17.8 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 477

COVID-19: 57 бемор дар зиндони №1

0

Дар зиндони рақами яки пойтахт 57 зинёдонӣ ба коронавирус мубтало гардидаанд, вале мақомот ва зиндонбонҳо сари вақт ба ёрӣ ва муолиҷаи онҳо намешитобанд.

Як манбаъ за дохили кишвар, ки нахост номаш зикр шавад, дар тамос бо “Аздо тв” гуфт:

“Дар муассисаи ислоҳии ЯС 31/1 маъруф ба зиндони рақами яки Душанбе як хешамон зиндонӣ аст, хабар дод, ки дар ин зиндон 57 нафар бо нишонаҳои COVID-19 бемор шудаанд”.

Вуҷуди ин бемориро дасти се манбаъи дигар, ки наздикону пайвандонашон дар ин муассисаи ислоҳӣ ба сар мебаранд ва бо онҳо тамос доранд дар суҳбат бо “Аздо тв” ҳам таъйид кардаанд.

Ин маълумоти зикр шуда, танҳо аз як зиндон аст, ҳолати дигар зиндониёни муассисаҳои ислоҳи ҷазо дар Тоҷикистон номаълум аст. Аксари хонаводаҳои зиндониён аз вазъияти наздиконашон нигаронанд ва намедонанд, ки онҳо дар чӣ ҳолатанд.

Хабари гирифтор шудани маҳбусон ба бемории ҳамагири коронавирус дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар Тоҷикистон мавҷи дигарбораи ин беморӣ шурӯъ шудааст.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустии кишвар баъд аз паҳн шудани хабарҳои зиёд дар мавриди вуҷуд доштани COVID-19 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳои мустақил, 21 июн вуҷуди онро эътироф карданд. Ва ҳамарӯза оморҳои расмӣ байни 20 то 30 гирифтор нишон дода мешавад. Аммо сокинони кишвар ба ин омор бовар надоранд ва мегӯянд, шумораи гирифторон бештар аз онест, ки мақомот мегӯянд.

Чанде пеш баъзе манобеъ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ба “Аздо тв” хабар дода буданд, ки ин беморӣ дар пайтахт ва вилояти Хатлон хеле паҳн гаштааст. Табибон ба зангҳои телефонии беморон посух намедиҳанд ва онҳо маҷбур дар хона табобат мегиранд.

Дар Тоҷикистон то кунун дар чорчӯби барномаи “COVAX” 192 ҳазор воя воксини “Астразенека” ва 300 ҳазор воя воксини “КоронаВак”-и чинӣ ворид шудааст.

Тибқи иттилои ахири Вазорати тандурустии кишвар наздик ба 300 ҳазор шаҳрванд воксин гирифтаанд. Аммо аз ҳолати беморон ва нисбати гирифторон ба коронавирус дар байни зиндониён ва воксин гирфтан ё нагирифтани онҳо гузориши расмие вуҷуд надорад.

COVID-19: Як воя воксин кофӣ аст

0

Донишмандони соҳаи беҳдоштӣ дар натиҷаи таҳқиқот дар мавриди воксинҳои зидди коронавирус ба ин натиҷа расиданд, ки як дафъа воксин гирифтан барои шахсоне, ки ин бемориро паси сар кардаанд, кифоят мекунад.

Маҷаллаи илмии “Табиат” (Nature) дар матлаби илмие хулосаи чандин таҳқиқоти донишмандонро аз донишгоҳҳои гуногуни олам дар ин маврид нашр кардааст.

Бино ба хулосаи пажӯҳишгарон, аксари шахсоне, ки бемории “SARAS-CoV-2”-ро паси сар карданд, ҳангоми як дафъа воксини зидди коронавирус гирифтан, дар ҷисми онҳо иммунии қавии муқовиматкунанда бар зидди ин беморӣ тавлид мешавад, ки ин тавлидшавии иммунӣ дар вояи дуюм чандон зиёд нест.

Гуфта мешавад, андозаи қувваи иммунии ин афрод дар баробари онҳое, ки то гирифтани воксин ба бемории коронавирус мубтало нашуданд ва ду воя воксин задаанд, бештар аст.

Аз ин рӯ, кишварҳои Фаронса, Олмон ва Итолиё барои касоне, ки иммунии қавитар доранд, як маротиба воксин гирифтанро пешниҳод кардаанд.

Бозпурсии журналист ба хотири наворбардорӣ

0

Субҳи имрӯз, 8-уми июл, рӯзноманигор Далери Имомалиро ба хотири наворбардорӣ аз рафти тамринҳои “маршировкачиён” дар шаҳри Душанбе дастгир ва дар шӯъбаи милиса бозпурсӣ кардаанд. Далер дар ин бора тариқи онлайнӣ дар шабкаҳои иҷтимоъӣ хабар дод.

Вай субҳи имрӯз тариқи “он-лайн” эълом кард, дар макони баргузории “маршировка” дар Варзишгоҳи марказии пойтахт қарор дорад ва бо вуҷуди гирфтани иҷозати шифоҳии сардори раёсати фарҳнаги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоев маъмурони милиса ӯро нагузоштаанд, ки тамрини донишҷӯёнро наворбардорӣ кунад.

Ба гуфтаи ӯ, лейтинанти калон бо иттиҳоми таҳқири корманди милиса ва бозпурсӣ рӯзноманигорро аз майдони марказӣ ба шуъбаи милиса дар ноҳияи Синои пойтахт интиқол додаанд.

Дертар рӯзноманигор Далери Имомалӣ дар навори дигаре хабар дод, ки пас аз бозпурсӣ дар шуъбаи пулис ҳамадигарфаҳмӣ сӯрат гирифта ӯро раҳо кардаанд.

Шурӯъ аз 6 июл дар Душанбе “Маршировка”-и донишҷуён оғоз шуд. Тоҷикистон имсол 9 сентябр 30-юмин солгарди истиқололияти давлатии худро ҷашн мегирад.    

Афғонистон: Такмили хурӯҷи низомиёни Амрико

0

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тамоми нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон хориҷ кардааст.

Президенти ИМА Ҷо Байден ҳафтаи гуфзашта изҳор дошта буд, ки сарбозони амрикоӣ то охири моҳи август Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Дар ин бора “Политико”, аз қавли ду масъули расмӣ дар Амрико хабар дода аст.

Яке аз мансабдороне, ки бевосита вазъро медониста ва  ба хотири ҳассос будани мавзӯъ нахоста номаш фош шавад, ба ин хабаргузорӣ гуфта  “Иҷро шуд. Ба ин маъно ки “хурӯҷ (-и низомиёни ИМА) бо ҳама ҳадафҳо анҷом ёфт.”

ИМА Дар айни замон тақрибан 600 сарбозашро дар Афғонистон боқӣ гузошта, ки онҳо амнияти иншоотҳои дорои аҳмият барои Амрикоро, аз ҷумла сафорати Амрико ва фурудгоҳи байналмилалии Ҳомид Карзайро дар Кобулро таъмин мекунанд. Интизор меравад, ки ҳамаи ин сарбозон пас аз расман ба анҷом расидани хурӯҷи низомиёни арикоӣ дар Афғонистон бимонанд, хабар дод Ассошиэйтед Пресс дар моҳи гузашта.

Тоҷикистон боздошти Абдуфаттоевро сиёсӣ номид

0

Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл бо пахши як хабар дастгир шудани шаҳрванд Фурқат Абдуфаттоевро, ки 2 феврали соли ҷорӣ дар Бошқирдистони Русия аз ҷониби пулиси ин кишвар бо дархости мақомоти Қирғизистон дастгир шуда буд, дорои ангезаи сиёсӣ номид.

Фурқат Абдуфаттоев, сокини шаҳри Исфара бо иттиҳоми ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар нуқтаи аломатгузоришудаи марз байни шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Қирғизистон боздошт шуда буд.

“Бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, 11 ва 13 феврали соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дархости асоснок ирсол намуда, аз ҳабс озод намудани Абдуфаттоев Ф.А.- ро хоҳиш намуд”, омадааст дар хабари ин ниҳод.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии кишвар, дар таърихи 6-уми июл Прокурори ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистон қарори ҳабс ва истирдоди Абдуфаттоева Ф.А.-ро бекор намуда, ӯро аз боздошт раҳо кард.

Худи Абдуфаттоев ва наздиконаш айби эълоншуда алайҳи ӯро беасос хонда, рад карданд.

Гуфтанист, баъд аз даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар охири моҳи апрел, ду тараф якдигарро барои оғози ҷанг айбдор карданд. Дар пасманзари ин даргириҳо боздошту айбдоркунии шаҳрвандони ду кишвар расонаӣ шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 км бо ҳам марзи муштарк доранд, вале то ҳол 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ин боис гардида, ки ҳамасала байни сокинони наздимарзии ду кишвар муноқишаҳои зиёд рух медиҳад.

Таҳдиди Лавров ба Толибон

0

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бар ин назар аст, ки хурӯҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон, ин ба маънои эътирофи нокомии рисолати Вашингтон дар ин кишвар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати ҳамла ба Тоҷикистон, ин мавзӯъ “мавриди баррасӣ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) қарор хоҳад буд”, менависад “Коммерсант” аз Қавли ҷаноби Лавров.

Лавров талвиҳан таҳдид карда гуфт:  Ман дар ҷое хондам ва ё аз телевизион шунидам, ки оё мо ба Афғонистон нерӯ мефиристем: Ба назари ман, ки посух равшан аст”

“Мо бо Тоҷикистон ҳампаймон ҳастем. Агар ҳамла ба Тоҷикистон сурат гирад, албатта, ин мавзӯи фаврӣ барои баррасӣ дар СПАД қарор хоҳад гирифт”, гуфт ҷаноби Лавров ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи федералии Шарқи Дур (Дальневосточном федеральном университете).

Вазири умури хориҷаи Русия бар ин бовар аст, ки таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи ӯ, “дар кишвар ҷойҳое ташкил мешавад, ки ҷангиёнро на Толибон, балки “Давлати Исломӣ” ба худ ҷалб мекунад”. Ин дар натиҷаи “лағжишҳои раванди сиёсӣ ва аз нав шуруъ шудани амалиётҳои низомӣ рух медиҳад.

Лавров қайд карда, ки Толибон (дар Русия мамнӯъ) рафтори ҷангталобонаро доранд, зеро тавофуқномаи ташкили давлати интиқолӣ иҷро ва татбиқ намешавад. Ба ақидаи ӯ, роҳбарият дар Кобул “намехоҳад як чизи интиқолиро созмон диҳанд, онҳо метарсанд, ки ин амр метавонад онҳоро аз саҳнаи сиёсат дур биандозад.”Маълум шуд, ки ҳам онҳо ва ҳам амрикоиҳо, ки дар онҷо ҳастанд авзоъро мегузоранд, то куллан ба зӯр ҳал шавад.” Мегӯяд оқои Лавров.

Нооромиҳо дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон дар охири моҳи июн шиддат гирифт. Ҳазорҳо Сарбозони афғон ба сабаби ҳамлаи Толибон маҷбур шуданд марзро убур карда, ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кунанд. Президенти Русия Владимир Путин изҳори омодагӣ кард, ки дар ҳолати зарурат ба Тоҷикистон кумак мекунад.

СПАД як блоки ҳарбӣ-сиёсист, ки тибқи тавофуқнома кишварҳои узви худро аз ҳамлаҳои беруна муҳофизат мекунад. Ба ин созмон Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Даргузашти Қутбиддин Бобоев, бародари эшони Абдусаттор

0

Эшони Қутбиддин Бобоев пас аз бемории қариб нимсола субҳи имрӯз дар синни 59-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пушид.

Ба гуфтаи эшони Абдуссатор Бобоев, бародараш эшони Қутбиддин Бобоев, ба хотири мавзеъгириҳои ӯ дар замони бистарӣ будан дар бемористони

Эшони Абдуссатор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба хотири мавзеъгириҳояш дар се соли ахир борҳо мавриди фишор ва таҳдидҳои мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Тоҷикистон: Коҳиши қурби рубл ва евро

0

Дар Тоҷикистон қурби рубл ва евро каме коҳиш ёфта, доллар дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст.

Бино ба иттилои Бонки милли Тоҷикистон қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро дар бозори арзҳои Тоҷикистон дар ин ҳафта нисбатан коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, як рубли русӣ 0,1523 сомониро ва як евро 13,3871 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳафтае пеш дар марказҳои мубодилаи асъор як евро ба маблағи 13,4437 сомонӣ харидорӣ ва дар ивази 1000 рубли русӣ 154 сомонӣ дода мешуд.

Қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон, мисли ҳафтаи гузашта бетағйир боқӣ монда, 11,32 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Русия: Ҷалби муҳоҷирони корӣ ба тарҳҳои роҳсозӣ

0

Путин аз норасоии потенсиали корӣ дар бахши сохтмон ва роҳсозӣ изҳори норизоиятӣ карда, таъкид намуд, ки ба ин тарҳҳо муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷалб карда шаванд.

7-уми июл Владимир Путин, президенти Русия дар мулоқот бо аъзои ҳукуматаш пас аз шунидани гузоришҳо дар бораи рушди инфрасохтор, аз ҷумла магистрали Байкалу Амур (БАМ) ва Транссиб изҳор дошт, ки агар дар сохтмонҳо қувваи корӣ намерасад, пас шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар он метавонанд кор кунанд. Менависад РИА Новости.

Путин таъкид кард, ки бо ин роҳ ҳам муҳоҷирон метавонанд пул кор кунанд ва ҳам инфрасохтор рушд кунад. “Агар коргарон аз Осиёи Марказӣ ба сохтмонҳои нақлиётӣ қаблан ҷалб карда мешуданд, ҳоло ҳамаи иншоотро ба кор даровардан мумкин буд ва кишвар ба қадри зарурӣ фоида ба даст меовард,”- гуфт Путин.

Инчунин дар ҷараёни маҷлис ӯ аз муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин хост, барои ба анҷом расонидани лоиҳаҳои сохтмонӣ ҳарчи зудтар чораҳо андешанд ва нархҳоро аз наздик назорат кунанд.

Пештар ҳукумати Русия барои норасоии нерӯи корӣ дар Транссибир ва БАМ ҷиҳати таъмини кор истифода аз 11 000 зиндониёнро ба ин тарҳҳо баррасӣ кард. Ва Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия низ пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бо зиндониён иваз карда шаванд.

Марти соли 2020 Вазорати сохтмони Федератсияи Русия дар бораи нарасидани тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор коргар дар бахши сохтмон хабар дода буд.