16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 281

Шиддат гирифтани танишҳои сиёсӣ байни Озарбойҷону Эрон

0

Таншиҳои сиёсӣ-дипломатии Озарбойҷону Эрон дар ин чанд рӯзи ахир шиддат гирифтааст. То онҷо ки Боку чанд дипломати эрониро муҳлат дода, то зарфи 48 соат хоки ин кишварро тарк кунанд.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Боку 6-уми апрели соли ҷорӣ ба Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон эҳзор ва “нигаронии шадид”-и мақомоти ин кишвар ба ӯ расонида шудаст. Ҳамзамон мақомоти Озарбойҷон чор корманди дипломатии Эронро “унсурҳои номатлуб” хонда, аз кишвараш ихроҷ кард.

Вазорати корҳои хориҷаи Озарбойҷон бо нашри изҳороте гуфт, ки ин чор корманд ва дипломати сафорати Эрон ба далели фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва мухолиф бо “вазифаи дипломатӣ” ва инчунин тибқи Конвенсияи Вена дар бораи назорати равобити дипломатӣ миёни кишварҳо “унсурҳои номатлуб” шинохта шуда, барояшон 48 соат муҳлат дода шудааст, ки аз қаламрави ин кишвар хориҷ бишаванд.

Расонаҳои Озарбойҷон ҳамчунин хабар медиҳанд, ки бо ихроҷи дипломатҳо мақомоти амниятии ин кишвар 6 нафари дигарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Эрон боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин 6 тан бо иттиҳоми таъсиси гурӯҳи махсус ва даст задан ба амалиёти мусаллаҳона “қасди ташкили ҳукумати исломӣ дар Озарбойҷонро доштаанд.”

Ба гузориши расонаҳо, мақомҳои давлатии Озарбойҷон иддао доранд, ки нафарони боздоштшуда бо сафорати Эрон дар Боку робита доштаанд.

Танишҳо байни ин ду кишвар пас аз ҳамлаи мусаллаҳона ба сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон дар охири моҳи январи шиддат гирифт. Чанд ҳафтае пеш сафири Эрон дар Боку низ дар эътироз ба вуруди як ҷангадаи эронӣ ба қаламрави Озарбойҷон ба Вазорати хориҷаи ин кишвар эҳзор шуда буд.

Сафари Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон

0

Президенти Тукрманистон ҳамроҳ бо гурӯҳе аз тоҷирон ва ҳунармандони кишвараш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзҳои 10-11-уми апрели соли 2023 Сардор Бердимуҳамедов, Президенти Туркманистон дар раъси як ҳайъати расмӣ вориди Душанбе хоҳад шуд.

Ба қавли расонаҳо, дар ин сафари дурӯза Президенти Туркманистонро ҷамъе аз тоҷирону сармоягузорон ва ҳунармандону овозхонони кишвараш низ ҳамроҳӣ мекунанд.

Тибқи рӯзномаи ин сафар, пас аз дидори сарони давлатҳо, форуми тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон низ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, қарор аст дар он ҳудуди 300 нафар тоҷирону соҳибкорон аз манотиқи мухталифи ҳар ду кишвар иштирок кунанд.

Туркменская культура будет представлена в Таджикистане | Культура
В рамках запланированного на 10-11 апреля официального визита Президента Сердара Бердымухамедова в Таджикистан состоятся многочисленные мероприятия, в том числе выступления туркменских мастеров искусств.
turkmenportalТуркменистан, интернет портал о культурной, деловой и развлекательной жизни в Туркменистане

Гуфта мешавад, дар доираи ин сафар консерти фарҳангии ҳунармандону овозхонони туркманистонӣ дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни тоҷикистониашон баргузор хоҳад шуд.

Ҳамзамон дар назар аст, тайи ин сафар ҷонибҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва тарназити молу колоҳои тиҷоратӣ байни ду кишвар гуфтугӯ кунанд.

Дар қатли блогери рус Алексей Навалний низ муттаҳам мешавад

0

Мақомоти Русия 5-уми апрели соли ҷорӣ Даря Тереповаи 26-соларо, ки дар қатли блогери машҳури рус Максим Фомин (маъруф ба Владлен Татараский) гумонбар аст, ба терроризм муттаҳам кард.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи миллии зидди терроризми Русия иддао карда, ки қатли ин блогери низомии рус ба дасти истихбороти Украина ва дар ҳамкорӣ бо сиёсатмадори мухолифи Путин, Алексей Навалний, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад, сурат гирифтааст.

Аммо мақомоти Украина даст доштани истихбороти ин кишвар дар қатли блогерро рад карда, мегӯянд, ки қатли ӯ натиҷаи кашмакашҳои дохилии худи Русия аст.

Гуфта мешавад, блогер Владлен Татараский, ки ҷонибдори ашаддии ҷанг дар Украина буд ва аз он гузориш омода мекард, рӯзи 2-уми апрел дар як қаҳвахона дар шаҳри Санкт-Петербург тарконида шуд. Дар ин таркиш бар иловаи кушта шудани Татарский дасти кам 42 нафари дигар захмӣ шуд.

Ин блогер тарафдори Русия бо шибҳинизомиёни ҷудоиталаб дар шарқи Украина ба нафъи Русия меҷангид. Ӯ баъдан шарҳвании Русияро низ ба даст оварда буд.

Лубнон Исроилро мушакборон кард?

0

Расонаҳои Исроил мегӯянд, ки баъд аз зуҳри имрӯз дар зарфи 10 дақиқа ҳудуди сад мушак аз ыониби Лубнон ба самти шаҳракҳои исроилинишин партофта шудааст.

Бино ба иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира”, бархе мақомоти исроилӣ ба расонаҳо хабар додаанд, ки аз ҷониби Лубнон ду маротиба бархе шаҳракҳои исроилӣ мавриди мушакборон қарор гирифтанд.

Ба қавли манбаъ, мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки бархе аз ин мушакҳо тавассути сомонаи “Гунбади оҳанин” раҳгирӣ ва ё дар ҳаво тарконда шудаанд, аммо бархе шоҳидони айнӣ гуфтаанд, теъдоди аз мушакҳо ба шаҳракҳо исобат карда, боиси харобиҳо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигарони шабакаи “Ал-Ҷазира”, ки аз ҷои ҳодиса гузориш медоданд, гуфтанд, ки хабари партоби 100 мушак дар даҳ дақиқа дурӯғ буда, дар асл шумори мушакҳои партобшуда аз 30 адад бештар нест.

Ба қавли манбаъ, барзиёд нишон додани мушакҳо воҳимаи мақомоти Исроил буда, барои бузург нишон додани ин ҳодиса хабари дурӯғро паҳн кардаанд.

Ҳамазамон мақомоти исроилӣ бо масдуд кардани бархе гузаргоҳҳо ва фурӯдгоҳҳо аз сокинони манотиқи наздисарҳдӣ хостаанд, ки то замони иттилои баъдӣ аз таҳхонаҳои эминии худ хориҷ нашаванд.

Гуфта мешавад, бархе манобеъ таъкид кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд, ин ҳамла аз ҷониби нерӯҳои муқовимати фаластинӣ дар посух ба юриши исроилиҳо ба Масҷиди Ақсо ва намозгузорон, ки аз субҳи дирӯз то имрӯз дар Қудс идома дорад, гирифта шудааст.

Ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба Масҷиди Ақсо ва намозгузорону эътикофнишастагони он, ки дар байни онҳо занону кӯдакон ва пиронсолони зиёде низ ҳузур доштанд, на танҳо хашми фаластиниҳо, балки аксар кишварҳои дунёро дар пай доштааст. Аз ҷумла, ин иқдоми нерӯҳои Исроилро Арабистони Саудӣ, Миср, Урдун, Қатар Туркия ва Эрон бо шадидтарин алфоз маҳкум карда, таъкид доштанд, ки масъулияти ин “ҳамлаҳои ваҳшиёна” ба дӯши исроилиҳост.

Тавсеаи робитаҳои Эрону Арабистон

0

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Чин таъкид кардаанд, ки ба хотири таъмини амният, суботи минтақа ва шукуфоии ҳар ду кишвар тавофуқоти худро дубора фаъол месозанд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз бо мизбонии Вазорати корҳои Ҷумҳурии Халқии Чин Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён ва Файсал бин Фарҳон, вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шоҳигарии Арбистони Саудӣ дар Пекин мулоқо карданд.  

Ба қавли манбаъ, Вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Арабистон дар Пекин тавофуқ карданд ҳамкориҳои худро дар ҳар заминае, ки метавонад амният ва суботи минтақаро таъмин кунад ва манофеи миллатҳо ва кишварҳои онро муҳаққақ созад, густариш диҳанд.

Дар рафти ин муллоқот ҷонибҳо дар бораи бозгӯшоии сафоратхонаҳо ва консулгариҳо дар шаҳрҳои Теҳрон ва Риёз, тасҳини рафту омадҳои расмӣ, гирифтани раводиди шаҳрвандон ва аз саргирии парвозҳои мустақим байни ду кишвар ба тавофуқ расиданд.

Гуфта мешавад, Арабистону Эрон ду кишвари ҳамсоя дар ғарби Осиё мебошанд, ки онҳоро баҳр аз ҳам ҷудо мекунад. Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ин ду кишвар бо мизбонӣ ва миёнҷигарии Чин баъд аз қатъи равобити 7-сола ва душмантарошиҳо аз якдигар дар Пекин сурат гирифтааст.

Кумакҳои нави низомии Лаҳистон ба Украина

0

Тибқи қарордоде кишвари Лаҳистон кумакҳои низомии навбатии худро ба Украина мефиристад.

Дирӯз, 5-уми апрел дар ҷараёни сафари кории раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба Лаҳистон, ҷонибҳо созишнома дар бораи бастаи кумакҳои нави низомиро ба имзо расонидаанд.

Бино ба иттилои Владимир Зеленский, тибқи ин созишнома Лаҳистон ба Украина зиреҳпӯшҳои “Rosomak”, системаи сайёри зенити-ракетии “Piorun” ва миномётҳои худгарди “Rak” медиҳад.

Зеленский имзои ин созишномаро муҳим номида гуфт, ки ин аслиҳа барои наҷоти ҷони украинҳо заруранд ва озодиву истиқлолияти на танҳо Украина, Лаҳистон ва Аврупо, балки тамоми ҷаҳонро ҳифз мекунад.

Инчунин гуфта мешавад, ҷониби Лаҳистону Украина дар ин дидори худ масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки тавлиди силоҳу муҳимоти ҷангиро баррасӣ кардаанд.

Зеленский мегӯяд, ки “Лаҳистон дар эътилофи танкҳо пешсафӣ нишон медиҳад, қадами навбатӣ эътилофи ҳавопаймоҳои ҷангӣ аст”. Гуфта мешавад, лаҳистониҳо дар ин муддати ҷанг ба Украина 300 танк додаанд.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда эълом кард, ки Лаҳистон 8 ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина супурд ва рӯзҳои наздик 6 ҳавопаймои дигарро низ хоҳад дод. Дар назар аст Лаҳистон 28 ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина бидиҳад.

Владимири Зеленский ҳамчунин аз имзои санади алоҳида бо Лаҳистон дар бораи ҳамкорӣ дар барқарорсозии Украина хабар дод ва гуфт, ки ин санад ба рушди ҳарду кишвар мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ҳамроҳ бо хонумаш Елена Зеленска дирӯз 5-уми апрел бо як сафари расмӣ ба Лаҳистон рафт ва бо Анжей Дуда, раисҷумҳури Лаҳистон ва ҳамсараш, бо нахуствазири ин кишвар Матеуш Моравитский, инчунин бо полякҳо ва украиниҳои муқими Лаҳистон мулоқот кард.

Баъд аз ҳамлаи беасоси Русия ба Украина, Лаҳистон яке аз кишварҳоест, ки ҳукумат ва мардуми Украинаро бо ҳама навъи кумакҳо дастгирӣ кардааст.

Аврупо Чинро сулҳофар медонад?

0

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон 5-уми апрели соли ҷорӣ зимни сафари худ ба Пекин гуфт, ки Чин метавонад дар ёфтани роҳе барои сулҳ дар Украина нақши муҳимро ифо кунад.

Раисҷумҳури Фаронса рӯзи панҷшанбе қабл аз дидор бо раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин иброз дошт, ки кишвараш дунболи ҳамкорӣ бо Чин дар масъалаи ёфтани роҳҳо ва таъмини сулҳу субот дар Украина аст.

Вай афзуд, ки Чин ба далели доштани равобити наздик бо Русия ва мухолиф буданаш барои истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар Украина, метавонад нақши муҳиммеро дар овардани сулҳу субот дар Украина дошта бошад.

Эммануэл Макрон дар дидор бо “Ҷомеаи фаронсавӣ” дар Пекин таъкид кард, ки “Мо набояд худро аз Чин ҷудо кунем”. Ин дар ҳолест, ки бархе кишварҳои ғарбӣ дар ибтидоии ҳаводиси Украина Чинро шарики Русия дониста, ба он чандон нигоҳи мусбат надоштанд.

Вале бархе коршиносон бар ин назаранд, ки маҳз муносибатҳои неки Чин бо Русия дар ин авохир кишварҳои ғарбиро дар масъалаи овардани сулҳу субот дар Украина то ҷое умедвор кардааст.

Гуфта мешавад, аввали моҳи марти соли ҷорӣ бо миёнҷигарии Чин Арабистони Саудӣ ва Эрон тавонистанд равобити дипломатии худро, ки 7 сол боз қатъ гардида буд, аз сар бигиранд.

Поёни сафари Президенти Озарбойҷон дар Тоҷикистон

0

Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон пас аз анҷоми сафари якрӯзааш ба Тоҷикистон субҳи имрӯз Душанберо ба қасди Боку тарк кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дар рафти сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон байни ниҳодҳои мухталифи ҳар ду кишвар 14 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ин миён муҳимтарин санадҳои ба имрзо расида “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин; ва – Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон” унвон мешавад.

Инчунин дар байни ин санадҳои ба имзорасида, 7 адад санди Ёддошти тафоҳум, 2 Пртокол, ва 3 Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳо ва идораҳои мухталифи давлатӣ ба имзо расидааст. Дар ин миён, ҳеч гуна шартнома ва ё қарордодҳои расимие, ки ҷонибҳоро ба ҷалби сармоя ва ё сармоягузорӣ кардан дар бахшҳои алоҳидае муваззаф кунад, вуҷуд надорад.

Гуфта мешавад, ҳаҷми мубодилаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳудуди 6,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки камтар аз 02% аз ҳаҷми мубодилаҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳоро ташкил медиҳад.

Размоиши муштараки Тоҷикистону Русия дар марзи Афғонистон

0

Дар 20 километрии марзи Афғонистон размоиши муштарки Тоҷикистону Русия оғоз шуда, то 7-уми апрели соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Бино ба иттилои Округи низомии марказии Русия, ҳайатҳои низомии ду кишвар дар тамрингоҳи “Ҳарб-Майдон”-и вилояти Хатлон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир аст, тамринҳои муштаракро оғоз карданд ва он то 7-уми апрел идома хоҳанд кард.

Низомиёни Русияро асосан воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 – бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ -, ки теъдодашон ба 300 нафар мерасад, ташкил медиҳанд.

Дар гузориши Округи низомии марказии Русия гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории ин размоиши муштарак, омодагии ҷангии нерӯҳои низомии ду кишвар буда, иштирокдорон амалиёти ҳарбӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ ва аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як давлати муттаҳид ворид мешавандро тамрин мекунанд.

Гузаронидани размиоши Русияву Тоҷикистон дар марзи Афғонистон дар ҳолест, ки аксар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон равобити хубе бо Толибон барқарор кардаанд, аммо Душанбе то кунун аз барқарории равобиташ бо Кобул расман эълон накардааст ва мақомоти тоҷик нерӯҳои низомии худро дар марз бо ин кишвар тақвият медиҳанд.

Ба иттилои расонаҳо, Тоҷикистон агарчи расман аз равобити худ бо Толибон хабар намедиҳад, вале амалан корро бо ҳукумати ин кишвар оғоз кардааст. Хабари таҳвили Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ба дасти Толиблон таъйидкунандаи равобити пасипардагии ин ду кишвар аст.

400 миллион евро барои Месси

0

Дастаи Ал-Ҳилоли Арабистони Саудӣ барои ҷалби футболбози шинохтаи дунё Лионел Месси омодааст, ки солона 400 миллион евро харҷ кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, раҳбарони дастаи Ал-Ҳилоли Арабистони Саудӣ ба Лионел Месси, ситораи футболи аргентинӣ, солона 400 миллион евро пешниҳод кардаанд, то ба ин даста бипайвандад.

Ба қавли расонаҳо, Ал-Ҳилол гуфтааст, ки ин 400 миллион евро бидуни пардохтҳои андозҳо ва дигар намуди молиёт ҳисоб карда шудааст. Маблағе, ки дар таърихи футболи дунё то ҳол ба ҳеч яке аз бозингарон пешниҳод нашудааст.

Пеш аз ин дастаи Ан-Насари Арабистони Саудӣ бо имзои қарордоде ба маблағи 200 миллион евро дар сол футболбози партугалӣ Криштиану Роналдуро ҷалб карда буд.

Гуфта мешавад, дар сурати қабули ин пешниҳоди дастаи Ал-Ҳилол, Лионел Месси нахустин футболбозе дар дунё хоҳад буд, ки танҳо аз имзои як қарордоди варзишӣ даромади рӯзонааш наздик ба 1 миллону 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Лионел Мессии 35-сола, ки 30-уми июни соли ҷорӣ шартномааш бо Пари Сен-Жермен (ПСЖ)-и Фаронса ба анҷом мерасад, то ҳол ба сурати расмӣ дар бораи ин пешниҳоди торихӣ ва пайвастан ба ин дастаи Арабистони Саудиро шарҳ надодааст.