20.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 636

Ҷанг байни ду ниҳоди қудратӣ, Оҷонсии зиддифасод ду амниятиро дастгир кард

0

Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти ду сарҳанги Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар медиҳад.

Хабаргузории “Avesta.Tj” бо такя ба манобеи Оҷонсӣ менависад сардори Раёсати тандурустии нерӯҳои марзбонии КДАМ сарҳанг Азизов Ҷиёнхон Зайдуллоевич ва муовини командири қисми ҳарбии нерӯҳои марзбони амният дар ноҳияи Панҷ сарҳанг Усмонзода Мирзодавлат Абдуғаффор дар гирифтани ришва муттаҳам мешаванд.

Тибқи хабари маркази матбуоти Оҷонсӣ рӯзи 30 июли соли ҷорӣ шаҳрванд Умарова ба онҳо муроҷиат кардааст, ки дар нисбати сарҳанг Азизов Ҷиёнхон ва сарҳанг Усмонзода Мирзодавлат Абдуғаффор чораҳои қонунӣ татбиқ кунанд.Қайд карда мешавад, ки М.Усмонзода барои озод кардан аз идомаи хидмати сарбозӣ бо сабаби беморӣ аз хеши аризадиҳанда шаҳрванд Т.Маазамова маблағи калон талаб карда дар ду ҳолат дар маҷмӯъ 15000 сомонӣ гирифтааст. Чиёнхон Азизов, низ аз ҷабрдида пул талаб карда ва дар ду маврид 17 ҳазор сомонӣ гирифта ва боз 8 ҳазори дигар талаб кардааст ва ба ҳангоми гирифтани ин қисмати малағ аз тарафи кормандони Оҷонсӣ боздошт шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Чиёнхон Азизов ва Мирзодавлат Усмонзода  парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (гирифтани пора) боз шудааст.

Дар рафти тафтишоти муқаддамотӣ муайян карда шудааст,ки барои озод кардан аз идомаи хидмати аскарии  Т.Маазамова бо сабаби беморӣ Азизов ва Усмонзода,бо истифода аз мақоми хидматӣ дар маҷмуъ ба маблағи 40.000 сомонӣ пора гирифтаанд

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пештар КДАМ полковник Маҳмадзода Ҷонибек, мутахассиси пешбари Раёсати нозири субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзи Оҷонси мубориза бо фасодро бо иттиҳоми гирифтани ришват дастгир карда буд. Гуфта мешавад, ки сарҳанг Ҷонибек Махмадзода аз тарафи ходимони Кумитаи амният дар айни содир кардани ҷиноят ва бо маблағи калони пора дастгир шудааст. Дар нисбати Маҳмадзода Ҷонибек кори ҷиноятӣ оғоз шудааст ва тафтишоти муқаддамотӣ идома дорад хабар медиҳад Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ-и Тоҷикистон.

Ҷанги миёни Оҷонсии зидди коррупсия ва КДАМ бори аввал нест. Солҳои гузашта ҳам мавориди боздошти кормандони баландпояи ду ниҳод аз тарафи муқобил сурат гирифтааст. Соли 2017 КДАМ беш аз 10 масъули баландмақоми Оҷонсиро боздошт карда буд, ки дар миёни онҳо генералҳои ин ниҳод низ ҳузур доштанд.Онҳо бо гирифтани пора муттаҳам мешуданд.

Раҳмон ба Бадахшон барои санггузорӣ рафт ё таблиғоти интихобтӣ?

0

Барои оғози бунёди беъзе иншоот Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони сафар кард. Дар ин бора «Ховар» хабаргузории расмии Тоҷикистон хабар дод.

Раҳмон сафари кории худро аз ноҳия Дарвози ин вилоят оғоз намуда дар деҳаи Вишхарви ноҳияи мазкур корхонаи «Карон-калсит»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

«Карон-калсит» имконият дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст, навиштааст “Ховар”.

Ин коргоҳ 40 нафар аз мардуми маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин кардааст.

Гуфта мешавад, ки микрокалсит дар саноат ба таври васеъ истифода гардида, барои истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳҳо, масолеҳи сохтмониву ашёи рӯзғор, техникаву технологияи гуногун ва маҳсулоти кимиёвӣ илова карда мешавад. Аз ҷумла, дару тирезаҳои пластикӣ, қубурҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ ва рангу бори хона бо истифодаи микрокалсит истеҳсол мегардад.

Президент Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи «Карон -калсит» ба масуълон дастур додааст, ки дар давоми як сол боз ду коргоҳи истеҳсолӣ – саноатӣ бо фарогирии 200 ҷойи кор сохта ба истифода диҳанд.

Маълум нест,ки ин корхона бо маблағи бюҷет бунёд ёфтааст ва ё аз тарафи кадом соҳибкор.

Дар ҳар сурат то ҳамин имрӯз барои мардуми кишвар номаълум боқӣ мондааст,ки гузоштани санги аввали курсӣ аз сӯи Раҳмон ва ё ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани коргоҳ ё ягон маркази савдову майдончаи варзишӣ бо ширкати ӯ чи аҳамият дорад? Магар инки Раҳмон худро таблиғ ва ташвиқ кунад ва ин сафарро ҳам   дар доираи омодагиҳо ба интихобот мешавад маънидод кард. Аз ин ҷост ки пурсида мешавад Раҳмон ба маъракаи таблиғи интихоботӣ шурӯъ кардааст ва ё курсизанӣ рафтааст?

Ду таркиш дар як рӯз дар шаҳри Кобул

0
Акс аз: “www.aa.com.tr”

Бино ба гузориши хабаргузории “Ariananews”-и Афғонистон имрӯз 19 август дар шаҳри Кобул ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он ду нафар захмӣ ва ду каси дигар кушта шуданд. То ҳол масъулияти ин амали террористиро касе ба душ нагирифтааст.

Фирдавс Фарамарз, сухангӯи Фармондеҳи полиси Кобул гуфт, ки таркиши аввал рӯзи чаҳоршанбе (19 август) тақрибан соати 6:45 субҳ ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи 12-уми амниятии шаҳри Кобул рух додааст. Ҷаноби Фарамарз гуфт, ки ин ҳодиса бо таркиши як минаи магнитӣ, ки дар як мошини худрав ҷогузорӣ шуда буд, рух додааст.

Вай афзуд: “Соати 8 саҳар, дар ин таркиши минаи магнитӣ як мошини навъи Corolla, ки ба вазорати маориф тааллуқ дошт, дар шаҳри Кобул мавриди ҳадаф қарор гирифт. Сухангӯи идораи полиси Кобул таъйид кард, ки дар ин инфиҷорҳо ду нафар кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Масъулияти ин инфиҷорҳоро ҳеҷ гурӯҳ ё шахси алоҳида то ҳол ба дӯш нагирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки чандест дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо ташаббуси Амрико ва қувваҳои минтақа бо ҳадафи таъмини сулҳ раванди музокироти байни Толибон ва ҳукумати ин кишвар идома дорад. Яке аз шартҳои асосии Толибон барои ризоият ба идомаи музокирот ин раҳоии зиндониёни ин гурӯҳ буд, ки айни ҳол бо дастури Ашраф Ғанӣ иддае аз онҳо раҳо шуд ва ҳаминтавр қарор аст 400 тан аъзоёни Толибон аз зиндонҳои Афғонистон раҳо шаванд.

Ҳафтаи гузашта расонаҳои Афғонистон аз раҳо шудани 80 зиндонии хатарнок аз зиндонҳои ин кишвар хабар дода буданд. Ин дар ҳолест, ки аксари коршиносон ва таҳлилгарони масоили сиёсӣ дар минтақа бар ин боваранд, ки сулҳ бо Гурӯҳи Толибон чандон ба манфиат нест. Ва ин таркишу кушторҳое, ки ҳамзамон дар ҷараёни сулҳ сурат гирифтаистодааст, кори дасти онҳост.

Сардори СИҶҶ Тоҷикистон ба вируси COVID-19 гирифтор шуд

0

Бино ба гузориши “Радиои Озодӣ” Мансурҷон Умаров – муовини вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон – ба бемории “илтиҳоби шуш” гирифтор шуда дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ бистарӣ шудааст.

Рӯзи сешанбе 18 август ду манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо шарти зикр нашудани номашон ба “Радиои Озодӣ” хабари гирифтор шудани Умаров ба бемории “илтиҳоби шуш” ва бистарӣ шуданаш дар беморхонро таъйид карда гуфтаанд, “тақрибан як моҳ боз ба кор наомадааст”.

Дар расонаҳои давлатӣ дар ин бора то ҳол чизе гуфта нашудааст. Аммо баъзе афроди наздик ба хонаводаи Мансурҷон Умаров хабари бемор будани ӯро тасдиқ карданд, вале дар бораи вазъи саломатиаш тафсилот надодаанд.

Радои Озодӣ аз қавли манобеаш менависад, ки Мансурҷон Умаров аввал дар шифохонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бистарӣ буд, вале феълан ӯро ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи Чапаеви пойтахт, овардаанд. “Ҳамкорон чанд дафъа ба диданаш рафтанд, аммо нагузоштанд”, – гуфтанд онҳо.

Ба бемории “илтиҳоби шуш” гирифтор шудани мақомоти баландпояи кишвар бори аввал нест, ки расонаи мешавад. Аз ин пештар Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагон ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар низ ба ин беморӣ мубтало шуда, пас аз табобат шифо ёфтанд. Аз ин ки мақомот то ҳол номи ин бемориро “илтиҳоби шуш” мегӯянд, аксари огоҳони умур ба он шубҳа доранд, ба назари онҳо ин беморӣ ба эҳтимоли зиёд ҳамон вируси COVID-19 аст, ки мақомот бо ҳар баҳонае аз бурдани номаш худдорӣ мекунанд.

Рӯзи 05 майи соли равон расонаҳо аз марги бародари Мансурҷон Умаров, Носир Умаров, ки дар ширкати “Барқи тоҷик” кор мекард, хабар дода буданд. Носир Умаров дар дар беморхонаи касалиҳои сироятии воқеъ дар минтақаи Зарафшони шаҳри Душанбе табобат мегирифт ва дар ҳамонҷо аз олам даргузашт.  Агарчи он замон мақомот расман дар бораи сабаби марги ӯ чизе нагуфтанд, аммо наздиконаш бар ин бовар буданд, ки ба эҳтимоли зиёд ӯ аз коронавирус даргузаштааст, зеро табибон ҷасадро ба пайвандонаш надоданд ва ҳатто таъкид карданд, ки падараш аз деҳа барои ҷанозаи писарш наояд.

Мансурҷон Умаров аз моҳи ноябри соли 2018 бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон интихоб шуд. Пеш аз он муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 18.08.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Як довталаби панҷакентии мақоми президентӣ аз ҲХДТ.

Муҳлати охири сабтиноми номзадҳо ба интихоботи президентӣ муайян шуд.

Аввалин сервиси интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон бе ҳақи музд роҳандозӣ мешавад

Сафири Ҷумҳурии Белорус дар Словакия аз мақомаш истеъфо дод

0
Акс аз: “slovakia.mfa.gov.by”

Игор Лешен, сафири Белорус дар Словакия ва дар гузашта ёвари   президент аризаи истеъфои худро таслими мақомоти ин кишвар кардааст.Чанд рӯз пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус ӯ дар як муроҷиати видеоӣ аз эътирозгарон пуштибонии худро изҳор дошта чунин гуфта буд:

“ Дар воқеъ ман аризаи истеъфои худро навиштам. Ин қадами мантиқӣ аст, зеро ман ҳамчун сафир аз тарафи президенти феълӣ таъйин шудаам ва мусалламан мебояд ки як сиёсати муайянро пеш бибарам. Вазорати умури хориҷӣ чунин меҳисобад, ки ончики дар аризаи ман инъикос ёфтааст- мавқеи шаҳрвандӣ ман аст, ки аз ин чаҳорчӯба хориҷ шудааст”.

Дар ВУХ гуфтаанд, ки қарор дар бораи қабули истеъфои Сафири фавқуллода ва мухторро нафаре имзо мекунад, ки ӯро таъйин карда бошад, яъне сардори давлат. “Истеъфо”-и дипломатҳоро низ президент мебинад ва ӯ бояд имзо гузорад. Вале ҳоло фармони истеъфои Игор Лешен содир нашудааст.

Ёдовар мешавем,ки 16 август,сафири Белорус дар Словакия ва собиқ ёвари президент Игор Лешен бо як суханронӣ шаҳрвандонеро,ки бо нишони эътироз аз натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ даст ба тазоруҳот заданд, дастгирӣ кард:

“Мисли тамоми мардуми Белорус ман аз ҳолатҳои шиканҷа ва латту кӯби ҳамватанонам дар ҳолати шок қарор дорам”,- гуфта буд дипломат.

Лешен ҳамчунин изҳор дошт,ки бо онҳое,ки ба хиёбонҳои шаҳрҳои Белорус барои раҳпаймоии мусолиматомез баромадаанд ҳамфикр аст ва садои онҳо бояд шунавида шавад.

Игор Лешен аз соли 1994 дар Вазорати хориҷа кор мекунад. Ӯ дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла дар дастгоҳи вазорат, сафир дар чанд кишвар фаъолият намудааст. Аз соли 2002 то 2006 ёвари раиси ҷумҳурӣ дар умури сиёсати хориҷӣ ва масоили равобити иқтисоди берунӣ буд. Дар соли 2016 сафири Белорус дар Словакия таъйин шудааст.

Чаҳор нафар аз як деҳа дар садамаи нақлиётӣ аз олам даргузаштанд

0
Акс аз: “point.md”

Дар як садамаи нақлиётӣ чаҳор сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора дар сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад ҳодисаи ҳалокати ин чаҳор нафар дар роҳи бозгашт аз маросими як ҷаноза иттифоқ афтодааст. Ин нафарон саври мошини тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-554” буда, аз ҷанозаи ҳамдеҳаи худ бармегаштаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 17 – уми август, тахминан соати 09:00 дақиқа рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-554″, Раҷабзода Асҳобиддини 24 – сола, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада худравашро чаппа намудааст”, – таъкид мешавад дар хабари вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Ронанда, ки низ аз ҳамин деҳа будааст аснои баргашт аз оромгоҳи деҳаи Бӯстон ба самти деҳаи Навдӣ, аз ӯҳдаи идораи мошин намебарояд ва автомашина ба чуқурии 16 – метр сарозер мешавад.

Мусофирони дар бордони автомашина буда, Ёқубзода Шамсиддини 17 – сола, Абдуалимов Шамсиддини 19 – сола, Нуриддинов Расулҷони 37 – сола ва Каримов Содиқи 47 – сола, сокинони ҷамоати деҳоти Ғиёсови ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин чандин мусофири дар бордони автомашина қарор дошта, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Юсуфбеков: баъд аз номзад шуданам овозҳои тарафдорнамро ба Раҳмону Рустам мебахшам

0
Акс аз: “pressa.tj”

Иброҳимҷон Юсуфбеков бо ирсоли ариза ба унвони Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадтоҳир Зокирзода талаб кардааст, ки номзадии ӯро дар интихоботи президентӣ ба қайд гиранд. Дар ин бора “Pressa.tj” хабар дод.

Ин сокини деҳаи Шашқати нави ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ки корманди бахши фарҳанги ин шаҳр будааст дар аризаи худ навиштааст: “Эҳтиромонона хоҳиш менамоям, ки маро, номзадиамро ба президентӣ аз ҳисоби ноҳияи Панҷакент, ки узви ҲХДТ ҳастам бо дурустӣ ба қайд гиред. Бовар, ба шумоён!”.

Аризаи ин муддаии курсии президентиро фарзандаш Акмал Иброҳимзода дар саҳифаи Фейсбук ба нашр расонидааст.

Иброҳимҷон Юсуфбеков мегӯяд ҳадафаш аз ширкат кардан дар интихоботи президентӣ истифода кардан аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ ва дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.

“Ман узви собиқадори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастам. Дар ҳама чорабиниҳои давлативу сиёсӣ ва фарҳангии шаҳри Панҷакент ва водии Зарафшон ширкат мекунам. Медонам, ки айни замон вазъияти ҷаҳон ноором аст, бинобар ин ҳадафи ман оромиву суботи Тоҷикистон аст. Ман мехоҳам, ки аз ҳуқуқу озодиҳои худам истифода карда дар интихоботи президентӣ ба сифати номзад ширкат кунам ва овозҳои гирифтаамро ба Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба сифати дастгирӣ бубахшам”, – гуфт Иброҳимҷон Юсуфбеков.

Юсуфбеков илова кардааст, ки : “Ман мехоҳам, ки ё Пешвои миллат ё фарзандашон Рустами Эмомалӣ ба сифати номзад дар интихобот пешбарӣ шаванд ва ман низ дар канорашон бошам. Баъд аз он ки корзори интихобот шуруъ шуд номзадии тарафдоронамро ба ин нафарон бубахшам.”

Иброҳимҷон Юсуфбеков мегӯяд, ки соли равон дар интихоботи парлумонӣ низ ширкат карда буд, вале ба Маҷлиси намояндагон роҳ наёфт.

Бар пояи қонунгузории Тоҷикистон афроде мисли ин сокини Панҷакент наметавонанд номзади интихоботӣ бишаванд, агарки онҳоро ҳизб ва ё Иттифоқи касаба ва ҷавонон пешбарӣ накунад. Бархе аз коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба даъвои Иброҳимҷон Юсуфбеков мегӯянд, ки беҳтар ин буд,ки вай барои шахси боэътимоди Раҳмон ва ё Рустам талош кунад беҳтар аст чун мегӯяд,ки овозҳои гирифтаашро ба инҳо ҳадя мекардааст.

Мӯҳлати охири сабтиноми номзадҳо ба интихоботи президентӣ муайян шуд

0
Акс аз: “Ховар”

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон нақшаи баргузории интихоботи президентиро эълон кард. Тибқи нақшаи эълоншуда, номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон то 15 сентябр ба қайд гирифта мешаванд ва имзоҳо ба тарафдории онҳо бояд то 30 рӯзи пеш аз интихобот ҷамъоварӣ шаванд.

Тибқи ин хабар барои таблиғи барномаҳои худ, номзадҳо ҳамагӣ 25 рӯз вақт доранд. Ба гуфтаи КМИР  дар Тоҷикистон шумораи пешакии умумии интихобкунандагон 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафарро ташкил медиҳад, ки рӯзи интихоботи президентӣ дар 68 ҳавза овоз хоҳанд дод. КМИР интихобкунандагонро дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ то панҷуми октябр хабардор мекунад. Тибқи тартиби пешниҳодии КМИР, раъйдиҳӣ аз соати 06:00 то 20:00 давом мекунад.

Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар як нишасти худ рӯзи 6-уми август қарор қабул кард, ки интихоботи президентӣ рӯзи 11 октябр баргузор карда шавад. Интихобтҳои пештара дар Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешуд.

Ин қарор дар байни коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Аз ҷумла Раҳматилло Зоиров раиси ягона ҳизби мухолифи сотсиал демократи Тоҷикистон баргузор намудани интихоботи пеш аз муҳлатро ғайриқонунӣ номид ва талаб кард, ки раисони ҳарду палатаи қонунбарор ҷазо дода шаванд. Бояд қард, ки раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ шаҳрдори пойтахт ва писари раисҷумҳури кунунии Тоҷикистон аст.

Муҳиддин Кабирӣ дар як суҳбат ба сомонаи паём гуфта буд, ки моҳи ноябр дар  Тоҷикистон бӯҳрон ба авҷи худ мерасад аз ин рӯ, Раҳмон мехоҳад интихоботро пеш аз муҳлат  дар як фазои беҳтар баргузор кунад.

“Моҳи ноябр дар  Тоҷикистон бӯҳрон ба  авҷи худ мерасад.  Эҳтимол барқ ҳам лимит шавад.  Раҳмон мехоҳад дар фазои беҳтар интихобот гузарад. Инчунин Раҳмон аз матбуоти озод сахт метарсад  ҳатто аз заъифтаринаш ҳам. Онҳо медонанд ки мо  дар арафаи эълони телевизиони мустақил ҳастем ва хост каме зудтар амал кунад”- Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ

Аммо Маҳмадалӣ Ватанзода муовини раиси Маҷлиси Намояндагон сабаби пеш аз муҳлат баргузор намудани интихобтро дар паҳншавии бемори сироятии COVID-19 ва вазъи боду ҳаво рабт дода буд. Ба гуфтаи ӯ баргузор намудани интихобот пеш аз муҳлат бо қонунҳои ҷории кишвар мухолифат надорад.

Интихоботи Президентии гузаштаи Тоҷистон 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Дар он ягона номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова натавонист имзоҳои заруриро ҷамъоварӣ кунад ва вориди сабқати интихоботӣ шавад. Он замон ҲНИТ гуфта буд, ки мақомот ҳар гуна фишор болои нафарони масъул меовард то имзоҳои зарурӣ ҷамъоварӣ нашавад.

То ҳол расман танҳо Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзадии Рустам Латифзодаро ба президентии ин кишвар пешниҳод кардааст. Аҳзоби дигар рӯзҳои наздик дар бораи иштирок кардан ё накардани худ дар интихобот хабар медиҳанд. Ягона ҳизби мухолифи сотсиал-демократ дар Тоҷикистон то ҳол нагуфтааст, ки оё номзад пешниҳод хоҳанд кард ё на. ҲХДТ дар як нишасти худ гуфта буд, 3 сентябр номзади худро барои интихоботи президентӣ пешбарӣ мекунад. Ба назари коршиносон бо муайян шудани номзади ҲХДТ исми президенти ояндаи Тоҷикистон маълум мешавад.

Ҷараёни интихоботҳои Тоҷикистон бино ба баҳои нозирони байналмиллалӣ ҳеч яке аз онҳо шаффофу одилона ва тибқи меъёрҳои демократӣ нагузаштааст.

“ҚАСАМ МЕХӮРАМ, КИ…”

0

Ҳаводиси ахири Белорус ба интихоботи президентии Тоҷикистон таъсире хоҳад гузошт?

Акс аз сомонаи www.toptj.com

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик вобаста ба вазъияти ахири Белорус мақолаи таҳлилие навишта масъаларо аз чанд ҷониб бо овардани назари коршиносону таҳлилгаронро баррасӣ намудааст.

Бознашри мацола аз веблоги “Рӯзи нави“-и Раҷаби Мирзо:

Минск барои хеле аз кишварҳо, хоса онҳое, ки дар қудрат раҳбарони дарозумр доранд ва дар пеш маъракаҳои муҳиме чун интихобот, сабақомӯз мегардад. Ҳатто имкон дорад инро давраи нави сиёсии пас аз коронавирусӣ гуфт. Дар ин моваро Белорус аз аввалин кишварҳоест, ки пас аз пандемия интихобот баргузор намуд.

Ҳукумати Лукашенко ҳарчанд бӯҳрони COVID -19 –ро бо душворӣ паси сар кард, ҳоло маълум мешавад, ки аз он бардоштҳои лозим надоштааст. Ба гумони ғолиб интизорашон ин буд, ки мисли 5 бори пешин бо фоизҳои дар ҷаҳони муосир тасаввурнопазир номзади худро ғолиби маърака эълон кардан имкон дорад. Аммо бархӯрдҳои аввалини мардум пас аз интихобот исбот намуд, ки ба онҳо мисли дафъаҳои гузашта бо тарсзоиву саркӯбӣ муносибат кардан, танҳо пайомадҳои ногувор пеш меорад. Дар натиҷа ҷаҳон шоҳид гашт, ки ба таври дилхоҳи раҳбарони саркӯбгар интихобот баргузор кардан мумкин, вале бе президент мондан ҳам имкон дорад. Ҳоло танҳо Лукашенко ва атрофиёнаш бовар доранд, ки онҳо 80 дарсади овозҳоро соҳиб шудаанд. Ҳатто 50 – 60 000 мардуме, ки ду рӯз пеш дар Майдони Истиқлоли Минск аз шаҳрҳои мухталиф барои ҷонибдории худ гирд оварданд, маълум мешавад ба онҳо кӯмак карда наметавонад. Ба ҳар сурат, дар майдонҳои дигари на танҳо пойтахти Беларус, балки шаҳрҳои бузурги ин кишвар, дар чанд рӯзи ахир гуфта мешавад ҳудуди 500 – 600 000 одамони норозӣ гирд омаданд. Онҳо акнун ба Лукашенко ҳамчун “президенти собиқ” муроҷиат мекунанд. Бар илова, аз дирӯз корпартоии корхонаҳои азими кишвар, ки бештар давлатианд, оғоз гардид ва онҳо мегӯянд ин корро то “ғалабаи ниҳоӣ” идома медиҳанд. Ҷиддияти ин гуна вокунишро “президенти собиқ” хуб мефаҳмад.

Як бартарии Лукашенко дар баробари “ҳамтоёни собиқадораш” ин аст, ки гоҳ – гоҳ дар сӯҳбати мардум ва расонаҳо пайдо мешавад ва ошкоргӯиҳое анҷом медиҳад. Дина барои сӯҳбат ба яке аз корхонаҳои муҳими кишвараш – заводи тракторбарорӣ рафт, ки кормандонаш даст ба корпартоӣ задаанд. Вале воқеиятҳоеро дид, ки дар сӯҳбатҳои қаблии худ ба эҳтимоли зиёд ҳеч гоҳ вонахӯрда буд. Мардум дар баробараш ҳарф мезаданд, суханони ӯро мебуриданду ба дурӯғӯӣ муттаҳамаш мекарданд ва ошкор мегуфтанд, ки барояш овоз надодаанду “Бирав!”.

Ҳарчанд ваъда дод, ки дар ҳукумати наваш барои дигарон ҷо хоҳад ёфт, ислоҳоти конститутсионӣ анҷом медиҳад ва пас аз он интихоботи дигари президентӣ, бо ҳарифонаш муколама хоҳад кард…мисле, ки дер кардааст. Хеле…

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Лукашенко барои сари таъзим фурӯ овардан назди мардум хеле дер кардааст

Маълум аст, ки чунин раванди ҳодисаҳо саволеро дар кишварҳои дигар пешорӯ хоҳад гузошт: ҳодисаҳои Белорус то куҷо “сирояткунандаанд”?

Тоҷикистон, ки дар ду моҳи пешорӯ интихоботи президентӣ дорад, наметавонад аз чунин саволу ҷавобҳо раҳо бошад. Ба вижа дар назардошт бо ин ки хеле умумиятҳое бо ин кишвар дорад:

–          Ҳарду кишвар то 29 сол қабл узви давлати воҳиди СССР буданд;

–          Лукашенко пеш аз оне, ки президент бошад, мисли Эмомалӣ Раҳмон директори совхоз ва вакили парлумон буд;

–          Агар Президенти Белорус 26 сол буд, ки дар сари қудрати сиёсӣ қарор дошт, ҳамтои тоҷики ӯ 28 сол аст ин масъулиятро ба зиммааш гирифтааст;

–          Александр Григоревич ҳам мегӯяд давлат маҳз пас аз оғози раҳбарии ӯ шакл гирифт;

–          Дар интихоботи ахири президентии Белорус ду бону номзад буданд, ки онро гарм нигоҳ доштанд. Дар интихоботи соли 2013 –и Тоҷикистон бори аввал “овози занона” садо дод.

Аммо аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазъияти ду кишварро муқоиса намудан имкон надорад:

–          Сатҳи зиндагии белорусиҳо чандин маротиба аз тоҷикистониҳо беҳтар аст;

–          Аксари корхонаҳои муҳим ҳоло ҳам давлатианд ва хусусиву “прихватизатсия” нашудаанд;

ВА АЗ ҲАМА МУҲИМ:

Ҳатто рақибони сарсахташ Лукашенкову хонаводаи ӯро то ҳол барои ҷамъ овардани сармояи зиёди ғайриқонунӣ муттаҳам накардаанд.

Воқеан, ҳангоми мулоқоташ бо кормандони корхонаи тракторсозӣ, ки коршиканӣ доранд, бо итминон гуфт, ки ҳар моликияти ғайриқонунӣ ба даст овардаи ӯро, агар пайдо карданд, мардум метавонад соҳиб шавад…

Ин мавзӯи дигарест, ки ба он мешавад пас аз чанд рӯз баргашт: оё воқеан Лукашенко моликияте ғун накардааст, ё мухолифонаш дар бораи ӯ маълумоти комил надоранд?

Аммо мавзӯи таъсири рухдодҳои Белорус ба фазои сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ дар назардошт бо умумияту фарқиятҳое, ки дорад, дар маҳфилҳои мухталиф гарм хоҳад буд.

Ҳуқуқшинос ва муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, сабабу омилҳои ҷиддие вуҷуд доранд, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон рухдодҳои Белорус на танҳо дар байни шаҳрвандони одиву ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки ниҳодҳои марбутаи давлат, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президент, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, мақомоти амниятию корҳои дохилӣ ва дигарон  мавриди баррасии ҷиддӣ қарор бигирад. Ӯ мутмаин аст, ки ҳукумат ва сохторҳои масъулаш аз ин ҳодисаҳо сабақ гирифта, барои ба саҳнаи корзор ворид гардидани номзадҳои воқеӣ ба ҷои номзадҳои худсохта талош хоҳанд кард.

Шокирҷон Ҳакимов

–          Яке аз шартҳои иштироку иҷозат дар интихоботҳои президентии Тоҷикистон, ба фикри ман, ба масъалаҳои дуюмдараҷа ҷалб намудани интихобкунандагон аз ҷониби номзадҳо асту дар маҳдудаи танқиди раҳбарият дар сатҳи ҷамоати деҳоту мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва баррасии баъзе масъалаҳои ҷузъии хусусияти иҷтимоӣ- иқтисодӣ  дошта банд кардани онҳост, – мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Чунин шеваи кор, ба гуфтаи сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси тоҷик, танҳо ба хотири соҳиб шудани машрӯияти ҳукуматдорон аст, на барои донистани зарфияту воқеиятҳои кишвар, ки ҳадафи аслии маъракаҳои сиёсии давлатҳо барои ҳамин бояд равона гардад.

Воқеан, яке аз сабабҳои ба бӯҳрон рӯ ба рӯ шудани ҳукумати Лукашенкоро маҳз ба ҳамин нукта нисбат медиҳанд, ки ӯ худро ба фиреби “сохтусозҳои идеологӣ ва ҳуқуқӣ” банд карда, аз воқеиятҳои кишвар дур рафт. Дар натиҷа “оппозитсияи номаълум” якбора аз худ дарак дод ва ҳукуматро ғофилгир намуд.

Шокирҷон Ҳакимов ба ин назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба омору маълумоти пешниҳодкардаи масъулини худ чандон бовар надорад, вагарна барои баргузории як интихоботи воқеӣ шояд имкон медод:

–          Агар президент бо вуҷуди таърифу тавсифи 24 соатаи телевизион ва радиою нашрияҳои давлатӣ ва бештар аз ним миллион будани узви ҲХДТ эътимод медошт, заминаҳои ҳуқуқии интихоботро соддатару танзими онҳоро ба замону вижагиҳои муосир мутобиқ менамуд, – мегӯяд ӯ.

Таҳлилгар Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, ки феълан дар Аврупо қарор дорад, зимнан масъаларо дар ҷои дигар мебинад. Ба назари ӯ, дар элитаи ҳукмрони Душанбе то охир ба хулосае наомада буданд, ки дар интихоботи президентӣ номзади аслиашон кӣ хоҳад буд:

–            Шурӯъ аз соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводагӣ кардани шакли давлатдории миллии тоҷикон оғоз карду (моҳиятан аз соли 2006 боз хонаводагӣ буд) бо тағйирот ба Қонуни асосӣ дар соли 2016 номзади эҳтимолии № 1-и ӯ будани писари калонияш Рустами Эмомалиро ғайримустақим фош кард. Номзади дигар – Озода Раҳмон ҳам буд. Аммо бо амалиёти таъини Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси Маҷлиси Миллӣ дар авҷи ҳамагирии СОVID-19 сарвари хонавода шонси духтари калонияшро барҳам зад. Ба ду-се талоши нокоми мустақиму ғайримустақим, ки якеаш ҳам тавассути Александр Лукашенко буд, нигоҳ накарда,  Эмомалӣ Раҳмон  Путинро моил ва ҳатто маҷбур кардан дошт барои муаррифии номзад. Вале ҳаводиси Белорус ин омилони нақши интиқоли қудратро аз Душанбе то Маскав шокӣ кард. Ҳама ғофилгир шуданд. Акнун Эмомалӣ Раҳмон бояд қарори басо мушкилро қабул кунад: худаш барои чандум бор  президент бишавад, ё писарашро ба гирдоби бозии сиёсии оқибаташ номаълум тела кунад?

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Дар ҳамин ҳол, муаррихи шинохта Нуралӣ Давлат мутмаин аст, ки воқеоти Белорус дар маҷмӯъ аз ҷониби Тоҷикистон нодида гирифта мешавад. “ Аз ҳамин ҷост, ки он ба маъракаҳои кишвари мо на таъсири манфӣ расонда метавонад ва на мусбат, ҳарчанд миёни ҷомеаҳои ду кишвар шабоҳатҳои зиёд вуҷуд доранд” мегӯяд ва шарҳ медиҳад:

–          Лукашенко  ба як қатор иштибоҳҳо роҳ дод, аз ҷумла мехост писараш Коляро валиаҳд карда, дар дили Аврупо хонадони салтанатӣ таъсис диҳад.  Агар бархе масоили идеологӣ вуҷуд намедошт, шояд дар Ғарб ба ин чашм мепӯшиданд. Аммо аврупоиҳо ба сарнавишти аксар ҷумҳуриҳои мусулмоннишини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба шумули Тоҷикистон бетафовут шудаанд. Шояд ба он хотир, ки ба ин боваранд: ин кишварҳо роҳ сӯи неофеодализм доранд. Ҳамчунин Президенти Белорус як қатор иштибоҳоти тактикӣ анҷом дод. Манзурам дар арафаи интихобот қарор гирифтан дар муқобили Русия, ҳабс кардани номзадҳо барои ширкат дар интихоботи президентӣ, иҷозат додани Тихановская барои ширкат дар маърака. Бо ин вуҷуд, агар Лукашенко ба худаш 55-60 фоизи овозҳоро медод, вазъ то ин ҳадд муташанниҷ намешуд.

Нуралӣ Давлат

Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон назари дигар дорад:

–          Талоши истифодаи ҳодисаҳои Белорус барои таъсиргузорӣ ба интихоботи Тоҷикистон албатта сурат мегирад. Аммо ин талошҳо таъсири амалии зиёде нахоҳад дошт. Яъне, баъзе доираҳои мухолиф дар хориҷи кишвар албатта талош мекунанд, ки аз ҳодисаҳои Белорус истифодаи васеъ намоянд, онро  ҳамчун «қиёми мардумӣ» ва «инқилоб» қаламдод карда, дар фазои иттилоотии тоҷикӣ корҳои таблиғотиро ба роҳ монанд. Илова бар ин, худи таҷрибаи  мухолифини Белорус  натанҳо рўҳия, балки таҷрибаи мухолифини тоҷикро ҳам баланд мекунад. Онҳо талош мекунанд, ки баъзе равишҳои дигари таблиғотиро, ки аз он омӯхтаанд,  истифода намоянд. Дар айни замон, ин ҳодисаҳо рафтору эҳтиёту ҳушёрии мақомотро ҳам дар мудирияти вазъият ва раванди интихобот бештар мекунад.  Аммо аз назари амалӣ, дар Тоҷикистон ин таблиғот таъсири оммавӣ нахоҳад дошт. Аз як сў, номзади асосӣ дар ин интихобот аз эътибору дастгирии васеъ бархӯрдор аст, бинобар ин барои муайян шудани номзади беҳтар ва интихоби беҳтар он барои аксарияти мардум ҳоҷат ба баҳсҳою танишҳои зиёде намемонад. Ва аз ҳама муҳимтар, мардуми Тоҷикистон он ҳодисаҳоро як бор гузаштааст ва бар зидди ин ҳолат «антитела» ё муқовимати дарунӣ дорад. Бинобар ин, хусусан насли калонсол ба ҳеҷ унвон ба ташаннуҷ ва хусусан нооромӣ розӣ намешавад. Албаттат, бо насли ҷавон, ки  фоҷеаи ноамнию ҷангро надидаанд, кори бештари маърифатӣ бояд сурат гирад. Дар масъалаи ҷавонон бетаваҷҷӯҳӣ ва худбоварӣ раво нест. Дар умум, фазои интихоботи ором ва худи интихобот осуда мегузарад, – хулоса мекунад ӯ.

Абдуллоҳи Раҳнамо

Хабарнигору таҳлилгари шинохта Иршод Сулаймонӣ низ ба ин назар аст, ки пас аз ҳаводиси Белорус дар сатҳи раҳбарии сиёсии Тоҷикистон паём мегиранд ва шояд ин боис ба баъзе ислоҳот бишавад. “Ҳадди ақалл ислоҳоти популистӣ. Шояд баъзе гузаштҳои сиёсӣ шавад, ки мо дар интихоботҳои пешин шоҳиди онҳо набудем”.

Зимнан, нуктаи калидиро дар маъракаҳои ҳамчунин, ба гуфтаи Иршод Сулаймонӣ бояд дар манофеи геополитикии қудратҳои бозингар дар Тоҷикистон, аз ҷумла Русия ва баъдан Чин ҷӯст.

Иршод Сулаймонӣ

Дар ҳамин ҳол, шореҳи сиёсии Русия Андрей Захватов зимни сӯҳбат бо инҷониб мушкили аслиро дар дигар ҷо арзёбӣ намуд ва гуфт бовар дорад дар интихоботи Тоҷикистон барои ислоҳи он имкон ҳаст: “Коршиносони зиёд дар Русияву Белорус ва дигар кишварҳо ба ин натиҷа расиданд, ки иштибоҳи бузургтарини Лукашенко дар қонуншиканиҳои зиёду ҳамабин ва тақаллуби ошкор дар натиҷаҳои интихобот буд. Аз ин ҳолат маълум буд, ки ӯ дер ё зуд аз қудрат барканор мешавад. Ман мутмаинам, ки аз ин ҳолат ҳамаи раҳбарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон барои худ сабақ мегиранд. Бовар дорам, пеш аз интихобот Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон авзои ҷомеа, гароиши интихоботии мардумро хуб омӯхта, хулосаашонро ба роҳбарияти мамлакат пешниҳод хоҳанд кард. Таври маълум, дар интихоботҳои пешини президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон фоизи фавқулодда баланди раъйро эълон мекунанд, ки ин шубҳаи зиёдро дар баргузории интихоботи шаффоф ба вуҷуд меорад”, – мегӯяд ӯ.

Аз ҳамин ҷост, ки пешниҳод дорад дар қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба интихобот тағйироти ҳуқуқӣ сурат гирад. Пешниҳоде, ки аллакай барои роҳандозиаш дер шуд, чун маъракаи интихобот аз оғози худ дарак дод ва аз бардоштҳои аввал мешавад гуфт, ки гумон аст аз интихоботи пешин фарқи зиёд дошта бошад.

Андрей Захватов

Аммо як пешниҳоди дигари ҷаноби Захватов воқеан ҷои андеша дорад. Ҳадди ақал барои ислоҳоти намоишкорона, ё он тавре Иршод Сулаймонӣ мегӯяд – популистӣ. Ин коршиноси рус мегӯяд, агар аъзои комиссияҳои интихоботии ҳамаи сатҳҳо, 10 дақиқа пеш аз шурӯи интихобот дар пеши Байрақи давлатӣ дар дасташон Конститутсия истода, пешорӯи дурбини шабакаҳои телевизионӣ матни савгандро бихонанду зери он имзо гузоранд, метавонад ба ҷараёни интихобот ва бардоштҳои мардуми дохилу хориҷ таъсиргузор шавад.

Матни савгандро ҳам барои намуна дар чунин шакл пешниҳод дорад:

–          “Ба номи Худо, Конститутсияи Тоҷикистон ва Байрақи давлатӣ қасам мехӯрам, ки овози мардумро аз рӯи виҷдон ҳисоб карда, ба раъйи мардум хиёнат намекунам!”

Чунин таҷриба дар Украина роиҷ будааст.

Пас дар зарурат чаро сари он фикр накунем?

Ё ин ҳам ба ҷараёни интихоботҳои мо асаргузор намешавад?

Албатта то ҷое хоҳад шуд. Аммо ба шарте, ки ба интихобот, ҳамон тавре Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, номзадҳои воқеӣ раҳ ёбанд.

Барои ин бошад, иродаи сиёсӣ лозим…

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи Аздо тв нестанд.