13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 623

Ожонсии зидди фасод табиби КДАМ-ро боздошт кард

0

Имрӯз 23-юми феврал сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ аз боздошти духтури дармонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хабар дод.

Ин шахс Мирзоев Фаридун Мунаварович ном дошта дар вазифаи духтури ҷарроҳи Шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардааст. Номбурда ба гирифтани пора дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад.

Мирзоев рӯзи 10 июли соли 2020 аз модари сарбоз “А”-шаҳрванд “Б” барои додани хулосаи номуносиб ба адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ, маблағи 20.000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 1.000 доллари ИМА ва 2.000 сомониро пешакӣ гирифтааст.

Ҳамчунин духтури ҷарроҳ рӯзи 22 июли соли 2020 пас аз гирифтани давоми маблағ дар ҳаҷми 8000 сомонӣ аз шаҳрванд “Б” дастгир гардид. Гуфта мешавад ин миқдор маблағ аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Дар сомонаи Агентӣ омадааст, ки нисбати Мирзоев Ф.М. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шудааст.

Вазири дохилии Эрон ба Душанбе омад

0

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Абдуризо Раҳмонӣ Фазлӣ вазири умури дохилии Эрон ба даъвати Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон шоми дирӯз 22 феврал вориди Душанбе шуд.

Қарор аст, имрӯз вазири умури дохилии Эрон бо як қатор масъулони баландпояи кишвар дидору мулоқот кунад.

Бино ба навиштаи расонаҳои тоҷикистонӣ Фазлӣ бо Президент Раҳмон низ мулоқот хоҳад кард. Дар назар аст, ки ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ мекунанд.

Равобити дипломатии Тоҷикистону Эрон пас аз соли 2015 сард гардида буд, аммо ду соли ахир муносибатҳои Душанбеву Теҳрон рӯ ба гармӣ ниҳодааст.

Раҳмон барои гузаронидани се озмун наздики 8 млн сомонӣ маблағ ҷудо кард

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои баргузории се озмун дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ фармон имзо кард. Дар ин бора “Avesta” бо такя ба Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Президент, ба ифтихори 30-умин солгарди истиқлолияти кишвар озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ва “Илм- фурӯғи маърифат” эълон мегардад.

Ҳамчунин зимни имзои ин фармонҳо Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдори давлатӣ супориш додааст, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар мусобиқаҳоро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.

Ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки барои озмуни “Тоҷикистон-Ватани Азизи Ман” 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ, барои озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” 2 миллиону 835 ҳазор сомонӣ ва барои озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.

Дар маҷмӯъ барои баргузории се озмун 7 миллиону 720 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Назорати иҷрои ин фармонҳои Президент ба зиммаи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вогузор шудааст.

Эмомомалӣ Рамҳон имсол ҳангоми ироъаи паёми солонааш қисме за суханрониашро ба ҳамин озмуни фуруғи субҳи доноӣ бахшида буд. Чизе, ки дар замони ҷой доштани мушкилоти зиёде дар ҷомеъа ва чашмпӯшии Раҳмон аз ону ҷояш пардохтан ба баррасии озмуни телевизионие боиси вокуниши фаъолон шуда буд.

Дfр шарҳи ин қазия коршинон сорбон Азимӣ гуфт, ки Таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ аз мушкилтарин масъалаи соли ҷории ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чаро, ки то ин андоза ба сарнавишти мардуми худаш  бетафовут ва бефарқ аст, ки барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” батафсил сӯҳбат ва ҷузъ, ҷузъ баррасӣ кард. Гӯё мушкил ва кори асосии раиси давлат ҳамон буда бошад. Аммо масъалаи инро, ки чаро бо ин ҳама сохтусозҳо ва бо кордарории 2 чархаи Роғун ҳоло ҳам мардум азоби бебарқӣ мекашадрочизе нагуфт.

Чаро Тоҷикистон кумакҳои ИА-ро мегираду тавсияҳояшро не?

0

Дар торихи 19-уми феврал миёни Тоҷкистон ва Итттиҳоди Аврупо аз тариқи маҷозӣ нишасте сурат гирифта, ки дар он робитаҳои густурдаи ду ҷониб, аз кумакҳо дар замони COVID-19 сар карда, то вазъи ҳуқуқи башару интихоботҳои порлумониву президентӣ ва ислоҳи қонунгузориҳо баррасӣ шудаанд.

Ҷаласаро аз ҷониби ИА Аугушто Сантос Силва, вазири умури хориҷии Португалия ва аз ҷониби Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раҳбарӣ кардаанд.

Ба иттилои Комиссиюни Аврупо, дар соли 2020 ИА Тоҷикистонро ба миқдори 112 миллион доллар кӯмак кардааст, то ин маблағ ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф равона шаванд. Радои Озодӣ ношири хабар навишта, ки барномаи сабти асноди шаҳрвандӣ, коҳиши оқибатҳои бади коронавирус ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аз самтҳое будаанд, ки бояд ин маблағҳо ба он равона мешуданд.

Бар изофаи ин ИА Тоҷикистонро боз ба маблағи 46,4 миллион еврои дигар ҳамчун кӯмаки иловагӣ барои ҳалли мушкилоти аввалиндараҷа дар давраи пандемияи коронавирус кумак кардааст.

Мақомоти тоҷик дар ин ҷаласа аз Иттиҳоди Аврупо барои ҳамаи ин кумакҳои молӣ дар давраи буҳрони коронавирус сипосгузорӣ кардаанд. Аммо вазъи ҳуқуқи башар ва баргузории интихоботҳои Тоҷикистон ҳанӯз бад боқӣ монда. ИА даъват мекунад, ки Тоҷикистон эътибори дастовардҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, аз ҷумла иштироки сиёсӣ баланд бардорад.

Даъвати ИА бо такя ба гузоришҳои ниҳоии ҳайатҳои САҲА, Дафтари инистутҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба арзёбии интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020 аз Тоҷикистон гирифта шуда аст. Дар ин гузоришҳо раванди умумии ҳарду интихоботи Тоҷикистон дар соли 2020 мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Бино ба хулосаи ин гузоришҳо, ин маъракаҳои сиёсӣ боиси эҷоди як ҳукумати худкома ва фазои маҳдуди сиёсӣ ва бидуни оппозитсия гашт. Интихоботи парлумонӣ ҳам аз президентӣ беҳтар набуд ва тибқи гуфтаҳо дар ин гузоришҳо, аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамчун ноозод ва хилоф бо меъёрҳои демократӣ ва набуди алтернативаи воқеӣ интиқод шудааст. Интихоботи президентии 11 октябр бошад “бидуни алтернативаи воқеӣ” номида шуд.

OSCE/ODIHR, дар гузорише, ки 29 январи соли 2021 вобаста бо интихоботи президентии Тоҷикистон нашр кард, мегуяд:

“Интихоботи президентӣ дар фазои таҳти назорати шадиди мақомоти давлатӣ баргузор шуд ва фазои интихоботӣ баёнгари маҳдудиятҳои дарозмуддати ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ, аз ҷумла, озодии маҷлис, бан, матбуот, озору пахши садои мухолифон баргузор шуд”.

Дар хулосаи OSCE/ODIHR омадааст, ки “барои овоздиҳандагон ҳеҷ як алтернативаи воқеӣ пешниҳод нашуд” ва “қонун президенти амалкунандаро дар мавқеи бартариятдошта нисбат ба дигар номзадҳо гузошта буд”.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон Раҳмонро бо қабули қонуни пешво аз салоҳияту ҳуқуқҳои хос бархурдор кард, ки чунин ҳуқуқро ҳиҷ шаҳрванди дигар ҳатто дар сурати раисҷумҳур шудан ҳам нахоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол талошҳои Тоҷикистон барои кумак дар барқарории сулҳи Афғонистон, нақши “созандааш дар СММ дар масоили дипломатияи об ва тағйри иқлим” ислоҳот дар бархе аз соҳаҳо, аз ҷумла, машваратҳо дар доираи Кодекси нави андоз , ба зарурати пешрафт дар фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармояҳо аз ҷониби Брюссел истиқбол шуда аст.

Талоши ҷорӣ кардани муҷозот дар Кодекси ҷиноӣ дар заминаи хушунати хонаводагиро низ ИА истиқбол кардааст. Ин масъала яке аз доғтарин мушкилоти соли 2019 буд , бино ба арзёбиҳои Human Rights Watch “аз ҳар панҷ зан дар Тоҷикистон як нафараш хушунат мебинад”.

Аммо нуктаи асоси ин нишаст он буда, ки дар сурати пешрафти Тоҷикистон “дар ҳалли мушкилоти бисёр муҳим” ин кишвар метавонад ба барномаи имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо бо номи GSP+ пазируфта шавад.

Абдумалик Қодиров ба Радиои Озодӣ чи будани GSP+ ро шарҳ дода мегуяд, ки GSP+ ё худ Низоми умумии имтиёзҳо ҳангоми содир кардани молу коло ба кишварҳои аврупоӣ” – механизми содаест, ки мегӯяд: “агар Тоҷикистон мехоҳад, ки фоида гирад, пас ҳукумати он бояд ба ҳуқуқи шаҳрвандонаш эҳтиром гузорад, бо фасодкорӣ муборизаи беамон барад, шароит барои соҳибкориро беҳ кунад”.

“Вале савол ин ҷост, ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон қодир аст дар амал ин шартҳоро пиёда созад (дар коғаз, албатта, ҳама чиз иҷрошаванда аст). Махсусан дар самти риояи ҳуқуқи инсон, озод кардани маҳбусҳои сиёсӣ, муборизаи воқеӣ бо фасодкорӣ. Оё хостаҳои роҳбарияти кишвар барои беҳсозии муҳити соҳибкорӣ метавонад муқобилияти шадиди лашкари фасодкоронро шикаст диҳад? Таърихи то ба имрӯзи Тоҷикистон ба ин савол ҷавоби манфӣ медиҳад”, – гуфт Абдумалик Қодиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи дипломатҳои урупоӣ чунин ҳамоишҳо ҳар соле се маротиба дар сатҳи вазирони хориҷаи ду тараф баргузор мешавад. Иттиҳоди Аврупо аз шарикони муҳими Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, аз солҳои 2014 то 2020 Тоҷикистонро 227 миллион евро кумак кардааст ва ин маблағҳо ба бахшҳои маориф, беҳдошт ва рушди деҳот равона шудаанд. Аммо то куҷо Тоҷикистон дар сарфи ин маблағҳо шаффоф буда, маълум нест, чун оморе дар сарфи кумакҳоро дастраси ҷомеъа намекунад.

Беш аз 36 млн $ кумаки Бонки ҷаҳони барои беҳтар сохтани кори НБО “Норак”

0

Бонки ҷаҳонӣ барои беҳтар гардидани кори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” 36,5 миллион доллар маблағи иловагӣ ҷудо мекунад. Ин маблағҳо ба амалисозии марҳилаи дуюми тавонбахшии неругоҳ равона мегарданд. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба манбааш аз Ҳукумати кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин ибора Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд соли гузашта ба имзо расида буд. Ва чанде пеш санади мазкур барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод шуд.

“Татбиқи марҳилаи I лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Норак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ($225,7 млн), Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ($60 млн) ва Бонки аврусоёии рушд ($40 млн) моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд”, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, марҳилаи дуюме, ки 36,5 млн доллар барои он ҷудо шудааст, барои таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони нерӯгоҳ дар назар гирифта шудааст.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм – иваз кардани 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, инчунин автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии сад иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ шудааст.

Бино ба навиштаи “Азия-Плюс”, маблағи умумии таҷдиду навсозии нерӯгоҳи “Норак” 700 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.

“Дар маҷмӯъ, то имрӯз барои маблағгузории лоиҳа 326,9 млн. доллари америкоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169 миллиону 134 ҳазор доллар – қарз ва 57 миллиону 800 ҳазор доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар қарзи Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ ва 40 миллион доллар қарзи Бонки авруосиёгии рушд мебошад”.

Додситони Арнсберги Олмон муноқишаи блогеронро ба “Аздо тв” шарҳ дод

0

“Аздо тв” рӯзи 17 феврал барои таҳқиқ ва шарҳи бештари хабари муноқишаи блогерони тоҷики муқими Олмон ба пулиси шаҳри Дортмунд тамос гирифта буд ва онҳо барои гирифтани посух ба Додситони Арнсберг ҳавола карда буданд, рӯзи 21 феврал Додситони Арнсберги Олмон дар як паёми катбӣ ба пурсишҳои “Аздо тв” посух дод.

Томас Погел, сухангӯи Додситони Арнсберги Олмон навишт, ки парванда алайҳи 4 нафаре боз шуда, ки дар расондани осеби шадиди ҷисмонӣ гумонбар ҳастанд. “Сабаби сарзадани низоъ дар натиҷаи рӯбарӯ шудани ду ҷониб ба хотири нашри навор будааст. Баъд аз бозпурсӣ гумонбарон озод шуданд, аммо таҳқиқот идома дорад”.

Сухангӯи Додситони Арнсберги Олмон номи нафароне, ки бар зиддашон парванда боз шудааст, нагуфт.

Ёдрас мекунем, ки шаби 17 феврал дар шаҳри Соести Олмон байни чанд блогери тоҷик ҷанҷол сар зад, ки дар натиҷа он ба хушунат ва истифода аз силоҳи осебзо ё тапончаи газӣ анҷомид.

Блогер бо номи “Boroda TJ” дар наворе иддао кард, ки Сулаймони Орзу писари Муҳаммадкарими Орзу – узви аршади ҲНИТ ва блогери дигар бо номи “Абдураҳмон-09” ҳамроҳ бо чанд ҷавони тоҷики дигар бо ӯ муноқиша намуда, аз пушт ба гарданаш аз силоҳи осебзо тир холӣ кардаанд.

Худи ҳамон шаб пулис ҳамаи ширкаткунандагони муноқишаро, ки 8 нафар буданд, боздошт кард.

Муноқиша аз онҷо сар зада, ки блогери 35-сола ““Boroda TJ”, ки номи аслияш Музаффар Давлатов зодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст, дар наворе иддао мекунад Сулаймони Орзу нисбати ӯ таҳқиру бадгӯӣ кардааст ва ӯ барои ҳалли ихтилофашон Сулаймонро ба вохурӣ ё “разборка” даъват карда ҳузури ҳатмии ӯро низ шарт мегузорад.

Блогер Музаффар Давлатов дар он навор мегӯяд, ки Сулаймони Орзу ӯро дурӯғгӯ ва дурӯя номида, ҳамчунин чанд таҳқири дигарро низ нисбаташ раво дидааст. Аз гуфтаҳои Давлатов чунин бармеояд, ки Сулаймон ӯро пас аз бозгашташ аз Тоҷикисон ба дуруғгӯӣ муттаҳам намуда, ки аз шароити бади кишвар бардурӯғ таърифу тавсиф мекунад.

Дар пайи ин муноқиша як торнамои олмонӣ “soester-anzeiger.de” дар ин бора навишта, ки шаби чоршанбе (17 феврал) дар шаҳри Соест назди як филиали бонки “Sparkasse” чанд нафар занозанӣ кардаанд, ки пулис ҳамаи онҳоро боздошт кард.

Бино ба иттилои ин торнамо, пулисро дар бораи ин ҳодиса соати 1:41 дақиқаи шаби чоршанбе хабар додаанд, ки дар назди бонки Шпаркассе байни ҳашт мард муноқиша ба вуҷуд омадааст.

Дар хабари ин торнамои олмонӣ гуфта шуда, аз 8 нафаре, ки дар ин занозанӣ ширкат доштанд, танҳо яке аз онҳо сокини шаҳри Соест будааст ва 7 нафари дигари онҳо аз шаҳрҳои Бергкамен, Кирспе, Гуммерсбах, Дюсселдорф ва дигар шаҳрҳои вилояти Рейн-Вестфалияи Шимолӣ омадаанд. Ва пулис муайян карда, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Барои шарҳи ин қазия “Аздо тв” аз блогер Музаффар Давлатов (Boroda TJ) назар пурсид, ӯ гуфт, ки ҳолаташ хуб нест ва нахост дар ин бора сӯҳбат кунад, танҳо гуфт, ки кори пулис ҳоло идома дорад ва мунтазири қарори додгоҳ мебошад.

Аммо дар як навори видеоӣ ӯ гуфт, ки пулис ба онҳо дастур дода, ки тарафҳо бо ҳамдигар наздик нашаванд ва дар акси ҳол ҳар кадом барои 4 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

Иштирокчии тарафи дигар блогер Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар Ютуб бо номи “Абдураҳмон-09” шинохта мешавад, қазияро ба “Аздо тв” шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар муноқишаи шаби чоршанбеи гузашта Музаффар Давлатов танҳо набуд, (чуноне, ки ӯ мегӯяд танҳо ба берун баромадааст), балки се нафари дигарро низ ҳамроҳ дошт ва баъзеи онҳо бо худ корд низ доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати Олии ҲНИТ зимни нашри баёнияе, муноқишаи хушунатомез байни блогерони тоҷик дар Олмонро шадидан маҳкум намуд ва таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз онҳо рабте ба ҲНИТ надоранд.

“Дар фазои маҷозӣ шахсиятҳои гуногуне мустақилона амал мекунанд ва мубориза бар зидди зулму беадолатиро ҳаққи худ медонанд, аммо аксарияти онҳо ба наҳзат рабте надоранд ва масъулияти амал ва гуфтаҳои онҳо бар души худашон аст.

Ногуфта намонад, ки робитаҳои хешовандӣ ва шахсии инсонӣ наметавонад муайянкунандаи  робитаи сиёсии афрод ва рабти онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф бошад”, омадааст дар баёнияи расмии ҲНИТ.

С. Ятимов барои бозпас гардонидани муҳоҷирон бо намояндагони аврупоӣ мулоқот кард

0

Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи Хадамотҳои марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо: Анджей Якубшек — директори раёсати кор бо шаҳрвандони хориҷии мақомоти марзбонии Лаҳистон (Полша), Лоте Лавиня ван дер Маде — мудири бахш оиди ба бозпасгардонӣ ва Эдита Скибинска — масъули аршади тамос оид ба бозпасгардонӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштаанд, мулоқот намудааст.

Ин мулоқот рӯзи 18-уми феврал дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи ҳукуматии “Ховар” хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ахиран барои бозпас гардонидани муҳоҷирон дар Иттиҳоди Аврупо зерсохтори алоҳида бо таъйини намояндаи махсус дар самти Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст.

Бино ба иттилои ин сомона дар ин мулоқот бештар дар масъалаҳои суръат бахшидан ба раванди бозпасгардонии шаҳрвандони тоҷик ба Ватан, ки гӯё дар давлатҳои Аврупоӣ ғайриқонунӣ сукунат дошта, хатари муайянро барои ҷомеаи аврупоӣ эҷод менамоянд гуфтушунид сурат гирифтааст.

Мисли ҳарвақта С.Ятимов талош намудааст то таваҷҷӯҳи ҳайати аврупоиро ба фаъолияти ҲНИТ, ки бештари аъзоёнаш дар давлатҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, ҷалб намояд.

Ӯ дар ин мулоқоташ гуфта, ки гӯё баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиорҳои дурӯғин, бо баҳонаҳои бофта ва бо асноди қалбакиву сохта дар кишварҳои аврупоӣ соҳиби мақоми паноҳандагӣ шуданианд. Аммо дар ин хабар аз шахсони муайяне ном бурда нашудааст.

Ҳамчунин “Ховар” менависад, ки Ятимов ба намояндагони ИА маълумот ва далелҳоро оиди ҷиноятҳои содиркардаи фаъолони ҲНИТ пешниҳод намудааст.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо ба ин хулоса расидаанд, ки ҳамкории муштаракро дар самти ошкор, дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод намудани унсурҳои ҷиноятӣ, инчунин пешгирии воридшавии ғайриқонунӣ ба Аврупо тавсеа мебахшанд.

Меҳмонон аз ИА ҳамчунин бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо низ баррасӣ гардид.

Ба назари коршиносон Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла КДАМ талош доранд то мухолифини дар хориҷбудаи худро бо кадом роҳе набошад ба Ватан баргардонанд.

Огаҳони умур мегӯянд, Ятимов бо сафару мулоқотҳое, ки анҷом дода истодааст мехоҳад муҳим будани худашро ҳамчун кадрӣ давлатӣ дар назди Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад.

Ахиран раиси КДАМ ба Афғонистон сафар намуда буд. Баъд аз сафари ӯ дар як нишасти матбуотӣ вуҷуди бахши низомиёни наҳзатӣ дар Афғонистон аз ҷониби Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон садо дод. Ин иддаои мақомдори афғонро масъулини ҲНИТ дар як баёнияе рад намуданд.

Вазири дохилаи Тоҷикистон сабаби муноқишаи блогерони тоҷикро шарҳ дод

0

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар мавриди муноқишаи блогерони тоҷик, ки шаби 14 феврал дар Олмон рух дод, изҳори назар кард.

Рамазон Раҳмизода имрӯз 19 феврал зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш муноқишае, ки байни гурӯҳе аз блогерон рух дод сабабашро гуфт, “вақте як нафаре аз онҳо аз Тоҷикистон ба Олмон баргашта аз пешрафти кишвар мегӯяд, ин амали ӯ ба блогерони Ҳизби наҳзати ислом хуш намеояд. Онҳо аз пешрафти Ҳукумати давалат розӣ набуданд, бо ҳамон ӯро бурда сарзаниш карда дар натиҷаи хархаша аз пистолети травматикӣ ба ӯ тир холӣ мекунанд”.

Ин гуфтаҳоро вазир дар посухи яке аз иштирокчиёни нишасти матбуотӣ, ки аз кушта шудани блогери тоҷик бо тахалллуси “Boroda TJ” аз сӯи гурӯҳҳои мухолиф мегуфт, ироа кард. Ба гуфтаи вазир ҷониби Тоҷикистон барои муайян намудани асли воқеа ба мақомоти марбутаи он кишвар мактуб ирсол кардааст.

Ин гуфтаҳои вазир дар ҳоле садо медиҳад, ки дар Олмон шаби 14 феврал ҷанҷоли блогерони тоҷик ба хушунат ва истифода аз силоҳи осебзо ё тапончаи газӣ анҷом ёфт. Дар ин бора блогер бо лақаби “Boroda TJ” дар канали ютубиаш хабар дода буд.

Ӯ дар наворе иддаъо кард, ки Сулаймони Орзу писари Муҳаммадкарими Орзу – узви аршади ҲНИТ ва блогери дигар бо тахаллуси Абдураҳмон-09 ҳамроҳ бо чанд ҷавони тоҷики дигар бо ӯ муноқиша намуда, аз пушт ба гарданаш аз силоҳи осебзо тир холӣ кардаанд.

Раёсати Олии ҲНИТ зимни баёнияе, ки дар сомонаи расмиаш нашр кард, муноқишаи хушунатомез байни блогерони тоҷик дар Олмонро шадидан маҳкум намуд ва таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз онҳо рабте ба ҲНИТ надоранд.

“Дар фазои маҷозӣ шахсиятҳои гуногуне мустақилона амал мекунанд ва мубориза бар зидди зулму беадолатиро ҳаққи худ медонанд, аммо аксарияти онҳо ба наҳзат рабте надоранд ва масъулияти амал ва гуфтаҳои онҳо бар души худашон аст.

Ногуфта намонад, ки робитаҳои хешовандӣ ва шахсии инсонӣ наметавонад муайянкунандаи  робитаи сиёсии афрод ва рабти онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф бошад”.

Торнамои Олмонӣ “soester-anzeiger.de” дар ин бора навишта, ки шаби чоршанбе (17 феврал) дар шаҳри Соест назди як филиали бонки Sparkasse 8 нафар занозанӣ кардаанд. Як нафар аз силоҳи осебзо (травматикӣ) захмӣ шуд ва полис гумонбаронро, ки дар ҳоли фирор буданд, дар бузургроҳи наздикии Дортмунд боздошт кард. Полис дар пайи таҳқиқи ҷузъиёти ин ҳодиса аст. Ҳамаи иштирокдорони муноқиша аз Тоҷикситон будаанд ва танҳо як нафар аз онҳо дар шаҳри Соест истиқомат мекарда ва дигарон аз шаҳрҳои дигари Олмон ба онҷо модаанд.

Баъзе аз фаъолон дар ин муноқиша даст доштани мақомоти амниятии Тоҷикстонро меҷӯянд. Ба қавли яке аз блогерони иштирокчии ин ҷанҷол бо тахаллуси Абдураҳмон 09, полиси Олмон дар ҳоли ҳозир танҳо ба се нафари онҳо айбнома эълон кард ва рӯзҳои наздик додгоҳ дар бораи онҳо ҳукм мебарорад.

“Boroda TJ”, ки номи аслияш Музаффар Давлатов мебошад, пас аз ҷанҷол дар наворе ҳодисаро шарҳ дод ва гуфт, ки шаб ба танҳоӣ назди Сулаймони Орзу ва ҳамроҳонаш баромад ва касе ҳамроҳаш набуд ва онҳо чанд нафар ба ӯ ҳамла карданд, аммо дертар наворе нашр шуд, ки бар хилофи гуфтаҳои ин блогер буд. Яъне Музаффар Давлатов низ танҳо набудааст ва дар навор дида мешавад, ки ҳатто яке аз ҳамроҳонаш бо худ корд низ дорад. Ин ҷавон ба қаҳрамони як навори маъруфи дигар шабоҳат дорад ва чизе, ки тахмину гумонҳоеро дар зеҳни фаъолон барои даст доштани амнияти Тоҷикистон дар ин муноқишаро қавитар мекунад.

ҲНИТ дар хориҷ гуруҳҳои мусаллаҳ дорад ё натиҷаи сафарҳои махфиёнаи Ятимов ба Афғонистон?

0

Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон 18-уми феврал, оиди натиҷаҳои “Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм” изҳори назар карда дар рафти суханронияш гуфт, дар кишварашон “ҷангҷуёни ҲНИТ” ҳузур доранд.

“Радиои Озодӣ” навишта, ки мақомоти Афғонистон аз ҳузури 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтаанд, ки дар миёни онҳо афроди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, дар баробари Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ном бурда гуфт, ҳадафи ин гурӯҳҳо кашонидани доманаи ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ (Чин) аст. Ба гуфтаи ӯ афроди ин гурӯҳҳо асосан дар шимоли Афғонистон ҷойгир ҳастанд.

Аммо масъулони ҲНИТ ин гуфтаҳоро беасос хонда, ин ҳизб дар сомонаи расмиаш бо баёнияе гуфтаҳои Аҳмадзиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистонро ғайримасъулона ва дур аз воқеъият номид.

“Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суханони Аҳмадзиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистон, дар мавриди инки гӯё “ҷангҷӯёни Наҳзати исломии Тоҷикистон” дар Афғонистон ҳузур доранд, шадидан маҳкум карда, ин изҳоротро ғайримасъулона ва дур аз воқеъият медонад.

ҲНИТ борҳо эълон карда ва ҳоло низ эълон мекунад, ки  ҳеч гуна ҷиноҳ ё неруи низомие дар ҳеч кишваре, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя ва дуст Афғонистон надорад ва муборизаи худро  бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод”,- омадааст дар баёнияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ рӯзи 19-уми феврал дар ин бора посух дода гуфта, ки Наҳзати исломӣ ҳеч гуна бахши низомӣ, аз ҷумла дар Афғонистон надорад.

“Ин баёнияи мақомоти Афғонистон махсус аст. Вақтҳои ахир намояндагони мақомоти амниятии Тоҷикистон ба Афғонистон сафар мекунанд ва бар пояи ин гуфтумон номи ҲНИТ дар қатори ҳизбу гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар зикр шудааст”, – гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Бояд гуфт, ки ҳафтае пеш раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба Афғонистон сафар кард ва бо раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии ин кишвар Абдулло Абдулло дар дафтари корияш Қасри Сапедор дидору гуфтугӯ намуд.

Дар бораи сафари ин мақомдори баландпояи Тоҷикистон расонаҳои ҳукуматӣ чизе нашр накардаанд ва танҳо Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст.

Гуфта мешавад, Ятимов рӯзи якшанбе ба кишвари ҳамсоя сафар намуда, зимни мулоқот бо Абдулло Абдулло дар бораи талошҳои Сулҳи Афғонистон ва вазъияти амниятии ин кишвар гуфтугӯ доштаанд.

Сафари Ятимов ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 11 феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон бо Ашарф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дода буд.

Ин сафари аввалини раиси КДАМ ба Афғонистон набуда ӯ ҳамчунин 10 сентябри соли гузашта низ як сафаре ба ин кишвар дошт, ки нахуст расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон онро нашр накарда буданд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон пайваста кушиш мекунанд кишварҳое, ки бо онҳо ҳамкориҳои бешатар доранд ҲНИТ-ро ҳизби ифротӣ эътироф кунанд. Ҳатто дар ҳамлаи маъруфи террористӣ дар Данғара ба саёҳони хориҷӣ низ Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро гунаҳкор дониста буд.

Мақомот он замон гуфтанд, ки ҳамларо Ҳизби наҳзати исломӣ зери пӯшиши парчами гурӯҳи тундрави ДИИШ анҷом дод. Вале масъулони ҳизб даст доштан дар ин ҳодисаро рад ва иттиҳомоти мақомотро ба ҷуз бадном кардани ин ҳизб чизи дигаре намедонанд.

Барои беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ба аҳолӣ мурғи марҷон доданд

0

Рӯзи 18-уми феврал нишасти матбуотии Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” баргузор гардид. Дар ин нишаст директори муассиса Абдулаҳад Хоҷазода гуфт, ки дар соли 2020 ба 476 зани эҳтиёҷманд мурғи марҷону занбури асал тақсим намудааст.

Хоҷазода ҳадаф аз ин амалро бо шуғл ва манбаи даромад таъмин намудани онҳо гуфта аст.

“Ҳамин сол барои 70 инкубатори хонагӣ бо технологияи муосири раванди барориши чӯҷаҳо дар ихтиёри занони парандапарвар қарор дода шуд. Аввал, тарзи истифодаи онро меомӯзем, сипас, онҳо бо истифода аз тухм худ ба истеҳсоли мурғҳои хонагӣ ва марҷон шурӯъ мекунанд”, – гуфт Абдулаҳад Хоҷазода.

Ҳамчунин директори ин муаассисаи давлатӣ қайд кард, ки занони эҳтиёҷманд имкон пайдо мекунанд, ки ҳам оилаи худро бо тухму гӯшт таъмин кунанд ва ҳам ба бозори маҳаллӣ маҳсулот бароранд ва аз ин роҳ эҳтиёҷи хонаводаи худро бароранд.

Ба гуфтаи Хоҷазода, ин иқдом дар 161 деҳаҳои Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Ин иқдом дар пайи роҳандозии ду лоиҳа – “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” ва “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомиа”, ки сармоягузори ҳарду лоиҳа Фонди байнулмилалии рушди кишварии Созмони милали муттаҳид мебошад, роҳандозӣ мешаванд.

Лоиҳаи якум, ки 22,4 миллион доллар хазина дорад, моҳи феврали соли 2016 шуруъ шуда, моҳи сентябри соли равон ба анҷом мерасад.

Лоиҳаи дуввум моҳи феврали соли 2018 шуруъ шуда, моҳи марти соли 2024 ба анҷом мерасад ва 30, 6 миллион доллар ҳазина дорад.