27.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 625

Шикояти сокинони вилояти Суғд аз норасоии дастгоҳҳоии нафасдиҳӣ дар бемористонҳо

0

Сокинон аз Шаҳри Хуҷанд аз норасоии дастгоҳи нафасдиҳӣ дар беморхонаи сироятии шаҳр хабар медиҳанд. Ба гуфтаи манбаъи “Azda.tv” чанд рӯзе пеш як нафар, ки дар Tcell кор мекардааст аз норасоии дастгоҳи нафасдиҳӣ дар ин беморхона даргузаштааст. Ному насаби ин шахсро мо дар даст дорем, аммо ба хотири озор наёфтани пайвандони марҳум мо аз эълони он худдорӣ мекунем.

Ин манбаъ мегӯяд, то дастгоҳи нафасдиҳиро аз Конибодом оварданд, аллакай дер шуда буд. Ҳамзамон дар беморохонаи вилоятӣ низ аҳвол ҳамин гуна будааст. Ба гуфтаи манбаъ, чанде аз дӯстонаш дар азобанд, чунки пайвандонашон дар беморхона бистариянд ва онҳо ҳоло дар ҷусутҷӯи дастгоҳи нафасдиҳӣ ҳастанд.

Пештар сомонаи “Ахбор” хабар дода буд, ки сардухтури бемористони марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рӯзи 4 сентябр дар як ҷаласаи ҳукуматии ин ноҳия аз набуди дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ дар беморхонаи ноҳиявӣ бонги изтироб зада, гуфта буд, ки агар то як рӯзи дигар ба таври оҷил дастгоҳҳои нафасдиҳӣ пайдо накунем, 10 беморро аз даст хоҳем дод.

Наимҷон Бобоев, узви Ситоди мубориза бо коронавирус дар беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен ба ин хабари “Ахбор” расман посух навишт ва дар посухаш гуфта мешуд, ки бемористони Спитамен бо дастгоҳҳои нафасдиҳӣ таъмин мебошад. Аммо манбаи “Azda.tv” мегӯяд, вазъ дар ҳақиқат вазнин аст ва даъвои Наимҷон Бобоев дӯруст нест.

Ҳамазмон як корбари фейсбук, Иброҳим Юсуфӣ дар чанде аз гурӯҳҳо навишт, ки тайи ду ҳафтаи охир аз беморхонаи шаҳри Хуҷанд бо тартиби муқарраршуда аз 60 то 70 ҷасад берун оварда шудааст, ки ҳамагӣ аз пневмания ё COVID-19 фавтиданд. Мошинҳое, ки ҷасадҳоро берун оварданд, пулис онҳоро ҳамроҳӣ мекардааст. Аксари ҷасадҳо дар қабристони “Гумбази кошук” ва “Болтухон” дафн карда мешаванд. Ба навиштаи ин корбар мақомот хомӯширо ихтиёр кардааст ва вонамуд мекунанд, ки ҳама чиз хуб аст.

Дар Тоҷикистон аз аввали паҳншавии вируси корона мақомоти расмӣ оиди омори дақиқи гирифторон ва фавтидагони ин беморӣ маълумоти дурустро ба сокинон пешкаш намекарданд. Ва ҳоло санҷидани ҳамагуна хабар вобаста ба COVID-19 дар Тоҷикистон душвор мебошад, чун мақомоти амниятӣ онро зери назороти худ доранд.

Пештар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо роҳандозии як сомонаи махсус барои ҷамъоварии омори дурусти COVID-19 дар Тоҷикистон, номи зиёда аз 400 нафар фавтидагони ин бемориро рӯйхат намуда буданд, аммо дертар мақомот бо баҳонаи пешгирӣ аз оморҳои дурӯғ дар мавриди омори каронавирус, қонунеро қабул намуда, ин сомонаро масдуд кард.

Барои мубориза бо COVID-19 ва оқибатҳои он даҳҳо кишвару созмонҳо то кунун бештар аз 300 миллион доллар ба Тоҷикистон кумак намудаанд, аммо дар бораи сарфи ин кумакҳо мақомот маълумоте барои шаҳрвандон ироа намекунад ва маълум ҳам нест, ки ин кумакҳо дар кӯҷо сарф мешаванд. Дар ҳамин ҳол на як бору ду бор шикояти сокинон аз норасоии лавозимоти тиббӣ ва либосҳои муҳофизатии табибон расонаӣ шудааст. Бино ба гуфтаи коршиносони соҳа бо фарорасии фасли тирамоҳ дар ҷаҳон мавҷи дуюми вируси COVID-19 паҳн шуд, дар баробари ин хабарҳои маргумири сокинон дар Тоҷикистон ҳоло бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.

Байни Тоҷикистону Узбекистон нишастҳои ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ сурат мегирад

0
Акс аз: UzDaily.uz

Рӯзҳои 28-29 сентябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин бора “Asia-Plus” бо такя ба манбааш аз ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Раисии ин ҷаласаро сарвазирони Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Узбекистон Абдулло Орипов бар уҳда хоҳанд дошт.

Ҳарду тараф масъалаҳои боз намудани марз ва барқарор намудани парвозҳо байни ду кишвари ҳамсояро, ки баъд аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар нимаи моҳи март баста шуда буд, баррасӣ мекунанд.

Дар ин ҷаласа дар хусуси густариши савдои дуҷониба, лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, тавсеъаи робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия ва муносибати байни минтақаҳо гуфта мешавад.

Ба навиштаи ин сомона, дар ҷаласа масъалаи ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва нархи онҳо дар соли оянда низ мувофиқа мешаванд.

Тибқи иттиллои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз Узбекистон 2,3 баробар аз маблағи содироти нерӯи барқ зиёд мебошад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 358 млн. кВт. соат нерӯи барқ ба баҳои 7,2 миллион доллари ИМА содир шудааст. Аммо дар ҳамин давраи сол воридоти гази табиӣ аз Узбекистон дар ҳаҷми  144 млн. метри мукааб ва ба маблағи  17 миллион доллар сурат гирифтааст.

Пештар хабар дар бораи ташрифи сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон, барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ расонаӣ шуда буд. Ин аввалин ташрифи сарвазири Узбекистон ба Тоҷикистон дар даврони пандемияи коронавирус мебошад. Баъд аз марги Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев байни ин ду ҳамсоякишвар сарҳадҳо боз ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъат бахшида шуд.

Дар гаронии билети парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон кӣ гунаҳкор аст? Кормандони сафорат ё минаравҳо?

0

Муҳоҷирони  тоҷик аз сабаби гаронии билети парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон баргашта наметавонанд. Муҳоҷирон  гуфтаанд, ҳарчанд аз шахсони, ба қавли онҳо, “миёнарав” бо нархи қимат билет хариданд, ба ҳавопаймо роҳ наёфтанд ва ду ҳафта боз дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав дармондаанд. Вале масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” вуҷуди миёнаравҳоро рад мекунанд.

Аз  15-уми август то 15-уми сентябр сад парвози чартерӣ  байни Тоҷикистон  ва Руссия барои баргардонидани шаҳрвандон  роҳандозӣ шудаааст. Масъулони ширкати “Сомон Эйр”  рӯзи  25-уми август гуфта буданд, ки арзиши билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон 300 евро, муодили тақрибан 27 ҳазор рубли русӣ баробар аст, нисбат ба нархҳои қаблӣ  сад евро арзон аст.

Яке аз мусофирон, ки худро Маҳдӣ муаррифӣ кард, рӯзи 8-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Дар инҷо миёнаравҳо аз хазина билетҳоро бо нархи маъмулӣ мехаранд ва ба мо дар ивази 60-70 ҳазор рубл пешниҳод мекунанд. Ин беинсофӣ аст охир. Мо пули кофӣ надорем.”

Ба гуфтаи ин муҳоҷирон  дар ин кор намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ва сафорат даст доранд.

Ҳамчунин намояндаи ширкати “Сомон Эйр” бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар фурудгоҳи “Домодедово” танҳо як хазина ба мусофирон билет мефурӯшад. “Вақте шаҳрванд ба кишвар баргаштанист, намояндаҳои сафорат номашро дар рӯйхат ворид мекунанд. Рӯзи расидани навбаташ огоҳ месозанд, ки омада билетро гирад”.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирону мусофирони дармонда дар Руися аз боло будани нахи билетҳо шикоят мекунанд, чанде пеш як гурӯҳ низ аз қиммат будани нархи билетҳо шикоят карда буданд.

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд

0
Акс аз: mfa.gov.kg

Имрӯз дар Маскав зимни нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ бо президенти Русия Владимир Путин, вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Чингиз Айдарбеков бо ҳам мулоқо намуданд. Вазирони хориҷаи ду кишвари ҳамсоя таъкид бар ташкили мулоқот дар ояндаи наздик бораи аломатгузории марзи муштаракро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Sputnik” вазирони ду кишвар инчунин масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштараки давлатиро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин вохурӣ ҷонибҳо қайд карданд, ки бинобар паҳн шудани коронавирус, маҷбур шуданд музокироти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба таъхир андозанд. Масъулони баландпояи ин ду кишвар ҳарчи зудтар ташкил кардани музокирот дар масъалаҳои марзиро аҳаммиятнок хонда, инчунин масъалаҳои муҳим ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак вуҷуд дорад, ки аз ин шумор танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Боқӣ 472 километри дигари марзи давлатии миёни ду кишвар аломатгузорӣ нашуда номуайян боқӣ мондааст. Танишҳо байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар солҳост, ки идома дорад ва ин муноқишаҳо дар нуктаҳои номуайянии марзҳо сар мезанад, ки то ҳол даҳҳо захмӣ ва кушта аз ду ҷониб ба ҷо гузоштааст.

Вашингтон Маскавро дар қазияи Навалний айбдор кард, Маскав рад мекунад

0
Майк Пампео вазири хориҷаи Амрико

Майк Помпео вазири корҳои хориҷаи Амрико дирӯз чоршанбе 9 сентябр дар мусоҳибаи худ гуфт, мақомоти баландпояи Русия дар тарҳрезӣ ва ташкили амалиёти заҳролудкунии Алексей Навалний даст доранд. Дар ин бора хабаргузории “russian.rt” хабар медиҳад.

Ба назари коршиносон аз эҳтимол дур нест, ки ин даъвои Помпео, ки бори аввал бепарда ва мустақиман Кремлро дар қазияи заҳролудкунии мухолифи сарсахти ҳукумати Русия айбдор меҳисобад, фишорҳои байналмилалиро алайҳи Маскав азфоиш медиҳад.

Майк Помпео гуфт: “Гумон дорам, ки мардум дар тамоми дунё ҳақиқати ин фаъолияти сиёсиро дидаанд, ва вақте мебинанд, ки мухолифи ҳукумат заҳролуд мешавад, дарк хоҳанд кард, ки дар паси чунин амалҳо ба эҳтимоли зиёд масъулони баландпояи рус меистанд. Фикр мекунам, ин масъала барои мардуми рус чандон хуб нест”.

Вазири корҳои хориҷаи ИМА афзуда, ки Амрико ва давлатҳои аврупоӣ умедваранд, ки мақомоти Русия ҳарчи зудтар омилони асосии қазия заҳролудкунии Навалнийро муайян ва ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид. Вай афзуд, ки мо барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо ҳама корҳоро кардаем ва қайд кард, ки амрикоиҳо барои муайян кардани гунаҳгорони асосӣ кор хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки президенти ИМА Доналд Трамп ҳафтаи гузашта гуфт, ки то ҳол далели қенеъкунандаи заҳролудшавии Алексей Навалнийро мушоҳида накардааст.

Қаблан ҳукумати Олмон бо истинод ба натиҷаҳои ташхисҳои муфассали тиббӣ тасдиқ карда буд, ки Алексей Навалний бо як моддаи заҳри навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Пас аз эълони мақомоти Олмон ҳама дар ин қазия ангушти иттиҳом сӯйи мақомоти Маскав дароз кардаанд. Аммо Маскав тамоми фарзияҳо дар бораи даст доштани мақомоти рус дар ин ҳодисаро рад карда, ин ҳама кушишҳои айбдоркуниро беасос хонд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои олмонӣ аз шифо ёфтану ба худ омадани Навалний менависанд. Рӯзномаи “Der Spiegel”- олмонӣ бо такя ба манобеаш менависад, ки мухолифи рус Алексей Навалний пурра ба худ омадааст ва аз ҳодисаи ба сараш омада дар дохили ҳавопаймо нақл кардааст.

Бино ба навиштаи рӯзномаи мазкур сиҳатии Навалний барқарор шудаистодааст ва ҳодисаи аз сараш гузаштаро пурра ба хотир меоварад. Дар хабар омада, ки баъд аз ба ҳуш омадани Навалний пулиси Олмон барои ҳимояи ин мухолиф нерӯҳои амниятиро тақвият додааст.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 09.09.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Боздошти корманди андоз бо иттиҳоми гирифтани пора.

Чаро дар Тоҷикистон  нархи орд поён намеравад?.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедово дастгир шуд.

Додгоҳе дар Амрико Агроивестбонкро ҷарима кард

0
Акс аз: tajweek.tj

Агроинвестбонк вазифадор гардидааст, ки ба ширкати ҳонконгии “Супер Перфект Инвестмент ЛТД”, 24,5 миллион доллар пардохт кунад.

Ин ҳукмро Додгоҳи федеролӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико содир кардааст, ки аз ҳисоби “Агроинветсбонк”-и Тоҷикистон ба фоидаи ширкати ҳонконгии “Супер Перфект Инвестмент ЛТД”  24,5 миллион доллар ситонда шавад.

Додгоҳ ин ҳукмро 25-уми августи имсол дар Ню-Йорк содир  кардааст  ва хулосаи он рӯзи 8-уми сентябр  дар расонаҳо интишор гардид.

Ҷеси Фурман додраси ин додгоҳ ба пойгоҳи иттилооти Law360.com  гуфтааст, “Агроинвестбонк” то 17-уми август муҳлат дошт, мавқеи худро дар ин робита ба додгоҳ фиристад, “то ин сана ҷониби ҷавобгар ба даъво посух надод” ва аз ин рӯ додгоҳ ба нафъи ширкати “Супер Перфект Инвестмент ЛТД” ҳукм содир  кард. Ширкати (Alois Schönberger) Алоис Шоенбегер дар Ҳонконг сабтином шудааст,  ба соҳибкори австриягӣ тааллуқ дорад.

Тайи чанд сол аст, баҳс байни Агроинвестбонк ва Шоенбергер идома дошт,    қаблан низ як додгоҳи швейтсарияӣ ҳукм карда буд, ки бонки тоҷикистонӣ 19 миллион доллар уҳдадорӣ ва ҷаримаҳоро ба ширкати ин соҳибкор пардохт кунад, вале додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи ҳакамии Швейтсарияро ба назар нагирифта буд, Шоенбергер ва вакилони дифояш   муаяйн кардаанд, ки дар Сити-Бонки Амрико шаҳри Ню-Йорк “Агроинвестбонк”  суратҳисоб дорад, баъдан ба Додгоҳи Ню-Йорк шикоят бурданд.

Додгоҳи федоролии Ню-Йорк бо такя ба ҳукми додгоҳи ҳакамии Швейтсария амр дод дааст, ки нуқтаҳои ҳалнома ба таври иҷбори иҷро шавад.

Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки суратҳисоби “Агроинвестбонк” дар Сити-Бонки Амрико ҳабс шуда, маблағҳои он ба нафъи ширкати “Супер Перфект Инвестмент ЛТД”-и Шоенбергер ситонда мешавад.

Агроинвестбонк , ки бештари саҳмияҳояш ба давлат таалуқ дорад, маълум нест, дар суратҳисобаш чанд қадар маблағ  ҳаст.

Ин дар ҳолест, ки “Агроинвестбонк” дар Тоҷикистон ба буҳрон гирифтор аст, солҳост шаҳрвандон  наметавонад, ки пасандозҳояшонро  аз ин бонк дастрас кунанд,  вале дар хориҷи кишвар суратҳисоб доштааст.

Ҳамчунин ширкати  Шоенбергер ва ширкати “Супер Перфект Инвестмент ЛТД” ба додгоҳ ва ё Маркази байналмиллалӣ оид ба ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистон даъво  кардаанд.

Дар нусхаи шикояти ин ширкат, ки  расонаҳо нашр карданд, суроғаи Қасри Миллат, кӯчаи Шерозӣ 11 ва Дастгоҳи иҷроияи президент, кӯчаи Рӯдакӣ 80 ҳамчун “ҷавобгар” зикр шудааст. Маркази байналмиллалӣ оид ба ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ, ки дар назди Бонки Ҷаҳонӣ амал мекунад, аз салоҳиятҳои васеъ бархурдор аст. Дар сурати ба нафъи Шоенбергер содир шудани ҳукм дар ин марказ, уҳдадориву товони “Агроинвестбонк”, ки мувофиқи ҳукми Додгоҳи ҳакамии Швейтсария ҳар сол 18 дарсад мефазоянд аз дороиҳои Тоҷикистон дар саросари дунё рӯёнида мешавад.

Манучеҳр Қудратов,  ба радиои Озодӣ гуфтааст: “нодида гирифтани чунин баҳсҳо дар додгоҳҳои байналмилалии ҳакамӣ тасмими дуруст нест. “Дар сурате ки Тоҷикистон чунин ҳукмҳоро дидаву дониста иҷро накунад, ба обрӯи давлат ва иқлими сармоягузории кишвар латма ворид мекунад. Сармоягузорӣ ба кишвар кам мешавад, чун сармоядорон ба кишвар дигар эътимод намекунанд”.

Ин баҳс замоне оғоз гардид,  соли  2013 Ширкати Шоенбергер бо ширкати “Леваканд- М” дар Тоҷикистон барои харидани 20 ҳазор тонна метри кубӣ пахта шартнома баста ва   5 миллиону 367 ҳазор доллар интиқол додааст, аммо “Леваканд- М” пахтаи ваъдагиро нафиристодааст,  кафили ин муомилаи тиҷоратӣ “Агроинвестбонк” интихоб буд. Бар асоси созиш, дар сурати иҷро нашудани қарордод “Агроинвестбонк” бояд 11 миллион доллар ҷуброн пардозад.

Баъди иҷро нашудани қарордод дар муддати як сол, ширкати австриягӣ аз “Агроинвестбонк” талаб кардааст, ки 11 миллион доллар кафолати иҷрои қарордодро бипардозад, аммо бонк аз пардохтани ин пул сарпечӣ кардааст. Ин аст, ки соҳибкори австриягӣ барои ситонидани ин пул ба додгоҳи ҳакамии Швейтсария ва ҳамакнун Ню-Йорк муроҷиат карда, ғолиб омад.

Раиси Агроинвестбон  Муродалӣ Алимардон дар  номаи расмӣ ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) навиштааст, ин баҳси иқтисодии ду ширкат аст ва “Агроинвестбонк” ҳеч гоҳ худро ҷузъи баҳс намешуморад”.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедово бо иттиҳоми қочоқи пул дастгир шуд

0
Акс аз: iz.ru

Як шаҳрванди Тоҷикистонро, дар фурудгоҳи  Домодедово бо маблағи ду миллион пули нақд, дастгир кардаанд. Ин мусофир ҳангоми аз Маскав ба Душанбе парвоз  карданаш аз ҷониби кормандони гумруки фурудгоҳ, дастгир гардидааст.  

Шаҳрванди Тоҷикистон ба кормандони гумруки фурудгоҳ эътироф кардааст, ки дар дасташ беш аз 2 миллион пули нақд дорад,  ҳангоми ковтукоб,  аз ӯ 2 миллиону 59 ҳазор рубл маблағ пайдо кардаанд.

Бар зидди шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми интиқоли маблағ бидуни эъломияи гумрукӣ парвандаи маъмурӣ кушода, ӯро бар асоси моддаи 16.4-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия ба маблағи 50%-и ҳаҷми маблағи қочоқиаш, яъне 653 ҳазору 588 рублу 50 тин ҷарима бастаанд.

Тибқи Қонунҳои  Русия ва Иттиҳоди ЕвразЭС, як нафар ҳангоми убури марзи ин иттиҳодия метавонад танҳо маблағи баробари то 10 ҳазор долларро бидуни эъломияи гумрукӣ берун барад.

Санади ҳамкорӣ байни додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Эрон ба имзо мерасад

0

Як ҳафта қабл Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумат дар хусуси ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва Додситонии кулли Эронро имзо кардааст.

Ба Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки ёддошти ҳамкориро имзо кунад ва дар сурати зарурат тағйиротеро, ки аҳамияти усулӣ надоранд, ворид намояд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон  вазифадор гардидааст, ки бо ҷониби Эрон санаю ҷойи имзои санади мазкурро мувофиқа созад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон  чанде пеш Эронро кишвари дӯст хонда буд, ки бо Тоҷикистон муштаракоти зиёде дораду нахустин шуда, Истиқлолияти кишварро эътироф намуд. Ӯ афзуда буд, то воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар муносиботи Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи бахшҳо ягон мушкил вуҷуд надошт.

Ба гуфтаи Вазири умури хориҷии Тоҷикистон баъзе мушкилиҳои сиёсӣ байни ин ду кишвар дар пайи он ба вуҷуд омаданд, ки гӯё бархе гурӯҳҳои сиёсию молиявии Эрон ҲНИТ-ро, ки дар Тоҷикистон террористӣ эълон шудааст, дастгирӣ карданд.

Чанде пеш дар ҳамаи  шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, филме бо номи “Хиёнат” нашр гардида буд, дар  ин филм гуфта мешавад, ки кишвари барои мо маълум ба ҷавонони тоҷик омӯзишҳои низомӣ ва террористӣ медодааст, то алайҳи ҳукумати ин кишвар иқдом кунанд. Онҳое, ки ин филмро тамошо карданд, ҳамон лаҳза пай бурданд, ки аз мақсад аз ибораи “кишвари ба мо тоҷикон маълум” давлати Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад.

Алии Рабеӣ, сухангӯи давлати Эрон дар вокуниш ба филми Хиёнат гуфта буд: Мо муҳтавои филм ва ё нияти созандагони номаълуми онро бар асоси тафсирҳои расонаӣ қазоват намекунем. Эрон ва Тоҷикистон як рӯҳ дар ду бадани ҷуғрофиёӣ ҳастанд. Мо муттаҳид ба олитарин сатҳи эҳтиром ба ҳукумати мустақил ва роҳу равиши зиндагӣ дар кишвари Тоҷикистон ҳастем.

Дар ин вазъияти буҳронӣ чаро дар Тоҷикистон орд арзон намешавад?

0
Акс аз сомонаи farovon.tj

Дар баробари ҷамъоварии ғалла дар кишвар ҳоло ҳам нархи орд дар сатҳи боло қарор дорад. Мардуми Тоҷикистон, ки хуроки асосиаашон нон аст, талабот дар Тоҷикистон ба орд хело зиёд аст.

То як сол қабл дар кишвар як халта орд, 180 то 190 сомонӣ нарх дошт, ҳоло бошад, аз 200 то 210 сомонӣ нархгузорӣ шудааст, ки бархе аз коршиносон сабабҳои боло будани нархи ордро аз кам истеҳсол гардидани ғалла дар кишвар медонанд, бархеи дигар бар ин назаранд, ки тиҷорати орд низ ба манаполияи хонаводагиии Президент қарор гирифтааст, ба ҳамин хотир нархаш  қиммат аст.

Леонид Холод, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия гуфтааст: “Гуфтан нодуруст аст, ки арзиши орд дар заминаи ҳосили хуб боло меравад. Ҳосили имсола ҳоло нархи дохилии ғалладонаро ташаккул медиҳад, дар ҳоле ки нархи маҳсулоти аз ғалладона истеҳсолшаванда баъдтар дақиқ хоҳад шуд”.

Аммо коршиносони дигар бар ин назаранд, ки дар баробари зиёд будани кишти ғалла дар кишвар нархи орд паст намегардад, зеро ин ба нафароне, ки ба тиҷорат ва ҳама чиз зери назораташон аст, вобастагии зич дорад.

Аз руйи иттилои дарёфтӣ ҳоло бозори орд дар Тоҷикистон зери дасти домоди Президент Зарифбек Давлатов ҳамсари Тахминаи Раҳмон қарор дорад, ки бе иҷозаи ӯ ҳатто як халта ордро аз дигар кишвар ворид кардан манъ аст.

Чанд сол қабл баъди бозкушоии марзҳои байни Тоҷикистону Узбекистон нархи орд ва дигар маҳсулотҳо ба якборагӣ арзон гардида буданд. Ҳамчунин тоҷирони Узбекистониро дар бозорҳо зери мушту лагат қарор дода буданд. Баъди чанд вақт Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул намуда воридоти зиёда аз 12 намуди маҳсулотро манъ карда буд.

Дар Тоҷикистон беш аз 750 ҳазор тонна ғалла истеҳсол ва тақрибан 550 ҳазор тоннаашро харидорӣ менамояд.

Дар кишвар солона тақрибан якуним миллион тонна гандум истеъмол мешавад. Қисми зиёди ин ҳаҷм барои орд истифода мешавад.