24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 591

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар мавриди муноқишаи марзӣ чӣ гуфт?

0

Имрӯз 3 май Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар шабакаи ютубиаш навореро аз суҳбати Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода нашр кард. Дар ин навори кӯтоҳ собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҷонбохтагони даргирии ахири марзӣ ибрози ҳамдардӣ ва таслият намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки масъулони ду кишвар ҳарчи зудтар бо роҳҳои мусолиматомез мушкилотро ҳал мекунанд.

Оқои Тураҷонзода дар идомаи суҳбаташ мардуми ду кишварро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ даъват намуда, ҳифзи манофеи ду миллат, ду кишвар ва афроди онро, ки бо кумаки ҳамдигар ба даст меоянд, зарур донист.

Ҳамчунин афзуд, ки чи қирғизҳо ва чи тоҷикҳо дар он минтақа солҳои тӯлонӣ бо ҳам зиндагӣ кардаанд ва кинаафканиву душмантарошӣ дар байни онҳо зарарҳои зиёд бар сари сокинони ду кишвар хоҳад овард. Чун тоҷикони зиёди ин минтақа тариқи Қирғизистон ба Русия сафар мекунанд ва ин боис мегардад, ки мушкилоташон дучанд гардад.

Ӯ ҳамчунин барои кумаку дастгирии марудми зарардидаи Исфара пешниҳод кард, ки бо ташаббуси шахсиятҳои муътабар ва мавриди эътимоди ҷомеа суратҳисоби бонкӣ роҳандозӣ шавад то мардуми кишвар дар кумак намудан ба онҳо саҳм гузоранд. Ва кумакҳо ба шахсоне расонида шаванд, ки наздиконашонро аз даст доданд ва ё хонаву молу дороиҳояшон аз байн рафтааст.

Тураҷонзода ба нафарони муътамади ҷомеа ба чанд рӯзноманигор ва донишманди ҷавону матраҳ, ба монанд Умед Ҷайҳонӣ, Раҷаби Мирзо, Иршод Сулаймонӣ ва Абдусаттори Пирмуҳаммадзода ишора кард, ки ба монанди ин шахсиятҳо метавонанд ин ташаббуси ташкили бунёди хайриявиро ба даст гиранд ва ба мардум гузориш бидиҳанд, ки маблағҳои ҷамъшуда дар куҷо ва чӣ гуна масраф мешаванд.

Дар охири суҳбаташ собиқ муовини сарвазири кишвар ва қозии мусалмонони Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки мақомот дар музокироташон бо ҷониби ҳамсоя манофеи кишвар ва сокинони ин минтақаро ба инобат мегиранд ва намегузоранд сарзаминҳои аз дастрафта барои ҳамеша дар дасти бегона қарор гирад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷомеаи Тоҷикистон буда, дар ҳаводиси солҳои 90 асри гузашта бештар матраҳ гардид. Ин хонаводаи маъруф баъд аз баста шудани масҷиди эшони Нуриддинҷон, бародари Ҳоҷӣ Акбар то ҷое дар ҷомеа хеле кам пайдо мешаванд. Суҳбату суханрониҳояшон низ кам шудааст.

Қирғизистон алайҳи тоҷикони иштироккарда дар муноқишаи марзӣ парванда боз кард

0

Дар Қирғизистон пас аз задухӯрдҳо дар марз нисбати шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки дар он муноқиша иштирок карданд, 11 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин бора ба “Интерфакс”, Вазорати умури дохилаи Қирғизистон хабар дод.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин кишвар якбора ба таҳқиқи чанд парвандаи куштор шурӯъ карданд. Яке аз ин парвандаҳо пас аз марги духтари 12-сола шурӯъ шудааст.

Як парвандаи дигар бо далели қатли ом дар нуқтаи тақсимоти оби “Головной”, ки дар он ҷо ҷасади ҳадди ақал 25 нафар ёфт шуд, кушода шудааст.

Инчунин парванда барои тирандозии мошинҳои ғайринизомиён дар роҳ, боз шудааст. Ғайр аз ин, дар Қирғизистон парвандаҳо тибқи моддаҳои “Бетартибии оммавӣ”, “Ҷиноятҳо алайҳи сулҳ”, “Авбошӣ”, “Нобуд ё вайрон кардани моликияти дигарон” ва “Убури ғайриқонунии марз” таҳқиқ карда мешаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон ба хуруҷи нерӯҳо ва таҷҳизот аз минтақаи даргириҳои мусаллаҳ дар марз шурӯъ карда, вазъ дар марз ба эътидол омадааст.

Задухӯрдҳо дар қитъаи баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи нуқтаи тақсимоти оби “Головной” баъд аз зӯҳри 29 апрел оғоз ёфтанд. Ҷонибҳо якдигарро ба иғво айбдор карданд.

Тибқи маълумоти охирин, дар Қирғизистон 34 нафар кушта ва 178 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тоҷикистон то ҳол маълумоти расмӣ дар бораи қурбониёнро пешниҳод накардааст. Бино ба гузориши расонаҳо, дар ин даргириҳо даҳҳо тоҷик низ кушта ва беш аз 90 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Путин фармон дод, ки гирифтани шаҳрвандии Русия барои хориҷиён осон карда шавад

0

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи шанбе ба мақомоти ин кишвар дастур дода, ки дар мавриди содда кардани тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия барои хориҷиён қарор қабул кунанд.

Дар ҳоли қабули қарори мазкур он бештар ба шахсони хориҷие тааллуқ хоҳад дошт, ки дар мусобиқаи умумирусиягии платформаи “Русия – кишвари имкониятҳо” иштирок карда, ғолиби ин мусобиқот шудаанд. Дастури мазкур рӯзи шанбе дар сомонаи Президент ба нашр расид.

Гуфта мешавад, ки президенти Русия Владимир Путин Вазорати корҳои дохила ва Вазорати корҳои хориҷаи кишварашро дастур дода, то 1 сентябри соли ҷорӣ тарҳреро дар мавриди “имкони гирифтани шаҳрвандии Русия барои хориҷиён тариқи иштирок дар озмунҳои умумирусиягии платформаи “Русия – кишвари имкониятҳо” омода ва пешниҳод кунанд.

Путин инчунин ба Ҳукумати кишвараш супориш дода, ки механизми додани иҷозат барои истиқоматро бо роҳҳои содда ба хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ, таҳия ва пешниҳод намояд.

Платформаи “Русия – кишвари имкониятҳо” бо ташаббуси Президенти Федератсияи Русия соли 2017 роҳандозӣ шуда, он барномаҳои таълимӣ ва иҷтимоиеро, ки ба худшиносии шаҳрвандон ва таблиғи фаъолиятҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекунанд, дар бар мегирад.

Ҳоводиси ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз чӣ дарак медиҳад?

0

Ширкати нерӯҳои низомӣ дар моҷарои ахир миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз эҳтимоли бавуҷудоии як «нуқтаи доғ» (горячая точка) дар Осиёи Марказӣ аломат медиҳад.

Ҳаводиси рӯзҳои 28-29-и апрел дар марзи ин ду кишвар, ки дар гузашта, ҳатто дар даврони Иттиҳои Шӯравӣ ҳам такрор шуда буд, ин бор таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ сахт ҷалб кард. Созмони милали муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, давлатҳое назири Чин, Русия, Қазоқистону Узбакистон ҳар кадоме билофосила вокуниш нишон дода ва аз ҳарду тараф дархост ва даъват карданд, ки мушкилии мавҷударо на аз роҳи ҷангу куштор, аз тариқи гуфтушунид ҳаллу фасл кунанд. Ингор ҷавониб гӯш андохт ва ҳарду тараф нерӯҳои худро аз маҳалли низоъ берун кашиданд ва тавофуқ ҳосил шудааст, ки Гурӯҳи корӣ ҳарчи зудтар барои таъйину аломатгузории марзҳо дастбакор шавад.

Аммо воқеият тамоман чизи дигар аст. Ҳарду тараф ҳеҷ гуна кӯтоҳ омаданӣ нестанд, ҳадди ақал аломат надодаанд, ки билфарзе, ба хотири аз байн бурдани низоъ ва ба як бор ҳал кардани мушкилӣ аз баҳри ину онҷо хоҳем гузашт. Яъне ҳатто дар забон мавқеи  ҷонибҳо хеле аз ҳам дур аст ва аз ин рӯ, наметавон хушбин буд, ки ҳаводиси ахир барои бори охир аст ва дигар такрор намешавад.

Дуруст аст, ки нуқтаи ахирро дар ин баҳс мақомоти ҳарду кишвари Қирғизистон ва Тоҷикистон хоҳанд гузошт, вале гумони ғолиб ин аст, ки онҳо дигар ниёз ба миёнарав ва ё миёнаравҳо доранд ва барои ҳалли ин низоъ минбаъд давлатҳо ва созмонҳое назири Русияву Қазоқистону Узбакистон, СММ ва Иттиҳодияи Аврупову СПАД-Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ кашида хоҳанд шуд.

Иттиҳоди Аврупо барои хонаводаҳое, ки аъзои худро дар ин ҷанг аз даст додаанд, изҳори аслият кардааст. ИА таъкид кардааст, ки бо роҳҳои худ «ҳамеша бо мақомоти ду кишвар робитаҳои доимии дипломатӣ дорад».  Зимнан, раиси ҷумҳурии Қирғизистон ҳам ба шаҳрвандони дар мотам нишастаи худ таъзия баён кардааст, кореро, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ муносиб надидааст ва то кунун ба касе изҳори таслият арз накардааст.

Ин нуктаро бояд тазаккур дод, ки нақш ва мақоми Русия, дар ҳалли низъи Тоҷикистону Қирғизистон баъди ҳаводиси ахир барҷаста ва бартар мешавад. Агарчи кишварҳои ҳамсоя ва низ Иттиҳоду Аврупо аллакай дар ин қазия дахолат карданд, вале ҳамоно дар сатҳи байналмилалӣ дар ин баҳс Русия ҳарфи ҳалкунанда мезанад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон дар соли гузашта пешниҳоди Русия мабнӣ бар миёнаравӣ ҷиҳати ҳалли ин низоъро комилан рад карда ва бо ирсоли як нота ба Вазорати хориҷаи Русия норозогии худро аз чунин пешниҳод  баён дошт ва мушкилоти марзиаш бо Қирғизистонро «кори дохилии ду кишвар хонд». Аммо, ҳоло чуноне таъкид шуд, намояндаи Иттиҳоди Аврупо бо пешниҳоди Тоҷикистон барои мулоқоти мақомоти масъули ду кишвар подармиёнӣ кард. Дигар яқин шуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ноилоҷ мондаанд, ки аз кумаки созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат барои ҳалли ин низоъ мадад хоҳанд.

Сафари чанд рӯз қабли Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон ва ташкили кумитаи дифоии муштараки ду кишвар ва ишораҳо дар бораи харидории силоҳи Эрон, нишона ва аломати он аст, ки Тоҷикистон думболи иттифоқчии бартар ва беҳтар аз Русия аст. Чанд соли қабл, ки Узбакистон Роҳи оҳанро ба рӯи Тоҷикистон баст ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод ошкоро ба Узбакистон ҳушдор дод, ки ҳаракати қаторҳои ин кишвар тавассути қаламравашро масдуд хоҳад кард ва барои таъйиди ҳамкориҳои низомии ин ду кишвари форсизабон бахшида ба 20 солагии истиқлолият ҳудуди 150 афсару сарбози Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар реҷаи низомӣ дар Душанбе ширкат кард.

Яке аз сабабҳои зуд гарм шудани робитаи низомии Тоҷикистону Эронро ба ҳамин баҳсу даъвои марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон марбут медонанд. Иттифоқан, имрӯз Эрон низ дар иртибот ба ҷанги миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон вокуниш кард.

Хабаргузориҳо навиштанд, ки Вазорати корҳои хориҷии Эрон аз даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигаронӣ карда, гуфтааст, ин ҳаводисро “бо нигаронӣ дунбол мекунад.”

Ҳоло маълум нест, ки бо ин баёния Эрон чи мехост бигӯяд. Вале дақиқан ки он бесобиқа аст ва баъид аст агар сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Теҳрон набуд, чунин баёнияе аз Эрон содир мешуд.

Набояд нодида гирифт, ки Русия дар ин баҳси марзӣ ҳавохоҳи Қирғизистон аст ва бо ин вуҷуд ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон узви СПАД-паймони низомии таҳти пӯшиши Русияанд, аммо Тоҷикистон барномаи пешниҳодии Русия-Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро, ки бо номи «барномаи путинӣ» шинохта шудааст, қабул накардааст. Русия тавассути ҳамин баҳси марзӣ мехоҳад, ки бо дастони қирғизҳо Тоҷикистонро водор ба узвияти ин Иттиҳод кунад. Инҷо дар бораи фоида ва зиёни узвият дар ин Иттиҳод чизе зиёд намегӯем, вале як нукта бебаҳс аст, ки вуруди Тоҷикистон ба он барои мардумаш манфиати зиёд дорад. Аммо азбаски тиҷоратҳои миллиардии хонаводаи худи Раҳмон тавассути Чин дар миён аст, бо ҳар роҳу васила пазируфтани узвиятро кашол дода истодааст. Дар зимн, намояндаи Русия ҳам ба хонаводаҳои мотамзада изҳори таслият кардааст, вале гуфтааст, ки аз идомаи ташаннуҷи авзоъ «дар изтироб» аст.

Дар ҳар сурат имрӯз ҳатто аз тарзи инъикос ва бозтоби ҳаводиси рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар расонаҳои Русия бармеояд, ки онҳо низ ҳавохоҳи Қирғизистонанд. Дар барномаҳои онҳо бештар коршиносони қирғизӣ ва масъулони Қирғизистон суҳбат мекунанд, аз онҳо нақли қавл мешавад ва гузоришҳо тавре таҳия мешаванд, ки гӯиё тири аввалро тоҷикҳо зада бошанду тоҷикҳо ҳудуди қирғизҳоро, аз ҷумла дарғоти «Головной»-ро ишғол карда бошанд. Албатта, ин нуктаро ҳам ёдамон бошад, ки қирғизҳо назар ба мо-тоҷикҳо озоии баён доранд ва дастрасӣ бо онҳо барои хабарнигорон роҳаттар аст, чун ҳатто масъулини мо бидуни иҷозаи боло гап намезананд.

Вале ончи ки мушоҳида шуд ин аст, ки оҳанги гузоришҳояшон ҳам як навъ ҳавои қирғизҳоро дорад.

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз анҷоми амалиёти ҷангӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва оғози гуфтушунид байни намояндагони ду кишвар, истиқбол кардааст. Дар изҳороти раисҷумҳури Қазоқистон, ки рӯзи 30-юми апрел нашр шуд, ибрози умедворӣ шудааст, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон бо хирадмандӣ метавонанд ҳама масъалаҳои мавриди баҳсро танҳо тариқи мусолиматомез ҳаллу фасл намоянд.

“Дар навбати худ, ман омодаи талош барои ёфтани роҳи ҳалҳои қобили қабул барои ҳар ду тараф ва бозгардонидани эътимоди мутақобил ҳастам”-омадаст дар баёния.

Ҳамин лаҳзаҳо, ки ин матлаб омода мешуд, хабар омад, ки раиси Ҷумҳурии Узбакистон бо руасои ҷамоҳири Тоҷикистон ва Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Мусаллам аст, ки суҳбат дар бораи амният ва қатъи идомаи ҷангу хунрезӣ меравад. (Бархе аз расонаҳои русӣ, аз ҷумла «Новая газета»-и чопи Маскав аз кушта шудани 23 нафар дар ин низоъ хабар медиҳад). Ва дар хабарҳо омадааст, ки руасои ҷамоҳири ду кишвари дар ҳолати ҷанг-Тоҷикистону Қирғизистон изҳори омодагӣ кардаанд, ки рӯзҳои наздик бо ҳам дидор хоҳанд кард. То куҷо дар ин дидор мушкилоти марзӣ ҳал мешавад, ҳоло наметавон чизе гуфт, чун чуноне гуфтем аз ҳарду тараф барои гузашт ва созиш омода нестанд.

Барои мисол раиси Ҷумҳурии Қирғизистон мегуяд, ки мо бар зарари давлат ва халқи худ қарор қабул намекунем. «Мо саъй хоҳем кард, то ба нафъи давлат ва мардум тасмим бигирем».

Як рӯзи пештар хабарҳое нашр шуд, ки мегуфт,Қирғизистон дар саргаҳи дарёчаи Козу-Баглан, ки дар Тоҷикистон Хоҷабақирғон ном дорад, се обанбор сохтанӣ аст. Ин кор дақиқан ба хотири ба зону нишондани Тоҷикистон дар музокирот аст.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистон замини медодагӣ надорад ва заминҳои таърихии худро пас мегирад: «ҳаргиз ҷонибдори додани қитъаи замине нест, ки аз қадим моли вай дониста мешавад”. Ишораи заминҳои таърихӣ ба ҳамон заминҳое аст, ки ҳоло болои онҳо барои мисол рустои Оқ-сойи Қирғизистон пайдо шуда ва ба маҳзи он роҳи Исфара -Ворух масдуд ва Ворух ба анклав табил шудааст.

Дар ҳар ҳол бо чунин мавзеъгириҳои ҷонибҳо ҳоло наметавон умедвор буд, ки масъалаи демаркатсия ва делимитатсияи марзи ду кишвар ба ин зудӣ анҷом меёбад ва ҳамин тавр низоъу муноқишаҳо такрор намешавад. Тарафҳо ногузиранд, ки рӯ ба миёнҷиҳои берунӣ оваранд, дар ғайри ин сурат ба вуҷуд омадани нуқтаи доғ ва ба давраи тулонӣ ногузир аст.

Пас аз оташбас вазъ дар марз хушҳолкунанда нест, тарафҳо нерӯ ҷамъ мекунанд

0

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки тасмим гирифта шудааст шуруъ аз рӯзи 29 апрел соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Маскав) оташбасӣ қатъӣ эълон шавад ва нерӯҳои мусаллаҳро ба ҷойҳои истиқомати қаблии худ бозгардонанд.

Аммо боз ҳам тибқи наворҳои фиристодаи шоҳидон ва иттилои баъзе аз хабаругзориҳо Тоҷикистону Қирғизистон дар наздикии марз нерӯ ҷамъ мекунанд. Даргириҳои дурӯза даҳо куштаву захмӣ дар пай дошта, аммо мақомот аз Тоҷикистон дар ин бора ҳеҷ иттилои расмӣ барои ҷомеа пешниҳод намекунад.

Дар ҳоле мақомоти Қирғизситон соат ба соат аз вазъ дар марз иттило медиҳад Тибқи иттилои охир, дар муноқишаи марзӣ 134 нафар аз Қирғизистон захмӣ шуда, 13 нафар ҷон бохтаанд. Аз ҷониби Тоҷкистон бошад Радиои Озодӣ то ин лаҳза номи ҳашт қурбонии муноқишаи дирӯзро маълум кард.

Хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли манобеаш дар ҳукумати шаҳри Исфара теъдоди фавтидагонро аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар гуфтааст. Теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон бошад  бештар аз 90 нафар будааст.

Наворҳое, ки аз сӯи сокинони назди марзӣ ба “Аздо тв” мерасад, аз вазъи вахим дар сарҳад нақл мекунанд. Ахиран як навори ваҳшатворе ба мо расид, ки мо аз нашри он худдорӣ меварзем. Дар он навор чанд ҷасади мардони ҷавон тоҷик дида мешавад, ки танҳояшон пора шуда аст.

Сурат: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ҳамзамон, тибқи маълумотҳо ва навору аксҳо шаҳрвандон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳамоиш карда аз омодагиашон барои дифоъ аз марз хабар дадаанд.

“Нигоҳи Халқ” хабаргузории расмии ноҳияи Мастчоҳ дирӯз дар соатҳои 23-шаб аз ҷамъ омадани садҳҳо сокинони ноҳия дар маркази ноҳия ва Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон хабар дод.

Ин хабаргузорӣ навишт, ки гирдиҳамомадаҳо рафтори марзбонҳои қирғизро маҳкум мекунанд ва интизори иҷозаи мақомот барои сафар ба шаҳри Исфара ҳастанд.

Хабаргузори ҳукуматии “Ховар” ба ҷуз як изҳороти расмии Раҷаббой Аҳмадзода дигар ҳеҷ матлабе дар бораи вазъ дар марз нашр накардааст. Дар ҳамин ҳол дар бораи кушта шудани 7 нафар дар Хинҷони Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи “Толибон” хабар дода аст. Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори ҷавон дар вокуниш ба ин хабари “Ховар” бо номи “Садқаи нони миллат” навишта, ки:

“Агентии миллии иттилоотии “Ховар”, ки аз будҷаи кишвар, яъне аз кисаи мардуми тоҷик маблағгузорӣ мешавад, имрӯз дар бораи кушта шудани чанд нафар дар афғонистон аз ҷониби гурӯҳи “Толибон” хабар медиҳад.”

Дар шабу рӯзе, ки беш аз ҳашт шаҳрванди Тоҷикстон дар даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷон бохтанду таги 100 нафар захмӣ шуданд.

Офарин ба виҷдони ҳамкасбони мо аз “Ховар”!

Коршинос Абдуманнон Шералиев менависад, “Дар ҷанги иттилоотӣ ҷониби Қирғизистон комилан пирӯз аст ва тамоми расонаҳои ҷаҳон ҳодисаро аз нигоҳи қирғизҳо шарҳ медиҳанд. Маълумоте, ки бештараш комилан дурӯғ аст.

Агар ҳукумат қодир нест вориди ин корзор шавад, ба назари банда салоҳи кор ин аст, ки рӯзноманигорон, чи муқими кишвар ва чи хориҷ бояд оҷилан ситоде таъсис диҳанд ва вориди корзор шаванд”.

Тибқи хабарҳои расида ҷониби Тоҷкистон дар ин задухӯрд пешравӣ доштааст ва чанд минтақаро зери дасти худ дароварда аст. Аммо Тошиев раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, бо ҷониби Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шудааст, ки артиши Тоҷикистон аз мавзеъҳои ишғолкардааш хориҷ мешавад ва роҳро ба Ок-Тош боз мекунад. Аммо боз шудани роҳ ба Ворух дар ҷаласаи дигар баррасӣ хоҳад шуд.

Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон ба рӯзноманигорони кишвараш гуфта, ки аз музокирот бо ҷониби Тоҷикистон баргаштааст, ки дар он аз ҷониби қирғиз худи ӯ, намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Баткен  Омурбек Суваналиев ва раҳбари Нерӯҳои марзбонии ин кишвар Уларбек Шаршеев ширкат кардаанд.

“Дар қаламрави нейтралӣ, дар посгоҳи назоратии “Кизил-Бел” вохӯрӣ гузарондем. Аз ҷониби Тоҷикистон раҳбари КДАМ, ҳокими вилояти Суғд ва Хадамоти марзбонӣ ширкат карданд. Қарор шуд имрӯз нерӯҳо аз хати марз берун крада шаванж — мо ба Ботканд, онҳо дуртар.

Дар наздиктарин рӯзҳо мо ҳатман хатгузории марзро анҷом медиҳем ва дарҳол симхор мекашем. Тоҷикистон хоҳиш кард ба Ворух долон боз шавад ва интиқоли барқ барқарор гардад. Аммо мо тасмим гирифтем ин масъаларо бори дигар баррасӣ кунем.

Ҳоло ман ҳама чизро гуфта наметавонам. Пресс-релиз омода мекунем. Ғайри ин дар наздиктарин соатҳо сарҳадбонони Тоҷикистон роҳро ба Кук-Тош (ноҳияи Баткен) боз мекунанд. Ҳамчунин онҳо қаламрави Қирғизистонро тарк мекунанд. Ваъда медиҳам, ки ҳамаи хонаҳо сӯзонидашуда бо кӯмаки давлат ё аз ҳисоби ҷониби Тоҷикистон барқарор карда мешаванд.

Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки як метри замини стратегиро намедиҳам. Вале дар назар дошта бошед, ки бидуни ивазкунии заминҳо, хатгузории сарҳад номумкин аст”.

Коршинос Абдуманнон Шералиев аз дирӯз дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки Ҳукумати Тоҷикистон набояд дар гуфтушунидҳо ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ шавад пирӯзии дирӯзаи артиш ва мардуми диловари Хоҷаи Аъло, Чоркӯҳ ва Ворух ҳатто “зери назорат гирифтани заминҳои баҳсӣ” номида шавад. Бояд ин амалиёт “баргардонидани заминҳои ғасбшуда” номида шуда, талаб шавад, ки идомаи гуфтушунид танҳо дар асоси харитаи замони Шӯравӣ метавонад идома кунад.

Пирӯзӣ дар ҷанг замоне қатъӣ мешавад, ки дар сатҳи дипломатӣ тасбит шавад. Агар ин кор сурат нагирад, пирӯзӣ, бахусус зери назорат гирифтани заминҳои баҳсӣ (ки дар асл баргардонидани заминҳои худӣ аст) баръакс метавонад дардисарҳои зиёде ба бор орад ва дар дарозмуддат ба шикасти сангине табдил ёбад.

Дар сурати камтарин ақибнишинӣ, масалан розӣ шудан ба заминҳои баҳсӣ будани қаламрави дирӯз озодшуда, чӣ расад ба баргардонидани онҳо, на танҳо тамоми ин муваффақиятро ба сифр баробар мекунад, балки обрӯи дирӯз каме болорафтаи ҳукуматро дубора ба хок менишонад.

Камтарин ақибнишинӣ, дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар мавқеъи пирӯз аст ва забони дарози ҳамсояҳо аз дирӯз бурида шудааст, метавонад даъвои тарафи дигарро на танҳо ба сатҳи пештара баргардонад, балки аз он ҳам болотар барад. Масалан онҳо метавонанд ҷуброн талаб кунанд ва ба таъқиби байналмиллалии ҳамаи онҳое, ки дар амалиёти дирӯза ширкат карданд, шурӯъ намоянд.

Ҳодисаи дирӯза нишон дод, ки мардуми тоҷик чӣ қадар ғазабро дар синааш ҳабс кардааст. Ин ғазаби ҳабсшуда дирӯз каме ба сари қирғизҳо рехта шуд ва натиҷаашро дидем. Дар сурати ақабнишинии ҳукумат дар гуфтушунидҳои баъдӣ, оташи ин ғазаб бар сараш рехта хоҳад шуд, ки дар он сурат санге болои санге боқӣ нахоҳад монд.

Вазъ дар Ҷамоати деҳоти Овчи-Қалъа имрӯз ором аст

0

Пас аз даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Ҷамоати Хоҷаи Аъло, Ворухи Исфара ва Овчи-Қалъаи Бобоҷон Ғафуров имрӯз 30 апрел вазъ нисбатан ором аст.

Бино ба гуфтаи Мавҷуда Ғафурова, мудираи кӯдакистони рақами 13-и деҳаи Овчӣ, рӯзи гузашта занону кӯдакони маҳалла ба ҷойҳои бехавф кӯчноида шуда буданд, имрӯз сокинон ба хонаҳои худ баргаштанд, вале кӯдаконро барои эҳтиёт ба мактабу кӯдакистон набурданд.

Бино ба навиштаи гурӯҳи фейсбукии “Ҳақиқати Суғд”, рӯзи гузашта пас аз нисфирӯзӣ ва тамоми шаб вазъ дар маҳалла ором буд ва мақомоти қудратӣ назорат мебурданд.

Имрӯз низ ҳама ҷо ором аст ва мардум ба манзилҳои худ баргашта истодаанд.

Ғафурова таъкид дошт, ки мардуми ду халқ пеш аз ин ягон маротиба бо ҳам муноқиша накардаанд. “Ҳатто, қирғизҳо тамоми хариди озуқаи худро аз бозори деҳаи Овчӣ мекунанд. Мо, сокинони деҳа ба омаду рафти қирғизҳо ягон норозигӣ ва ё нобоварӣ ифода накардаем”, мегӯяд Мавҷуда Ғафурова.

Ҳамзамон имрӯз корбарон аз деҳаи Овчи ба “Аздо тв” наворҳо фиристоданд, ки дида мешавад сарбозони тоҷик ҳамроҳ бо сокинони маҳалла дар деҳаҳо машғули амалиёти низоми ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28 апрел дар Ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло шаҳри Исфара байни сокинони ду тараф сари маркази обтақсимкунии “Галавной” муноқиша сар зад. Дар ибтидо мардум байни ҳам сангпартоӣ карданд, вале рӯзи 29 апрел муноқиша ба тирпарронӣ ва даргирии шадид табдил шуд. Пас аз Хоҷаи Аъло даргирӣ низ дар Ворух ва Овчи-Қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ шуруъ шуд, ки бо дахолати мақомоти баландпояи ду тараф вазъ нисбатан ором карда шуд.

Тоҷикистон ҳеч гоҳ аз заминҳое, ки ба таври қонунӣ ба ӯ тааллуқ доштанд даст нахоҳад кашид

0

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бархе ҷузъиёти музокироти дирӯзаи вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро мунташир кард.

Тибқи навиштаи “Азия Плюс” вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки гуфтугӯи телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Қиргизистон сурат гирифта ва роҳбарони ниҳодҳои умури хориҷа вазъи мушкилеро, ки 28-29 апрели 2021 дар минтақаҳои марзи ду кишвар ба вуҷуд омада буд ба тафсил баррасӣ карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки Тоҷикистон мусаммам аст тавассути музокирот, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ба ҳам қобили қабул ва бо назардошти манфиатҳои миллии худ, масоили марбут ба делимитатсия ва демаркататсияи марзи давлати бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал намояд.

Ҳамзамон вай гуфт, ки Тоҷикистон ҳечгох аз заминҳое, ки аслан ва ба таври қонунӣ ба ӯ тааллуқ доштанд даст нахоҳад кашид, гуфт департаменти иттилоотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Дар ҷараёни гуфтугӯ вазирон бар аҳмияти ҳалли ҳамаи масоили марзи давлатӣ аз роҳи гуфтушунидҳо таъкид карда кайд намуданд, ки ба кушиши иғвоангезии ҷонибҳои алоҳидаи манфиатдор, ки боиси шиддат гирифтани минбаъдаи вазъият мешавад роҳ надиҳанд.

Вазирон таъкид карданд, ки набуди эътимод ба минтақаҳои назди марзӣ метавонад боиси ҳаводиси нав гардад ва оқибатҳои ҷиддӣ аз ҷумла талафот дар байни аҳолии осоиштаи ду давлати ҳамсояро ба бор орад.

Раҳбарони вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба тавофуқ расиданд, ки дар ҳалли масоили мураккаби марзи давлатӣ иродаи қавии сиёсӣ зоҳир кардан зарур аст, хулоса мекунад департамент.

Суҳбати телефонии намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ бо вазири КХТ

0

Рӯзи 29 апрел намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Дар суҳбат вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи кунунии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон ва чораҳои андешидашуда оид ба оташбас ва созишнома дар бораи ба эътидол овардани вазъ бо истифода аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ гузориш дод.

Намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ аз қарори роҳбарияти Тоҷикистон дар масъалаи ба даст овардани созиш бо давлати ҳамсоя дар бораи оташбас, истиқбол кард.

Ҳамчунин зимни ин суҳбат Буриан аз омодагии ИА барои дастгирии техникӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар марз гуфт.

Изҳороти муштараки Тоҷикистону Қирғизистон пас аз эълони оташбас

0

Баъд аз 2 рӯзи задухӯрдҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мақомоти ҳарду кишвар дар пайи музокирот, изҳороти муштаракеро бо раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев имзо карданд.

Дар ин изҳорот гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима бахшида, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавиашон баргардонида мешаванд.

“Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶҚ рухдода, таъсис ёфтаанд, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида шавад”, -гуфта шудааст дар изҳорот.

Дар идомаи изҳороти муштарак таъкид шудааст, ки барои роҳ надодан ба даргириҳои такрорӣ, гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда мешавад.

Комиссияи вижаи Бонки ҷаҳонӣ барои муайян кардани иқтидори НБО Роғун ба Тоҷикистон меоянд

0

Интизор меравад, ки ба Тоҷикистон миссияи Бонки ҷаҳонӣ барои муайян кардани иқтидори нерӯгоҳи барқи обии Роғун ташриф оваранд. Дар ин бора Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ин масъала рӯзи сешанбеи гузашта дар мулоқоти онлайни вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйерде баррасӣ шуд.

Дар мулоқот инчунин Директори Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ Ян-Питер Олтерс ва инчунин раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Ҳоликзода ширкат доштанд.

Дар ин мулоқот гуфта шуд, ки муайян кардани иқтидори нерӯгоҳи Роғун ба ҷалби сармоя ва татбиқи босуръати ин лоиҳаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин дар рафти ин ҷаласа таъкид шуд, ки НБО-и Роғун аҳамияти минтақавӣ дорад ва на танҳо ба рушди Тоҷикистон, балки ба рушдт дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки НБО- и Роғун бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ бо иқтидори 3600 МВт мебошад.

Дар айни замон, аз 6 агрегати ин нерӯгоҳ 2-тои он кор мекунанд, ки дар соли 2020 1 миллиарду 287 миллион кВт / соат нерӯи барқ ​​тавлид кардаанд, ки ин миқдор барқ 6,5% ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ ​​дар кишварро ташкил медиҳад.

Дар айни замон, агрегатҳои НБО-и Роғун бо иқтидори кам (100-120 МВт) кор мекунанд, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегат 600 МВт мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои хатми сохтумони нерӯгоҳ манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ меҷӯяд. Интизор меравад, ҳукумати Тоҷикистон барои сохтани Роғун аз бонкҳои аврупоӣ: Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) ба маблағи 340 миллион евро қарз гирад.

Дар соли 2020 барои маблағгузории ин иншоот 3,2 миллиард сомонӣ (тақрибан 290 миллион доллар) ҷудо карда шудааст, ки аз он 2,2 миллиард сомонӣ аз буҷа ва 1 миллиард сомонӣ аз ҳисоби захираҳои байналмилалии кишвар мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар миёнаҳои моҳи октябри соли гузашта дар як мулоқот бо сохтмончиёни ин иншоот қайд карда буд, ки аз оғози барқарорсозии ин корҳо дар соли 2008, барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ беш аз 25,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.