16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 576

Сӯхтор дар Донишкадаи технологии Кӯлоб

0

Қисамте аз бинои Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар Кӯлоб, ки филиали Донишгоҳи технологӣ аст, дар пайи сӯхтор осеб дидааст.

Ба навиштаи сомонаи расмии ВКД-и Тоҷикистон сӯхтор Бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 3-юми июни соли 2021 соати 03:50 дақиқа ба амал омада аст.

Гуфта мешавад, оташ 200 метри мураббаъ болопӯши боми бино ва толори маҷлисгоҳро фаро гирифта аст.

Сурат: payk.tj

Айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодиса давом дошта зарар ва сабаби сухтор муайян карда мешавад.

Сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия 37 дарсад коҳиш ёфтааст

0

Ба мониторинги муштараки вазъи иқтисодӣ аз ҷониби мутахассисони “РАНХиГС” ва Институти Гайдар, пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо боиси коҳиши назарраси шумораи хориҷиён дар Федератсияи Русия гардид.

Агар дар соли 2019 дар Федератсияи Русия вобаста ба моҳ аз 9,6 миллион то 11,2 миллион хориҷиҳо буданд, пас дар соли 2020 шумораи онҳо аз дар охири моҳи январ 10,3 миллион ва дар охири соли 2020 то 7,1 миллион коҳиш ёфт.

Дар соли 2021 коҳиши шумораи хориҷиён идома ёфт – то 1 май шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар 5,66 миллион нафарро ташкил дод.

Аксарияти онҳое, ки ба Федератсияи Русия меоянд (86%) шаҳрвандони кишварҳои ИДМ мебошанд, аммо шумораи онҳо дар соли 2020 – 39% коҳиш ёфт.

Беш аз ҳама, шумораи шаҳрвандони Украина ва Молдова коҳиш ёфтааст – 53% ва 51%, шаҳрвандони Қирғизистон (18%), Арманистон (22%) ва Тоҷикистон (35%).

Дар соли 2021, дар муқоиса бо соли 2020, шумораи шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо се маротиба  коҳиш ёфтанд (226 ҳазор)  – шумораи онҳо дар Федератсияи Россия дар 10 соли охир пасттарин ба шумор мерафт.

То 1 майи соли 2021 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 2,68 миллион нафарро ташкил дод.

Дар муқоиса бо соли 2020 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ сеяк коҳиш ёфтааст (35%), аз ҳама бештар – коргарони Украина (58% камтар), Молдова (52%) ва Озарбойҷон (49%). Ҳамчунин шумораи муҳоҷирони корӣ аз Қазоқистон ва Узбекистон 42%, аз Тоҷикистон – 37% коҳиш ёфтааст.

Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Арманистон ва Қирғизистон, ки аъзои ЕАЭО мебошанд, камтар аз ҳама тағир ёфт – шумораи онҳо мутаносибан 17% ва 18% коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши РАНХиГС  ва Институти Гайдар ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатии қонунӣ дар қаламрави Русия қарордошта аз шумораи умумии онҳое, ки ба кор омадаанд, 75% -ро ташкил медиҳад.

Дар охири семоҳаи аввал муҳоҷирони меҳнатӣ барои хариди патент ба буҷаҳои минтақавӣ 8,91 миллиард рубл интиқол доданд (20% камтар аз ҳамин давраи соли 2020).

Таҳлилгарон фарзияи Чехияро дар ҳодисаи таркиш “номувофиқ” донистанд

0

Таҳлилгарон номувофиқии фарзияи мақомоти Чехияро дар бораи ҳодисаи таркиш дар соли 2014 дар анборҳои низомӣ дар деҳаи Врбетитсе, ки дар он Прага хадамоти махфии Русияро гумонбар мекунад, пайдо карданд.

Дар ин бора “Parlamentni listy” рӯзи чоршанбе бо истинод ба хабаргузории маҳаллии “EXANPRO”, гузориш дод.

Ба гуфтаи мақомоти Чех таркишҳоро Александр Петров ва Руслан Боширов анҷом додаанд, ки дар Бритониёи Кабир дар сӯиқасд ба ҷони полковники собиқ ГРУ Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия гумонбар дониста мешаванд.

Расонаҳои Чехия аксҳо ва иттилооти мақомоти тафтишотиро дар бораи он, ки ин ду нафар ба ширкати “Imex Group”, ки дар Врбетитсе амборҳоро иҷора гирифта буд, почтаи электронӣ фиристоданд то барои онҳо вуруд ба минтақаи мамнӯъ иҷоза дода шавад, нашр кард.

Дар хабар гуфта мешавад, ки худи ин почтаи электронӣ, ки дар нусхаи расмӣ яке аз далелҳои асосии айбдоркунӣ алайҳи русҳо мебошад, аз ҷониби мақомот ба ВАО пешниҳод карда нашудааст.

Ба навиштаи нашрияи “Parlamentni listy”, таҳлилгарон дар версия дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар ҳодисаи Врбетитсе номувофиқиҳои зиёдеро пайдо карданд. Онҳо, аз ҷумла, ба хулосае омаданд, ки дар ин парванда “шарики хориҷии” контрразведкаи Чехия даст дорад, ки ба он дар сохтани он кӯмак кардааст.

Рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ, Чехия 18 корманди сафорати Русияро афсарони хадамоти махсуси Русия номид ва қарори ихроҷи онҳоро содир кард. Русия низ ба ин амал вокуниш нишон дода, бо қароре 20 корманди сафорати Чехия дар Маскавро персона нон грата эълон кард.

Ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи тоҷик дар Варшава

0

Рӯзи 1 июн сомонаи “

Ивона Кийовска, сухангӯи Пулиси минтақаи 2-и Варшава. Сурат: tvn24.pl

Ба суоли “Аздо тв”, ки чаро пулис ва расонаҳои лаҳистонӣ хабари беасосро нашр кардаанд, ӯ дар посух гуфт:

“Маълумоти нашршуда аз забони шоҳидони ҳодиса, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур доштанд, нақл шудааст ва яке аз шоҳидон низ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад”.

Хонум Кийовска дар идома афзуд:

“То субҳи имрӯз пизишкони муъолиҷи фарди маҷруҳ ба пулис иҷозаи бозпурсии ӯро надода буданд. Вазъи саломатияш беҳтар арзёбӣ мешавад ва пулис имрӯз бо ӯ суҳбат хоҳад кард ва баъди суҳбати пулис бо ин шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон маълумоти бештар дастрас хоҳад шуд. Саломатияш хуб аст ва ҳеҷ хатаре ӯро таҳдид намекунад”.

Ба суоли дигари “Аздо тв”, ки наздикони ронандаи маҷруҳ аз он нигаронанд, ки ӯ дастрасӣ ба телефон надорад ва наметавонанд бо ӯ мустақим дар тамос бошанд, чунин гуфт:

“Телефони ӯ ҳамчун далели шайъӣ барои таҳқиқот дар ихтиёри пулис аст, чун ин телефони кории ронандаи токсӣ буд ва то поёни таҳқиқот дар дасти пулис хоҳад монд, зеро фарди ҳамлагар ба ин телефон таксӣ супориш дода буд”.

Дар мавриди иҷозати мулоқот бо ин шаҳрванди Тоҷикистон сухангӯи пулиси Варшава гуфт, бояд инро аз пизишки муъолиҷаш ва масъулони бемористон бипурсед.

Аммо дар хусуси ин ки оё то ин лаҳза маълумоти бештаре дар бораи фарди ҳамлагар дастрас шудааст, мегӯяд: “Бале, маълумотҳо дорем, вале наметавонем расонаӣ кунем, баъд аз шунидани қурбонии ҳодиса ва муқоисаи маълумотҳо метавон банатиҷаи ниҳоӣ расид”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1-уми июн “TVP.info“-и Лаҳистон хабар дод, ки як марде савори таксие шуда ва аз пушти сандалӣ ба ронандаи таксӣ тир холӣ кардааст. Ин мошини таксӣ дар кӯчаи Пулавскаи шаҳри Варшава дар ҳоли тавақуф будаст.

Қурбонии ин ҳамла ба бемористон мунтақил шуда ва ҷустӯ барои пайдо кардани ҳамлагар идома дорад. Ивона Кийовска, сухангӯи пулиси мантақаи 2-и Варшва ин ҳодисаро чунин шарҳ дода буд:

“Ин ҳодиса шаби душанбе соати 23:30 дар кӯчаи Пулавскаи шаҳри Варшава рух дод, мусофир баъди савори “BOLT taxi” шуданаш туфангчаро ба сӯи сандалии ронанда нишон гирифта тир холӣ мекунад”.

Дар идомаи гузориш “TVP.info”-и Лаҳистон омадааст, ки ронандаи маҷруҳгашта шаҳрванди Тоҷикистон мебошад ва фарди ҳамлагар низ шаҳрванди Тоҷикистон буда, пулис ҷузъиёти ҳувияти ин фардро медонад ва дар пайи ҷастуҷӯи ӯ аст.

Шоми сешанбе ду таркиши бузург шаҳри Кобулро ларзонд

0

Шоми сешанбе дар ду таркиши ҷудогона дар шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон ҳадди ақал 10 ғайринизомӣ кушта ва 12 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бино ба иттилои “Аriananews” Ҳомид Рошан, муовини сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон ба расонаҳо гуфта, ки таркиши аввалӣ тахминан соати 19:00 дар назди масҷиди “Аҳлибайт” наздик ба хонаи Муҳаммад Муҳақиқ, мушовири аршади умури амниятӣ ва сиёсии раисҷумҳури Афғонистон рух додааст.

Муовини сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ аз чунин як таркиши дигар низ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, таркиши дуввумӣ тахминан соатҳои 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи сеюми амниятии шаҳри Кобул дар наздикии як дорухона рух дод. Бобмҳо дар ин ду таркиш дар мошинҳои навъи “Костр лени” ҷогузорӣ шуда буд.

Муовини сухангӯи Вазорати дохилаи Афғонистон талафоти таркиши дуюмиро таъйид карда, вале шумори онро ба расонаҳо шарҳ надод.

То ҳанӯз масъулияти ин ду таркишро шахсе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Вазирони хориҷаи Амрико ва Тоҷикистон вазъи марзиро баррасӣ карданд

0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 1 июн бо Энтони Блинкен котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Зимни суҳбат Муҳриддин ва Блинкен масъалаи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва инчунин вазъи минтақаро баррасӣ карданд.

Бар асоси иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Энтони Блинкен ҳамчунин дар бораи тадобири муштарак оиди пешгирии паҳншавии сирояти нави корнавирус “COVID -19” андешаронӣ намуда оиди рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.

Дар ҳамин ҳол тавре, ки дар як баёнияи матбуотии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида омадааст, Энтони Блинкен бори дигар пуштибонии Амрико аз соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Котиб ба вазири умури хориҷа барои роҳбарии Тоҷикистон дар амнияти минтақа, пуштибонӣ аз музокироти сулҳ дар Афғонистон ва шарикии давомдор дар мубориза алайҳи терроризм, аз ҷумла дар доираи С5 бар иловаи 1 изҳори ташаккур кард.

Онҳо ҳамчунин вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Котиби давлатии ИМА барои бозмондагони афроде, ки дар даргириҳои хунини марзи моҳи апрел ва қурбониён, изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд. Аз саъйу талошҳо ҷиҳати паст кардани шиддати ҷанг, аломатгузории марз ва ноил шудан ба ҳалли сулҳи пойдор ситоиш кард.

Котиб дар идомаи суҳбат бар аҳмияти рушди робитаҳои минтақаӣ, ҳуҳуқҳои инсон ва озодиҳои асосиро барои ҳама таъкид кард.

Ҳарду ҷониб муносиботи мустаҳками дуҷонибаи Иёлоти Муттаҳида ва Точикистонро тасдиқ намуда мувофиқа карданд, ки ҳарчи зудтар имкон фароҳам оранд, то машваратҳои дуҷониба баргузор карда шаванд.

Пизишки тоҷик, Мирзоқул Ҳоҷиматов ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

0

Табиби шинохтаи тоҷик ва собиқ муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов), ки мақомот ӯро рӯзи 22 май боздошт карда буд, ба 5 сол зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли манбааш хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳукми Мирзоқул Ҳоҷиматов рӯзи 1 июн дар бинои СИЗО-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд содир шудааст.

Гуфта мешавад, ки мақомот ӯро ба узвият ва ҳамкорӣ бо созмону ташкилоти мамнуъ айбдор кардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, Ҳоҷиматов баъд аз мамнуъ эълон шудани ҲНИТ дигар фаъолияти сиёсӣ надошт ва дар ҳеч ҳизбу ҳаракате шомил набуду бо аъзоёни ҲНИТ ҳам робитае надошт.

Ҳангоми бозпурсӣ худи Ҳоҷиматов низ гуфтааст, ки баъд аз соли 2015 дигар фаъолияти сиёсӣ надорад ва бо ҳеч ҳизбу ҳаракате робита ҳам надорад, аммо бо вуҷуди он бо ин иттиҳом барои 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Вакили дифоаш пештар гуфта буд, ки мақомот алайҳи Ҳоҷиматов бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне узвият дар созмонҳои мамнуъ парванда боз кардаанд. Ва ин банди моддаи мазкур аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Мирзоқул Ҳоҷиматов рӯзи 22 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ашт боздошт шуд. Ӯ шаҳрвандии Русияро дошт ва дар вилояти Тюмен кору зиндагӣ мекард. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ 4 феврал барои дидорбинӣ бо хонаводааш ба кишвар омада буд ва билети баргашташ рӯзи 19 феврал гирифта шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон сафар кард

0

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 2 июн бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Исломободи пайтахти Покистон шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин сафар Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сурат: Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гуфта мешавад, қарор аст Президенти Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар чанд соҳа, аз ҷумла соҳаи амният, сиёсат, тиҷорат, фарҳанг ва дигар масоил баҳсу гуфтугӯ кунанд. Инчунин мулоқоти Раҳмон бо Президент ва Сарвазири давлати Покистон дар назар аст.

Сарнагунии як паҳподи тасвирбардори Қирғизистон тавассути марзбонони тоҷик

0

Марзбонони Қирғизистон бо ирсоли чанд паҳпод (дрон)-ҳо мехоҳанд қаламрави Тоҷикистонро назорат кунанд. Дар ин бора корбаре дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи

Тағоев Исматулло, корбар ва фаъоли шабакаи Фейсбук

Як рӯз пеш низ ин корбар аз сарнагун кардани як паҳподи қирғизӣ тавассути марзбонони тоҷик дар марзи нохияи Ботканд бо Исфараи вилояти Суғд хабар дода буд.

Дар хабар омада аст, ки ин ҳавопаймои бесарнишин шаби 31-уми мохи майи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара ҳангоми тасвирбардорӣ аз манотиқи марзӣ тавассути марзбонони тоҷик сарнагун шуда аст. То лаҳзаи интишори ин хабар мақомоти расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин маврид ибрози назар накардаанд.

Пас аз даргирии хунини марзӣ рӯзҳои 28-29 моҳи апрели соли ҷорӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз, ки беш аз 300 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт Қирғизистон марзҳои заминиву ҳавоияшро бо Тоҷикистон баст ва вуруди тоҷикҳоро ба қаламраваш мамнуъ кард.

Чаро “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” варшикаста шуданду “Ориёнбонк” не?

0

Амволу дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба ҳисоби давлат гузаронида мешаванд. Дар ин бора рӯзи 20 май Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукумати Тоҷикистонро содир кард ва парлумони кишвар низ ризоият дод, ки аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ин ду бонк қарзи онҳо дар назди давлат баргардонида шавад.

Соли 2016 бо як қароре Эмомалӣ Раҳмон барои ин бонкҳо, ки дучори буҳрон шуда буданд, 3.3 миллиард сомонӣ аз ҳисоби давлат кӯмак кард. Зоҳиран ҳукумати Тоҷикистон ин бонкҳоро ҳимоят кард. Аммо ин маблағҳо, ки муҳлати бозгардонии онҳо барои панҷ сол пешбинӣ шуда буд, дар асл сари ин ду бонкро хӯрданд.

Ин ду бонк – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ду бонки асосии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд. Дар ҳиссаи «Тоҷиксодиротбонк» беш аз 20% ҳаҷми умумии маблағҳои тамоми бонкҳои Тоҷикистон рост меомад. Ва, азбаски ҳардуи ин бонки пурмуштарӣ тақрибан дар тамоми навоҳии кишвар шуъбаҳои худро роҳандозӣ карда буданд, яку якбора варшикасташавӣ ва беш аз ин дар қарзи давлат нишастани онҳо шубҳанок ба назар мерасад.

Дар аввал инро бояд гуфт, ки Муродалӣ Алимардон, раиси «Агроинвестбонк» яке аз бонкирҳои бособиқа аст ва баъид ба назар мерасад, ки ӯ корро то ба ҳадде бикашонад то муассисаи зери раҳбариаш муфлис бишаваду ӯ бехабар бимонад. Ҳамин паҳлуи масъала аз худ ҳазорҳо савол ва шубҳаро ба бор овардааст. Афзун бар ин, дар ҳамин соли 2014 ва 2015 ин бонк аз Росселхозбонки Русия дар ду навбат қариб 100.миллиард рубл сармоя ҷалб карда буд.

Дуввуман, Тоҷиддин Пирзода ҳам «Тоҷиксодиротбонк»-ро хеле нерӯманд карда ва зарфиятҳои молиявии онро боло бурда буд ва маҳз ин муассисаи молиявӣ дар Тоҷикистон «низомсоз» унвон мешуд, ки бесабаб нест. Кору фаъолияти ин бонк то ба ҳадде пешрафт буд, ки то ноҳияи Мастчоҳи куҳӣ бинои шуъбаи худро сохта ва ба истифода дод.

Худи кашонидани масолеҳи сохтмонии он то Масчо чи қадар хароҷот дорад? Агар вай дар ҳоли банкорот буд чаро дар Данғара бояд чандин бинои баландошёна месохт ва ё сағирахонаи Раштро бо маводи ғизоиву сарулибос таъмин мекард?

Инро ҳам бояд қайд намоем, ки «Тоҷиксодиротбонк» дар тафовут аз «Ориёнбонк» дар ягон бинои давлатӣ «офис» накушодааст. Тамоми «офис»-ҳои ин бонк бо сармоя ва харҷи худи ин бонк сохта шудааст. Барои ин ҳама сохтмонҳо пули зиёд даркор аст ва боварнакарданист, бонке, ки дар арафаи муфлисшавист, даст ба сохтмони биноҳо дар навоҳӣ бизанад.

Сеюм инки, агар ин ду бонки неруманд муфлис шуданд, чаро «Ориёнбонк», ки дар канори онҳо фаъолият мекард, муфлис нашуд? Чаро «Ориёнбонк» дар соли 2014 ва 2015, ки ин бонкҳо ва низ «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бо буҳрон рӯбарӯ шуданд, бо камтарин мушкилӣ гирифтор нашуд. Ҳатто аз ҳукумат қарз ҳам нагирифт. Чаро?

«Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» низ бидуни онки далелу мадраке ба  муштариёни худ ироа бидиҳанд, муфлис эълон шуданд. Бонки миллӣ муҷаввизи ин ду бонкро пас гирифт. Раиси «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев  барои 8-уним сол равонаи зиндон шуд. Аммо ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст муштариҳои ин бонк дар суроғи маблағ ҳои худ ҳастанд.

Яъне пасандозҳое, ки умедвор буданд % мехӯраду онҳо соҳиби пули бештар мешаванд. Ҳамин ду се рӯзи пеш чанде аз муштариҳои ин бонк дар як муроҷиати видеоӣ аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикитон хостанд, ки барои гирифтани пулҳояшон аз ин бонк мусоидат намояд.

Аммо бехабар аз он ки дар паси ин ҳама банкротсозии ин бонкҳо Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали Бонки миллӣ ва домоди Эмомалӣ Раҳмон ва худи Эмомалӣ Раҳмон истодааст.

Дар боло ишора намудем, ки «Ориёнбонк» бидуни кадом мушкил ва дардисар марҳалаи буҳронии бонкҳо дар солҳои 2014-2015 ва 2016-ро пушти сар кард. Аммо ин чаҳор бонк ҳам бо мушкил мувоҷеҳ шуданд, ҳам тамоми дороиҳояшон аз даст рафт, ҳам роҳбари яке аз онҳо зиндонӣ шуд ва ҳам то ба имрӯз наметавонанд, ки муштариҳои худро қонеъ созанд.

3.3 миллиард сомонии ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон барои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба хотири пас гардонидани пасандозҳои муштариҳо дод, амалан як занҷир ва завлонае ба дасту пойи роҳбарони ин бонкҳо буд, ки наметавонистанд мустақилона амал намоянд. Қарзе, ки соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон дод амалан ин ду бонкро ба маҳалли задухӯрд ва талаву тороҷи Нуралиев мубаддал кард.

Як нафар аз масъулони баландпояи Раёсати қарздиҳии «Агроинвестбонк» ҳанӯз дар ҳамон соли 2016 гуфта буд, ки «дигар ин бонкҳоро тамом карданд. Ҳеҷ коре, еҷ санаде, ҳеҷ амалиёте, ҳеҷ додугирифте, бидуни ҳамоҳанги бо Бонки миллӣ сурат намегирад. Хулоса, Нуралиев дар «доля» шишт.

Гап дар инҷо аст, ки Ҷамолиддин Нуралиев аз «Тоҷиксодиротбонк», ки беш аз 2 ва аз «Агроинвестонк», ки чизе бештар аз 1 миллиард сомонӣ аз ҳукумат қарз гирифта буданд, балки дода буданд, дафъатан 200 ва 100 миллион «доля»-и худро гирифт.

Иллати асосии ҳабси Ҷамшед Зиёев, раиси «Тоҷпрмбонк» ҳам ҳамин аст, ки розӣ нашуд аз 400 миллион сомонии пешбинишудаи кредити ҳукумат ба ин бонк 10%- инро ба Ҷамолиддин Нуралиев ҳамчун «доля» бидиҳад.

Барои ҳамин ин бонк натавонист қарзи ҳукуматро бигирад, бадтар аз ин раиси онро зиндонӣ карданд. То ҳамин ҳоло ӯро дар зиндон ҷӯшида истодаанд. Ҳоло ӯ ба унвони «хуса» аст, ки Алимардон ва Пирзодаро тарс медиҳанд. Бародари Алимардонро бар ивази 90 миллион сомонӣ аз ҳабс хариданд.

Воқеият ин аст, ки ин қарзи ҳукумат барои ин бонкҳо дар декабри соли 2016 дар асл ёрӣ ва ҳимоят набуд. Ин як «афера»-и чандсамта буд. Амалан амволи ин ду бонк ба гарав, ба асорати ҳукумат-Раҳмон ва домодаш Ҷамолиддин Нуралиев даромад. Чуноне тазаккур дода шуд, бо инки ин маблағи қарз дода шуд, дасту пойи ин бонкҳо барои тамоми амалиёти бонкӣ баста шуданд. Бидуни иҷозати Ҷамоиддин Нуралиев коре наметавонистанд бикунанд.

Ҳоло танҳо Тоҷиддин Пирзода як каме дар дастрасии хабарнигорон қарор дорад ва шарҳу тавзеҳ дода истодааст. Вале маълум аст, ки наметавонад асли қазияро бигӯяд. Бигӯяд, ки онҳо имконият доштанд ва доранд, ки кор кунанд. Вале хеле ҳам боэҳтиёт «мефаҳмонад». Аз ҷумла дар мусоҳибааш бо «Озодӣ» гуфтааст, ки як сабаб «овозаҳо» буданд, ки афроди манфиатдор ташкил карданд ва муштариҳоро шӯр ангехтанд.

Маълум аст, ки ин афроди манфиатдор киҳоанд ва киҳоянд, ки дар Тоҷикистон нотарсона овоза месозанд. Инҳо ҳамонҳоеанд, ки феълан «Коммерсбонк», «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», «Спитаменбонк», «Тавҳидбонк», «Ориёнбонк» ва «Душанбе сити»-ро чархонида истодаанд.

Хонандаи ҳушманди мо огоҳ аст, ки ин ҳама бонкҳо бонкҳои домодҳои Эмомалӣ Раҳмонанд:-бонкҳои Ашраф Гулов, Шамсулло Соҳибов, Ҷамолиддин Нуралиев, Ҳасан Асадуллозода (додарарӯси Раҳмон) ва Муҳиддини Ҳасан-писари Ҳасан Асадуллозода ҳастанд. Ва иллат ва сабаби асосии аз бозори пул ва арсаи молияи Тоҷикистон берун кардани ин чаҳор бонки тайи чор -панҷ соли ахир бардурӯғ ва иҷборан муфлис эълон карда ҳам ҳамин аст, ки бонкҳои домодҳои Раҳмон осону роҳат дар ин соҳа ворид шаванду рақиби ҷиддӣ надошта бошанд.

Раҳмон на танҳо озодиҳои сиёсиву иҷтимоиву диниву матбуотро маҳдуд ва масдуд кардааст, ҳамчунин арсаи иқтисоду тиҷоратро ҳам кайҳост, ки барои дигарҳо ба варта, вале барои худу хонаводаи худ ба водии сарсабзу хуррам бадал кардааст.

Дар қароре, ки Раҳмон имзо кард,таъкид мешавад,ки ин ду бонк қарзҳои давлатро бояд баргардонанд,аз ҳисоби фурӯши молу мулк ва дороиҳо. Ҳоло акнун фаҳмидед,ки Раҳмон чаро барои ин ду бонк қарз дода буд? Барои онки дороиҳои ин бонкҳоро тасарруф ва ғасб кунад.

Кӣ мегӯяд, ки Раҳмон он се миллиарди ҳукуматро ба худи ҳукумат бармегардонад? Ҳам он се миллиард ва ҳам аз миллиард бештар маҳсулоти ин бонкҳоро ӯ ва домодаш ҳамчун «ғанимат» ба яғмо хоҳанд бурд. Вале войи ҷони онҳое аст, ки пулҳои худро аз ин бонкҳо гирифта наметавонанд.

Бори дигар ёдовар бишавам, ки варшикастагии ин ду бонк «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» аз сӯи Раҳмон сохта ва дастӣ ва аз роҳи зӯрӣ буд. Кори табиӣ набуд. Танҳо ҳамин далел, ки чаро ин ду бонк ба буҳрон гирифтор ва ниҳоят муфлис эълон шуданду аммо «Ориёнбонк» чизеаш нашуд, кофист, бигӯем, ки ҳарфи мо ҳавоӣ нест.

Ҳоло агар боз аз зуҳуру ҳузури барқосои «Коммерсбонк» , «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», «Спитаменбонк», «Тавҳидбонк», «Ориёнбонк»  ва «Душанбе сити» ҳам бигӯем, ҳама чиз яқин ва рӯшан мешавад. Пул ва низоми бонкиву молиявии як давлате бо номи Тоҷикистонро низ акнун танҳо як нафар ва як хонавода идора ва назорат мекунад.

Акнун ин Раҳмон ва хонаводаи вай аст, ки афроде назири Бобаки Занҷонӣ даста даста ба суроғаш мераванд ва баъид нест, ки як рӯзе ин бонкҳои хонавода ба пулшӯӣ муттаҳам хоҳанд шуд. Бовар кунед, ин кор мешавад. Аммо ин доду войи ҳазорҳо ҳазорҳо тоҷик аст, ки ношунавида мемонад ва депозитҳои онҳоро фақат мешавад аз суратҳисобҳои оффшории Раҳмону хонаводаи вай, ки дигар осону роҳат тавассути бонкҳои худашон мунтақил мекунанд, суроғ кард…

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷамолиддин Нуралиев ва ҷойгоҳи ӯ дар назди Раҳмон