11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 173

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

0

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Бархе муҳоҷирони тоҷик аз он шикоят доранд, ки корфармоҳояшон бо баҳонаи ҳодисаи “Крокус” ва ин ки тоҷик ҳастанд, ба онҳо гуфтаанд, ки аз рӯзи душанбе метавонанд дигар ба кор наоянд ва онҳоро аз ҷои корашон ихроҷ мекунанд.

Ҳамчунин бархе дигар мегӯянд, дар мағозаҳо ва автобусҳо онҳоро роҳ намедиҳанд. Ҳатто аз боздошту ба Тоҷикистон ихроҷ кардани гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо нашр шудааст.

Як манбаъ аз Русия бо шарти ифшо нашудани номаш дар тамос ба Azda tv гуфт, ки рӯзи якшанбе, 24-уми март хешашро, ки насабаш бо яке аз гумонбарони ҳодиса монанд будааст, пулис ӯро боздошт карда, то 5 соат бозпурсӣ ва шиканҷа кардааст. Аммо дар ниҳоят маълум шуда, ки ӯ ба он гурӯҳ ҳеч рабте надорад, озодаш кардаанд.

Ба иттилои муҳоҷирон, аз ҳама бештар вазъи муҳоҷироне, ки ба таксиронӣ машғул ҳастанд ва дар ин самт кор мекунанд, бисёр бад аст. Ҳатто гуфта мешавад, онҳое, ки таксӣ фармоиш медиҳанд, аз таксӣ мепурсанд, ки тоҷик аст ё на, агар гӯед, бале тоҷик аст, дар ҳол фармоишашро бекор мекунанд.

Дар ҳамин робита дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин наворҳои садоӣ нашр шудааст, аз ҷумла дар аз як сабти садо гуфта мешавад, худи ӯ мусофиркаш аст ва чанд лаҳза пеш як русро савор кардааст, “гуфт пагоҳ (рӯзи душанбе) 500 нафарро ҷамъ кардаем, ба кӯчаҳо баромада, муҳоҷирони тоҷикро мекушем. Бе ин кор намешавад.”

Муҳоҷири дигаре дар тамос ба Azda tv гуфт, аз субҳи имрӯз ҳамкоронаш бо ӯ он муносибати пешинро надоранд. “Ҳатто саломамро алейк намегирад баъзеаш. Мепурсам, чӣ гуноҳ кардаам, ки бо ман муносибати хуб намекунед? Мегӯянд, ту ҳам тоҷик ҳастӣ ва шумо ҳамаатон террорист ҳастед.”, мегӯяд манбаъ.

Коршиносон ва таҳлилгарон пас аз ин ҳодиса таъкид мекунанд, ки ин ҳамла як баҳонае барои мақомоти интизомии Русия ва шаҳрвандони оддии он барои озору азият ва ихроҷи муҳоҷирон ва бахусус тоҷикон хоҳад шуд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

0

Додгоҳе дар Русия чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар қатли ваҳшиёнаи даҳҳо нафар гумонбар мебошанд, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

Шаби 24-уми марти соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав мурофиаи чор гумонбар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл”, пушти дарҳои баста баргузор гардид.

Дар курсии айбдорӣ чор зодаи Тоҷикистон, Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-сола нишаста буданд.

Мақомоти Русия ин афродро бо иттиҳоми ҳамлаи террористии гурӯҳӣ (“банди “б”, қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия) гумонбар медонанд. Тибқи ин модда ба гумонбарон аз 15 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, аввалин шуда ба толори додгоҳ кормандони интизомии рус Далерҷон Мирзоевро, ки беҳолу сардаргум менамуд ва дар сару рӯяш осори латтукӯбу дар гарданаш боқимондаи халтаи селофанӣ дошт, оварданд. Мирзоев оиладору соҳиби чор фарзанди ноболиғ буда, муҳлати сабти номи муваққатии ӯ дар Новосибирск ба охир расида будааст. Ӯ бо русӣ ҳарф зада наметавонад ва ба воситаи тарҷумон замони бозпурсӣ гап задааст.

Дар наворе, ки шабакаҳои наздик ба мақомоти Русия нашр кардаанд, дида мешавад, ки ӯро вақте аз болои дарахт ба поин мефарояд боздошт мекунанд.

Гумонбари дигар Саидакрам Раҷабализодаро низ бо осори зарбулати рӯй вориди толори додгоҳ карданд. Мақомоти рус замони боздошт гӯши рости ӯро бурида маҷбур карда буданд, ки онро бихӯрад ва ба ҳамин хотир дар мурофиа тарафи рости сараш бо дока печонда шуда буд. Саидакрам оиладор ва соҳиби як фарзанд буда, дар Русия сабти ном шуда будааст, аммо дар кадом минтақа аст дар ёд надорад.

Шаҳрванди дигари Тоҷикистон Фаридуни Шамсиддин, ки ба қатли даҳҳо нафар дар Маскав гумонбар аст, бо осори латтукӯб дар чеҳрааш дар курсии айбдорӣ нишаста буд. Ӯ низ оиладор буда соҳиби кӯдаки ҳаштмоҳа ҳаст ва замони боздошт дар корхонаи Паркети шаҳри Подолск кор мекард.

Фариддун дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд бо дастони баставу дар замин ба зону зада мегӯяд, ки 4-уми март аз Туркия ба Русия рафт ва барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз “ёрдамчии рӯҳонӣ” 500 ҳазор рубл гирифтааст. Дертар шабакаҳои русӣ дар Телеграм акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ аз узви таносулаш нашр карданд.

Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав мегӯяд, ки ин се нафар гуноҳро пурра ба дӯш гирифтаанд ва ба ҳамин хотир онҳо то охирҳои моҳи май ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Аммо Муҳаммадсобир Файзови 19-сола, ки бо аробача ва дар тан либоси беморонро дошт, ба толори додгоҳ оварда шуд, ӯ низ барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Додрас Тимур Вахрамеев пизишкони ҳамроҳи ӯро аз ҷаласаи додгоҳ берун кардааст.

Муҳаммадсобир замони боздошт аз чашми чапаш сахт ҷарроҳат бардошта, як рӯзи пеш дар шуъбаи эҳё бозпурсӣ шудааст. Дар наворе, ки аз рафти бозпурсии ӯ аз дохили беморхона нашр шудааст, Муҳаммадсобир аз тарҷумон мепурсад, ки ман “чӣ кор кардаам?”.

Гуфта мешавад, Файзов моҳи ноябри соли 2023 ба сартарошхонаи Тейково дар шаҳри Иваново ба кор даромада, ба қавли соҳибонаш дар онҷо ҳамагӣ се моҳ кор кардааст.

Бояд қайд кард, ки вакилони гумонбарон хоста буданд, ки муҳокима дар шакли боз ва бо иштироки рӯзноманигорон баргузор гардад, аммо мурофиаҳо бо баҳонаи “фош шудани сирри тафтишот” ва “таҳдид ба амнияти ширкатдорони ҳодиса ва наздикони онҳо” пушти дарҳои баста баргузор гардиданд.

Ҳатто дар наворҳое, ки расонаҳо аз аввали мурофиаҳо нашр карданд, шунида мешавад, ки кормандони интизомии рус ба рӯзноманигорон иҷозаи суол додан ба гумонбаронро намедиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде дар толори консертӣ таркиш ба амал омад ва оташи шадид сар зад. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва оташ гирифтани бино 137 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт.

Мақомоти Русия дар аввал номи чанд нафареро нашр карданд, ки гӯё дар ин ҳамла даст доштанд, аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин маълумотро рад карда гуфтанд, ки ду нафари онҳо моҳи ноябри соли 2023 ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҳоло дар кишвар қарор доранд.

Ичнунин як муҳоҷири дигари тоҷик бо номи Рустам Назарови 29-сола, ки дар Самара ба ҳайси ронандаи мусофиркашонӣ кор мекардааст, пас аз дидани акс ва номаш ҳамчун гумонбар дар расонаҳо ба мақомот муроҷиат кардааст. Ӯ замони рух додани ин ҳодиса ҳамроҳи волидайнаш дар хона хӯроки шом мехӯрдааст.

Дар ҳамин ҳол, як муҳоҷири кории дигар аз Русия бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda.tv хабар дод, ки яке аз пайвандонашро, ки насабаш ба яке аз гумонбарони ин ҳамлаи хунин монанд будааст, кормандони интизомии рус барои 5 соат боздошт карда, бераҳмона латтукӯб кардаанд. Ва баъд аз маълум шудан ӯро озод кардаанд.

Дертар раиси Хадамоти амнияти федеролии Русия Александр Бортников ба президенти Русия Владимир Путин аз боздошти 11 нафар, аз ҷумла чор гумонбари асосие, ки дар ин ҳамла бевосита ширкат кардаанд хабар дод. Аммо хабаргузории BBC иттилоъ дод, ки ду гумонбари ҳамла, яке дар худи толори консертӣ ва дигаре ҳангоми боздошт дар вилояти Брянски Русия кушта шудаанд.

Мақомоти рус то ҳол ба ҷуз чор нафаре, ки шоми 24-уми март ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, номи дигаронро нашр накардааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз як рӯзи ин ҳамла, ки шаҳрвандони кишвар дар он гумонбаранд, дар суҳбати телефоние бо ҳамтои русаш Путин, онро маҳкум карда, таъкид кардааст, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Ин ҳамлаи хунин, ки ҷони даҳҳо нафарро гирифт, корбарони шабакаҳоии иҷтимоӣ ва коршиносонро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Гурӯҳе бар ин боваранд, ки ин ҳодиса саҳнасозии мақомоти рус аст ва нафарони бегуноҳ боздошт шудаанд, аммо гурӯҳи дигар назар ва тафсири мақомоти русро дар ин маврид қабул доранд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

0

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 20-уми марти соли 2024 Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Меҳмет Самсар, сардори Сарраёсати ҳамкориҳои сиёсии кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шариқии Вазорати корҳои хориҷии Туркия дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Дар рафти ин мулоқот ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Тукрия низ ҳузур доштанд, ҷонибҳо “ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, амнияту мудофиа ва илмию фарҳангӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ”-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шудааст, ки дирӯз, 20-уми марти соли ҷорӣ бархе расонаҳои Тоҷикистон хабар дода буданд, ки мақомоти Туркия Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия, ки чанде пеш дар ин кишвар нопадид шуда буданд, боздошт ва ба Тоҷикистон таслим кардаанд. Бар асоси ин хабарҳо, мақомоти Тоҷикистон чанд рӯз пеш ҳар дуи онҳоро тавассути ширкати “Сомон-Эйр” аз Истанбул ба Душанбе интиқол додаанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри як матлаб гуфт, ин хабари истирдоди ғайриқонунии онҳоро ба Тоҷикистон “тасдиқ ва ё рад намекунад, зеро ягон хабари дақиқ аз манобеи расмӣ ба даст наовардааст, лекин чанд ҳолат моро нигарон кардааст, ки нишоне аз як муъомила байни мақомти турку тоҷикро медиҳад.”

Гуфта мешавад, ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон ва Туркия пас аз соли 2014 раванди тозаеро ба худ касб кард. 5-уми марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов, муассис ва раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Истанбул кушта шуд. Туркия бо гузаштаи 9 сол то ҳол қотилону омилон ва фармоишгарони ин қатлро ба расонаҳо фош накардааст.

Тирамоҳи ҳамон сол пас ҳодисаҳои сентябр дар шаҳри Душанбе иддае аз мухолифини исломӣ ва сиёсии Тоҷикистон ба Туркия панаҳ бурданд, мақомоти амниятии Тоҷикистон вориди амал шуда, аз ҳамтоёни турки худ хостанд, ки аз мизбонии ин теъдод аз мухолифини тоҷикистонӣ даст бардорад, мақомоти турк ҳам соле нагузашта аксари онҳоро маҷбур карданд, ки хоки он кишварро тарк кунанд.

Дар муқобил Душанбе низ литсейҳои туркиро, ки зери чатри созмони туркӣ бо номи Шалола дар Тоҷикистон амал мекарданд, қатъ кард ва самти фаъолияти онҳоро тағйир дод. Инчунин бозори тиҷорату саёҳати мухолифини Туркияро ҳам маҳдуд кард. Тоҷикистон чанд моҳе пештар яке аз раҳбарони маҳаллии мухолифини Ардуғонро, ки солҳо боз дар Душанбе кору фаъолият дошт, боздошт ва ба Анқара таслим карда буд.

Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарипов дар Душанбе ҳастанд?

0

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба манобеаш аз мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки Суҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Суҳроби Зафар ва як ё ду нафар аз ёрони наздикашро ҳанӯз рӯзи ҷумъаи гузашта, яъне 15-уми марти соли 2024 бо парвози ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Истанбул ба Душанбе овардаанд.

Он рӯз тарафҳои шом буд, ки ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Истанбул расид. Баробари дар фурудгоҳ нишастанаш як микроавтобуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо афсарони мусаллаҳ ба назди зинаҳои ҳавопаймо рафта истод. Аввал Сӯҳроб Зафар ва ҳамроҳонашро фароварданд, баъд ба мусофирони дигар иҷозати фаромадан доданд. Ростӣ, намедонам, ки як нафари дигар буд ҳамроҳаш ё ду нафар. Вале танҳо набуд Сӯҳроб Зафар” – гуфтааст манбаи “Бомдод”.

Инчунин манбаи дигари ин пойгоҳи хабарӣ гуфтааст, ки он рӯз ҳатто раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал Саймумин Ятимов барои гирифтану бурдани Суҳроби Зафар шахсан ба фурудгоҳ рафта будааст, чун ин амалиёти хеле муваффақ барои мақомоти Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

То ҳол мақомоти Тоҷикистону Туркия ин хабарро расман тасдиқ ё рад накардаанд, аммо тибқи сомонаи “Flightradar” 15-уми марти соли 2024 парвози ҳавопаймои “Боинг 738”-и ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри SZ104 (Истанбул – Душанбе) анҷом шудааст ва он соати 17:27 ба вақти маҳаллӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе нишастааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте мегӯяд, ки ҳамагуна ахбори вобаста ба истирдоди ғайриқонунии раҳбарашон Суҳроби Зафар ва намонядаи ин ҳаракат дар Туркия Насимҷон Шариповро тасдиқ ва ё рад намекунад, зеро ягон хабари дақиқ аз манобеи расмӣ ба даст наовардааст.

Аммо “Гурӯҳи 24” бо нигаронӣ дар ин изҳорот чанд ҳолатеро қайд кардааст, ки муомилаи байни мақомоти турку тоҷикро нишон медиҳад.

Аз ҷумла, дар иттилоияи ин ҳаракат гуфта мешавад, ки дар таърихи 15-уми март телефони Насимҷон Шарипов, ки аз 23-уми феврал нопадид шуда аст, барои чанд соат фаъол шуда, паёмҳои ирсолшударо хондааст, аммо посух надодааст ва ин амал дар гузашта танҳо таввассути мақомоти қудратии Тоҷикистон пас аз истирдод ё бурдани ягон мухолифи тоҷик сурат мегирифт, яъне телефони он мухолифро фаъол карда, назорат мекарданд.

“Гурӯҳи 24” таъкид мекунад, ки ин бори аввал аст, ки Суҳроби Зафар ва Насимҷон дар Туркия ба таври мармуз нопадид мешаванд, чун дар гузашта замони бори аввал дастгир шудани онҳо чунин ҳолате рух надода буд ва онҳо ҳамеша пеш аз дастгир шудан ва ё баъд аз он ба ҳамсангаронашон иттилоъ медоданд.

Нуқтаи дигар гувоҳӣ аз муомилаи мақомоти турку тоҷик он аст, ки вақте наворҳои назоратиро пайгирӣ мекардем, як мошини бо шишаҳои сиёҳкардашуда дар садметрие, ки Насимҷон ғайб зад, аз камераҳои назоратӣ гузашт ва инчунин садоҳое ба гӯш мерасид, ки дар вақти боздошт Шарипов муқавомат нишон дадааст. Мешавад гуфт, ки ҳамон мошини сиёҳи сиёҳшиша, ки дар садметрии дур аз камераҳои назоратӣ гузашт, Насимҷон Шариповро рабуда буд.” – омадааст дар иттилоияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”.

Инчунин Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар ин иттилоия мегӯяд, дар гузашта ҳуқуқшиносони турк дар сурати боздошти аъзои ин ҳаракат пайгири қазияҳо буданд, аммо ҳоло онҳо аз пеш бурдани қазияи Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарипов худдорӣ карда истодаанд ва ҳоло “Гурӯҳи-24” таввассути ташкилотҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқшиноси хориҷиро ба қазияи ин ду нафар ҷалб кардааст.

Дар хулосаи ин иттилоия гуфта мешавад, ки шояд қазияи нопадидшавии аъзои ҳаракат дар Туркия бо қазияи нопадидшавии муаллимони литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон низ метавонад як муомилаи ҷадиде байни мақомоти турку тоҷик бошад, чун дар гузашта ошкор нашудани ҷиноякорони қатли марҳум Умаралӣ Қуватов дар шаҳри Истанбули Туркия бо бастани литсейҳои туркии марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен дар Тоҷикистон муомила шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамагуна тамос бо Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз 10-уми марти соли ҷорӣ ба ин тараф ва тамосҳо бо Насим Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия аз 23-уми феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ қатъ шудааст. Ҳардуи онҳо дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов ба қатл расида буд, беному нишон гаштаанд.

Гуфта мешавад, фаъолон ва аъзои “Гурӯҳи 24” барои пайдо кардан ва озодии Суҳроби Зафар ва Насиҷон Шарипов дар назди бинои сафорат ва консулгарии Туркия дар кишварҳои Олмону Утриш ва Фаронсаву Ҳолланд тазоҳурот баргузор карданд.

Як тоҷик дар Тайланд ба қатли шаҳрванди Русия гумонбараст

0

Пулиси шаҳри Пхукети Тайланд як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони қатли сайёҳи рус ҷустуҷӯ дорад.

Субҳи 13-уми марти соли ҷорӣ, пулиси Тайланд аз хонаи иҷорагирифтаи як шаҳрванди Тоҷикистон ҷасади Артур Мхитарян, шаҳрванди арманитабори Русияро пайдо кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, ҳамсари Мхитаряни 41-сола пас аз посух надодани ҳамсараш ба зангҳои телефонӣ ба ширкате, ки Мхитарян аз он мошин иҷора гирифта буд, муроҷиат кардааст то макони мошини ӯро аз тариқи “GPS” пайдо кунанд.

Мошини ин шаҳрванди Русияро дар назди хонае дар ноҳияи Муанг пайдо кардаанд ва пулис вориди ин хона шуда, ҷасади аз корд захмбардоштаи Мхитарянро пайдо кардаанд.

Дар аксҳое, ки расонаҳо нашр кардаанд дида мешавад, ки дар ин хона инчунин “Марихуана” парвариш мешудааст.

Акс аз Иккапоп Тхонгтуб

Ҳамсояҳо ба пулис гуфтаанд, ки барои хариди “марихуана” ба ин хона хориҷиёни зиёде меомаданд ва шоми 12-уми март садои ҷанҷонли чанд нафарро шунидаанд.

Пас аз тафтишот ва суҳбат бо соҳибхона, пулис муайян кардааст, ки ин хонаро шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Бахтовар Мурозода ба иҷора гирифта будааст.

Ба иддаои пулис Бахтовар шаби 12 ба 13-уми март аз Пхукет бо ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines ба Истанбул парвоз кардааст.

То ҳол назари худи Бахтовар Мурозода дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Оё кумакҳои ИА барои рушди демократияи дар Тоҷикистон натиҷа медиҳад?

0

Иттиҳоди Аврупо барои демократиякунонӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон наздики 2 миллион евро кумак мекунад.

Тавре Иттиҳоди Аврупо дар сомонаи расмияш нашр кардааст, ин иттиҳодия 1 миллиону 855 ҳазор евро грант ҷудо кардааст. Гуфта мешавад, ин кумак бо ҳадафи рушду ҳимояи ҳуқуқи инсон, демократия ва озодиҳои бунёдӣ пешбинӣ шудааст.

Иттиҳоди Аврупо гуфта, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик метавонанд бо тарҳҳое барои пуштибонӣ аз демократия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҳаҷми аз 300 то 400 ҳазор евро ба муҳлати 24 то 36 моҳ дархост диҳанд.

Гуфта мешавад, тарҳҳои пешниҳодшуда бар асоси озмун қабул карда мешаванд. Ин раванд то 17-уми моҳи апрели соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Дар ҳоле Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон наздики 2 миллон евро барои рушди демократия куамк карданист, ки гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури вазъи ҳомиёни ҳуқуқ Мери Лолор аз ҳукумати Тоҷикистон хоста, ки рӯзноманигорон ва ҳуқуқдонони зиндониро озод кунад.

Мери Лолор дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи башари СММ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон интиқод кард. Вай мегӯяд, масъалаи озодии рӯзноманигоронро борҳо бо мақомоти тоҷик дар миён гузоштааст, аммо то ҳол мақомоти касе аз онҳоро озод накардааст.

Дар баробари Мери Лолор низ борҳо дигар намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва СММ дар минбарҳои гуногун аз боздоштҳои густардаи озодандешон, рӯзноманигорон ва мухолифони сиёсии тоҷик интиқод карда, гуфта буданд, ки “ин раванд ба нафъи демократиякунонии ҷомеа нест.”

Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки “ҳамасола чунин кумакҳо миллионӣ аз ҷониби СММ, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои рушди демократия ва ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҷудо мешавад, аммо суоли асосӣ ин аст, ки ин маблағҳо ва ин грантҳо то куҷо вазъи ҳуқуқи башар ва демократия дар Тоҷикистонро беҳтар карданд?”

Кабирӣ мегӯяд, натиҷа ин аст, ки вазъият дар ин ду самт (демократия ва ҳуқуқи башар) рӯз ба рӯз дар Тоҷикистон бадтар мешавад. Ба гуфтаи раҳбари ПМТ, он созмонҳо ва гурӯҳҳое, ки дар Тоҷикистон ин грантҳоро дарёфт мекунанд, ба масоили умдаи демократия ва вазъи ҳуқуқи башар камтар таваҷҷуҳ мекунанд.

Барои мисол, он созмонҳое, ки дар Душанбе фаъолият мекунанд, ба мушкилоти хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ аслан расидагӣ намекунанд, ё барои мисол, ҳамин шабу рӯзҳо фишор болои хонаводаҳои мухолифин дар дохили кишвар хеле бештар шудааст ва расонаҳо ҳаст, ҳамагон медонанд, аммо созмонҳое, ки ин грантҳои ба ном барои рушди демократия ва ҳуқуқи башарро дарёфт мекунанд, худро ба нодонӣ мезананд гӯё ин масъулияти онҳо нест.“, гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Захмӣ шудани як донишҷӯи тоҷик дар Ҳиндустон

0

Дар пайи як ҳамла ба хобгоҳи донишҷӯёни мусалмон дар Ҳиндустон як донишҷӯи доҷик сахт захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ шудааст.

То дар ному насаби ин донишҷӯи тоҷик нашр нашуда ва вазъи саломатияш маълум нест. Инчунин то кунун сафорати Тоҷикистон ва ё дигар мақомоти масъул дар ин кишвар низ изҳороте нашр накардаанд.

Бино ба иттилои пулиси иёлати Гуҷарати ғарбии Ҳиндустон, шаби 16-уми марти соли ҷорӣ гурӯҳе аз донишҷӯёни хориҷии мусалмон дар Донишгоҳи Гуҷароти шаҳри Аҳмадобод дар хобгоҳ намози таровеҳ мехонданд. Дар ин ҳангоми як гурӯҳи 20 то 25 нафарӣ вориди хобгоҳ шуда, ба донишҷӯёни хориҷӣ дарафтоданд ва монеи ибодати онҳо шудаанд. Ҳамлагарон ба донишҷӯёни мусалмон гуфтаанд, ки дар хобгоҳ намоз нахонанд. Дар ниҳоят байни донишҷӯён ва ҳамлагарон задӯхурд сурат мегирад, ки дар натиҷа як донишҷӯи тоҷик ва як донишҷӯи шаҳрванди Шри-Ланка ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ мешаванд.

Донишҷӯён ба пулис гуфтаанд, ки ҳамлагарон ноутбук, телефонҳои мобилӣ, дучарха ва дигар ашёи онҳоро шикаста, ҳатто дар хонаҳои хобашон даромада, ҳамаро хароб кадаанд.

Муовини пулиси шаҳри Аҳмадобод Тарун Дуггал дар суҳбат ба расонаҳои маҳаллӣ гуфта, ки панҷ нафар бо гумони даст доштан дар ҳамлаи хушунатомез ба донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи давлатии Гуҷарати Аҳмадобод боздошт шудааст ва тафтишот барои пайдо кардани афроди гумонбар дар ин ҳодиса идома дорад.

Пулис ҳамчунин гуфтааст, донишҷӯёни хориҷие, ки мавриди ҳамла қарор гирифтанд, аз кишварҳои Афғонистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Шри-Ланка, кишварҳои Халиҷи Форс ва инчунин кишварҳои Африқо буданд ва аз бас ки дар наздикии онҳо масҷиде вуҷуд надорад, аз ҷониби раҳбарияти Донишгоҳ барои онҳо иҷозат дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон намози таровеҳро дар хобгоҳ бихонданд.

Намозхонии мусалмонон дар чанд соли ахир дар кишвари Ҳиндустон ба як баҳси аъзои гурӯҳҳои ростгарои ҳиндуҳо табдил шудааст. Ҳатто баъзан вақт пулис ва худи мақомоти давлатӣ дар чунин корҳо даст доранд. Аз ҷумла, авоили моҳи ҷорӣ дар Деҳлии Нав як корманди пулис пас аз наворбардорӣ аз ҳодисаи латтукӯб кардани мусалмононе, ки дар канори роҳ намоз мехонданд, аз кор озод карда шуд.

Донишгоҳи Гуҷарат, яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаҳои ин иёлат аст, ки он соли 1949 таъсис ёфтааст. Тибқи иттилои вебсайти Донишгоҳ, ҳоло дар он беш аз 200 ҳазор донишҷӯ дар 280 коллеҷу факултетҳои гуногун таҳсил мекунанд.

Тазоҳуроти навбатӣ барои пайдо кардани Суҳроби Зафар ва Насим Шарифов

0

Аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ дар яке аз кишварҳои урупоӣ барои пайдо кардани раҳбари ин гурӯҳ Cуҳроби Зафар ва намояндаи ин ҳаракат дар Туркия Насим Шарифов тазоҳуроти навбатӣ барпо карданд.

Ин гирдиҳамоӣ имрӯз, 19-уми март дар назди бинои консулгарии Туркия дар шаҳри Лоҳаи Ҳоланд баргузор гардида, дар он масъули бахши фарҳанги “Гурӯҳи 24” Муҳаммадҷон Абдуллоев, Абдуллоҳ Абуаҳмад ва намояндаи ПМТ дар кишвари Ҳоланд Сунатуллоҳ Давлатзода иштирок ва суханронӣ карданд.

Тазоҳуркунандагон дар даст шиору дархостҳои мухталифе бо аксҳои Cуҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насим Шарифов, намояндаи ин ҳарактар дар Туркияро доштанд ва аз мақомоти кишвари Туркия талаб карданд, ки ҷойи нигоҳдории ин мухолифонро ошкор ва онҳоро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд.

Аз ҷумла, дар аксу шиорҳо дар муроҷиат ба мақомоти Туркия навишта шудааст, ки “Аз шумо фақат интизори адолатро дорем”, “Оё бо касоне, ки аз шумо паноҳгоҳ талаб мекунанд, ҳамин тавр рафтор мекунед?”, “Ҳамкорӣ бо золимон хиёнат ба мазлум аст” ва “Суҳроб Зафар ва Насим Шарифовро озод кунед. Бародаронатонро таслими душман накунед” .

Фаъолони тоҷик мегӯянд, ки мақомоти Туркия набояд иҷоза бидиҳанд ҳодисае, ки болои даҳҳо фаъоли истирдодшуда омад, яъне дар Тоҷикистон шиканҷаву зиндонӣ шуданд, боз бо Суҳроби Зафар ва Насим Шарифов такрор шавад.

Гуфта мешавад, пештар аз ин фаъолон ва аъзои “Гурӯҳи 24” дар назди бинои сафорат ва консулгарии Туркия дар кишварҳои Олмону Утриш ва Фаронса тазоҳурот баргузор карда буданд.

Намояндагони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мегӯянд, ки ин тазоҳуротҳо то муайян шудани макон ва озодии раҳбарашон Суҳроби Зафар ва намояндаи ин ҳаракат дар Туркия Насим Шарифов идома хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳамагуна тамос бо Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз 10-уми марти соли ҷорӣ ба ин тараф ва тамосҳо бо Насим Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия аз 23-уми феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ қатъ шудааст. Ҳардуи онҳо дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов ба қатл расида буд, беному нишон гаштаанд.

Мухолифони тоҷик фишорҳои ахир ҳукуматро “ҷинояти зидди башарӣ” хонданд

0

Давоми чанд рӯзи ахир баъзе мухолифон аз афзоиши фишори мақомоти Тоҷикистон болои хонаводаҳояшон шикоят мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, қарор аст рӯзҳои наздик Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз кишварҳои аврупоӣ сафар кунад ва аз ин рӯ, мақомот болои хонаводаҳои мухолифон фишор меоранд, ки фарзандонашонро бигӯянд, то бар зидди Эмомалӣ тазоҳурот ташкил накунанд ва дар чунин гирдиҳамоиҳо иштирок накунанд.

То ҳол расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти ин сафар чизе нашр накардаанд. Ва маълум ҳам нест, ки он кай ва ба кадом кишвари аврупоӣ анҷом мешавад.

Дар робита ба ин қазия Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи чанд ҳизбу созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷ аз кишвар изҳорот нашр карда, ин рафтори мақомоти тоҷикро “ҷинояти зидди башарӣ” ҳисобида, маҳкум кардааст.

Ин эътилофи оппозитсионӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хоста, ки “даст аз гаравгонгирии наздикону пайвандони мухолифони сиёсиаш бардорад.”

Дар изҳороти ПМТ гуфта мешавад, ки масъулини тоҷик “ба манзили наздикони мухолифон ворид шуда, тамоми амвол ва дороиҳои онҳоро, аз ҷумла хона, мошин, замин, молу мулки ғайриманқул ва амсоли инҳоро сабт карда, аз хонаводаи онҳо забонхат мегиранд, ки дар ҳоли иштироки фарзандонашон дар тазоҳуротҳои зидди Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин молумулк мусодира хоҳад шуд. Инчунин таҳдидҳое ба монандӣ қатъ кардани барқ ба ин хонаводаҳо низ вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” низ бо нашри изҳороте фишор болои хонаводаҳои мухолифонро дар дохили кишвар маҳкум карда, ин кирдори мақомотро “хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон” донистааст. Ҳамчунин ин ҳаракати сиёсӣ аз мардуми кишвар хоста, ки “аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд.

Дар изҳороти “Гурӯҳи 24” гуфта мешавад, ки фишори мақомот болои хонаводаҳои онҳо руҳияи муборизаро дар онҳо нашикастааст ва баракс, хабари омадани Раҳмон ба Аврупо мухолифонро хушҳол сохта, “пешопеш рангу тухми худро харидаанд, то пешвози махсуси Раҳмонов раванд.

Ёдовар мешавем, ки мухолифни ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Омлон дар торихи 28-29-уми сентябри соли 2023 гирдиҳоамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд. Дар байни боздоштшудаҳо ҳатто аз кӯдакони 3-сола то пирамардони 80-сола ҳам вуҷуд дошт.

Бурдани ҳоҷиён ба ҳаҷ танҳо тасаввути ширкатҳои Ҳасан Асадуллозода

0

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе маблағи ҳаҷро барои соли ҷорӣ эълон кард.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, имсол ҳар нафаре, ки ҳаҷ рафтан мехоҳад, бояд 57 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад. Ва таъкид шудааст, ки ин маблағ бояд ғайринақдӣ ва танҳо дар “Ориёнбонк”, бонки Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмон пардохт шавад.

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ин нархномаро, ки тамоми хароҷоти як ҳоҷиро аз рафтан то баргаштан ва масрафҳои сафар дар бар мегирад, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

Маблағи ҳаҷ дар ҳоле ба “Ориёнбон”-и Ҳасан Асадуллозода ворез мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии берақиби ӯ – “Сомон Эйр” низ ҳамасола бо парвозҳои махсус ҳоҷиёнро аз Душанбе ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мебарад.

Дар хабарномаи Кумитаи дин гуфта мешавад, оғози сафарҳо ба ҳаҷ аз нимаи дуюми мойи соли ҷорӣ шуруъ мешавад. Аммо дар робита ба раванди сабти ном кардани шаҳрвандон барои сафар ба ҳаҷ ва пардохти маблағҳои иловагӣ як манбаъ аз вилояти Хатлон ба Azda tv гуфт, ки миқдори маблағи ҳаҷ пеш аз эълони Кумитаи дин маълум буд, чун аз хеле боз сабти ном шуруъ шудааст ва дар бархе ноҳияҳои ин вилоят дигар ҷойи холӣ намондааст. “Агар хоҳед, ки шуморо ба рӯйхат ворид кунанд, бояд ба ғайр аз маблағи давлатӣ аз 1300 то 1700 доллар пули иловагӣ медиҳед, баъд аз он шуморо дар дигар ноҳияҳо номнавис мекунанд.”, мегӯяд манбаъ.

Ҳамчунин Кумитаи дини кишвар мегӯяд, “ҳеч шахс ва ҳеч ширкати сайёҳие салоҳият ва имконияти сафарбарнамоӣ ва таъмини шароити будубоши ҳаҷравандагонро надорад.” Ба гуфтаи ин ниҳод, бяод тамоми хоҳишмандони ҳаҷ танҳо ба воситаи онҳо сафар кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар дигар кишварҳо ширкатҳои сийёҳӣ ҷудо аз давлат шаҳрвандонашонро ба ҳаҷ мебаранд.

Пас аз боз шудани роҳҳо бо кишвари ҳамсоя ва инчунин осон кардани дарёфти визаи умра аз ҷониби Арабистони Саудӣ аксари мардум бо дигар роҳҳо тариқи кишварҳои ҳамсоя ба ҳаҷ ва умра сафар мекунанд, ки ин кор даромади ширкатҳои наздик ба хонаводаи раисҷумҳурро, ки танҳо онҳо ба ин кор машғул буданд, кам кард.