21.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 564

Гурӯҳи “Авангард” зери таҳқиқи Вазорати Адлия қарор мегирад?

0

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки дар 6 моҳ як маротиба баргузор мегардад гуфт, ки то кунун гурӯҳи “Авангард” барои сабти ном шудан ба Вазорати адлия муроҷиат накардааст ва ҳаракати ин гурӯҳ расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол муовини вазир гуфтааст, ки фаъолияти гурӯҳи “Авангард” таҳти омӯзиши Вазорати Адлия қарор гирифтааст.

“Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Дар Вазорати адлия он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба Вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”.

Ин гурӯҳ дар расонаҳо чандин маротиба бо иқдомҳои хабарсозашон вирди забонҳо қарор гирифта буд. Барои мисол, рӯзи 8 октябр як узви гурӯҳи “Авангард” бо номи Муборакшоҳ Камолзода дар саҳифаи фейсбукаш аз пешвозгирии бо тантана аз ҷониби масъулони ноҳияи Зафаробод хабар дода буд.

Номбурда зимни нашри ин хабар чанд аксеро низ гузоштааст, ки дида мешавад, ҷавондухтарон дар даст нон ва иддае ҳам дастҳо пеши бар ва бо мусиқию ташрифоти расмӣ, айнан бо шеваи пешвозгирии раисҷумҳур аз ҳайати ин гурӯҳ пешвоз мегиранд.

Интишори ин хабар вокунишҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда буд. Аксари корбарон аз ин шеваи пешвозгирии гурӯҳи “Авангард” ба шиддат интиқод намуда, онро худнамоӣ ва тақлиди беасос ном бурдаанд. Бархе гуфтаанд, ки духтарони мардумро барои пешвози раисҷумҳур бо либосҳои атлас дар ҳавои сард маҷбурӣ мебароварданд кам набуд, ки боз ин мардум духтаронашонро барои пешвози ин гурӯҳ фиристанд.

Корбарон кори масъулони ноҳия ва ВКД-ро интиқод намуда, пурсидаанд, ки ин гурӯҳ чӣ вазифаро иҷро мекунад ва чӣ қаҳрамоние кардаанд, ки бо ин шакл дабдабанок пешвоз гирифта мешаванд?

Фирӯзи Маҳмадулло, ки аз худ раҳбари гурӯҳи “Авангард” ном мебарад, охири моҳи октбяр дар саҳифаи фейсбукиаш навишта буд, ки ин гурӯҳ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон барои хонандагон мактаб месозад, аммо масъулини ноҳия чунин иқдомеро аз ҷониби ин гурӯҳ рад карда буданд.

Ҳамчунин моҳи октябри соли 2020 баҳси ду ҷавон бар сари роҳбарӣ дар созмони “Авангард” (Пешоҳанг) мавзӯи чигунагии фаъолияти ин гурӯҳи наздик ба мақомотро доғ карда буд. Мардихудо Давлатов ва Фирӯзи Маҳмадулло ҳар кадом худро роҳбари “Авангард” мешуморанд.

Мардихудо Давлатов, ки ӯ ҳам худро роҳбари ин гурӯҳ медонад, 13-уми октябр дар Фейсбук Фирӯзи Маҳмадуллоро танқид кард ва “ба рафторҳои ноҷавонмардона” муттаҳам намуд.

Фирӯзи Маҳмадулло ба ин иддао посух надод, вале ҳамзамон иддао кард, ки чанд муддати ахир роҳбарии гурӯҳро бар ӯҳда дорад.

Бино бар иддаои масъулони ин гурӯҳ моҳи августи соли 2015 ташкил шуда, дар саросари кишвар беш аз 22 ҳазор узв дорад. Ҷаласаи аввали ин гурӯҳ дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.

Дар оғоз ҳадафи ташкили гурӯҳ мубориза бо ифротгароӣ номида мешуд, вале баъдан онҳо ба танқиди мунтақидони ҳукумат пардохтанд. Давоми панҷ соли ахир ин гурӯҳ дар назди чанд сафорати кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе низ бо ҳадафи “баргардондани террористон” аз Аврупо гирдиҳамоӣ кардааст.

Дар Тоҷикистон ташкили тазоҳуроти бе иҷоза манъ аст ва давоми дастикам 20 соли ахир ба ҳеч гурӯҳ иҷозаи ин кор дода нашудааст. Ба ҷуз аз ҷамъ шудан дар назди сафоратҳо, аъзои гурӯҳи “Авангард” дар чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ иштироки фаъол доранд ва аз дасти вазир Рамазон Раҳимзода низ туҳфаҳо гирифтаанд.

Мардихудо Давлатов, гуфта буд, ки онҳо ҷамъияти ихтиёрии ҷавонон ҳастанд. Ба қавли Давлатов, “ин ягон гуруҳи сиёсӣ нест, танҳо ҷавонони фаъоле ҳастанд, ки аз арзишҳои миллӣ ҳимоят мекунанд”.

Ин ҳарфҳо аз амалҳое, ки ҷонибдорону аъзои гуруҳи “Авангард” анҷом медиҳанд, фарқ дорад. Маводе, ки дар сомонаи гурӯҳ ва ё аз ҷониби тарафдоронашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, асосан баёнияҳои сиёсӣ ҳастанд. Аз ҷумла “маҳкум кардани ҲНИТ”, ё “муроҷиат ба Олмон барои баргардондани террористон”. Ин рафтори худро масъулони гурӯҳ ҳамчун “ҳимояи манфиатҳои давлат” арзёбӣ мекунанд.

Нигаронии раиси Кумитаи равобити хориҷии Кунгураи Амрико аз боздошти М.Одинаев

0

Кумитаи равобити хориҷии Кунгураи Амрико бо нашри матлабе дар

Скриншот: https://twitter.com/HouseForeign/status/1355513587679309826?s=09

Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Ӯ пеш аз боздошт мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли 2020 дар саҳифаи фейсбукиаш мардумро ба тазоҳурот даъват карда буд. Ӯро пас аз даъвати гирдиҳамоӣ ба шӯъбаи ВКД-и шаҳри Ҳисор даъват карданд ва ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд.

Ахиран, 28-уми январ Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси ҲСДТ-ро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ин ҳукмро напазируфт.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Фаъолону мухолифон боздошту эълони иттиҳом бар зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд, ки бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд.

Шикояти мардуми Сангвор аз бедодгариҳои КДАМ ва мушкилоти дигар

0

Як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) аз он шикоят доранд, ки масъулон ба ҷои он ки мушкилоташонро ҳал кунанд, баракс, зиндагиашонро душвортар кардаанд.

Як сокини ин ноҳия, ки нахост номаш зикр шавад, дар сӯҳбат ба “Аздо тв” гуфт, зиндагӣ дар ин ноҳияи кӯҳии кишвар рӯз то рӯз душвортар мегардад.

Ба қавли ӯ, асосан зиндагии сокинони ноҳия аз ҳисоби чорводорӣ ва ҷамъи тиллову корҳои дигар мегузашт, аммо як ширкати чинӣ дар ноҳия ба ҷамъи тилло машғул шудааст ва дигар сокинонро намегузорад ба ин кор даст бизананд.

Агар ҳар кӣ тилло ҷамъ кунад ҳангоми фурӯхтан ӯро андози зиёд мебанданд, ки хеле кори ҷамъи тиллоро душвор мекунад. Ин мушкилот сабаб шуда, ки аксари сокинон ба Русия барои кор раванд, “ҳоло аз ҳар хонае то 2-3 нафар дар муҳоҷиратанд”, мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ҳамзамон ҳамсӯҳбати мо гуфт, Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ноҳия меҳмонхонае сохтааст, ки макони кайфу сафои кормандони КДАМ ва пулис гаштааст ва ҳар коре дилашон бихоҳад мекунанд.

Дар идомаи сӯҳбаташ гуфт: “Кормандони КДАМ ва пулису дигар мақомот аз номи Президент ва Ҳукумат қонуншиканиҳои зиёд мекунанд, ба мардум ҷабр мекунанд, аммо касе нест пеши роҳи онҳоро бигирад, аз ҳукумати кишвар талаб мекунем, ки пеши роҳи мардуми қонуншикан дар либоси коргари Ҳукуматро бигирад, инҳо обрӯ ва эътимоди Президент ва Ҳукумати мамлакатро дар назди мардум коста кардаанд”.

Ин манбаи “Аздо тв” аз гаронии нарху наво дар ноҳия шикоят намуда, гуфт, як халта орде, ки дар пойтахт 250-270 сомонӣ бошад дар ин ноҳия 315-330 сомонӣ аст ва равғане, ки дар Душанбе 80-90 сомонӣ бошад дар ноҳияи Сангвор (Тавилдара) 120 ва болотар аз он фурӯхта мешавад.

Сабаби гаронии нарху наворо дар ин ноҳия ба роҳҳои нотамому мушкилгузар рабт дода мегӯяд, ки роҳи ободе надоранд, ки тоҷирон бехавф ба Душанбе ва дигар навоҳӣ бираванд.

Манбаъ дар охир мегӯяд, соли 2018 вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия сафар дошт, намояндагони ҳукумат пул ё ҳамон купруки қишлоқи Ёзғандро канда ба деҳаи Гурумбак бурда гузоштанд, ки Раҳмон аз онҷо бояд мегузашт. Ва ҳоло он қишлоқ роҳи ободе надорад ва ҳамон як купруке, ки дошт он ҳам канда шуд.

Мулоқоти Э. Раҳмон бо сокинони осебдидаи Тавилдара баъд аз заминҷунбӣ дар ин ноҳия. Сурат: Азия-Плюс соли 2012

Ин назари чанде аз сокинони ноҳияи мазкур буд, ки ба дасти “Аздо тв” расид, аммо дар мавриди ҷой доштани чунин мушкилот то ҳол назари худи мақомоти ноҳия дастрас нест. Дар сурати дастрас гаридани вокунеше аз ҷониби масъулони ноҳия “Аздо тв” онро нашр хоҳад кард.

Афғонистон пули 4 моҳаи барқашро пешпардохт кард

0

Ширкати барқрасони “Брешно”-и Афғонистон ба ширкати “Барқи тоҷик” чормоҳа маблағи барқро пешпардохт кардааст. Дар баробари ин масъулони ширкати “Барқи тоҷик” аз масъулони “Брешно” барои пешпардохти барқ изҳори сипос намудааст. Дар ин бора Sputnik хабар дод.

“Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” аз ҳамтои афғонаш Аҳмад Довуд Нарзай ва тими ӯ барои ҳамкориҳои муштарак дар воридоти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва пули пешпардохти чаҳор моҳ – январ, феврал, март ва апрел изҳори ташаккур кардааст. Ин нома дар ихтиёри “Sputnik-и Тоҷикистон қарор дорад” – омадааст дар хабар.

Ширкати “Брешно”-и Афғонистон дар баробари пешпардохти чормоҳа, ки қаблан дар моҳи декабр бо ҷониби Тоҷикистон ба тавофуқ расида буданд, хостааст, ки барои моҳҳои баъдӣ қиммати барқро поин бибарад. Зеро ба гуфтаи масъулони “Брешно” барқ ба онҳо каме гарон фурӯхта мешавад.

Дар бораи нархномае, ки ширкати “Барқи тоҷик” ба Афғонистон мешуфрӯшад, расман чизе гуфта нашудааст, аммо бино ба навиштаи “Sputnik”, ки аз қавли манобеаш овардааст, Афғонистон 1 квт/соат барқро ба 4,1 сент аз Тоҷикистон харидорӣ мекунад.

Барқе, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол меёбад, то моҳи июли соли гузашта беш аз 10 шаҳру вилоятҳои ин кишвари ҳамсояро таъмин мекард, аммо баъд аз коҳиш ёфтани интиқоли он ҳоло вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бағлонро таъмин мекунад.

Байни Тоҷикистону Афғонистон барои хариду фурӯши барқ аз 20 июни соли 2008 созишнома ба имзо расонидааст.

Шуруъ аз охирҳои моҳи июли соли гузашта “Барқи тоҷик” интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон коҳиш дод ва сабаби онро дар кам гардидани мизони оби обанбори “Норак” гуфт.

Аз он ба баъд Афғонистон талош кард барқро аз кашварҳои Узбекистону Туркманистон ворид кунад ва ҳамчунин тавлиди барқи дохилиро низ тақвият бахшад. Аммо бо далели камобӣ натавонист талаботи дохилиашро таъмин кунад ва ҳоло ин кишвар аз камбуди барқ танқисӣ мекашанд.

Раҳмон аз ниҳояти вируси COVID-19 дар кишвар хабар дод, ин гуфта то куҷо воқеият дорад?

0

Эмомалӣ Раҳмон чунин даъвоеро дар паёмаш дар назди ҳардуи палати парлумони кишвар кард. Чизе, ки боиси суолҳои коршиносон шуд, ки то чи андоза мешавад ба гуфтаи раисҷумҳур бовар кард.

Агар коронавирус дар кишвар аз моҳи январ ба ин сӯ вуҷуд надошт, чаро то кунун дарҳои масҷидҳо баста буданд ва нишастагон дар толоре, ки Эмомалӣ Раҳмон паёмашро ироа мекард ҳамагӣ моск доштанд.

Дар ҳамин ҳол мубаллиғони раисҷумҳур аз “фабрикаи ҷавоб” мегӯянд, раисҷмуҳур ба ваъдааш, ки ин бемории ҳамагирро маҳв мекунад, вафо кард ва ҳоло дар Тоҷикистон ин беморӣ дигар вуҷуд надорад. Аммо хабарҳое, ки дар шабакаҳо ва расонаҳои мустақил нашр мешаванд, акси ҳолро мегӯянд.

Ва ҳамин дирӯз хабари марги сарбозе расид, ки 7 сол боз бо сабаби бадарфторӣ ҳангоми адои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ устухони камар ва гарданаш осеб дида ва аз ҷояш хеста наметавонист. Расонаҳо, аз ҷумла Озодӣ навишт, ки ҳафтаи гузашта хабар расид, ки Шаҳбол Мирзоевро бо аломатҳои бемории “илтиҳоби шуш” ба бемористон бурдаанд.

Аз аввали пайдоиши вируси корона дар Тоҷкистон мақомот вуҷуди онро рад мекарнанд ва фавтидагоне, ки нишонаҳои ин бемориро доштанд зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн мешуданд, аммо сабаби маргашон аз тарафи мақомоти расмӣ пайваста “илтиҳоби шуш” гуфта мешуд.

Ҳанӯз дар торихи 5-уми апрел Радиои Озодӣ хабар дод, ки пас аз марги як сокин “бо нишонаҳои коронавирус” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, мақомот Беморхонаи марказии ин ноҳия ва пизишконро қарантина карданд. Аммо мақомот он замон гуфтанд, ки тести фавтида манфӣ баромад ва дар ҷисми ӯ беморӣ ташхис нашуд.

Дертар, танҳо дар моҳи апрел дар ин ноҳия 6 нафари дигар бо нишонаҳои якхелаи “илтиҳоби шуш” фавтиданд.

“Азия-Плюс” дар таҳқиқоте дар ин бора навишт, ки ба иттилои расмӣ, то охири моҳи ноябри соли гузашта дар ноҳияи Ҷ. Расулов ҳамагӣ чаҳор нафар расман қурбонии “COVID-19” сабт шуда, даргузашти 21 нафари дигарро аз илтиҳоби шуш гуфтаанд.

Омори маргу мир дар ин ноҳия дар даҳ моҳи соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 125 адад бештар шудааст. Мақомоти ноҳияи сабаби афзоиши фавтро шарҳ намедиҳанд.  

“Азия-Плюс” дар таҳқиқоташ омори 4 солаи марги сокинон дар Тоҷикистонро оварда, ки аз соли 2017 то 2019 он каму беш дар ҳудуди  24 ҳазор нафар нишон дода мешавад. Аммо теъдоди вафтидагон танҳо дар 9 моҳи соли 2020, қариб 29 ҳазор нафар буда аст. Танҳо дар Душанбе теъдоди марг нисбати як соли пеш 700 нафар бештар мебошад.

Агар дар 9 моҳи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 12 нафар аз илтиҳоби шуш фавтида бошанд, дар ҳамин давраи соли 2020 шумори фавтидаҳо ба 400 расидааст. Мақомот марги бисёре аз чеҳраҳои шинохтаро аз илтиҳоби шуш гуфта буданд.

Дар ҳоле ҷасади бисёре аз онҳо ба пайвандонашон дода намешуд ва зери чораҳои шадиди беҳдоштӣ худи табибон ҷасадҳоро ба қабристон бурда дафн мекарданд. Дар 9 моҳи соли 2020 мақомот аз 90 нафар қурбонии COVID-19 ва 1788 илтиҳоби шуш ва (ОРВИ) хабар додаанд.

Аз оғози пандемияи коронавирус, дар зиндонҳои кишвар беш аз 11 маҳбус фавтида аст, ки мақомот сабаби марги ҳамаи онҳоро илтиҳоби шуш мегӯянд. Дар ҳоле пайвандони маҳбусони фавтида, аз ҷумла Абдулфайз Раҷабов, маҳбуси 47-сола мегӯянд, ки ӯ аз бемории COVID-19 дар зиндон вафот кардааст.

Мақомот аз аввали пайдоиши ин беморӣ дар оморҳои вобаста ба он шаффоф набуд ва чизе, ки боис шуда гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмонро низ зери суол барад. Ин даъвои ягонаи Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба COVID-19 набуд.

Эмомолӣ Раҳмон дар ҳоле чунин иддао мекунад, ки кумаки кардаи ҳукуматаш ба сокинон дар замони бемории ҳамагир хело ночиз буд. Ва инчунин дар бораи даҳҳо ҳазор тонна ва миллионҳо доллар кумакҳои хориҷӣ ҳукумат ҳеч оморе дастраси ҷомеа накарда аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле аз сиёсӣ шудани ваксин мегӯяд, ки то ҳол ҳукуматаш аз ҳеч барномаие барои таъмини сокинон бо вакcин хабар надодаанд.  

Тоҷикистон танҳо мехоҳад дар доираи як механизми Иттиҳоди ҷаҳонии воксин ва масунсозӣ (GAVI) бо номи “COVAX” 1,8 миллион доз ваксинро аз СҶБ ройгон бигирад. Ин миқдор воксин метавонад танҳо 20 дарсади аҳолии Тоҷикистонро бо ваксинаи ройгон таъмин кунад он ҳам танҳо пас аз нимсолаи 2021.

Дар ҳамин ҳол аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ 3 миллион доллар барои харидории ваксинаи зидди коронавирус барои Тоҷикистон ҷудо гардида ва ҳамчунин ҷудо намудани 5 миллион доллари дигар низ дар назар гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон дар доираи дастгирии соҳаи тандурустӣ дар соли 2020 аз бисёр донорҳои байналмилалӣ кӯмаки молиявӣ гирифтааст.

Аз ҷумла моҳи майи соли гузашта Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон ба миқдори 189,5 миллион доллар қарзи имтиёзнок дода буд. Инчунин аз Фонди Аврупоии Тавсеа ва Рушд ба маблағи 50 миллион доллар Тоҷикистон қарз гирифтааст.

Иттиҳоди Аврупо моҳи апрели соли гузашта аз ҷудо намудани 48 миллион евро барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар самти муқовимат бо паҳншавии коронавируси нав хабар дод.

Бо ин мақсад грантҳо аз дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ гирифта шудаанд. Тавзеи кумакҳо аз номи ширкатҳои наздик ба хонаводаи раисҷумуҳри кишвар ва фурӯши онҳо аз сӯи мақомодорон борҳо расонаӣ шудааст.

Оё Вазорати меҳнат ташаббуси дигаронро ба номи худ ҳисоб мекунад ё ташаббускорон аз вазоратро?

0

Пештар хабаре дар расонаҳо нашр шуда буд, ки мақомоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барномаи сафарбар кардани як гурӯҳи муҳоҷиронро бо мақомоти Русия баррасӣ намудааст ва бояд 400 муҳоҷирро ба вилояти Иркутск барои кор фиристанд.

Ин хабарро ҳатто худи Ширин Амонзода, вазири ин ниҳод ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда буд. Аммо Ғуфрон Ваҳобов як корбари фейсбук ин хаббаро дурӯғин номида, дар

Муриват Маликшоев, раиси диаспораи тоҷикон дар Иркутск / Сурат: Фейсбук

То ҳол ба гуфтаҳои Ғуфрон Ваҳобов, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон вокунише накардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Беш аз 400 тоҷикро барои кор ба вилояти Иркутски Русия мефиристанд

Шарҳи ВКД дар бораи донишҷӯе, ки декани факултетро корд зад

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал дар як хабар аз боздошт шудани ҷавони 21 сола хабар дод. Ин ҷавон Айниддин Давлятов ном дошта, бо иттиҳоми қасди одамкушӣ муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои баёнияи расмии Раёсати ВКД-и Душанбе Айниддин Давлятови 21-сола ба сабаби хусумати шахсӣ ба Музаффар Имомоназаров декани бахши менеҷменти байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба шиками ӯ корд зада, сахт захмӣ кардааст.

Дар баёнияи расмии раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе сабаби сар задани ин ҳолатро чунин шарҳ додаанд:

“Давлятов Айниддин аз он ки падараш аз нахондану қарздории ӯ аз имтиҳонҳо тавассути декани факултет огоҳ шуда, ӯро сарзаниш кардааст нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани деканро тарҳрезӣ намудааст. Бо ин мақсад, санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо корд мусаллаҳ гашта, декани факултети худро дар назди утоқи кориаш бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.”

Дар ин маврид назари волидайн ва ё вакили дифои муттаҳам ба ҷиноят маълум нест. Додситонӣ ба зидди Айниддин Давлятов бо иттиҳоми суиқасд ва ё талош барои одамкушӣ парванда боз кардааст ва дар сурати собит шудани иттиҳом мумкин аст ӯро аз 8 то ба 15 соли зиндон маҳкум кунанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ айни замон омӯзгор дар бемористон муолиҷа мегирад.

Як устоди ин донишгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Музаффар Имомназаров дар корпуси 5-уми беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ аст ва ӯро чанд маротиба ҷарроҳӣ намуданд ва айни замон вазъи саломатиаш муътадил гуфта мешавад.

Музаффар Имомназаров

Музаффар Имомназаров, дотсент, номзади улуми иқтисодӣ буда, аз 1-уми феврали соли 2019 декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетинг мебошад.

Юсуф Раҳмон: Маҳмурод Одинаев шиканҷа нашудааст

0

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон латукӯб шудани Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ-ро дар боздоштгоҳ рад кард. Инро ӯ дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми феврал гуфт.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон латукӯб шудани Одинаев “асос надорад”. “Гапи латукӯб шудани ӯ дурӯғ аст, иғво аст”, – афзуд додситони кул.

Дар ҳоле, ки худи Одинаев дар охирин мурофиаи додгоҳӣ, ба рӯзноманигорон гуфта буд, ӯро задаанд ва сутунмуҳрааш осеб дидааст. Наздиконаш низ гуфтанд, ки ӯ шиканҷа шуда, “базӯр ба пой рост меистод”.

Ин дар ҳолест, ки яке аз наздикони Маҳмурод Одинаев пештар дар сӯҳбат бо “Аздо тв” шиканҷа шудани Одинаевро тасдиқ карда буд. “Ба дараҷае, ки одамро намешиносад дигар, ҳатто хотираашро гум кардааст”. Ӯ гуфт, ки қабл аз мурофиа Одинаевро бардошта овардаанд, худаш хуб роҳ гашта наметавонистааст. Инчунин гуфт, ки сутунмуҳраи Одинаев аз сабаби шиканҷаи зиёд осеб дидааст. Одинаев ба наздиконаш гуфтааст, агар маро аз инҷо набароред мурдаамро мебароред.

Юсуф Раҳмон ҳамзамон дар робита ба парвандаи ин фаъоли сиёсӣ гуфт, дар бораи ӯ далелҳои кофӣ ҷамъ шуда буд.

Дар идомаи ин нишасти хабарӣ, Юсуф Раҳмон боз дар бораи ба ҳабс гирифтани 10 нафари дигар, ки бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои иттилоотии дар ҳориҷ қарордошта хабар дод.

Ба гуфтаи додситон, онҳо “маълумоти бардурӯғ ва иғвоангезро бар зидди Ҳукумати ҷумҳурӣ” ба хориҷ ирсол мекардаанд. Аммо аз ҳеҷ кадоми ин боздоштшудаҳо ном набурд.

Бино ба навиштаи сомонаи ҳукуматии “Ховар” Додситони кул дар идома қайд кардааст, ки “Дар оянда низ ҳар нафаре, ки ба манфиати хоинони миллат фаъолият мекунад, ошкор шуда, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад”. Вале Юсуф Раҳмон “хоинони миллат” ва “гуруҳҳои иттилоотӣ” гуфта киро дар назар дорад, чизе нагуфтааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Маҳмурод Одинаев ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Муҳаммад Отиф дар пайи як амали террористӣ дар Кобул даргузашт

0

Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистон имрӯз сешанбе 2 феврал дар шаҳри Кобул пойтахти ин кишвар се инфиҷор рух дода, дар яке аз ин таркишҳо олими шинохта ва раиси Кумитаи раҳбари Ҷамъияти Ислоҳи Афғонистон Муҳаммад Отиф кушта шудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон бо нашри як баёния кушта шудани Муҳаммад Отифро таъйид кардааст.

Ӯ оқои Отифро як олим ва шахсияти маъруфи илмӣ ва динии Афғонистон дониста ва афзуда, ки ҷаноби Отиф ҷонибдори сулҳу оштӣ дар ин кишвар буд.

Хабаргузории ББС-и форсӣ аз қавли сухангӯи пулиси Кобул, Фирдавси Фаромарз менависад, ки ӯ гуфт, дар ин се таркиш ду нафар кушта ва панҷ тани дигар, аз ҷумла ду сарбоз захмӣ шуданд.

Ҷаноби Фаромарз мегӯяд, ки таркиши аввал тақрибан соати 7:30 субҳи имрӯз сешанбе, 2 феврал (ба вақти маҳаллӣ) дар ноҳияи дуввуми шаҳри Кобул дар маҳаллаи “Ҷӯй шир” рух додааст. Вай гуфт, дар ин ҳодиса ду сарбоз захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, таркиши дуввум пас аз як соат дар ноҳияи чоруми шаҳр дар маҳаллаи “Салим Карвон” рух додааст.

Ба гуфтаи пулис, ин таркиш ду кушта ва ду захмӣ ба ҷо гузошт.

Ҷаноби Фаромарз мегӯяд, ки таркиши саввум тақрибан соати 10:30 дар ноҳияи сеюми шаҳр дар маҳаллаи “Навобод” рух дода, як сокини осоиштаро маҷрӯҳ кардааст.

Аттомуҳаммад Нур, раиси иҷроияи Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон низ дар сафҳаи расмияш дар

Сурат: Фейсбук

Ӯ бо ишора бо афзоиши ноамниҳо дар Афғонистон аз ҳукумати он даъват кард, ки барои таъмини амнияти шаҳрвандон “диққати зарурӣ” диҳад.

Атомуҳаммад Нур Гурӯҳи Толибонро дар ноамниҳои Афғонистон масъул медонад. Ва афзуда, ки ин гурӯҳ барои барҳам додани раванди сулҳи Афғонистон талош доранд дар кишвар ноамниҳоро бештар кунанд.

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон даргузашти ҷаноби Отифро ба пайвандонаш таслият гуфта, иброз доштааст, ки Гурӯҳи Толибон ҳамагуна суиқасд ва куштани олимону рӯзноманигорон ва шахсиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро маҳкум мекунад.

Ҳукумати Афғонистон барои оғози сулҳ бо Толибон тобистони соли гузашта 5 ҳазор зиндонии ин гурӯҳро аз зиндонҳо раҳо кард, вале дере нагузашт, ки ноамнӣ дар ҷомеаи ин кишвар бештар гардид. Аксари олимони маъруф ва рӯзноманигорони номдор терор шуданд.

Моҳи июни соли гузашта чанд масҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ тарконида шуд, ки дар натиҷа олимони маъруфи ин кишвар, аз ҷумла имоми масҷиди Шершоҳи Сурӣ, мавлавӣ Азизуллоҳи Муфлиҳ ва устоди донишгоҳ ва имоми масҷиди Вазирмуҳаммади Акбархон, мавлавӣ Муҳаммадиёзи Ниёзӣ дар шаҳри Кобул бар асари таркишҳо даргузаштанд.

Коршиносони байналмиллалӣ бо гузаронидани як таҳқиқе гуфтанд, ки беш аз 60 дарсади раҳошудаҳои Толибон дубора ба майдони ҷанг баргаштаанд.

Аммо худи Толибон на ҳамаи ин таркишу ноамниҳоро ба душ мегиранд. Ба гуфтаи онҳо гурӯҳҳои манфиатхоҳи дигаре низ дар майдон ҳастанд.

Модарро кушту тамоми аъзои хонаводаро заҳролуд кард, чаро?

0

Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 1 феврал хабар дод, ки як сокини ноҳияи Хуросон бо номи Исломов Ҷалолиддин Алимуллоевич 21 сентябари соли 2020 барои ҳалок намудани аҳли хонаводааш, ки майнӯшии ӯро монеъ мешудаанд, дар деги хӯроки онҳо 5-6 адад доруи навъи “Азалептин” ва як миқдор пайвастагиҳои органикии фосфордор ва хлордорро андохтааст, ки дар натиҷа баъди истеъмоли хӯрок аҳли хонавода ҳама заҳролуд шудаанд.

Бар асари заҳролудшавии шадид модараш Исломова Назокат Мирзомуродовна вафот карда, шаш нафари дигар аз аъзоёни ин оила бо нишонаҳои заҳролудшавии шадид дар шуъбаи эҳиёгарии беморхонаи марказии н.Хуросон бистарӣ гардидаанд.

Прокуратураи н.Хуросон нисбати Исломов Ҷ.А., бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,ж”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, онро баъди ба итмом расонидан ба суд ирсол намудааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон 29 декабри соли 2020 Исломов Ҷалолиддинро бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,ж”-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, барои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт ҳукм содир кард.

Падидаи номатлуби куштани аъзои хонавода аз ҷониби як узви дигари он амрест нодир, вале чанд соласт, ки дар Тоҷикистон зиёд ба гӯш мерасад.

Ҷомеашиносон омилҳои чунин ҷиноётро бештар ба ҳолати равонии омилони он рабт медиҳанд. Аммо дар баробари ин метавонад шароити пасти иқтисодӣ ва бекории ҷавонон низ яке аз омилҳои ин гуна ҷиноятҳои мудҳиш бошад.