30.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 565

20 сол зиндон барои азхудкунии маблағи калони буҷет

0

Корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон Нуъмонзода С. С. бо иттиҳоми азхудкунии маблағи калони давлатӣ аз ҷониби додгоҳи шаҳри Душанбе ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамчунин додгоҳи пойтахт ду шарики Нуъмонзодаро, ки гуфта мешавад, ҳарду ҳамроҳи маҳкумшуда дар азхудкунии маблағҳои буҷет даст доранд, дар ҷустуҷӯ қарор додааст.

Хабаргузории “Sputnik” аз қавли Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон менависад, ки нозир — хазиначии бахши молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Нуъмонзода С. С. бо суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор Ҳайдаров А. Н. ва деклорант Сафаров Ш. Р. маблағҳои давлатиро аз худ кардааст.

Бино ба гуфтаи прокурори генералӣ, маҳкумшуда Нуъмонзода С. 21,7 млн сомонӣ пардохти гумрукиро ғайриқонунӣ аз хазинаи Раёсат ба суратҳисоби 4 ширкати ба соҳибкор Ҳайдаров А. Н. тааллуқдошта гузаронида, ба маблағи 9,3 млн. сомонӣ расидҳои қалбакии пардохт­и гумрукӣ додааст.

Нуъмонзода – тибқи маълумоти прократураи генералӣ, ба он гунаҳкор дониста мешавад, ки ӯ дар маҷмӯъ 31 млн сомонӣ маблағи пардохти гумрукиро ба буҷети давлат ворид накарда аз они худ кардааст.

Якуми феврал Рӯзи байналмиллалии ҳиҷоб аст

0

Имсол бори 8-ум аст, ки рӯзи 1-уми феврал дар саросари дунё ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ҳиҷоб шинохта шуда ва таҷлил мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, шуруъ аз соли 2013 ҳамасола якуми феврал Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар 140 кишвари дунё таҷлил мешавад.

Ҳиҷоб-ин навъи сарпӯши занонаест, ки дар фарҳанги мусулмонон роиҷ ва фарз хонда мешавад.

Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷобро як зани мусалмони банглодештабори Амрикоӣ бо номи Назмахан ба хотири рафъи таваҳҳумоти ғалат дар бораи ҳиҷоби мусалмонӣ ва шинохти бештар аз он ва дур аз тафсилоти аҳкоми шаръӣ роҳандозӣ кард.

Рӯзи ҳиҷоб ҷашни навест, ки барои дур сохтани исломҳаросӣ дар Амрико ва кишварҳои ғарбӣ роҳандозӣ шуд, ки сол то сол дар ҷаҳон шӯҳрати бештар касб мекунад.

Дар Тоҷикистон мақомдорон сатру ҳиҷобро либоси ба фарҳанги миллӣ бегона тавсиф мекунанд. Аз соли 2014 ба ин сӯ ин мавзӯъ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле гарм аст.

Хабарҳои варзишии тозаи Тоҷикистон

0

Бино ба навиштаи сомонаи расмии “Кумитаи милли Олимпии Тоҷикистон” 30-31 январ дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “ҷудо” байни калонсолон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 273 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат карданд.

Ба гуфтаи “Федератсияи ҷудои Тоҷикистон” ҳадаф аз баргузор кардани мусобиқа дар аввали сол муайян кардани мавқеи паҳлавонон дар радабандии ягонаи ҷумҳуриявӣ мебошад, ки имкон медиҳад ҳангоми сафарбарии онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ беҳтаринҳо бе мушкилӣ интихоб шаванд.

Рӯзи якум қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг ва -73кг, рӯзи дуюм қувваозмоиҳои дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва дар ду вазн миёни бонувон сурат гирифт.

Инчунин хабари дигаре дар мавриди варзиши Тоҷикистон расида, ин аст ки тими мунтахаби наврасони кишвар оид ба футбол (U-17) дар аввалин бозӣ дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” тими Қазоқистонро бо ҳисоби 7:1 шикаст дод. Ин мусобиқа рӯзи 31-уми январ дар Минск баргузор гардид.

Голҳоро дар ҳайати тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷурабекзода заданд.

Дар даври дуюми “Ҷоми рушд-2021” 3-юми феврал футболбозони навраси Тоҷикистон бо дастаи Молдова вомехуранд, ки дар даври аввал бар тими Белорус бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буд.

Дар Тоҷикистон масҷидҳо баъди моҳҳо таътил кушода шуданд

0

Дар Тоҷикистон шуруъ аз имрӯз 1 феврал дари масҷидҳо барои намозгузорон баъд аз таътили 10 моҳа дигарбора боз шуданд. Аммо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва зиддиуфунӣ кардани дастҳову доштани ниқоби тиббӣ шарти асосӣ барои ворид шудан ба масҷидҳост.

Ҳангоми аввалин намоз имрӯз муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз намозгузорон хоста, ки ҳар нафаре, ки ба масҷид меояд бояд бо худ ҷойнамоз дошта бошад ва масофаро риоят кунад.

Пеш аз қарори кушодани масҷидҳо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ҳушдор дода буд, ки дар сурати риоят нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ метавонад дари масҷидҳоро дигарбора бандад.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин рӯзи 1-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Ҳар ҷойи ҷамъиятӣ, ки шароити беҳдоштӣ, шахсию ҷамъиятӣ дар он риоят намешавад, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ чора андешида мешавад. Дар нисбати масҷидҳо ин чиз истисно буда наметавонад. Ҳар масҷиде, ки қоидаҳои беҳдоштиро сарфи назар мекунад ва эҳтимоли гирифтории сокинонро ба бемории сироятӣ ба вуҷуд меорад, фаъолияти он то рафъ кардани мушкилот баста мешавад.”

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи талаби бозкушоии масҷидҳо аз ҷониби сокинон садо медод. Дар пайи ин Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон гуфт, ки ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз коронавирус барои кушодани масҷидҳо дархост додаанд ва мунтазири посуханд.

Раҳмон: собиқ раиси шаҳри Кӯлоб ба 306 нафар ғайриқонунӣ замин фурӯхтааст

0

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб бо муовинаш ба 306 нафар ғайриқонунӣ замин фурӯхтааст. Дар ин бора “Sputnik” хабар дод.

Бино ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, Баҳром Иноятзода, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб ва муовини собиқи ӯ Ҳафизов бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи ҷинояткорон 128 гектар қитъаҳои заминро ба 306 шаҳрванд фурӯхтаанд.

Ҳаҷми маблағ аз фурӯши ғайриқонунии замин 725 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Худи Иноятзода ин иттиҳомотро бепоя хонда буд.

Гузориши Юсуф Раҳмон дар ин бора дар ҳолест, ки ахиран Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, ки “Баҳром Иноятзода ҳангоми раиси шаҳри Кӯлоб будан, аз 13 нафар пора гирифта, маҳсулоти хайриявиро тасарруф карда, бо маблағҳои бадастовардааш, ба миқдори бештар аз 2 миллион сомонӣ Бунгоҳи тиббии шахсӣ сохтааст”.

Иттоҳоми дигаре, ки бар дӯши Иноятзода гузоштаанд, ин ғайриқонунӣ аз худ кардани ду манзил дар шаҳри Душанбе аст.

Дар идома гуфта шудааст, ки Иноятзода Б. аз соли 2015 инҷониб дар эъломияҳо оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ ба ғайр аз даромадҳои маоши давлатӣ ба дастовардааш, дигар манбаъҳои даромад ва амволашро пинҳон доштааст.

Додгоҳ Иноятзодаро ба мӯҳлати 12 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ва 5 сол маҳрум сохтан аз ҳаққи ишғоли мансабҳо равонаи зиндон кард.

Аммо худи Иноятзода ва наздиконаш дар додгоҳ ин ҳукмро ноодилона хонда, иттиҳомоти эълоншударо бепоя номиданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20-уми ноябри соли 2020 додгоҳи минтақаи Кӯлоб, Баҳром Иноятзодаро бо моддаҳои 314 қ.2, 319 к.4, б. «а,в,г», 245 қ.2, б. «а,б,ғ», 247 қ.4, б. «б», 3381 К. 2, б. «в» , 262 қ.З, «б» КҶ ҶТ ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба суистифода аз мансаб ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд.

Дилором Самиева ҳамсари Иноятзода гуфтааст, ки ба ҳукми додгоҳ розӣ нест, ба зинаҳои боло муроҷиат мекунанд ва айбномаҳое, ки нисбати Иноятзода эълон гардидааст, воқеият надорад.

Бино ба гуфтаи наздиконаш, Иноятзода 37 соли умри худро сарфи корҳои давлатӣ кард ва натиҷааш 12 сол паси панҷара будааст. Вале додраси парвандаи Иноятзода ҳангоми қироати ҳукм гуфт,  иттиҳомоти алайҳи Иноятзода эълоншуда тасдиқи худро ёфтаанд.

Баҳром Иноятзода ба ҳайси раиси шаҳри Истаравшан, вакили Маҷлиси Миллӣ фаъолият кардааст. То дастгир шуданаш дар курсии раиси шаҳри Кӯлоб менишаст.

Баҳром Иноятзода, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб. Сурат: sugdnews.com

Замони Раиси шаҳри Истаравшан фаъолият карданаш, бо адешаҳои зидду нақизаш нисбати диндорон дар ҷомеа шинохта шуда буд. Ӯ он замон гуфта буд, нафароне, ки ба масҷид мераванд бо ақидаи солим берун намеоянд.

Моҳи июни соли 2020 аз ҷониби маъмурони амниятӣ боздошт шуд, бар асоси шаш моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин муттаҳам шуд.

Иноятзода моҳи феврали соли 2019 моликони ширкати “Комил-2010”, мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид карда буд.

Ҳамчунин Бег Сабурро ба хотири пардохт накардани қарзҳои давлатӣ “Хоҷа Аҳрори Валӣ” хитоб намуд, ки аксари корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир ва зиндонӣ шуданашро натиҷаи он танқиди сахташ аз қудои раисҷумҳур арзёбӣ карданд.

Шаҳбол Мирзоев дар беморхонае дар шаҳри Хуҷанд даргузашт

0

Шаҳбол Мирзоев, сарбозе, ки дар артиш бо сабаби бадрафтории ҳамхидматаш маъюб шуда ва аз ҷой хеста наметавонист, шаби 1 феврал аз олам даргузашт. Гуфта мешавад, ки Шаҳбол дар беморхонае дар шаҳри Хуҷанд даргузаштааст.

Радиои Озодӣ аз қавли модари Шаҳбол, Зайтуна Мирзоева, менависад, ки “Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта баъди қайкунии зиёд, дарунравӣ ва камхунияш аз клиникаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд дар бемористони вилоятӣ бистарӣ карданд. Панҷ рӯз дар шӯъбаи эҳё қарор дошт.”

Сабаби вафоти Шаҳбол то ҳол маълум нест, аммо тибқи гуфтаи падараш, ҳафтаи гузашта аҳволаш бад шуд ва ӯро аз дармонгоҳи офиятбахшии шаҳри Хуҷанд ба беморхонаи марказии вилоят бурда буданд. Ӯ дар мусоҳибае ба Радои Озодӣ 29 январ гуфта, ки “Ҳарораташ баланд мешуд, қай мекард.”

Шаҳбол Мирзоев соли 2014 ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби як ҳамхизматаш мавриди лату кӯб қарор гирифт, ки дар натиҷа устухони гардан ва миёнаш маҷруҳ шуда, то дами марг дигар аз ҷой хеста наметавонист.

Табибон он замон гуфта буданд, ки барои табобати Шаҳбол вақти зиёд лозим аст. Ҳарчанд додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, як ҳамхизматашро ба 9 соли зиндон маҳкум кард, вале бо қонуни авф ду солаш кам карда шуд.

Ҳамчунин барои рафъи зарарҳои моддӣ ва маънавӣ волидайни Шаҳбол Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистонро ба додгоҳ кашиданд. Вакили дифои Шаҳбол, Дилшод Ҷураев гуфта буд, ки 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва 97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ талаб карда буданд, аммо додгоҳи ҳарбии гарнизонии Душанбе рӯзи 22 ноябри соли 2016 паси дарҳои баста Сарраёсати нерӯҳои марзбониро ба пардохти 41 ҳазор сомонӣ ҷуброни моддӣ ва маънавӣ муваззаф кард.

Тазоҳуроти густарда дар шаҳрҳои Фаронса, дасти кам 26 нафар боздошт шуд

0

Охири ҳафтаи гузашта дар аксари шаҳрҳои Фаронса мардуми зиёде даст ба тазоҳуроти густардае заданд.

Расонаҳои маҳаллии Фаронса хабар доданд, ки рӯзи 30 январ зиёда аз 30 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба кӯчаҳо баромада алайҳи қонуни нав дар бораи “Амнияти фарогир”, ки чанд моҳ аст бо мухолифатҳои зиёди шаҳрвандон рӯбарӯст, эътироз карданд.

Эътирозгарон дар чанд шаҳри Фаронса даст ба эътироз задаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат мегӯяд, ки бо қабули қонуни нав мехоҳад аз нерӯҳои пулис беҳтар муҳофизат кунад.

Тибқи қонуни мазкур, назорат бар ҷойҳои ҷамъиятӣ тавассути дурбинҳои мадорбаста бояд густариш ёбад ва нашри наворҳое, ки аз рафтори пулис бо тазоҳуркунандагон гирифта шудааст, маҳдуд шавад. Мунтақидони ин қонун нигаронанд, ки қонуни мазкур маҳдудкунандаи озодии матбуот хоҳад шуд.

Бино ба гуфтаи худи мақомоти Фаронса рӯзи гузашта беш аз 30 ҳазор нафар дар эътирозҳои охири ҳафта ширкат варзидаанд. Ва асри рӯзи шанбе дасти кам 26 дар Порис дастгир шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории (DW) давоми чанд ҳафтаи ахир беш аз сад ҳазор нафар дар саросари Фаронса алайҳи ин қонун тазоҳурот кардаанд. Аз охирҳои моҳи ноябри соли гузашта эътирозот ва даргириҳои хушунатомез дар Порис афзоиш ёфтааст.

Қонуни “Амнияти фарогир” пас аз оне мавриди қабул қарор гирифт, ки дар моҳи ноябри соли гузашта наворе аз рафтори хашини кормандони пулис нашр шуд. Дар он дида мешуд, ки маъмурони пулис як оҳангсозро дар макони кораш мавриди лату кӯб қарор медиҳанд.

Эмануэл Макрон раисҷумҳури Фаронса ин амалро рафтори “шармовар” дониста барои ҳифзи обрӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин қонунро матраҳ кард.

Кудатои низомӣ дар Миёнмор, раисҷумҳур ва мақомдорон боздошт шуданд

0

Бино ба гузориши “Ройтер” бомдоди рӯзи душанбе 1 феврал (ба вақти маҳаллӣ) раисҷумҳури давлати Миёнмор, Вин Мин бо шумули сарвазиру чандин мақомҳои баландпояи ин кишвар дар натиҷаи як кудато аз ҷониби Артиши Миёнмор боздошт шуданд.

Гуфта мешавад, ҳизби Ваҳдати Миллии Демократӣ (NLD)-и ин кишвар ба нақл аз раиси он хонум Аун Сан Су Чи аз мардуми Миёнмор хоста, ки дар баробари кудатои низомӣ муқовимат кунанд ва нагузоранд, ки ин кишвар ба даврони диктотурии низомӣ бозгардад.

Баъд аз боздоштҳои густардаи мақомдорон Артиши Миёнмор дар ин кишвар вазъияти изтирорӣ эълон карда, тавассути шабакаи телевизиони марбут ба низомиён изҳор дошт, ки давлат аз дасти ғайринизомиён гирифта шудааст. Дар ин кишвар интернет, шабакаҳои телефонӣ ва мобайлҳо низ қатъ шудааст.

Ҳамзамон ба далели қатъи саросарии интернет тамоми бонкҳои ин кишвар низ эълон кардаанд, ки муваққатан таътил шудаанд. Ва шабакаҳои телевизионӣ низ аз таътили кори худ хабар доданд.

Дар моҳи ноябр дар ин кишвар интихоботи парлумонӣ доир гардида ҳизби Ваҳдати Миллии Демократӣ (NLD), ки раисаш мушовири давлатӣ Аун Сан Су Чи аст бо ба даст овардани 83 дарссади оро пирӯз эълон шуд. Аммо Артиш ин интихоботро напазируфт ва гуфт, ки дар интихобот тақаллуб сурат гирифтааст.

Рӯзи душанбе Артиши ин кишвар баъд аз боздошти раисҷумҳур ва мақомҳои давлатӣ эълон кард, ки ҳокимият ба дасти Сарфармондеҳи кул, генерал Мин Аун Ҳлайн гузаштааст ва ба зудӣ интихоботи шаффофу демократиеро роҳандозӣ хоҳад кард.

Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар кишварҳои дунё ин кудаторо маҳкум намуда, раҳоии раисҷумҳур ва сарвазиру дигар мақомти баландпояи ин кишварро талаб карданд. Амрико баъд аз расонаӣ шудани ин хабар бо лаҳни тундтаре бархурд намуда, боздоштҳоро маҳкум кард ва гуфт, дар сурате, ки шароит ба ҳолати қаблӣ бознагардад, алайҳи касоне, ки дар ин кудато даст доранд иқдом хоҳад кард.

Аун Сан Су Чи. Сурат: nachedeu.com

Аун Сан Су Чии 75-сола ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар замони ҳукумати собиқи диктатурии низомии Бирма 15 сол дар ҳабси хонагӣ буд. Пас аз ба қудрат расидан, ӯро ба хотири саркӯб кардани ақаллиятҳои мусалмони Роҳенгиё ва иҷро накардани ваъдаи ислоҳоти демократӣ дар сатҳи байналмиллалӣ мавриди интиқоди шадид қарор доданд.

Кишвари Миёнмор дар ҷануби шарқии Осиё ҷойгир аст ва 50 млн ҷамъият дорад.

“Наличка”, ҳам барқи мардумро мефурӯшед ва ҳам таҳдид мекунед, кам истеъмол кунанд

0

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле аз талафоти нерӯи барқ изҳори нигаронӣ мекунад, ки ширкати “Барқи тоҷик” бо ирсоли як барқия ба ҳамтои афғони худ барои пешпардохти барқи содиротӣ ба ин кишвар арзи сипос кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳо Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар моҳи декабри соли гузашта аз Аҳмад Довуд Нурзай, раиси ширкати “Брешно”-и Афғонистон хостааст, ки пули нерӯи барқи содиротии Тоҷикистон ба ин кишварро пешакӣ пардохт кунад. Ва дар ин дархост ҷониби Тоҷикистон тааҳҳуд супоридааст, ки ҳаҷми тавофуқшудаи содироти нерӯи барқ дар моҳҳои январ, феврал, март ва апрелро бидуни вақфа иҷро хоҳад кард.

Ширкати “Брешно” бар пояи ин тавофуқ барои ин моҳҳо пешпардохт кардааст. Ба забони авом афғонҳо нерӯи барқи Тоҷикистонро “наличка” харидаанд. Ҳоло маълум нест, ки ҳаҷми нерӯи барқи содиротӣ ба ин кишвар чанд миллион кВт / соатро ташкил медиҳад. Вале шурӯъ аз 5 январи соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии мамлакатро боз ҳам маҳдуд карда лимит ҷорӣ намуд ва ҳоло мардум ва кишвар аз соати 11-и шаб то 6-и субҳ дар ин зимистони қаҳратун дар зулмот ва торикӣ фурӯ мераванд.

Фурӯхтани нерӯи барқ на танҳо ба Афғонистон, ба ҳар кишвари дигар, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистону Русия набояд масъала ва мушкил пеш оварад. Бигзор бифурӯшанд. Вале агарки он аз истеъмолу истифодаи халқу мардуми Тоҷикистон зиёд бошад.

Дар ҳоле, ки барои худи ин мардум лимит ҷорӣ карда шудааст, чи тавр мешавад ба кишварҳои хориҷӣ бифурӯхт? Чӣ гуна мешавад, ки хонаҳои мардуми худро, фарзанду модару падару кӯдаки халқи худро дар торикӣ ва сардӣ гузошту ба дигарҳо фурӯхту пул “кор” кард? “Наличка” пеши чашми мақомоти кишварро гирифтааст?! Магар ҳамин халқи фақиру нодор набуд, ки аз нуки нафақа, аз лаби маош ва аз пасандози барои Ҳаҷ ҷамъовардаашро саҳмияи Роғун харид?

Агар бародарони афғонистонӣ барои чаҳор моҳ “наличка” ва авансу пешпардохт карда бошанд, дар соли 2010 ба даҳҳо миллион доллар пешпардохт ва бо “наличка” саҳмияхариҳои мардум, корхонаҳо, муассисаҳои хусусиву давлатӣ куҷо шуд? Ҳадаф аз халқи худро дар торикву сардӣ нигоҳ доштан, болои онҳо азобу азият бор кардан чӣ аст? Пул? Магар мардуми тоҷик қувваи барқи ватани худашро бепул истифода кардааст? Мардум ҳам, ки пули барқро супорида истодааст.

Ҳамин як ду рӯзи пеш буд, ки Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ паём доду сиёсати дохиливу хориҷии худро тавсиф карду кору бори худро ба осмони ҳафтум бардошт. Ингор тамоми корҳо дар Тоҷикистон100%. Вале дар паёмаш аз мушкилоти норасоии нерӯи барқ ва ҷорӣ кардани лимит ба аҳолӣ ҳарфе назад. Дуруст аст, ки аз талафоти барқ гуфт. Аммо нагуфт, ки новобаста аз талафи он мо ба Афғонистон “наличка” фурӯхта истодаем.

Талафи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ҳарфи наве нест ва ба маҳзи ҳамин “талаф”-и нерӯи барқ аст, ки ҳоло ширкати “Барқи тоҷик” 30 миллиард сомонӣ, бештар аз дуввуним млрд доллар қарздор аст. Ва ин “талаф”-и барқ дар асл як роҳи “списат” кардан ва бори дӯши мардум кардани қарзи ин ширкат аст, ки барои масъулони ин ширкат даромадҳои ҳангуфту муфт меоварад ва мусалламан Раҳмон кайҳост аз он хабар дорад.

Таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ аз мушкилтарин масъалаи соли ҷории ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бубинед, ки то чи андоза ба сарнавишти мардуми худаш  бетафовут ва бефарқ аст, ки барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” батафсил сӯҳбат ва ҷузъ, ҷузъ баррасӣ кард. Гӯё мушкил ва кори асосии раиси давлат ҳамон буда бошад. Аммо масъалаи инро, ки чаро бо ин ҳама сохтусозҳо ва бо кордарории 2 чархаи Роғун ҳоло ҳам мардум азоби бебарқӣ мекашадро пинҳон кард. Сабаби асосии ба ин масъала, балки ба ин проблемаи №1 сарсарӣ, хоҳам нахоҳам сухан кардани Раҳмон чӣ аст?

Гап дар инҷост, ки низоми энергетикаи кишвар ва бахусус ширкати “Барқи тоҷик” солҳост ба як хуррагаҳ ва ба як “кормушка”-и масъулини ин арса ва бахусус оилаи худи Раҳмон бадал гаштааст. Маблағҳои барқи содиротии кишвар ба суратҳисобҳои оффшории ин хонавода ворез шуданашро на як бору ду бор маълум ва мушаххас кардаанд. Дигар ҳам ин аст, ки тайи даҳ соли ахир ҳадди ақал се маротиба бо фармони махсус Раҳмон қисме аз қарзҳои ин ширкатро маоф кард. Кас намедонад, ки чи қадар аз ин “списат” карданҳо даромад гирифтааст.

Ин воқеиятро наметавон пинҳон дошт, ки низоми энергетикии Тоҷикистон яке аз фосидтарин арсаҳои фаъолияти давлати Тоҷикистон аст. Амонуллои Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон солҳост, ки дар ин ширкат ҳарфи аввалу охирро мезанад ва ӯст, ки арсаи фурӯшу таъминоти ин ширкатро бар ӯҳда дорад.

Ахиран Бонки Осиёии Рушд барои арсаи энержии Тоҷикистон 150 миллион доллар грант тахсис дод ва ин маблағ қарор аст барои насби ҳисобкунакҳо ва навсозии бархе аз таҷҳизоти ин ширкат масраф бишавад. Ва шарти вогузории ин маблағ ҳам ин аст, ки арзиши фурӯши нерӯи барқ ба аҳолӣ боло бурда шавад.

Дар ҳоле, ки ҳамин ҳоло маълум шуд, ки тоҷикҳо дар қиёс бо бақия мардуми Осиёи Марказӣ барои қувваи барқ бештар пардохт мекардаанд ва инки Раҳмон борҳо мегуфт арзонтарин қувваи барқ дар Тоҷикистон аст, як дурӯғе беш набудааст. Барои мисол, туркманҳо 0.7, қирғизҳо аз 0.9 сент то 2.5, узбекҳо аз 1.4 то 3, қазоқҳо аз 1.5 то 6.5 сент, вале тоҷикҳо бошанд аз 2(!!) сент то 6.5 сент пардохт хоҳанд кард.

Бубинед, дар солҳои шӯравӣ, ки як давлати атеистӣ буд масҷид ва умуман ибодатхонаҳо барқи ройгон истифода мекарданд. Аммо ҳоло масҷидҳои Тоҷикистон 65 дирам, баробари корхонаҳои саноатӣ ҳаққи нерӯи барқ пардохт мекунанд. Ва нуктаи дигар, ки барои тасбит ва тақвияти ин гуфта, ки арсаи энержии кишвар як манбаи даромад ва “кормушка”-и оилаи Раҳмон бадал шудааст, ин аст, ки шарики кории Бонки Осиёии Рушд барои масрафи 150 миллион доллар гранти ҷудошуда, ҳатто на худи ширкати “Барқи тоҷик”, балки фирмаи “Авестогрупп” мебошад ва молики асосии он Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам шаҳрдор ва ҳам раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мебошад.

Тардид надошта бошед, ки қисмати аъзами ин грант ҳам обулой хоҳад шуд, аммо пардохти он ва пардохти баҳраҳои он бар дӯши мардуми тоҷик аст.

Ҳоло акнун ин савол пеш меояд, ки бо чи рӯйе Раҳмон ва ҳукумати вай ба мардум гуфт, ки оби ҳавзи “Норак” кам шудааст ва барои ҳамин ногузир ҳастем, ки лимит ҷорӣ намоем. Агар оби ҳавзи “Норак” кам шуда бошад, пас аз куҷо моҳбамоҳ шумо ҳаҷми содирот, яъне фурӯши барқ ба хориҷаро зиёд кардед?

Барои фурӯш ба хориҷа ва гирифтани “наличка” об дар ҳавзи “Норак” кифоят кардааст ва боз ҳам “гарантия” додаед, ки бидуни вақфа барои чаҳор моҳи дигар ба Афғонгистон барқ содир мекунед, аммо мардуми худро дар бебарқӣ нигоҳ медоред, чаро? Бинобар навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ

Тайи чор моҳи охири соли 2020 Тоҷикистон давра ба давра интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсояро қариб ба андозаи 80% зиёд кардааст. Моҳи сентябри соли гузашта барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млн, моҳи октябр – ҳудуди 2 млн, моҳи ноябр – беш аз 2,7 млн ва моҳи декабр – қариб 3,4 млн доллар интиқол дода шуд.

Ин кори шумо мақоли мардумии “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро мемонад. Ҳам барқи мардумро мефурӯшед ва ҳам ба мардум таҳдид мекунед, ки зиёд истеъмол менамоед ва сабаби қатъи барқ ҳамин масрафи беш аз андозаи шумост. Воқеан ҳам бояд гиребонро дудаста гирифту лоҳавла ва лоқуввата гуфт.

Ин ҳама хонабахона гаштанҳо, ин ҳама ҷаримасозиҳо ин ҳама мардумро муттаҳам карданҳо ва ин ҳама сохторҳои давлатб: милисаву прокурору ҷамоатҳоро “светҷамъкунак” сохтанҳо, комиссия ташкил карданҳо ба хотири чӣ аст? Бале, бори дигар исбот шуд, ки   Раҳмон барқро фурӯхта истодааст. Ширкати “Da Afghanistan Breshna Shirkat”-и Афғонистон дасти дуздро рӯ кард.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Мутахассисони вирусшинос барои таҳқиқи вируси ҳамагир ба Вуҳон рафтанд

0

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт як гурӯҳи мутахассисонро барои таҳқиқ ва пурра омӯхтани вируси “COVID-19” ба шаҳри Вуҳони Чин фиристод. Вуҳонро макони сарзадани коронавирус медонанд.

Рӯзи панҷшанбе 28 январи ҳамин сол ин ҳайат кори таҳқиқотии худро шуруъ кард, ҳарчанд маълум нест, ки онҳоро ба ҳама иншооти зарурӣ иҷозаи санҷиш медиҳанд ё хайр.

Бино ба иттилои хабаргузории “Ал-Ҷазира”, дар назар аст, мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз озмоишгоҳҳое боздид кунанд, ки озмоишҳои аввалини вируси “COVID-19” онҷо гузаронида шудааст ва ҳамчунин аз бозоре, ки эҳтимолан вируси ҳамагир аз онҷо паҳн шуд, дидан кунанд.

Чанде пеш Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз Чин хоста буд, ки мутахассисон барои озмоиши ин вирус ба Вуҳон раванд, аммо зоҳиран Чин ба ин дархост талаби рад дода буд.

Баъзе расонаҳо навишта буданд, ки Чин дар додани маълумоти бештар дар бораи ин вируси ҳамагир худдорӣ мекунад.

Пештар хабарҳо нашр шуда буд, ки наздикони онҳое, ки аз коронавирус дар Вуҳон фавтидаанд, мегуфтанд, ки онҳо зери фишори мақомоти Чин қарор доранд. Ва аз онҳо хоста шудааст, ки чизе нагӯянд.

Хабарҳо низ нашр шуда буд, як нафаре, ки аз вазъияти интишори коронавирус дар Вуҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор нашр кард, аз ҷониби мақомоти Чин боздошт шуда буд.

Аммо мақомоти Чин чунин фишорҳоро рад намуда, мегӯянд, ки як қатор давлатҳо мекӯшанд интишори коронавирусро тобиши сиёсӣ диҳанд.