13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 569

Мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо

0

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Форуми дипломатӣ дар шаҳри Анталияи Туркия бо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷа сиёсат ва амният Жозеп Боррелл дидору гуфтугӯ намуд.

Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо перомуни татбиқи стратегияи ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ суҳбат карданд.

Хабаргузории “Спутник” бо такя ба манбааш дар дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ дода, ки ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо, татбиқи стратегияи ҷадиди ИА дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин амалисозии лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни ин мулоқот аҳамияти рушди муносиботи Тоҷикистон ва ИА дар доираи Шӯрои ҳамкорӣ дар Кумитаи ҳамкорӣ қайд карда шуд.

Ба гуфтаи дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Муҳриддин ва Баррелл дар мавриди амният ва суботи минтақавӣ гуфтугӯи судманд доштанд. Доир ба вазъи Афғонистон, таҳдидҳои терроризм ва экстремизм низ диққати махсус доданд.

Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди Аврупо стратегияи ҷадиди худ барои Осиёи Марказиро дар соли 2019 тасвиб кард, стратегияи пештараи он соли 2007 қабул шуда буд.

Санад таъмини устуворӣ ва ҳамкории минтақавиро дар минтақа мадди назар дорад, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифта, ки ба навсозии иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба ҷавонон мусоидат намояд.

Сафари директори бюрои минтақавии БРСММ ба Тоҷикистон

0

Раиси бюрои минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Маряна Сполярич Эггер рӯзҳои 20-22 ба Тоҷикистон меояд.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник” ин сиёсатмадори аврупоӣ қабл аз Тоҷикистон ба Узбекистон ва Қирӯизистон ҳам сафар хохад кард. Вай зимни сафараш ба Тоҷикистон якчанд дидору мулоқотро бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шарикон мадди назар дорад, вале аз ҷузъиёташ чизе гуфта намешавад.

Маряна Сполярич Эггер, директори Бюрои минтақавии Барномаи рушди СММ

Мавзӯи асосии музокироти оянда танзими коҳиш додани авоқиби иҷтимоию иқтисодии таъсири пандемияи COVID -19 мебошад.

Тибқи гузориши “Спутник” рузи 22 июн Сполярич дар мизи мудаввари “Сармоягузорӣ ба оянда: имкониятҳо барои соҳибкории инноватсионӣ дар  Тоҷикистон” ширкат менамояд.

Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар чаҳор самти муҳим фаолият намуда, ба вазъи қишри осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла занону ҷавонон, шахсони маъюб ва шахсони гирифтори ВНМО (ВИЧ) таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекунад.

Дар ҳамкорӣ бо ҳукумат, дигар агентиҳои СММ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, барномаи рушди СММ дар масоили риояи ҳуқуқи инсон ва ислоҳот бо далелҳои асосёфта кумак карда тақвияти имконот ва фаолияти ба рушди кишвар равонашударо дар ҳамаи минтақахои Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

Директори БРСММ дар сафараш ба Узбекистон дар Тошканд дар “Форуми байналмилалии занони соҳибкор” ширкат хоҳад кард.

Дар Қирғизистон бошад, Маряна Сполярич бо мақомоти ин кишвар мулоқоту гуфтугӯ, аз ҷумла вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Имрӯз дар Эрон интихоботи президентӣ ҷараён дорад

0

Имрӯз 18 июн дар Эрон интихоботи президентӣ доир гашт. Мардум аз соати 7-и субҳ ба вақти маҳаллӣ барои интихоби раисҷумҳури ҷадидашон пой сандуқҳои раъй ҳозир шуданд.

Дар ин даври интихоботи президентӣ 4 номзад: Муҳсин Ризоии Мирқоид, Иброҳим Раисӣ, Амир Ҳусейн Қозизода Ҳошимӣ ва Абдунасир Ҳимматӣ рақобат хоҳанд кард ва ғолиб бояд беш аз 50% овозҳоро ба даст орад. Шӯрои нигаҳбони давлати Эрон пешбарии 3 номзад, аз ҷумла Маҳмуд Аҳмадинажод, президенти собиқи Эронро рад кард.

Баъзе аз шаҳрвандони Эрон пас аз ради салоҳият шудани Аҳмадинажод ва дигарон гуфтанд, ки бо маҳдуд кардани имкони ширкати васеи номзадҳо аллакай натиҷаҳои интихобот аз пеш маълум карда шудааст. Тибқи таҳлилҳо аз 37 то 47 дарсад овоздиҳандагон эълом кардаанд, ки дар интихобот иштирок намекунанд.

Аммо расонаҳои Эрон субҳи имрӯз аз иштироки васеи шаҳрвандон дар интихобти имрӯза хабар доданд.

Тибқи иттилои Ситоди интихоботии Эрон, шумораи афроди қобили раъй дар ин интихобот беш аз 59 млн нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 1.392.148 онҳоеанд, ки бори аввал барои овоз додан дар интихобот иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, раванди интихобот соати 7-и субҳи рӯзи ҷумъа 18 июн оғоз ёфт ва то нисфи шаб ба вақти маҳаллӣ идома хоҳад кард ва имкон дорад, ки вақти овоздиҳӣ то соати 02:00-и рӯзи шанбе дароз карда шавад.

Тибқи фарзияҳои қаблӣ, Иброҳим Раисӣ сиёсатмадори муҳофизакор барандаи интихобот мешавад. Аммо пас аз эълони натиҷаҳои ниҳоӣ дақиқ хоҳад шуд.

Русия қасд дорад муҳоҷирони меҳнатиро бо қатораҳо вориди кишвар кунад

0

Русия ҷиҳати овардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар ба дунболи ҷустуҷӯи роҳу чора аст ва пешниҳод карда мешавад, ки муҳоҷирон бо қатораҳо ба Русия оварда шаванд.

“Спутник” ба нақл аз рӯзномаи “Коммерсант” навишта, ки Вазорати кишоварзии Русия роҳи нави ворид кардани муҳоҷирони меҳнатиро ба кишвар кор мекунад. Ин вазорат бо роҳи оҳани Русия нақша доранд барои ворид кардани коргарони мавсими қатораҳои чартерӣ ташкил кунанд. Чунин тадбир барои таъмини соҳаи кишоварзӣ бо коргарон зарур аст.

Дар маҷмӯъ соҳаи кишоварзии Русия ба беш аз 38 ҳазор муҳоҷир ниёз дорад. Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия таъкид кард, ки айни замон муҳоҷирон метавонанд ба кишвар танҳо бо ҳавопаймо ба кор биёянд, ки ин арзиши интиқоли онҳоро ба маротиб боло мебарад.

Агар интиқоли як муҳоҷир тавассути ҳавопаймо 80 ҳазор рублро ташкил диҳад, пас омадан бо қатора ин рақамро то 12 ҳазор коҳиш медиҳад. Ташкили интиқоли коргарон тавассути роҳи оҳан бояд вазифаи дарёфти захираҳои меҳнатии корфармоёнро ба таври назаррас сабук мекунад.

Муҳоҷирон аллакай бархе корҳои кишоварзиро пазмон шуда буданд, аммо ҷамъоварии фаоли ҳосил аз нимаи моҳи июл оғоз хоҳад шуд ва хоҷагиҳои деҳқони ба чинакчиён, ҷобаҷогузорон ва дигар коргарон ниёз доранд.

ҶСК “Роҳи оҳани Русия ” хабар дод, ки онҳо омодаанд интиқоли шаҳрвандони хориҷиро барои кор дар Русия таъмин кунанд, аммо барои ин бояд муштарӣ барои ҳамлу нақл интихоб карда шавад, ки баъдан боз шартнома баста мешавад.

Кумаки 25 млн долларии БОР ба Тоҷикистон барои хариди воксин

0

Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон барои харидории воксин 25 млн доллари амрикоӣ кумак мекунад.

Бино ба иттилои хабаргузории “Форс”, Бонки осиёии рушд барои хариди воксин ва тақвияти потенсиали Тоҷикистон дар заминаи иҷрои барномаи эмгузаронии шаҳрвандон ба маблағи 25 млн доллар кумак мекунад.

“Воксинаҳои зидди коронавирус ҳаёти мардумро наҷот медиҳанд ва барои беҳбуд бахшидани иқтисодиёт дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҳаётан муҳим мебошанд”,- гуфт Масасого Асакава, раиси Бонки осиёии рушд.

Бино ба гуфтаи ӯ, ба воситаи ин лоиҳа ва ҳамкориҳои зич бо шарикони рушди Тоҷикистон, Бонки осиёии Рушд бори дигар уҳдадории худро барои кумак ба ин кишвар барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир ва ҳарчи зудтар баргаштан ба ҳолати оддиро таъйид мекунад.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур татбиқи барномаи миллии эмгузаронии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Дар чорчӯби он барои харидан ва таҳвили тақрибан 3 миллион дозаи воксина бо лавозимот барои беш аз 1,3 миллион нафар, тақрибан 14 дарсади аҳолии Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард.

Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки тақрибан 62,5 дарсади аҳолии худро, ки синнаш аз 18 боло аст, эм кунад.

Роҳбарони Русия ва Амрико гуфтанд, ҳаргиз набояд вориди ҷанги ҳастаӣ шуд

0

Раисони Федератсияи Русия ва Амрико пас аз мулоқот бо якдигар дар Женеваи Шветсария дар баёнияи муштараке бар оғози гуфтугӯҳои дуҷонибаи стратегӣ дар ояндаи наздик ва назорати силоҳи ҳастаӣ таъкид намуданд.

Тибқи гузориши хабаргузории “Форс” Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико дар ин баёния хотирнишон карданд, ки Иёлоти Муттахидаи Амрико ва Русия то кунун нишон додаанд, ки ҳатто дар даврони пуртаниш метавонанд дар ҳадафҳои муштараки қобили пешбинӣ дар ҳавзаи роҳбурди, коҳиши хатари даргириҳои низомӣ ва таҳдиди ҷанги атомӣ пешрафт кунанд.

Путин ва Байден дар ин баёния ба тамдиди паймони старти ҷадид миёни Русия ва Амрико ишора карда афзуданд, ки тамдиди ин паймони намунавӣ аз аҳду паймони ду кишвар дар заминаи назорати силоҳи атомист.

Раисони ҷумхури Русия ва Амрико дар идома бо таъкид бар инки ҷанги ҳастаӣ ғолиб надорад ва ҳаргиз набояд вориди чунин ҷанге шуд.

Инчунин қайд карданд, ки мутобиқ бо ҳадафҳои муштарак, Амрико ва Русия дар ояндаи наздик як гуфтугӯи дуҷонибаи босубот ва роҳбурдиро оғоз хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол Байден пас аз дидор бо Путин дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки беҳбуди равобит ва ҳамкориҳо миёни Амрико ва Русия натанҳо ба нафъи ду кишвар, балки ба нафъи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аст.

Ёдовар мешавем, ки музокироти Владимир Путин раисҷумҳури Русия ва Ҷо Байден раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 16 июн баъд аз зуҳр дар Женева баргузор шуд ва барои гуфтугӯ байни раисҷумҳури Русия ва Амрико на камтар аз 5 соат ҷудо шуда буд.

Дар ин фурсат ин ду роҳбар як қатор масоили мубрам, аз ҷумла мушкилоти мубрами муносибати Русия ва Амрикоро баррасӣ карданд.

Иддаои як шарҳванди Қирғизистон: марзбонони тоҷик маро боздошт карда, пуламро рабуданд

0

Бино ба гузориши расонаи қирғизии “24.kg” 15 июни соли ҷорӣ, ҳомии ҳуқуқ, Гулгаки Мамасалиева шаҳрванди Қирғизистон дар ноҳияи Лейлеки вилояти Ботканд аз ҷониби низомиёни тоҷик боздошт шудааст. Худи вай ин хабарро ба хабаргузорӣ тасдиқ кардааст.

Ба гуфтаи худи Гулгаки, ин ҳодиса рӯзи 15 июн, соати 19.00 ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи Эски-Оочуии рустои Кулундинск рух додааст.

Ин шаҳрванди Қирғизистон ба хабаргузории “24.kg” гуфта, ки марзбонони тоҷик ӯро ҳангоми убур аз назди постгоҳ ба муддати якуним соат боздошт карда, борхалтаҳои ӯро тафтиш карданд. Ӯ иддао мекунад, ки марзбонони тоҷик аз 1000 суми қирғизиро аз борхалтаҳои ӯ рабудаанд.

Ҳамчунин иддао карда, ки марзбонон ба наздиконаш занг зада барои раҳоияш 1000 доллар талаб кардаанд. Аммо то ҳол дар ин маврид шарҳи расмии ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон нашр нашудааст. Ва ин ҳам дар ҳолест, дирӯз 16 июн раисони вилоятҳои Суғду Бодканд дар чорроҳаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара гуфтушунид доир намуданд.

Гуфта мешуд, ки дар мулоқот сари масъалаҳои муҳиме, ба монанди тақсими оби полезӣ дар Маркази обтақсимкунии “Головной” ва “Хоҷабақирғон”, сохтмони иншоот дар минтақаҳои баҳсии марзӣ, боздошти сокинону чорвои онҳо баҳсу баррасӣ сурат гирифта, ҷонибҳо дар ин масоил ба тавофуқ расиданд.

Дабири кулли СММ аз коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон нигарон аст

0

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар паёме бахшида ба рӯзи байналмилалии интиқоли оилавӣ, аз буҳрони эҳтимолии оилаҳои муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кард.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник” Гутерриш таъкид намуд, ки бисёре аз таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки буҳрон ҳангоми пандемия метавонад ба интиқоли маблағҳо ва оилаҳое, ки ба онҳо такя мекунанд таъсири манфӣ мерасонад.

Дабири кулли Созмони милал аз он изҳори хӯшҳолӣ кард, ки интиқоли маблағҳо хеле устувор ва бо эътимод аст. Аммо тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ интиқоли пул ба кишварҳои бо даромади кам ва миёна ҳанӯз ҳам дар соли 2020 1,6 дарсад коҳиш ёфта он ба 540 миллиард доллар расид.

Инчунин дабири кулли СММ қайд кард, ки сабабҳои зиёде вуҷуд доранд, ки чаро интиқолҳо бештар коҳиш наёфтанд. Якеаш ин аст, ки муҳоҷирон эҳтиёҷоти оилаҳои худро тавассути кам кардани истеъмоли шахсӣ ва истифода аз пасандозҳои худ афзалият медиҳанд.

Гутерриш дар идомаи суҳбаташ афзуд, дар оянда мо бояд саъю талоши худро барои дастгирӣ ва муҳофизати муҳоҷирон идома диҳем тавре, ки дар давраи пандемияи “Covid-19” маълум гашт дар пешниҳодоти хадамотӣ ва фаолияти иқтисодӣ дар маҷмуъ чунин нақши асосӣ ва муҳим доранд.

Чин бо маблағи беш аз 203 млн доллар барои Тоҷикистон роҳ месозад

0

Чин ба Тоҷикистон барои сохтмон ва бозсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ то минтақаи Рӯшон дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма 203,9 миллион доллар ҷудо мекунад.

Тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар гуфт, маблағҳо дар асоси грант пешниҳод карда мешаванд.

Ба гузориши “Авесто”, дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, ки дирӯз, 16 июн дар Душанбе баргузор шуд, қайд гардид, ки Тоҷикистон воридоти таҷҳизот барои сохтмони ин қисмати роҳро аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод мекунад.

Гуфта мешавад, роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ-Қулма роҳи мошингарди байналмилалии аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст, аммо айни замон бисёре аз қитъаҳои он харобу мошингузар нестанд.

Ҳамчунин қайд гардида, ки “дар давраи истиқлолият тамоми шоҳроҳҳо аз Душанбе ба минтақаҳо аз нав сохта шуданд, ба истиснои роҳи асосии Бадахшон – аз Калъаи-Хумб ба Хоруғ ва минбаъд то марз бо Чин”.

Бино ба таҳлили коршиносони масоили иқтисодӣ, ин роҳ аз сабаби он, ки молҳои асосиро аз Чин ба Тоҷикистон ворид мекунад, хеле муҳим аст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки таҷдиди ин роҳи мошингард аз Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон 92 километрро ташкил дода, бо масрафи 230 миллион доллар бунёд мегардад.

Боздошти як зодаи Тоҷикистон ба гумони таблиғи терроризм

0

Як зодаи Тоҷикистон, ки барои таблиғоти терроризм боздошт шуда буд, ба гуноҳи худ эътироф карда аст.

Маркази хадамоти матбуотии департаменти ФСБ дар Хакасия иттилоъ дод, ки ин зодаи Тоҷикистон ба гумони таблиғ ба фаолияти террористӣ боздошт шуда аст.

Тибқи иттилои тафтишот, боздоштшуда ба таблиғи дигар муҳоҷирони хориҷӣ машғул буда ва ташкилоти байналмилалии террористии “Катибаи Тавҳид вал Ҷиход” (дар қаламрави Русия мамнуъшуда)-ро ба роҳ монда аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин фард дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳеро таъсис дода ва тавониста аст, ки 5 ҳазор муштарӣ пайдо кунад.

Ин шахс дар давоми тафтишот дар иртибот бо аломатҳои ҷиноят мутобиқи қисми 2-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (Даъватҳои оммавӣ ба фаолиятҳои террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва таблиҳи терроризм) ду моҳ ҳабс карда шуд.

ФСБ инчунин хабар медиҳад, ки боздоштшуда эътироф кардааст, ки ҳангоми кофтукоби хонаи ӯ матнҳои таблиғотии фаолиятҳои террористӣ, алоқаи электронӣ ва васоили электронӣ ёфт шуда аст.