15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 324

Толибон: Хондани илмҳои дақиқ барои занҳо муносиб нест

0

Вазири таълими олии Толибон мавлавӣ Муҳаммаднидо Ндим шаби 22-уми декабр дар телевизиони давлатии Афғонистон сабабҳои манъи занҳо аз рафтан ба донишгоҳҳоро шарҳ дод.

Ба гуфтаи ин масъули Толибон, яке аз сабабҳои манъи рафтани духтарон ба донишгоҳҳо дар Афғонистон хориҷ шудани занҳову духтарон аз хона бидуни маҳрам аст, ки он мухолифи шариат аст.

Ҳамчунин ин вазири Толибон омехтагии марду зан ва риоя накардани ҳиҷоби шаръиро аз сабабҳои дигари боздоштани духтарон аз донишгоҳҳо арзёбӣ кард.

Мавлавӣ Муҳаммаднидо Ндим дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки мушкили дигаре, ки сабаби манъи рафтани духтарон ба донишгоҳҳо шуда, ин аст, ки баъзе донишкадаҳо ва тахассусҳо, ба монанди муҳандисӣ ва мутахассиси соҳаи кишоварзӣ барои занҳо муносиб нест. “Чун онҳо кори муҳимтару волотаре аз ин тахассусҳо доранд, ки бояд ба он расидагӣ кунанд”, мегӯяд вазири таълими олии Толибон.

Ӯ ҳамчунин тасреҳ кард, ки “Мо дар асл зидди омӯзиш ва ё зидди зан нестем, аммо ин қарор танҳо ба хотири ҳифзи шарафу каромати зан гирифта шудааст.”

Ингуна шарҳу тавзеҳ додани қарори Толибон дар мавриди манъи рафтани духтарон ба донишгоҳҳо сару садоҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи Афғонистон ба бор овардааст. Ҳатто аксари олимони динии дохилӣ ва кишварҳои исломӣ ин қарори Толибонро маҳкум кадаанд.

Аз ҷумла, Ҷамъияти ислоҳ ва рушди иҷтимоии Афғонистон бо нашри изҳороте аз мақомоти Толибон хоста, ки ин қарори худро бекор кунанд, “зеро он ба манофеи динӣ ва миллӣ латма ворид карда, якпорчагии миллатро аз байн мебарад.”

Ҷамъияти ислоҳи Афғонистон, ки чанде пеш фаъолияташ аз ҷониби Толибон боздошта шуд, пешниҳод мекунад, ки “Агар ҳукумат ба вуҷуди мушкилоте дар системаи таълим, ки мухолифи қавонини шаръӣ аст, пай бурда бошад, бояд онҳоро дар раванди кор ислоҳ кунад. Якбора бастани донишгоҳҳо бар рӯи хонумон роҳи ҳалли мушкилот нест.”

Ёдовар мешавем, ки 20-уми декабри соли 2022, мақомоти Толибон бо ирсоли номае ба раҳбарияти донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ аз онҳо хостанд, ки таълими духтаронро “муваққатан” боздоранд.

Дар мактубе, ки аз номи Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон ба донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ фиристода шудааст, таъкид шуда, ки тибқи қарори кобинаи Толибон бояд ба сурати фаврӣ “рафтани духтарон ба донишгоҳҳо то иттилои баъдӣ манъ карда шавад…”

Вокунишҳо ба сафари Президенти Украина ба Амрико

0

Нахустини сафари Президенти Украина ба Амрико ва мулоқотҳои ӯ бо Ҷо Байдан ва намояндаҳои ИМА дар Конгресс ва дигар мақомоти он кишвар ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шудааст.

Акс аз манбаъҳои боз

21-уми декабри соли 2022, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард ва дар аошингтон бо Президенти ИМА Ҷо Байдан ва бо намояндаҳои Конгресси он кишвар мулоқот кард.

Ин сафари Президенти Уркиана ба Амрико ба замоне рост омад, ки ИМА бастаи нави кумакҳои худро дар ҳаҷми ҳудуди 2 миллиард доллар барои мубориза бо буҳронҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Украина эълон кард.

Акс аз манбаъҳои боз

Ҷо Байден ҳам дар суҳбат бо Владимир Зеленский гуфт, ки дар ин шароит дар паҳлуи Украина истодан барои Амрико шараф аст ва эълон кард, ки системаи дифоии патриоти амрикоӣ дар ҳаҷми 1,85 миллиард доллар барои дифои низомӣ ва ҳимоятҳои сиёсӣ ироа мекунад.

Владимир Зеленский ҳам дар Конгресси Амрико дар рӯбарӯи намояндаҳои он кишвар истода, “ИМА-ро дӯсти бузурги Уркиана ва мардуми он” хонд ва таъкид кард, ин паёмҳои ӯ хос барои вакилон не, балки барои тамоми амрикоиҳо мебошад.

Акс аз манбаъҳои боз

Сенаторони амрикоӣ ҳам дар арафаи ташрифи Зеленский ба минбар барои суханронӣ кардан, қариб ҳама сари по рост истода, қисме аз онҳо низ барои дастфишорӣ бо ӯ дар ду самти долон сафороӣ карданд ва то оғози суханронӣ ҳам беш аз 175 сония барояш кафкӯбӣ карданд.

Ҷолиб он ки дар рафти ин суханронӣ пайваста Владимир Зеленский аз дарду машаққатҳо, сахтиҳои рӯзгор, паҳну парешон шудани мардуми кишвараш ва ҳамлаҳои хунини Русияи алайҳи шаҳру рустоҳои кишвараш мегуфт ва аз амрикоиҳо ва дигар кишварҳо барои кумакҳояшон ташаккур ва ситоиш мекард, вале сенаторон ҳар дақиқа барояш кафкӯбӣ мекарданд.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҳамлаҳои Русия аз 24-уми феврали соли 2022 то кунун Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳудуди 100 миллиард доллар ба Украина кумак кардааст. Кишварҳои дигаре ба мисли кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ғайра миллиардҳо доллар барои тақвияти низоми дифоӣ ва ҳимоятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба ин кишвар кумак кардаанд.

Аммо ҷанг ҳамоно дар ин кишвар идома дорад ва бар асари ҳамлаҳои сангини Русия ба зерсохторҳои ин кишвар дар пойтахт ва дигар бузургшаҳрҳои он низоми тавлид ва тақсимоти нерӯи барқ ва гармидиҳӣ фалаҷ шуда, ба гуфтаи Президенти Украина, айни замон миллионҳо нафар дар сардиву торикӣ дар ин кишвар ранҷ мебаранд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Ҷанҷоли наздикони мансабдорон барои духтар

0

Дар тарабхонаи “ОК”-и шаҳри Душанбе миёни наздикони мансабдорон ҷанҷол сар зада, дар натиҷа ҳашт нафар маҷруҳ шудааст.

Дар акс: Наврӯз Абдуллоев, Исматулло Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки шаби 16-уми декабр дар тарабхонаи “ОК” воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, байни Зариф Соҳибов, мудири корхонаи “Тилои тоҷик” ва писари амаи Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Наврӯз Абдуллоев, соҳибкор ва писари Исматулло Абдуллозода, раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ҳамроҳони онҳо барои як духтар ҷанҷол сар задааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷанҷол аз пушти духтари як сарояндаи тоҷик шудааст, ки аз мизи Абдуллоев ва ҳамроҳонаш хеста, ба мизи Соҳибов ва ҳамроҳони ӯ нишастааст, ки дар натиҷа гапҳояшон пасту баланд ва ҷанҷоли калон мешавад. Дар муноқиша “аз ду тараф зиёда аз даҳ нафар иштирок карда, ҳашт кас ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.”  

Назари мақомоти Тоҷикистон ва худи нафароне, ки дар ин ҷанҷол ширкат кардаанд, дастраси расонаҳо нест.  

Дар ҳамин ҳол манбаи дигари Радиои Озодӣ аз тарабхонаи “ОК”  ҷанҷоли шаби 16-уми декабро миёни муштариён тасдиқ карда, гуфтааст, ки “Як нофаҳмӣ шудааст, лекин боз ҳал шуд. Ман он шаб набудам. Шунидам, ки ҳамин хел гап шудааст. Аммо то занозанӣ нарасида, тарафҳо ором шуданд. Дигар чизе гуфта наметавонам”.

Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки Наврӯз Абдуллоев рӯзи 20-уми декабр ҳангоми ифтитоҳи корхонаи “Қолинҳои Душанбе” дар канори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ зоҳир шуда буд.

Дар Тоҷикистон бо иштироки фарзандони мансабдорон ва ҳатто наздикони Эмомалӣ Раҳмон ҷиноятҳои зиёде содир мешавад. Аммо дар аксар ҳолат он ҷиноятҳо аз чашми мардум ва расонаҳо пӯшонда мемонанд ва ё агар расонаӣ ҳам шаванд, парвандаашон аз ҷониби кормандони мақомот ҷиддӣ таҳқиқ намешавад.

Пештар аз ин шоми 11-уми ноябри соли ҷорӣ, дар назди яке аз тарабхонаҳои пойтахт дар маҳаллаи 112-ум занозанӣ миёни фарзандони мансабдорон рух дода буд, ки дар натиҷа Зафарҷон Самӣ, сардори толори VIP-и Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва писари раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самӣ се зарби корд хӯрда, захмӣ мешавад.

Бо вуҷуди боз шудани парванда нисбати иштирокдорони ин занозанӣ, ВКД то ҳол маълумоти дақиқ надодааст.

Инчунин дар гузашта барои содир кардани ҷиноят номҳои Алишер ва Диловар Гуловҳо, писарони вазири пешини энергетика ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, Гул Шералӣ, Фаромӯз Саидов, писари ноиби сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Рустам ва Расул писарони раҳбари собиқи Роҳи оҳани Тоҷикистон ва хеши раисҷумҳур Амонулло Ҳукумов, Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. Аммо парвандаи онҳо ҷиддӣ таҳқиқ нашуда, баъзе аз ҷавобгарӣ озоду баъзе ҷаримаи ночиз шуда буданд.

Болоравии қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари рубли русӣ

0

Бонки миллии Тоҷикистон пас аз суқути қурби рубли русӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзиши пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ 7,5 фоиз боло бурд.

Акс аз манбаъҳои боз

Бонки миллии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2022 қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомониро 7,5 фоиз пойин оварда, арзиши 1 рубли русиро 0,1440 сомонӣ таъйин кард.

Ба ин тартиб акнун дар бозорҳои расмии арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳангоми харид барои 1000 рубли русӣ 144 сомонӣ ва 40 дирам муайян шудааст.

Аммо дар бонкҳои тиҷоратии кишвар ин рақамҳо яксон нестанд ва дар вақти хариду фурӯши рубли русӣ нархҳо фарқ мекунанд: Барои мисол, дар Ориёнбонк 1000 рубли русӣ вақти харид 140 сомонӣ ва ҳангоми фурӯш 146 сомонӣ, дар Амонатбонк харид 140 ва фурӯш 142 сомонӣ, дар Тавҳидбонк харид 137,70 ва фурӯш 144,40 сомонӣ ва аммо дар бокни Эсхата бошад, харид 141 сомонӣ ва фурӯши он 145,50 сомонӣ таъйин шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон бо вуҷуд пойин бурдани арзиши рубли русӣ қурби евро ва доллари амрикоиро дар баробари пули миллӣ-сомонӣ бетағйир гузашта, айни замон нархи 1 евро 10 сомониву 83 дирам ва 1 доллар 10 сомониву 21 дирам таъйин шудаанд.

Гуфта мешавад, шуруъ аз 7-уми декабри соли ҷорӣ қурби рубли русӣ дар биржаҳои ҷаҳонӣ якбора арзиши худро аз даст дод ва дар муқобили доллар ва евро ва дигар арзҳои хориҷӣ ба шиддат суқут кард ва ин раванд то дирӯз идома дошт.

Саидмуҳаммади Ғозӣ ҳам дар зиндон бемор шудааст

0

Писари эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ дар зиндони шаҳри Хуҷанд бемор шуда, худаш ба танҳоӣ аз ҷояш хеста ва ҳаракат карда наметавонад.

Модари Саидмуҳаммади Ғозӣ, писари эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, писари 46-солааш дар зиндони шаҳри Хуҷанд сахт бемор шуда, аъзои баданаш варам карда, дуруст пешоб карда наметавонад.

Раҷабгул Мусулмонова, модари Саидмуҳаммади Ғозӣ дар робита ба бемории писараш мегӯяд: “Чанде пеш ҳамсараш ба дидани ӯ рафт. Ҳаракат карда наметавонад. Бо ёрии ду нафар овардаанд. Саидмуҳаммад гуфтааст, аҳволаш бад аст. Утоқи маҳбас сард. Аъзои баданаш варамида, ба сахтӣ пешоб мекунад,”

Ҳамзамон Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки мақарраш дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон аст, бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хостааст: “фавран ӯро озод кунанд, то бастагонаш битавонанд ӯро дармон кунанд ва ҳамчунин аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва дар кишвар хоҳиш мекунад, ба вазифаи инсонии худ амал кунанд ва аз ҳукумати Тоҷикистон дармони фаврии ин зиндонии сиёсиро, ки бе ҳеч гуноҳ ва айбе аз озодӣ маҳрум шудааст, талаб намоянд.”

Пеш аз нашр шудани ин хабари бемор шудани Саидмуҳаммади Ғозӣ Azda tv бо нашри ду матлаб дар бораи бемор шудани Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар зиндони шаҳри Ваҳдат ҳам хабар дода буд, ки вай бар асари як бемории эпидемӣ дар ин маҳбас ба кумо рафта, як рӯз пас ба ҳуш омадааст.

Инчунин расонаҳо хабар дода буданд, ки чор журналисти зиндонӣ, аз он ҷумла Завқибек Саидаминӣ, Абдуллоҳи Ғурбӣ, Далери Имомалӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ки тобистони соли ҷорӣ боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, ҳама аз вазъи бади саломатии худ ранҷ мебаранд.

Инчунин хабарҳои таъйид нашудае ба даст расида, ки вазъи саломатии журналисти куҳансол Муҳаммади Султон низ дар маҳбас хеле хуб нест. Ба ин хотир наздикону пайвандони онҳо хостори ба муолиҷаи фаврӣ фаро гирифтани онҳо гардида буданд.

Аммо бо вуҷуди нашри ин ҳама хабарҳо мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки идораи муассисаҳои ислоҳии кишварро ба уҳда доранд, на ба кумаку дармони беморон дар зиндонҳо дуруст расидагӣ мекунанд ва на ин қазияҳоро сари вақт шарҳ медиҳанд, то пайвандонашон ба онҳо дурву дармонро таҳия кунанд.

Гуфта мешавад, тобистони соли 2020 Муҳаммади Ғозӣ ҳамроҳ бо ду бародари дигараш яке пайи ҳам тавассути мақомоти кишвар боздошт ва сипас Саидмуҳаммад ва Саидҳасани Ғозӣ ба зиндон маҳкум шуданд.

Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ, падари Саидмуҳаммади Ғозӣ соли 2017 дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон рабуда шуд ва сипас ба 25 соли зиндон маҳкум гардид. Соли 2019 дар ошӯбе дар зиндони шаҳри Ваҳдат ба сурати бераҳмона ҳамроҳ бо чанд зиндонии дигар кушта шуданд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон барои нигоҳубини зиндониён солона ҳам аз давлат буҷа мегиранд ва ҳам рӯзона аз наздикону пайвандони зиндониён бо баҳонаҳои мухталиф ришваситонӣ мекунанд ва зиндонҳоро ба корхонаҳои тиҷоратӣ табдил додаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, яке аз сабабҳои афзоиши маргу мири зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон бепарвоӣ, хунукназарӣ ва қасдан ба хатари марг оварда расонидани аҳволи зиндониён аст, ки дар натиҷа дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 100 нафар аз зиндониёни кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Арабистон ва Эрон хуб мешаванд?

0

Мақомҳои олии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ пас аз шаш соли сардии муносибатҳои дипломатӣ дар шаҳри Уммон, пойтахти Урдун бо ҳам мулоқот карданд.

Амри Абдуллоҳиён, вазирони корҳои хориҷии Эрон рӯзи чоршанбе дар ҳисоби твиттерияш хабар дод, ки 20-уми декабри соли ҷорӣ дар ҳошияи нишасти “Бағдод-2” дар пойтахти Урдун бо вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал бин Фарҳон гуфтугӯ карданд.  

Абдуллоҳиён менависад, ки “Дар ҳошияи конфронси “Бағдод-2″ фурсат пеш омад, ки тавонистам бо ҳамтоёни худ, ба монанди вазирони корҳои хориҷии Уммон, Қатар, Ироқ, Кувейт ва Арабистони Саудӣ дидори дӯстона дошта бошам. Вазири Саудӣ бароям аз омодагии кишвараш дар бораи идомаи гуфтугӯҳо бо Эрон хабар дод.”

Аммо то ҳол дар бораи ин мулоқот на маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷия Арабистони Саудӣ ва на худи вазири ин ниҳод тавзеҳе надодаанд.

Гуфта мешавад, ин дидор дар чунин сатҳи олии вазирони хориҷӣ пас аз қатъи алоқаҳои дипломотик байни ин ду кишвар аз соли 2016 бори аввал сурат мегирад.

Ба иттилои расонаҳо, барои аз сар гирифтани муносибатҳои дипломатӣ ва ҳалли ихтилофоти мавҷуда байни Арабистони Саудӣ ва Эрон то кунун байни ҳайатҳои ду тараф панҷ нишаст дар сатҳҳои поёнтар сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, муносибатҳои ин ду кишвар дар натиҷаи ҳамлаи шаҳрвандони эронӣ ба сафорати Саудӣ дар Теҳрон ва консулгарии он дар Машҳад қатъ шуд. Он замон гуфта мешуд, ки шаҳрвандони эронӣ дар эътироз ба эъдоми як рӯҳонии шиамазҳаб дар соли 2016 тавассути мақомоти Арабистон ба он кор даст заданд. Дар давоми ин шаш соли қатъи муносибатҳо байни Эрон ва Арабистони Саудӣ танишҳои лафзии тезу тунде вуҷуд дошт. Ҳарду кишвар якдигарро омили бесуботӣ дар минтақа мехонданд.

Илон Маск аз раҳбарии Твиттер канор меравад

0

Илон Маск, молики ширкати Твиттер гуфтааст, ба маҳзи он, ки шахси муносиберо барои раҳбарии ин ширкат биёбад, аз раёсати он канор меравад.

Илон Маск, сарватмандтарин марди дунё, ки чанде қабл ширкати Твиттерро харида, раҳбарии онро бар уҳда гирифт, рӯзи 21-уми декабри соли 2022, эълон карда, ки омодааст раҳбарии ин ширкатро ба шахси муносиб таҳвил диҳад.

Пеш аз ин 19-уми декбари соли ҷорӣ Илон Маск бо баргузории як назарсанҷӣ дар саҳфаи худ дар Твиттер аз мухотабонаш хоста буд, ки барои рафтан аз раҳбарии ин ширкат ва ё мондан дар раъси он раъй диҳанд. Дар натиҷа беш аз 57 дарсади овоздиҳандагон дар ин назарсанҷӣ гуфта буданд, ки истеъфо диҳад. 42,5 дарсади дигар мондани ӯ дар раъси ин ширкатро хостор шуда буданд.

Акнун ба назар мерасад Илон Маск дар қасди худ ҷиддӣ аст ва қасд дорад раҳбарии ин ширкатро, ки чанде пеш ба маблағи беш аз 44 миллиард доллар саҳмияҳои онро харидорӣ карда буд, ба шахси мавриди эътимодаш таҳвил диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад

0

Қарор аст раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Русия сафар кунад.

Гуфта мешавад, ин нишасти ғайрирасмӣ рӯзҳои 26-27-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мегардад.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро кӣ ҳамроҳӣ мекунад ва оё мулоқотҳои сатҳи олӣ бо президентҳои кишварҳои дигар дар назар гирифта шудааст ё на, ҳанӯз маълум нест.

Аз Хадамоти матбуоти Президент ба расонаҳо гуфтаанд, ки “дар ҳоли ҳозир нақшаи мушаххаси ин сафар вуҷуд надорад“.

Вохӯрии раҳбарони кишварҳои узви ИДМ бо ташаббуси Президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.

Дар ин нишаст ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин иштироки раҳбарони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус дар назар аст.

Пештар аз ин раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев изҳори умедворӣ карда буд, ки “ин вохӯрӣ ба таҳкими ҳамкориҳо такони иловагӣ хоҳад бахшид”.

Мулоқоти қаблии сарони давлатҳои узви ИДМ рӯзи 7-уми октябр дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд.

Гуфта мешавад, баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина, бисёре аз кишварҳо Русияро таҳрим карданд ва раисҷумҳури он Владимир Путин ба бисёре аз нишастҳои ҷаҳонӣ даъват карда намешавад. Ба ҳамин хотир Путин зуд-зуд як чунин нишастҳоро доир мекунад.

ИДМ соли 1991 таъсис ёфта, аз 9 давлат – Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Узбекистон иборат аст.

Сафари Владимир Зеленский ба Амрико

0

Президенти Украина пас оғози ҳамлаҳои Русия ба кишвараш нахустини сафари хориҷии худро дар ин давра аз Вашингтон оғоз кард.

Акс аз бойгонии Алҷазира

Бино ба иттилои расонаҳо, Президенти Украина, имрӯз, 21-уми декабри соли 2022 бо сафари расмӣ вориди Вошигтон шуд.

Дар ду моҳи ахир артиши Русия ва тарафдоронаш дар сангарҳои набард алайҳи Украина ба шикаст мувоҷеҳ шуда, аз майндонҳои набард ақабнишинӣ карданд. Ин амр боис шуда, ки Маскав ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоии худро алайҳи Киев ва дигар бузургшаҳрҳои ин кишвар афзоиш дода, аксари зерсохторҳои Украинаро аз байн бибарад ва кишварро гирифтори буҳрони бебарқӣ ва хонаҳои мардумро аз оби гарму гамридиҳӣ маҳрум кунад.

Таҳдиди хатари офатҳои табиӣ ба 3 миллион кӯдак дар Тоҷикистон

0

Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, беш аз 3 миллион кӯдаки тоҷикистониро хатари офатҳои рӯзмарраи табиӣ таҳдид мекунад.

Акс аз сомонаи Global-Geography

Бино ба иттилои сомонаи ЮНИСЕФ, барномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, “барои беш аз се миллион кӯдак дар Тоҷикистон таъсири манфии офатҳои табиӣ ва тағйири иқлим як воқеияти ҳамарӯза аст.”

Ба қавли манбаъ, дар шароити кӯҳистонии Тоҷикистон ҳамарӯза “тарма, заминҷунбӣ, обхезӣ, сел ва ярч ба ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон таҳдид карда, зинда мондани онҳоро зери хатар мегузоранд ва ба онҳо имкон намедиҳад, ки тавоноии худро пурра ба даст оранд.”

Масъулини ин созмон мегӯянд, барои пешгиригӣ аз ин ҳолатҳо ва камтар кардани таҳдиди ин хатарҳо кӯдаконро аз синнӣ хурдӣ бояд омӯзиш диҳанд, то дар ҳолатҳои зарурӣ барои наҷоти худ ва кумак ба дигарон аз пеш омода бошанд.

Гуфта мешавад, ЮНИСЕФ аз соли 1993 ба ин сӯ дар Тоҷикистон “дар бахшҳои ҳифзи кӯдакон, тандурустӣ, сиёсати иҷтимоӣ, рушди барвақти кӯдакон ва таҳсилот, WASH (таъминоти об, санитария ва гигиена), вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, тағирёбии иқлим ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ, кӯдакони дорои маълулият ва ҷавонон кор мекунад.”