23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 238

Лайкгузорӣ роҳи чор сокини ноҳияи Ванҷро ба зиндон боз кардааст

0

Мақомоти интизомии Тоҷикистон чор сокини ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро барои “лайк” гузоштан зери наворҳо боздошт кардаанд.

Имрӯз, 11-уми августи соли 2023, Домулло Назрӣ, хатиби масҷиди ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев ноҳияи Ванҷ дар вақти хутбаи намози ҷумъа дар бораи боздошти 4 сокини ин ноҳия, ки 3 нафари онҳо аз ҳамин ҷамоат ҳастанд, хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин афроди боздоштшуда, ки 4-5 соли зиндон онҳоро таҳдид мекунад, “одамони шинохта ва афроди баобурӯ” дар ҷомеа ҳастанд. Вай аз дигар намозгузорон ҳам хост, ки ба гурӯҳҳои мухолифин, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, ҳамроҳ нашаванд ва падарону модарон ҳам дар ин амр бояд пеши роҳи фарзандони худро бигиранд, то ба “гурӯҳҳои мамнӯъ” дохил нашаванд.

Хатиби масҷиди ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳия Ванҷ, ки хутбаи пеш аз намози ҷумъаашро аз рӯи варақи аз ҷониби мақомот ирсолшуда қироат мекард, тасдиқ карда, ки ҷонибдорони мухолифин ва дигар гурӯҳҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон дар ин ноҳия хеле зиёд шудааст.

Гуфта мешавад, аксари сокинони ноҳияи Ванҷ бар ин боваранд, ки дар ин минтақа яке аз роҳҳо таъсиргузорӣ ба мардум ва бахусус ҷавонон минбарҳои масҷидҳо мебошанд. Дар ин минбарҳо ба ҳисоби миёна ҳар ҳафта дар вақти хутбаҳои намози ҷумъа имомхатибон чанд дақиқаи вақти худро дар “таблиғ”-и гурӯҳҳои мамнӯъ ва бавежа мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, сарф мекунанд. Аксари ҷавонон ҳам баъд аз ин “таблиғот” сӯроғи паёму наворҳои мухолифин дар шабакаҳои иҷтимоӣ мераванд.

Беш аз 1000 нафар бо иттиҳоми терроризму экстремизм дар пайгард қарор доранд

0

Тоҷикистон зиёда аз 1000 нафар аз шаҳрвандони худро бо иттиҳомӣ “терорризм” ва “экстримизм” дар пайгарди ҷаҳонӣ қарор додааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз, 11-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки беш аз 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризму экстремизм дар пайгард қарор доранд.

Ба гуфтаи вазир дар шаш моҳи аввали ҷорӣ аз шумораи умумии нафарони бо иттиҳоми терроризм дар пайгард қарор дошта, 32 нафарошон боздошт ва 130 нафари дигар аз хориҷ “ихтиёран” ба ватан баргардонда шудаанд.

Рамазон Раҳимзода дар идома қайд кард, ки 36 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ будаанд дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла 18 нафар дар Русия, 15 нафар дар Туркия, боқимонда дар Олмону Лаҳистон ва ғайра боздошт ва ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.

Инчунин, вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки “дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ” 150 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ, ки дар хориҷи кишвар дар ҷангҳо иштирок кардаанд, “ихтиёран ва бо хоҳиши худ” ба Ватан баргардонда шудаанд. Аз ин шумора 131 нафарашон аз Русия, аз Туркия 7 нафар, аз Қазоқистон 5 нафар, Сурияву Ироқу Миср 6 нафар ва аз Қирғизистон 1 нафар будаанд.

Рамазон Раҳимзода дар ин нишаст иддао кард, ки таълимоти ғайриқонунии динӣ дар хориҷ ва дохили кишвар омили асосии пайвастани ҷавонон ва калонсолон ба равияву ташкилотҳои террористӣ буда, мақомот аз 52 шаҳрванди Тоҷикистон 18 нафарашонро бо ин баҳона аз хориҷ ба Ватан овардаанд.

Рамазон Раҳимзода дар тамоми нишаст, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст ва кайфияти хеле паст дорад, аз ягон ташкилоти терористиву экстремистӣ, нафарони боздоштшуда ва дар кадом кишвар ҷангидани зодагони Тоҷикистон ном набурд. Инчунин вазир нагуфт, ки аз шумораи умумии боздоштшудаҳо ва ба Тоҷикистон баргаштаҳо чанд нафарашон дар зиндон қарор доранду чанд нафарашон дар озодӣ.

Дар нишасти матбуотӣ аз вазир дар бораи истирдоди фаъоли тоҷик Низомиддин Насриддинов аз Белорусия пурсиданд, аммо Раҳимзода дар ин бора маълумоти пурра надода гуфт, ки Насриддинов барои содир кардани ҷиноятӣ экстремистӣ дар пайгард қарор дошту боздошт шудааст ва ҳоло дар тафтиши КДАМ қарор дорад.

Ба гуфтаи огаҳони умур, дар миёни боздоштшудаҳо ва дар пайгард қарор доштаҳо мухолифон ва фаъолони тоҷик кам нестанд, чун мақомоти Тоҷикистон асосан ба ин гурӯҳҳо иттиҳоми экстремизму терроризмро мезанад.

Афзоиши воридоти мошинҳои кӯҳна ба Тоҷикистон

0

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ аз афзоиши воридоти мошинҳои кӯҳна ба Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2023 ба ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 36 ҳазор адад мошинҳои бароришашон то соли 2013 ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 21.6% зиёдтар аст.

Ба қавли Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин теъдод дар соли 2022 беш аз 45 ҳазор ададро ташкил дода буд ва дар соли 2021 бошад, воридоти мошинҳои бароришашон то соли 2013 зиёда аз 27 ҳазор ададро ташкил дода аст.

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар бораи иҷроиши Қарор Ҳукумати Тоҷикистон бораи манъи воридони мошинҳои бароришашон то соли 2013 ба расонаҳо гуфт, ки иҷроиши ин қарор аз 2-уми октябри соли ҷорӣ оғоз мешавад.

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳазор мошин ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 500 ҳазор адади онҳоро мошинҳои сабӯкрав ташкил медиҳад.

Эътирофи Эмомалӣ Раҳмон ба нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

0

Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон эътироф карда, ки нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале дар муддати 15 соли оянда ин мушкил оҳиста-оҳиста камтар хоҳад шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 11-уми августи соли 2023 ҳукумати кишвар “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038”, тасдиқ кард.

Эмомалӣ Раҳмони 71-сола, ки яке аз дарозумртарин диктаторҳои дунё дар минтақа шинохта мешавад, ин иқдоми худро “дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357 тасдиқ” кардааст.

Иҷроиши ин санад барои 15 соли оянда бо баргузории бархе чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ва гумон аст, ки то вақте ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки тибқи раддабандиҳои ҷаҳонӣ яке аз фасодзадатирини низомҳо ва ситамкортарини ҳукуматҳо дар ҳаққи мардум ва сокинони кишвар шинохта шудааст, ба нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хотима гузорад.

Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки “Стратегияи мазкур тамоми нақшаҳои миллии мавҷуда вобаста ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигари самти ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум карда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад.”

Аммо ҳамин ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи иснон ва дигар созмонҳои байналмилалиро дар бораи зиндониҳои сиёсӣ, фаъолони мазҳабӣ ва ҷомеи маданӣ ва рӯзноманигоронро қабул надорад.

Дар 7 соли ахир чандин маротиба ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи ва дигар созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон хоста буданд, ки фаъолони мазҳабӣ ва ҷомеаи маданӣ, рӯзноманигорон ва зиндониёни сиёсии кишварро, ки бегуноҳ пушти деворҳои зиндон шиканҷа мешаванд, бидуни қайду шарт раҳо кунад, аммо Эмомалӣ Раҳмон тамоми ин тасвиҳоро нодида гирифта, нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро зиёдтар кардааст.. 

Гуфта мешавад, “ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои соҳавии СММ, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор таҳия ва қабул гардидааст.” Аммо, то замоне, ки ин ҳукумати фасодзада дар сари қудрат аст, иҷроиши ин санад, зери суол қарор мегирад.

Омбудсмени тоҷик дар Варшава

0

Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон рафтаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳайати кории Тоҷикистон дар Варшава “масъалаҳои марбут ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизро” бо сохторҳои мухталифи Ҷумҳурии Лаҳистон баррасӣ менамояд.

Ба қавли АМИТ “Ховар”, дар рафти ин сафари корӣ намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 8-уми август бо Директори Раёсати кишварҳои шарқии Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷонибаро дар самти ҳуқуқи инсон баррасӣ кардаанд.

Инчунин, 9-уми августи соли ҷорӣ Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ваколатдори ҳуқуқи инсони Лаҳистон вохӯрӣ намуда, дар бораи “дастовардҳо”-и Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва қабули қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, ки соли гузашта қабул гардид, гуфтугӯ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол сомонаи расмии Ваколатдори ҳуқуқи инсони Лаҳистон вохӯрии ҷонибҳоро тасдиқ карда гуфтааст, ки ин мулоқот бо дархост ва мувофиқаи Бунёди Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки барои табодули иттилоъ дар бораи фаъолиятҳои ҳарду ниҳоди ҳуқуқи башар, баргузор шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар мулоқот Ваколатдорони ҳуқуқи инсони ду кишвар Марчин Виончек (Marcin Wiącek) ва Умед Бобозода, инчунин муовини вазири адлияи Тоҷикистон Шараф Каримзода ва Мачией Крук (Maciej Kruk), муовини директори Гурӯҳ оид ба корҳои президентӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, вохӯриҳои намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон бо мақомдорони Лаҳистон то 13-уми август идома хоҳад кард.

Бояд қайд кард, ки дар хабарҳои расмӣ ба ҷуз номи Ваколатдори ҳуқуқи инсон Умед Бобозода номи дигар аъзоёни ҳаайт оварда нашудааст ва маълум нест, ки ин ҳайат аз чанд нафар иборат аст ва киҳо шомили онанд.

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҳоле бо намояндагони яке аз кишварҳои аврупоӣ дар масъалаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз суҳбат мекунад, ки ин ниҳод тақрибан дар кишвар ҳеҷ таъсире надошта, дар аксар ҳолат аз манофеъи ҳукумат ҳимоят мекунад ва мухолифон раҳбари ин ниҳодро “адвокати ҳукумат” меноманд.

Аммо дар сомонаи расмии Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфта шудааст, ки “Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба он равона карда шудааст, ки ҷавобгӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, барои ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон механизми самарабахш бошад, инчунин фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ, гузаронидани санҷишу тафтишҳо ва мониторинги ҳуқуқу озодиҳои инсон ва корҳои таҳлилӣ иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон равона карда шудааст“.

Кам шудани фурӯши барқ ба хориҷ

0

Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояро кам кардаанд, аммо сокинони кишвар аз бебарқӣ шикоят доранд.

Имрӯз, 10-уми августи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотии ширкати “Барқи тоҷик”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар бораи коҳиши фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя хабар доданд. 

Ба иддаои муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Абдулло Қурбонзода, ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя ​​дар нимсолаи аввали соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 85,3 миллион кВт/соат кам шуда, 971,2 миллион кВт/соатро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, харидорони аслии нерӯи барқи Тоҷикистон Афғонистон ва Узбакистон буда, соли 2023 ба Афғонистон 682 миллион кВт/соат ва ба Узбекистон 289 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​фурӯхта шудааст.

Намояндагони ширкат мегӯянд, ки Тоҷикистон дар фасли тобистон ба Афғонистон дар як шабонарӯз 9-9,5 миллион кВт/соат ва ба Узбекистон 6-6,5 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​интиқол медиҳад, дар фасли зимистон ин рақам то 30-40 МВт/соат коҳиш меёбад.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ҳатто дар ҳоле ки худаш ба камбуди нерӯи барқ ​​дучор мешавад, содироти нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя ба хотири аз даст надодани бозор ва бекор наистодани таҷҳизоти энергетикӣ, қатъ намекунад. 

Инчунин муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Қурбонзода гуфт, ки  ширкати афғонистонии “Da Afghanistan Breshna Sherkat” 28 миллион қарзашро пардохт кардааст. Аммо мақомдори тоҷик аз ҷузъиёти чӣ гуна ҳал шудани мушкили қарз, чизе нагуфт.

Мақомот лимити барқро дар кишвар ба боду ҳаво рабт доданд

0

Ширкати “Барқи тоҷик” иллати ҷорӣ шудани “лимит” ё маҳдудият дар реҷаи интиқоли нерӯи барқ ба сокинонро дар фасли тирамоҳ ва зимистинон, ба боду ҳаво рабт дод

Имрӯз, 10-уми августи соли ҷорӣ нишасти хабарии ширкати “Барқи тоҷик” баргузор гардид. Дар ин нишаст намояндаи ин ширкат Тоҳиров Дустмурод ба рӯзноманигорон гуфт, ки лимити барқ дар фасли тирамоҳу зимистин бевоста ба обу ҳаво ва резиши об дар маҷрои дарёи Вахш рабт дорад. 

Ба гуфтаи Тоҳиров “агар дар маҷрои дарёи Вахш резиши об аз ҳадди миёна бисёртар гардад ва об ба обанбори Норак бештар ворид гардад, нотавозунӣ дар истеҳсолу истифодаи нерӯи барқ камтар мегардад”.

Аммо сокинони баъзе аз минтақаҳои кишвар мегӯянд, ки агар ҷорӣ шудани лимит ба камобӣ рабт дошта бошад, пас чаро дар фасли баҳору тобистон ҳам, рӯзона барои чанд соат дар хонаҳояшон барқ надоранд. 

Мақомдорон ҷорӣ шудани лимитро дар фасли гармо бештар ба хотири таъмир ва ё “корҳои профилактикӣ” рабт медиҳанд, аммо сокинон бар ин боваранд, ки ин маҳдудиятҳо ба хотири зиёд кардани фурӯши барқ ба хориҷи кишвар сурат мегирад.  

Камбуди барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, давоми 30 сол то ҳол ҳалли худро пайдо накардааст. Аммо фурӯши он ба хориҷи кишвар бемушкилие идома дорад.

Ҷубронпулии Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои “Фароз” дар Кӯлоб

0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, яке аз захмиҳои фоҷеаи Кӯлоб, ки дар ҳолати вазнин қарор дошт, вафот кардааст.

Бино иттилои расонаҳо, Мадинаи Ҷумъахони 15-сола, ки шоми 6-уми августи соли ҷорӣ дар пайи бархурди “дулан” бо мошинҳо ва хонаҳои сокинон дар шаҳри Кӯлоб захмӣ шуда буд, дар бемористон вафот кардааст.

Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон таҳқиқоти худ дар бораи сонеҳаи шоми 6-уми августро ба охир нарасонидааст. Аммо пеш аз ин дар ҳамон соатҳои аввали сар задани ин ҳодиса Вазорати корҳои дохилӣ ва котиботи прзединет шитобон ин ҳодисаро ба сабаби аз кор мондани систамаи боздорандагӣ ва ё тормоз гуфта буданд.

Аммо рӯзе пеш Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони Миллӣ дар суҳбат ба Аздо тв иддаъо карда буд, ки барориши он “дулан”-и ба садама дучоршуда, ки дар гузашта моли ширкати онҳо будааст, соли 2011 аст ва тибқи меъёрҳои қабулшуда муҳлати истифодаи баъди панҷ сол, яъне дар соли 2016 ба поён расида буд.

Ин “дулан”-е, ки дар шаҳри Кӯлоб сабабгори марг ва ҷароҳати беш аз 20 нафар шудааст, дар ҳоли ҳозир ба яке аз ширкатҳои зертобеи “Фароз” таъаллуқ дорад. Ширкати “Фароз” моли домоди Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадзоир Соҳибов аст.

Корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумат ва мақомоти кишвар хостанд, ки тамоми омилони ин ҳодиса, аз ҷумла, моликони ширкати “Кафолат, воридот ва содирот”, ки ин мошин ба онҳо таъаллуқ дорад, бояд муҷозот шаванд. Ширкати “Кафолат, воридот ва содирот” яке ширкатҳои зертобеи “Фароз” аст.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешгирӣ кардан ин даъво ва шикояти зардидаҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба 8 нафар аз соҳибони мошинҳои зардида, пайвандони фавтидаҳо ва ҷароҳатбардошташҳо “ҷубронпулӣ” дода аст.

Коршиносон мегӯянд, гунаҳкори асосӣ дар ин фоҷеа худи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ихтиёроти зиёдеро аз ҷумла, додани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, назорати техникии автомашинаҳо, қисман назорати роҳҳо ва дигар ихтиёроти зиёдеро ба ширкатҳои вобастаи домодҳояш супоридааст.

Гуфта мешавад, бо гузашти 4 рӯз то ҳол теъдоди дақиқи қурбониён ва осебдидагони ин ҳодиса бо зикри пурраи ному насаби онҳо эълон нашудааст. Мақомот расман теъдоди фавтидагонро дар ибтидо 10 нафар ва шумори маҷрӯҳонро 11 эълон карда буданд, вале расонаҳои мустақил ба “Радиои Озодӣ”, “Паём”, “СССР” ва дигарон теъдоди онҳоро бо шумули ронанда аз 10 то 16 нафар ва теъдоди маҷрӯҳонро беш аз 14 каси дигар гуфта буданд.

Патент 4 баробар қиммат мешавад?

0

Кумитаи буҷа ва андози Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ҳаҷми пешпардохтҳои сабтшуда, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми кор дар Русия пардохта мешавад, боло бурда шавад. 

Ин тағйирот ба қонунгузорӣ аз сӯи намояндагони ҳизби “Справедливая Россия” бо роҳбарии Сергей Миронов омода шудааст. Сергей Миронов борҳо дар расонаҳо ва дар Думаи давлатии Русия бар зидди муҳоҷирон суҳбат карда буд.

Тибқи ин лоиҳаи қонун, ҳаҷми пешпардохтҳои сабтшуда чаҳор маротиба афзоиш ёфта, аз 1200 рубли қаблӣ то 4800 рубл боло бурда мешавад. Нархи ниҳоии патент, ки ҳар моҳ пардохт мешавад дар шаҳру ноҳияҳоии Русия фарқ мекунад. Мисол дар шаҳри Маскав он 6600 рубл арзиш дошта, баъд аз тағйирот дар қонун он ба 14772 рубл баробар хоҳад шуд ва ба ҷайби муҳоҷирони кории тоҷик зарбаи калон мезанаду мушкилоташонро бештар хоҳад кард.

Сабаби яку якбора боло бурдани нархи патентро намояндагони ҳизби миллатгарои “Справедливая Россия” ба афзоиши нигаронии шаҳрвандони Русия аз теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва ҳамчунин мушкилоти мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа рабт додаанд. 

Зимнан, оморҳои расмӣ дар соли 2022 аз он ҳикоят мекунанд, ки беш аз 3 миллиону 47о ҳазор шаҳрванди хориҷии барои кор ба Русия рафтаанд, ки зиёда аз 90%-и онҳоро муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ташкил додаанд.

Истиқрор ҳудуди 10 ҳазору нерӯи Лаҳистон дар марз бо Беларус

0

Нигарониҳои мақомот ва марзбонони лаҳистонӣ аз самти марзҳои муштараки ин кишвар бо Беларус то рафт зиёдтар мешавад.

Бино ба иттиллои расонаҳои лаҳистонӣ, Вазорати дифои ин кишвар тасмим гирифтааст, ки ҳудуди 10 ҳазор нерӯи ҷадид ба марзҳои шарқии ин кишвар ирсол намояд.

Вазири дифои Лаҳистон Мариюш Блашак ба расонаҳо гуфтааст, 4 ҳазор нафар аз ин нерӯҳо мустақим ба марзҳо фиристода мешаванд, то якҷоя бо нерӯҳои Хадамоти марзбонӣ назорат ва муҳофзати сарҳадҳоро пурзӯр намоянд ва боқӣ 6 ҳазор нафари дигар дар минтақаҳои назди марзӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Пеш аз ин дар оғози ҳафтаи ҷорӣ мақомоти лаҳистонӣ эълон карда буданд, ки ҳудуди 2 ҳазор нафар нерӯи иловагӣ барои пурзӯр кардани назорат ва муҳофизати марзҳо ба шарқи ин кишвар фиристода мешавад.

Хадамоти марзбонии Лаҳистон ҳам иттилоъ дода буд, ки дар чанд моҳи ахир вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз тариқи марзҳои Беларус ба хоки ин кишвар зиёд шудааст. Афзоиши вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон, ки аксари онҳо аз кишварҳои Ховари Миёна, Шимоли Африқо, Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо мебошанд, мақомоти Лаҳистонро сахт нигарон кардааст.

Мақомоти лаҳистонӣ мегӯянд, тибқи оморҳои мавҷуд, дар соли ҷорӣ ҳудуди 19 ҳазор бор талоши убури ғайриқонунии сарҳад аз самти Баларус сабт шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба дубаробар зиёдтар аст. Лаҳистон дар соли 2022 ҳудуди 16 ҳазор бор талошҳо барои убури ғайриқонунии муҳоҷиронро сабт карда буд ва алакай дар беш аз 7 моҳи соли ҷорӣ ин теъдод ба 19 ҳазор бор афзоиш ёфтааст.

Ба бовари мақомоти Лаҳистон, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки бархе нерӯҳои зархариди “Вагнер”-и Русия, ки дар баъзе манотиқи наздисарҳадии Беларус бо Лаҳистон мустақар шудаанд, ҳамроҳ бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ вориди хоки Лаҳистон шаванд ва суботу амнияти ин кишварро халалдор намоянд.

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина муносибат байни кишварҳои Лаҳистону Беларус низ то рафт сардтар мешавад. Беларус дар ҷанги Украина дар сафи муттаҳидони Русия қарор дорад ва Лаҳистон бошад дар сафи муттаҳидони Украина.