18.8 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 585

Як муҳоҷири тоҷикро аз Русия барои 30 сол ихроҷ карданд

0

Дар Якутия шаҳрвандии як муҳоҷир аз Тоҷикистон лағв карда шуд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба Хадамоти матбуоти ФСБ Русия хабар дод.

Бино ба иттилои ин расона, ин муҳоҷир марди 47-сола буда, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба Хадамоти муҳоҷират маълумоти бардурӯғ додааст.

Ҳанӯз ӯро моҳи апрел дастгир намуда дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта, сипас ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.

ФСБ-и Русия гуфтааст, ки ин мард дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар канори гурӯҳҳои исломӣ меҷангид.

Ба иддаои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин мард кӯшиш кардааст, ки шахсияти худро пинҳон кунад, зеро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон метарсид. Ба ҳамин хотир бо додани маблағ шиносномаи миллии худро бо маълумоти нави шахсияташ иваз кардааст.

Дар баробари маҳрум намудан аз шаҳрвандии Русия ва ихроҷ, вуруди ин муҳоҷирро ба Русия барои 30 сол манъ кардаанд.

Шахсияти ин шаҳрванди Тоҷикистон ошкор нашудааст ва назари ӯ то ҳол дастраси расонаҳо нагардидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш кумак кард

0

Кумиати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз расондани кумак ба зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш хабар дод. 17-уми май кормандони КҲФ бо намояндагони Кумитаи меъмории Тоҷикистон хонаҳоеро аз назар гузарониданд, ки эҳтимолан барои зиндагии оянда хатар доранд.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Вахш Ситоди фаврӣ барои куамк ба осебдидагони сел таҳти сарпарастии ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода таъсис ёфта шабонарӯз фаъолият мекунад.

Барои бартарафсозии оқибатҳои сел 15 нафар афсарони Раёсати Куитаи ҳолатҳои фаввқулодда дар вилояти Хатлон ва се мошини махсус хидмат мекунад.

Тибқи иттилои Кумита давоми як шабонарӯзи гузашта 40 сарбози қисми низомии КҲФ дар ноҳияи Вахш бо истифода аз ду мошин 9 хонаро аз лойю лойоба тоза намуда, дар шаҳраки хайманишинон барои осебдидагон боз 8 хайма заданд.

“16 майи соли 2021 ҳангоми ҳамоҳангсозии кори Ситоди фаврии КҲФ дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” – и ноҳияи Вахш, ки аз сел зарар дида буд, ташкилоти “Собир Сам” 7 мошини боркаш, ду таҷҳизоти механикии борбардор ва 1 экскаваторро барои таъмири роҳҳои байни деҳаҳо ҷудо кард. Ин мошинҳо то кунун 32 маротиба лойю ифлосиҳо ва сангу шағалу селовардҳоро аз макони офат берун кашидаанд”,-омадааст дар хабари Кумита.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки то имрӯз дар маҷмуъ 760 метр роҳи вайрондушдаи деҳот асфалтпӯш карда шудааст.

“Аз рӯзи аввали оғози бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда то 17-уми майи соли 2021 1900 метр роҳ дар минтақаҳои офатзада мумфарш карда шудааст”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамарӯза аз ҳисоби мақомот ва низ бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ба осебдидагон ҳам маводи ғизоӣ ва ҳам ашёи ниёзи аввал кумак мерасонад.

Дар ин ноҳия ва дигар минтақаҳои офатзадаи Тоҷикистон корҳои баратафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ идома доранд.

Расонаҳои Украина аз кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Луганск хабар медиҳанд

0

Ба гузориши “Аздо тв” ба нақл аз вебгоҳи укроинии “sprotyv.info”, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳои муссалаҳи ҷудоихоҳи мавриди ҳимояти Русия дар Луганск меҷангидааст, кушта шудааст.

Ин расона менависад, ки “наздики як моҳи пеш дар 6 апрлел як ҷангҷӯи зархарид аз Тоҷикистон ба номи Абдуқаҳҳор Замонов аз байн бурда шуд. Аз кушта шудани ҷангҷӯи 41-солаи сокини шаҳри Душанбе дар мантақаи вилояти ишғолшудаи Луганск дирӯз расонаҳо огоҳ шуданд”, – омадааст дар хабари “sprotyv.info“.

Хабари марги ин зодаи Тоҷикистон дар Луганскро Анатоли Штефан, сарҳанги НМУ нерӯҳои мусаллаҳи Укарина дар телеграм-канали худ нашр кардааст, аммо аз ҷузъиёт ва чӣ гуна кушта шудани Каҳҳор Замоновро шаҳр надодаст.

Як огоҳи умури Украина дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, ки мақомоти низомии Украина дастраси ба омори кушташудаҳои ҷангҷӯёни ҷудоиталаби Луганск надоранд, вале ӯ афзуд, вебгоҳи “sprotyv.info” мавриди эътимоди расонаҳо мебошад ва ҳамеша хабарҳои дуруст нашр мекунад.

Вебгоҳи дигари укройнӣ “myrotvorets” маълумоти кӯтоҳе дар бораи ин зодаи Тоҷикистон нашр кардааст, ки бар асоси он Замонов Абдуқаҳҳор мутавалиди 02,09,1979 сокини шаҳри Душанбе будааст. Аммо ӯ 6 апрел дар шаҳри Первомайский вилояти Лугански Украина кушта шудааст.

Ин хабар то ҳанӯз аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ё Луганск тайид ва ё рад нашудааст, дар сурати пайдошудани маълумоти бештар хабар такмил хоҳад шуд.

Қирғизистон се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард

0

Рӯзи 17-уми май ҷониби Қирғизистон се шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Манобеъ дар мақомоти интизомии шаҳри Исфара ба ин расона гуфтаанд, ки дастгиршудаҳо ду сокини одӣ ва як маъмури интизоми будаанд. Онҳоро дар роҳи Ворух – Хоҷаи Аъло (дар ҳудуди деҳаи Оқсой) дастгир кардаанд.

Абдукарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, боздошти се сокини Тоҷикистонро тасдиқ намуда гуфтааст, ки  ҷониби Тоҷикистон низ се шаҳрванди ин кишварро дастгир намудааст.

Дар ин бора мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман чизе нагуфтаанд, аммо манобеъ дар мақомоти интизомии Исфара боздошти ду ронандаи қирғизро тасдиқ карданд.

Абдукарим Алимбоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳоло қазияро таҳқиқ доранд, ки шаҳрвандонро марзбонҳо дастгир кардаанд ва ё мардуми маҳаллӣ.

Ёдовар мешавем вазъ дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарготи “Галавной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳарду ҷониб 55 нафарро ташкил медихад.

Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш хабар дод. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад. 2 май ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзро ба имзо расониданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ба ҳол 520 километраш аломатгузорӣ шуда ва боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян ва мушаххас карда нашудааст.

Дармондани мусофирон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон. Билет ҳаст, ҳавопаймо иҷозати парвоз надорад

0

Садҳо мусофир аз Тоҷикистон, ки барои парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Русия аз ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер” чипта харидаанд, дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд дармондаанд. Ин мусофирон як ҳафта боз наметавонанд ба Русия парвоз кунанд.

Ба иддаои раҳбари намояндагии ширкати “Северный ветер” дар Тоҷикистон, Мироҷ Азизов, сабаби банд мондани мусофирон дар он аст, ки Ожонсии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати онҳо иҷозаи парвоз надодааст.

Масъулони ин Ожонсӣ то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд ва ба тамосҳои телефонии Радиои Озодӣ посух надоданд.

Як манбаъ аз фурудгоҳи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфта, ки Ожонсии авиатсияи гражданӣ ба “Северный ветер” иҷозат надод, ки бо ҳавопаймоҳои бузург мусофир баранд.

Ин дар ҳолест, ки Мироҷ Азизов мегӯяд, ба ширкати онҳо барои бо чунин ҳавопаймоҳо бурдани мусофирон ду бор иҷозаи парвоз доданд, вале рӯзи 12-уми май иҷозатномаи онҳоро бекор карданд.

Азизов дар идома қайд намуда, ки давоми як моҳи ахир ба беш аз ду ҳазор нафар чиптаи парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Русияро фурӯхтаанд.

“Дар аввал онҳо худашон гуфтанд, ки ҳавопаймои бузургтар биёред, ки мусофир зиёд аст. Вақте иҷозат доданду мо чиптаҳоро фурӯхтем, иҷозатномаи моро бекор карданд. Агар барои фурудгоҳ мувофиқ намебуд, дубор моро бо чунин ҳавопаймо қабул намекарданд. Чун мусофир зиёд буд, ба хотири сардаргум нашудан мо ҳавопаймое овардем, ки ғунҷоиши 440 мусофирро дорад.” – гуфт ӯ.

Ба иддаои масъулони ширкат мегӯяд бо як талаби Оҷонсии авиатсияи граждании назди ҳукуматнархи чиптаҳоро поин бурдаанд ва ҳоло ширкати “Северный ветер” вобаста ба шаҳрҳо чипатаи онҳо аз 3 ҳазор сомонӣ то 8,5 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

Ин ширкат аз шаҳри Хуҷанд ба Қазон, Иркутск, Перм ва аз Душанбе ба Санкт-Петербург, Қазон, Маскав бояд парвоз анҷом диҳад.

Бештари мусофироне, ки аз ин ширкат чипта харидаанд бояд шаби 11-12 уми май ба Русия парвоз мекардаанд. Ин мусофирон мегӯянд, як ҳафта боз дар фурудгоҳҳо қарор доранд ва аз интизорӣ хаста шудаанд.

Мусофирон аз он шикоят доранд, ки масъулон давоми 1 ҳафта мешавад ваъдаи парвозро дода истодаанд ва онҳо ҳар маблағе доштаанд, хӯрок харида хӯрдаанду ду бор барои КОВИД-19 ташхис супоридаанд ва пули ҳама тамом шудааст. Ин мусофирон мегӯянд, ки ба доди онҳо касе намерасад.

Моҳи марти соли гузашта парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус маҳдуд шуда буд. Бо гузашти як сол пас аз 1-уми апрел дубора иҷозаи парвоз ба Русия дода шуд.

Пештар муҳоҷирон аз нархи гарони чипта ва камбуди он низ шикоят доштанд.

Як ҳайат аз хабарнигорони узбекистонӣ ба Тоҷикистон меоянд

0

Як ҳайат аз хабарнигорони ширкати Телевизион ва радиои миллии Узбекистон имрӯз 17 май ба Тоҷикистон ташриф меорад. Онҳо қасд доранд, ки дар бораи дӯстии Тоҷикистон ва Узбекистон як силсила гузоришҳо омода кунанд.

Хабаргузории “Азия Плюс” ба нақл аз “Ҷамъияти узбекон” навишта, ки ин ҳайат тасмим дорад, ки як силсила гузоришҳоро омода кунад, ки баъдан тавассути 12 шабакаи телевизионӣ ва 4 канали радиои Узбекистон пахш карда мешаванд.

Гуфта мешавад, зарфи як ҳафтае, ки ин хабарнигорони Узбекистони дар Тоҷикистон ҳастанд аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва минтақаҳои Спитамен дидан мекунанд.

Дар Душанбе, аз ҷумла онҳо аз боғи фарҳангу фароғатии Алишер Навоӣ дидан хоҳанд кард.

Дар Кохи Борбад бо ҳамкасбони худ мулоқот хоҳанд намуд. Ҳамчунин аз оилаҳои тоҷику узбек низ дидан менамоянд.

Дар мавриди дастовардҳои деҳконони Турсунзода гузоришҳо омода мекунанд.

Инчунин аз бемористони Қубодиён ва як мактаб дар ноҳияи Спитамен, ки бо маблағи Узбекистон сохта шудааст дидан менамояд.

Ин ҳайати хабарнигорони узбек ҳамчунин тасмим доранд бо шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон низ дидору мулоқот анҷом диҳанд.

Ҳамлаи Исроил болои Ғазза идома дорад, 200 кушта бо шумули зану кӯдакон

0

Рӯзи 8-ум аст, ки ҳамлаи Исроил болои шаҳрҳои Фаластин идома дорад. То ин муддат аз ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои исроилӣ болои аҳолии осоишта дар Ғазза 197 фаластинӣ зери биноҳо монда ҷон бохтааст, ки дар байни онҳо 58 кӯдак ва 34 зан мебошад.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ аз захмӣ шудани 1235 нафар хабар медиҳаднд. Рӯзи гузашта 38 ҳазор аз аҳолии Ғазза хонаҳои худро тарк карда ба духтуру мактбаҳо ва ҷойҳои умумӣ паноҳ бурданд.

Дар ҳамин ҳол раиси намояндагии “Табибони бидуни марз” дар Ғазза ба хабаргузории “Ал-Ҷазира” гуфта, ки аз сабаби муҳосира ва бомборон шудани Ғазза соҳаи тиббӣ ба як ҷолиши бузург рӯбарӯст.

“Ҳоло ба мо ҳеч навъ кумак намерасад, илова бар ин бар асари ҳамлаҳои Исроил ду табиби мо рӯзи гузашта кушта шуд, намедонем бо ин вазъият ва ин имконоти кам чӣ қадар истодагарӣ карда метавонем”.

Ҳамчунин Салиби Сурхи Фаластин рӯзи гузашта гуфт, сокиноншудагони яҳудӣ бар мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар Ҳивора ҷануби Ноблус ҳамла намуда, як мошинро нобуд карданд. Масъулони беморхонаҳо аз набудани имконоти тиббӣ танқисӣ мекашанд, аз ҷомеаҳои байналмиллалӣ талаб доранд, ҳарчи тезтар ба онҳо кумак расонида шавад.

Дар пасманзари ҳамлаҳои шадиди Исроил болои Фаластиниҳо рӯзи гузашта 16 май Шӯрои амнияти СММ ҷаласаи изтирории худро дар мавриди таваққуфи ҳамлаҳои Исроил болои мардуми Фаластин оғоз кард, аммо намояндаи Амрико хост ин ҷаласа ба таъхир гузошта шавад, ки Чин аз он интиқод кард.

Дабири кулли СММ аз “Ҳамос” хост аз партоби мушакҳо ба шаҳрҳои Исроил худдорӣ кунад ва аз Исроил низ хост ҳамлаҳои ҳавоӣ ва “оташбозӣ” дар Ғаззаро поён диҳад. Аммо сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу баъд аз поёни ин ҷаласа гуфт, ҳамла болои “Ҳамос” дар Ғазза “бо тамоми қувва” идома хоҳад ёфт. Натанёҳу пештар ҳам аз адами ризоиятиаш ба сулҳу гуфтугӯҳоро гуфта буд.

Тибқи иттилои ҷониби Исроил, аз оғози ҷанг Ҳамос ҳудуди 3 ҳазор мушак ба Телабиб ва дигар шаҳрҳои Исроил партоб кардааст. Вазорати дифои Исроил мегӯяд, 90 дарсади ин мушакҳо дар ҳаво хунсо карда шудаанд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 10 исроилӣ ҷон бохтааст. Омори маҷруҳин дақиқ нест.

Иди саиди Фитр муборак ҳамватанони азиз!

0

Дӯстони азиз, фардо дар бисёре аз кишварҳо Иди саиди Фитр эълом шудааст, аз ҷумла дар Тоҷикистони азиз, ватани ҳамаи мову шумо.

Бино ба ин муносибат пешопеш аз номи ҳаммаи кормандони шабакаи “Аздо тв” тамоми мусалмонҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳар яки шумо ҳамватанони азизу арҷмандро дар ҳар куҷое, ки ҳастед чи дар ватан ва чи берун аз он табрику таҳният гуфта, бароятон аз Худои мутаол беҳтарин орзуҳо ва хостаҳоро таманно мекунем.

Ва аз Худованди маннон умед дорем, ки рӯза ва тоату ибодати мову шуморо мавриди қабули хеш гардонда бошаду аз камбуду хатоҳои мо гузашта бошад.

Барои якояки шумо азизон тани сиҳат, ризқи фаррох, саодату хушбахтии ду дунёро орзумандем. Боз ҳам идатон муборак бошад!

Рашки давлатӣ ё чаро нагузоштанд, ки Раҷаби Мирзо ҷамъоварии хайрия барои осебдидаҳоро идома диҳад?

0

Раванди бозпас гардонидани маблағҳои хайрия, ки барои зарардидаҳои ҷанги Тоҷикистону Қирғизистон ҷамъоварӣ гардида буд, шурӯъ шудааст. Дар ин бора Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, ки мудирияти ин маъракаи халқиро бар ӯҳда дошт, дар сафҳаи фейсбукии худ хабар додааст.

Ахиран Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз мардум хост кумак ва ёриҳои худ ба осебдидаҳои даргириҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро на ба ихтиёри «қаллобон», балки ба суратҳисобе, ки онҳо кушодаанд, мунтақил кунанд.

Раҷаби Мирзо, ки бо пешниҳоди ҷомеаи мадании кишвар мудирияти маъракаи халқии гирдоварии хайрияҳо барои хонаводаҳои осебдидаи ин ҷангро бар дӯш гирифта буд, баъди як чунин иттиҳом ва бозкушоии суратҳисоби алтернативӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ аз хатми ин маъракаи тозашурӯъшуда баёния содир кард. Вай бо ишораҳое рамзнок тавзеҳ кард, ки ба ҳиҷ ваҷҳ ба ин пулҳо эҳтиёҷ надорад, аммо аз онки Вазорати дохилӣ болои ӯ чи фишору таҳдидҳое бор овард, сокит монд.

Бад-ин минвол ин иқдом ва ибтикори башардӯстона, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсиятҳои матраҳи ҷомеа барои хурдтар кардани асари дарду ранҷи хонавода ва бастагони ин зарардида ва дар азо нишастаҳо роҳандозӣ карданд, тавассути Вазорати корҳои дохила аз дасти онҳо кашида гирифта шуд.

Як нуктаро қабл аз ҳарчизе дигар бояд ошкоро бигӯем, ки оғозу анҷоми ин маърака аз тарафи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шаффофу возеҳ сурат мегирифт, вале яқинан дар Вазорати дохила на ҳамаи ин маблағҳо ба осебдидаҳо расонида мешавад. Ин паҳлуи масъаларо Раҷабаи Мирзо ҳам таъкид карда буд, ки тавзеъу тақсими маблағҳои ҷамъшуда аз тариқи комиссиюне, ки бо ширкати намояндагони давлат ташкил мешавад, ҳисобу китоб хоҳад шуд.

Вале ҳоло савол ин аст, ки чаро Вазорати дохила нахост барои осебу қурбонӣ додаҳои Исфара мардум тавассути афроди ғайридавлатӣ дасти мадад дароз кунад? Сабаби як чунин вокуниши тунду хасмонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чи буда метавонад?

Ин ҳам дар ҳоле ки дар инҷо кадом аҳдофи дигаре, ба ҷуз аз расонидани кумак ва он ҳам ёриҳои халқӣ ба худи халқ чизе дигар вуҷуд надорад, кадом интихоботе, кадом ҳизбе, кадом сиёсате дар васат нест.

Вазорати дохила на инки ин ибтикорро аз дасти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ кашиду гирифт, беш аз ин, онҳоро муттаҳам ба «қаллоб» -ӣ кард. «Қаллобӣ», ки «статя» ва ҷавобгарии ҷиноӣ дорад ва барои аъмоли анҷомшуда нисбат дода мешавад. Хеле дузди гузаро ва одами беномусу бешараф буд, ки ба ин кумакҳо чашми тамаъ дӯхт.

Раҷаби Мирзо, ки ҳамагон медонем як чунин инсон нест. Бидуни кадом асосу санад чунин иттиҳом задан ва дар изҳороти расмии як вазорате, ки ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ рисолати ӯст, ҷо додани он аз ғулғулаи хашму ғазаб ва мизони болои норозигии вазорати мазкур аз ин иқдоми аз ҷониби ниҳодҳои маданӣ шаҳодат медиҳад.

Шафтолуи ин ҳама изҳороту қаллоб хонданҳо ва мухолифат дар боз кардани ҳисоби мардумии хайрия барои исфарагиҳои дар азову озорнишастаҳо ин аст, ки дар ин бора Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сӯҳбат ва пешниҳод кард. Шикасти сукути чанд сола аз сӯи ин сиёсатмадор ва як руҳонии пуртарафдор дар ин масъалаи муҳим ва сарнавиштсози миллат ва давлат барои режими Душанбе баробар ба наъраи тундар ва овои раъд буд.

Аслан интизор надоштанд ва ба эҳтимоли қавӣ бардоштҳову гумонҳое хиёли роҳати онҳоро мағшуш ва мутазалзил кард, ки чаро яке ин руҳонӣ хамӯшиашро шикаст. Афзун бар ин, Тураҷонзода дар ин паёми видеоияш тазаккур кард, ки дар Исфара муридону мухлисону шогирдони сершумор дорад ва худи ӯ низ омода аст ки кӯмак ва барои исфарагиҳо ёрӣ расонад ва аз мардум ҳам даъват кард дар ин кори хайр бетараф набошанд, ки ин ҳама масъулони режими Душанберо бештар хашин ва хашмгин кард.

Болои ин ҳама, ин пешниҳоди Тураҷонзода, ки мудирияти маъракаи ҷамъоварии хайрияро фаъолони ҷомеаи маданӣ, на ходимони давлатӣ бар ӯҳда дошта бошанд, ба гуфти мардум «кори онҳоро кард» ва бар ин хулоса ва натиҷа омаданд, ки сари чашмаро бо бел маҳкам кунанд, яъне аз бунёду реша ин иқдомро ва ин ҳисобро аз байн бубаранд. Асли ғараз ва ангезаву таҳрик ва иллату авомили мухолифат бо маъракаи ҷамъоварии хайрия барои осебдидаҳои Исфара аз тарафи мардум ҳамин аст.

Вагарна дар кадом кишвари дунё дидаед ва ё шунавидаед, ки худи давлат ҷанг карда бошаду барои рафъи талафот ва харҷу масрафаш кисаи мардумро истифода карда бошад?

Давлат суратҳисоб боз карда бошаду аз мардум дархости кумак карда бошад? Инчи давлат ва ин чи ҳукумат аст? Ҳол ки ҳамагӣ як рӯз ва бигзор дар даҳ километр ва ҳудуди ду ҷамоат ҷангидаву хисорот дида бошад. Пас, тавону нерӯи ин давлат куҷост ва чунин давлат то куҷо метавонад бо ҳарифе, ки лаҳза дар лаҳза манша ва даъво карда истодааст, таҳдиду фишор оварда истодааст, пойдорӣ кунад?

Инҷо як масъаларо ба ёдатон меоварам.

Соли гузашта вақте Ковид-19 ҳамаҷоро мисли ҳамлаи малах дарменавардид ва давлат ноилоҷу музтар монда буд, фаъолони ҷомеаи маданӣ шурӯъ карданд ба роҳандозии барномаҳои кумак ва хайрия: ғизо, доруворӣ, либосу маводди зиддиуфунӣ ва ниҳоят пул.

Давлат, аз ҷумла ҳамин Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ натавонист лом бигӯяд. Гуфта ҳам наметавонист. Зеро саломати мардум дар васат буд. Агарчи бо ин иқдом ниҳодҳо ва фаъолони ҷомеаи маданӣ оҷизӣ ва заъфи мудирият, ноуҳдабароияшонро намоён карда буданд.

Албатта, метавонистанд, ки ин амали ҷомеаи мадании кишварро як навъи ҳамкории давлат бо созмонҳои ҷамъиятӣ талаққӣ ва дастгирӣ кунанд, ҳамчунон, ки тамоми ихтиёрот ва имконоти давлатро дар ихтиёри ширкати «Фароз»-и домоди Эмомалӣ Раҳмон қарор дода онро «намунаи олии ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ» ба қалам медиҳанд.

Аммо дар ин масъала дар тафовут аз Ковид-19, мухолифат нокарда наметавонистанд, чун фикр ва хиёлашон ин аст, ки ба ҷуз аз онҳо ва худи вай-Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдат набояд дар ҳеҷ масоили милливу давлативу ватанӣ касе дигар шарик бишавад ва саҳм бигзорад ва ному садояш берун ояд.

Шояд агар ҷои Тураҷонзода нафари дигар, бар фарзе Сайидмукаррам Абдуқодирзода буд ва бар ҷойи Раҷаби Мирзо Сайёфи Мизроб бо ин маърака мухолафат намекарданд, кумак мекарданд, чун дар симои он дуи аввал, табъан, ки  рақибро мебинанд ва хуб ҳам медонанд, ки агар инҳо идома диҳанд, пули калон ҷамъ оварда боз ҳам онҳоро таҳти соя қарор медиҳанд ва киву чи будани Раҳмон ва то куҷо бо ин миллат наздик ҳамроҳ будани ҳукуматашро маълум менамоянд.

Дар воқеъ онҳо намехоҳанд, ки инҷо касе бидуни иҷозати онҳо коре бикунад ва намегузоранд, ки бо халқ қурбат ва рақобат дошта бошад, ба вижа ки агар онҳо Тураҷонзода ва Раҷаби Мирзо бошанд.

Азбаски ин маъракаро Раҷаби Мирзо мудирият мекард, ҷон аз баданашон берун омад, рашку ҳасуд ва бахилӣ ҷисму ҷонашонро сурох кард. Онҳо намехоҳанд, ки ин гуна ҷавонмардони фидоӣ ва содиқ барои халқу  ватан ҳамроҳ ва дар канори миллат бошанд бо «публично» рӯбарӯ шаванд. Ва халқу миллат номи онҳоро дар даҳонҳо дошта бошад, аз онҳо гӯяд ва ҳамин тариқ метарсанд, ки онҳо мустақим вориди кор ишаванд. Чун медонанд, ки онҳо хубтар анҷом медиҳанд, ғирому тамаъ ҳам намекунанд.

Дасти кӯтаҳи онҳоро рӯ мекунанд. Мефаҳмонанд, ки онҳо дар ҷойи худашон нестанд. Раҷаби Мирзо агар ки ин маъракаро мудирият мекард, яқинан даҳҳо ҳазор аз дохилу хориҷ ба он ҳамовозӣ мекарду пул мепартофт. Ин дар табиат ва дар муқтазиёти онҳост, ки  намегузоштанд, идея ва ё пешниҳоди Тураҷонзода ва он ҳам бо дастони Раҷаби Мирзо татбиқу ҳамагонӣ ва ватангир шавад.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Баъд аз боздошти Иззат Амон (УБОП) фишор болои ҳамкоронашро оғоз кадааст

0

Ҳамкорон ва шогирдони Иззат Амон, ки то боздошти ӯ дар “Маркази тоҷикон” дар Русия ҳамроҳаш кор мекарданд, аз таъқибу бозпурсӣ шудани хонаводаҳояшон аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар хабар доданд.

Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони дар Русия ва яке аз онҳо, ки дар “Маркази тоҷикон” ҳамроҳи Иззат Амон кор кардааст мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон болои хонаводааш фишор овардаанд, ки ӯ ба кишвар баргардад.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (УБОП) рӯзи 11 май падарашро аз Панҷакент даъват намуда як рӯз дар Боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштаанд ва ҳамчунин ҳамсари ӯро, ки дар Душанбе донишҷӯ будааст низ даъват намуда, талаб кардаанд, ки Бахтовар ба ватан баргардад.

Ҷумъаев мегӯяд, баъд аз боздошт ва истирдоди Иззат Амон ба Душанбе баъзе манбаъҳо ба ӯ иттилоъ додаанд, то рӯзи 1 май ӯро ҳам ба Тоҷикистон истирдод мекунанд ва аз ин рӯ аз қаламрави Русия берун шудааст:

“Ҳоло андаке вазъият беҳбуд ёбад, боз ба Маскав бармегардам”-, гуфт ӯ.

Ҳамчунин дар қатори Бахтовар ҳамкорони дигари Иззат Амон низ аз таъқибу фишори мақомот хабар додаанд. Суҳроби Ҷаҳон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи “Маркази тоҷикон” гуфта, ки маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пайвандони ӯро низ даъват намуда, забонхат гирифтаанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт:

“кормандони мақомот аз наздикони ман забонхат гирифтаанд. Гуфтаанд, ки агар хонданӣ рафта бошад, ба таҳсилаш машғул шавад дар шабакаҳо суратҳое, ки ҳамроҳи Иззат Амон гузоштааст, нест кунад. Дар як навори видеоӣ аз Бобои Дона аз хиёнаткорҳо ҳимоят кардааст, кур карда партояд”.

Иззат Амон ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия моҳи марти соли ҷорӣ бо дархости Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар боздошт ва шаҳрвандияш бекор карда шуда ба Душанбе истирдод шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидан баробар ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ айбдор кард ва ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав барои озодии ӯ даст ба эътироз заданд ва дар назди сафорати Тоҷикистон талаби озодии Иззат Амонро карданд. Дере нагузашт, ки тақрибан ҳамаи муҳоҷирон боздошт шуданд, ки бо кумаки созмонҳои ҳуқуқӣ ва дахолати мухолифон озод карда шуданд.

Ҳамчунин дар баробари ин бо ибтикори КДАМ-и Тоҷикистон тақрибан ҳаррӯз донишҷӯён, омӯзгорон ва сокиноне, ки Иззатро умуман намешинохтанд дар назди дурбин ӯро ба қаллобӣ айбдор мекарданд.