини вазири тандурустӣ дар ҳолест, ки имрӯзҳо дар кишвар коронавирус авҷ гирифта, шумори сироятёфтагон рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Тибқи омори вазорат рӯзи 25-уми июл дар як шабона рӯз дар ҳудуди кишвар 87 ҳолати нави сироятёбӣ ба бемории ҳамагир сабт шуда, 1 нафар фавтидааст, ки дар маҷмуъ оморои сироятёфтагон аз аввали пандемия то имрӯз 14592 нафар ва фавтидагон 117 нафар гуфта мешавад.

Вазорати тандурустии кишвар дар ҳоле аз фавти як нафар мегӯяд, ки худи рӯзи 24 ва 25 дасти кам хабари вафоти 3-4 нафар, аз ҷумла шоири шинохта Сайдалӣ Маъмур, модари рӯзноманигор Шамсулло Фозилов ва боз чанд нафари дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Заҳҳок, забон ва маршировка

0

Дар ин қарина метавон аз қиссаҳои (мифҳои) “давлатсоз”, “ориёнажод”, “хатари исломӣ” ва “пешво” ном бурд, ки дар воқеъият реша надоранд ва танҳо барои чаканпӯш кардани бесалоҳиятӣ ва ҳеҷкорагии сиёсатмаргон самаранок истифода мешаванд.

Ҳар як қисса бо гуфти Мавлоно ҳомили маъниест ва қиссаро аз барои ҳамин маънӣ овардаанд. Қисса аз як сӯ имкон медиҳад падидаву рӯйдодҳои сиёсӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ба пуррагӣ фарогир ва ба риштаи тасвир кашида шаванд.

Қисса (фикр, тахайюл) имон ва боварии мардумро шакл медиҳад ва таҳким мебахшад. Ин ҷо аз мифҳои Юнони қадим ва Ирони қадим то қиссаҳои ҳаким Фирдавсӣ ва Мавлоно ва нависандагони даври нав, маслан Томас Манн ва румони ӯ “Юсуф ва бародаронаш” ёд кард. …

Аз сӯи дигар демогогҳо, шоир – сиёсатшинос – хокшапҳо, ва сиёсат (но)мард – идеологҳо аз ин забон, аз ин равиши қисса бофтан барои манипулятсияи мағзҳои мардум истифода мекунанд ва ё ба истилоҳи дигар ба мағзхури машғуланд.

Дар ин қарина метавон аз миф дар бораи “давлат”, мифи “оринажод”, мифи “хатари исломӣ” ва мифи “пешво” ном бурд, ки дар воқеъият реша надоранд ва танҳо барои чаканпӯш кардани бесалоҳияти ва ҳеҷкорагии сиёсатмаргон самаранок истифода мешаванд.

Ба хусус бо ихтироъи “пешво” дар ин қарина ҳама чиз ва ҳама кас  – ҳама арзишҳо, идеяҳо, ормонҳо ва ақлу имону илм зери сояи ин афсона монданд. Чи гуна метавон ихтироъ кард чизеро, ки дар воқеъияти мардум вуҷуд надорад. …

Куҷо пешво, ки мардум ҳазорҳо дар муҳоҷиарти иҷборианд ва ба ғуломони замони нав (homo sacer, Agamben) табдил ёфтаанд, куҷо пешво, ки иқтисоду саноат дигар вуҷуд надорад ва ончи аз Шуравӣ монда буд, дуздида, шикаста ва фурухта шудааст; куҷо пешво, ки фарҳанг чун ҳаракат чун сифати волои ҳаёт дигар вуҷуд надорад ва фарҳанг музофоти шуда ба осорхона табдил ёфтааст; куҷо пешво, ки маориф харобу макони фасод аст ва илм, уллуми иҷтимоӣ дигар машруъият надоранд ва дар ҳоли ҷонканианд; куҷо пешво, ки қонун (номус) зери по гашта ва нафсу номуси мардум дар хатар аст; куҷо пешво, ки истиқлол дар муддати ин бисту ҷанд сол танҳо истиқлоли оила ва гуруҳе шуд ва ба воқеъияти ин мардум табдил наёфт ….

Воқеан, дар ҷомеае, ки афсонаҳо ҳукумронанд ақл ва илм дар сояи афсона мемонанд ва шаклгирии ‘шароити аблаҳкунaнда’ (debilitating circumstances) ҳам, ки Гидденс ишорат карда маҳсули ҳамин ҳолат аст. Ва қиссаи Заҳҳок худ аз ҷумлаи он қиссаҳои қадимаи мардуми мост, ки ба ин технологияи мағзпазӣ ва мағзхурӣ ишорат мекунад. Технологияест сахт қадим, ки фарҳанги маънавии мардумро ҳадаф қарор медиҳад ва мардумро руҳан ва ҷисман хароб месозад.

Қиссаи Заҳҳок ишоратест ба раванди шикаста шудани фардҳо, ки бастагӣ дорад ба заъфи таркибҳои ҷомеаи Тоҷикистон. Баъди пош хурдани Шӯравӣ бояст, ки роҳҳои худсозии миллӣ дар якҷоягӣ бо раванди сохтмони давлати миллии Тоҷик дар оила, дар системаи маориф, ва дар ҷомеа ниҳодина мешуданд, ки мутассифона, нашудаанд. Мутассифона, фасод, дуздӣ ва дуруғ ниҳодина шуд.

Дар ин қарина солҳо боз ба ҷои ташакулли фардҳо, машру’ият бахшидан ба илм, улуми иҷтимоӣ ва сохтмони ҷомеаи донишбунёду соҳибқудрат ‘зиёии’ ин сарзамин танҳо афсонаҳо бофта ва мардумро ба тудаҳо табдил додаанд. Ва охирин ихтироъи ин қавм ҳамин афсонаи ‘пешво буд. Таноқузро бубинед… Як ‘пешво’ ҳам бо ин ҳама тӯдаи худбохта, зери таъсири афсонаҳо аз ақлу илм бегона монда, муҳоҷиру ғариб, беқудрат ва аз рамзҳои имрузаи Тоҷик холитар, дар дунёи имрӯз чи метавонад кардан. Чи ҳам метавонанд кардан ба ҷуз ин ки дар варзишгоҳҳо ҷамъ шуда бошанд ва дар баробари “ягонаи давр” рақсу сурудхони карда бошанд. Барои ин кор Ҷуче дар Куреяи Шимолӣ варзишгоҳҳои калонтарини ҷаҳониро сохтааст. …

Дар ҳолати ҳукумронии афсонаҳо дигар хаёл ва амале намемонад, ба ҷуз ин ки  солҳо боз маршировка ташкил карда бошанд. Cолҳо боз ба ин кор машғуланд  ва онро “ифтихор”, ” истиқлол”, “ватандусти” ва ғайра меноманд то ин ки вазири нав ин ҳамаро “хасаки” номид…

Ва ҳарфи Лоҳутсист, ки ба ин ҳолат ишора карда,

Баъд аз ин мағзи ҷавонон
хуриши мор шавад,
Неъмати кишвари мо
туъмаи ағёр шавад,

Ному номуси ватан
яксара барбод равад
Илму ториху шукуҳу
сухан
аз ёд равад…

Матлаб аз сафҳаи фейсбукии муаллиф ҷаноби

Меҳмоншо Шарифзода. Акс: Фейсбук

Боздошти 100 муҳоҷири тоҷик дар Маскав

0

Дар Маскав сад нафар аз иштирокчиёни маросими ёдбуди қурбониёни “Хоруғ-2012”- ро Боздошт карданд.

24-июн дар тарабахонаи минтақаи метрои Черкизовскии Маскав, ки дар онҷо маросими ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои “Хоруғ-2012″ баргузор мешуд, мақомоти Русия беш аз 100 нафар иштирокчиёни маросимро боздошт карданд. Дар ин бора “Pamir Daily News” хабар медиҳад.

Ба қавли яке аз иштирокчиёни маросим, чорабинӣ соати ҳашти шом ба вақти Маскав оғоз ёфт. Аммо пас аз як соат полис омада ба чорабинӣ халал расонда ҳамаи иштирокчиёнро боздошт кард. Сабаби боздошт маълум нест, омадааст дар хабар.

Қаблан фаъолони ҷавони Бадахшон дар Маскав эълом доштанд, ки рӯзи 24-уми июл барои ёдбуди қурбониёни рӯйдодҳои “Хоруғ-2012” чорабинӣ баргузор хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, аз тарафи намояндагони диаспораи Бадахшон дар Русия ҳар сол якчунин масросим баргузор мешавад. Чорабинӣ аз қироати Қуръон ва сурудҳои мазҳабӣ иборат аст, ки хосси суннатҳои мардуми ВМКБ мебошанд. Ин иқдом ҳамасола дар Хоруғ низ баргузор мешавад.

Воқеаҳои хунини Хоруғ баъд аз қатли Абдулло Назаров, генерали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Хоруғ моҳи июли соли 2012 сурат гирифт.

Он замон мақомоти кишвар хостори боздошти чаҳор фармондеҳи собиқ шуданд ва ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон як амалиёти вижаи низомиеро дар Хоруғ роҳандозӣ намуданд. Дар ин даргириҳо даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд, ва дар натиҷа манзили зисти даҳҳо нафар ҳамроҳ бо баъзе биноҳои маъмурӣ вайрону валангор шуданд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар даргириҳои мусаллаҳонаи ҳукумат ва гурӯҳҳои маҳаллӣ 23 сарбоз ва 21 ғайринизомӣ кушта шуданд.

1.5 млн. воя воксин Амрико ба Тоҷикистон

0

Субҳи 26-уми июл 1.5 млн воя воксини “Модерна” истеҳсоли Амрико ба Тоҷикистон ворид гардид.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон воксини “Модерна” кумаки давлати Амрико ба Тоҷикистон буда, бо ин миқдор эм шудани 750 ҳазор нафар аз аҳолии кишвар дар назар гирифта шуда аст. Вокисини мазкур дар чорчӯби барномаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт COVAX тавассути ширкати “Туркишайрлнс” ба кишвар интиқол шуд.

Ин бори чорум аст, ки ба Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи COVAX ва кумакҳои башардӯстона, аз қабили воксини зидди коронавирус ворид мегардад. Бори аввал 192 ҳазор воксини “Астразеника” аз Ҳиндустон, бори дуюм 300 воксини “КоронаВак” аз Чин ва рӯзи 22 июл 40 ҳазор воксини “Астразеника” аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Ҳамзамон раиси бемористони Ибни Синои пойтахт ҷаноби Абдухалил Холиқзод дар сафҳаи фейсбукиаш хабар дод: “Ғайр аз воксани Astra Zeneca, қарор аст чор миллион воя воксани Moderna низ дар ҳафтаи оянда ба кишвар ворид шавад. Ҳамчунин теъдоди чашмраси воксани Sinovac-и чинӣ ва Спутник-и русӣ дар роҳанд!”

Гуфта мешавад, барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 Вазорати тандурустии кишвар қасд дорад, ки 62,4 дарсади аҳолии Тоҷикистон (ё 5,8 млн аҳолӣ)-и аз 18- сола болоро бо воксин таъмин кунад.

130 қатли мармӯз дар Қандаҳор

0

Вазорати умури дохилаи Афғонистон аз кушта шудани беш аз 100 шаҳрванди ғайринизомӣ дар манотиқӣ зери тасарруфи Толибон хабар дод.

Хабаргузории “Tolo News” аз қавли масъулони ноҳияи Спин Булдаки вилояти Қандаҳор хабард дод, ки беш аз 100 тан аз мардуми мулкӣ бо сабабҳои номаълум кушта шудаанд.

Ба қавли сокинон, омилони ин қатлҳои мармӯз худро афроди Таҳрики Толибон намедонанд, аммо мардуми маҳаллӣ мегӯянд, онҳо ба Толибон нисбат надошта бошанд, боздошт ва бояд муҳокима шаванд.

Фидо Муҳаммад Афғон, як узви Шӯрои вилоятии Қандаҳор, ки сокини ноҳияи Спин Булдак аст, ба “Tolo News” гуфта, ки афроди мусаллаҳи ношинос бо чеҳраҳои ниқобдор соати 12 шаби арафа ба хонаи ӯ ворид шуда, ду писарашро бурда ба қатл расонданд ва фардои он рӯз ҷасади онҳоро аз кӯча пайдо карданд.

Манобеъ дар вилояти Кандаҳор гуфтаанд, ки мардони мусаллаҳ даҳҳо тан ғайринизомиёнро аз хонаҳояшон бурда ба қатл расондаанд, ки то кунун қатли 130 нафар таъйид шудааст, вале тақдири даҳҳо тани дигар маълум нест.

Мақомоти Афғонистон ин ҳаракатро масъули кушторҳои мармузи шаҳрвандони бегуноҳ медонад. Аммо Толибон кушта шудани ин афроди мулкиро рад мекунад.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Ҳаракати Толибон, Муҳаммаднаими Вардак кушта шудани мардуми мулкӣ аз ҷониби ин ҳаракатро рад кард ва танҳо ду ҳолатро таъйид кард, ки ба қавли ӯ дар натиҷаи хусуматҳои шахсӣ рух додаанд.

Медалорони Бозиҳои олимпӣ соҳиби хонаи нав мешаванд

0

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ваъда додааст, ба варзишгароне, ки аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 медал меоранд, дар пойтахт хона медиҳад.

Тибқи иттилои АМИТ

2,5 млн. муҳоҷири кории носолим дар Русия

0

Мақомоти Русия мегӯянд, дар ин кишвар тақрибан 2,5 миллион муҳоҷири корӣ бидуни сабти ном ва шартномаи корӣ бо корфармоён фаъолият мекунанд.

22-юми июл, Валерий Фадеев, роҳбари Шӯрои назди президент оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсонд дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав гуфт: “Ба гуфтаи коршиносон, 2,5 миллион муҳоҷир бо корфармоён расман ҳеч куҷое сабти ном нашудаанд ва ҳеҷ гуна қарордоди корӣ надоранд. Ин як вазъияти носолим дар бозори меҳнат аст.”

Инчунин ӯ дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки мо ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳимоя мекунем ва ин корро хоҳем кард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Русия аз норасоии нерӯи корӣ хабар дода буд ва дар навбати худ муовини сарвазир Марат Хуснуллин гуфта буд, ки тақрибан 5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ бояд то соли 2024 ба сохтмонҳои Русия ҷалб карда шаванд.

“То соли 2024 ба мо на камтар аз 5 миллион захираҳои меҳнатӣ лозим мешавад. Ҳоло мо бо дастури сарвазир дар ин масир кор карда истодаем, ки чихел бояд кард то боварӣ ҳосил намоем, ки ин равиш барои рушди кишвар таъсири бештар бидиҳад”, – гуфт Хуснуллин.

Қаблан мақомоти Русия шаҳрвандони ғайриқонунии Тоҷикистонро 247 ҳазор гуфта буданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин рақамро “аз ҳад зиёд” номид ва изҳор дошт, ки ин рақам тӯли солҳо ҷамъ шудааст.

Тоҷикистон: Apple нахустин шуда андоз супорид

0

Дар Тоҷикистон аввалин шуда ширкати хориҷии Apple аз ҳисоби хидматрасониҳои электронӣ ба маблағи 238 ҳазор сомонӣ андоз супорид.

23-уми июл Кумитаи андоз бо нашри иттилоияе хабар дод, ширкати хориҷии Apple Distribution International Limited, ки дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамояд, 16 июли соли ҷорӣ аз байни чунин ширкатҳо нахустин шуда тайи шаш моҳи ахир барои семоҳаи I ва семоҳаи II–и соли 2021 андоз супорид.

17-уми декабри соли 2020 парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” тасвиб кард, ки тибқи муқаррароти он ширкатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, вазифор шуданд дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шаванд ва андоз аз арзиши иловашударо ба буҷети давлат пардохт намоянд.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз қабули қонуни мазкур то имрӯз 18 адад ширкатҳо ба мақомоти андоз муроҷиат намуда, худро ба қайд гирифтаанд.

Аввали моҳи марти соли ҷорӣ Кумита хабар дода буд, ки аввалин шуда ширкатҳои бузурги электронӣ – Facebook ва Google дар Кумитаи андоз худро ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифтанд.