21.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 635

Рустами Эмомалӣ: ба боздоштҳои бемаврид ва шиканҷаи зиндониён хотима диҳед!

0

Дар Душанбе дирӯз 25 январ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар бораи назорати риояи қонунҳо дар ҷумҳурӣ барои соли 2020 гузориш дод.

Дар ин бора дар сомонаи расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Бино ба навиштаи ин сомона, дар рафти маҷлис раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар назди мақомоти прокуратураи кишвар вазифаҳои мушаххас оид ба пешгирии шомил шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон ва тақвияти назоратро болои ҷиноятҳои содиркардаи ҷавонон – махсусан задухӯрдҳои гурӯҳӣ ва кордкашӣ гузошт.

Писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ дар ин нишаст оиди афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар кишвар, беэътимодии баъзе маълумотҳои оморӣ дар бахши кишоварзӣ ишора намуд.

Ҳамчунин раиси Палатаи болоӣ аз мақомоти Прокуратура талаб кард, ки барои пешгирии қочоқи инсон ва маводи мухаддир чораҳои муассир андешанд.

Дар идома Рустами Эмомалӣ ба Юсуф Раҳмон дастур дод, ки ба истифодаи шиканҷа нисбати онҳое, ки бо гумони содир намудани ҷиноятҳои муайян боздошт шудаанд, инчунин ашхосе, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, хотима дода, “дедовшина” дар сафи артиши Тоҷикистон қатъ карда шавад.

Дастури Рустами Эмомалӣ дар мавриди хотима додани шиканҷа дар зиндонҳо дар ҳолест, ки худи мақомот ҳаргуна шиканҷа дар зиндонҳо ва боздоштҳои бемавридро рад мекунанд.

Бино ба маълумоти интошргардида, чандест шаҳрвандони зиёде бо ҷурми андак боздошт мешаванд ва алайҳи онҳо бо чанд моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз мешаваду барои солҳои тӯлонӣ паси панҷараи зиндон мераванд.

Аксари маҳкумшудаҳо аз шиканҷа шудан дар зиндонҳо шикоят мекунанд, аммо мақомот онро рад мекунад.

Баҳси додгоҳии корманди бонк ва рӯзноманигори тоҷик

0

Мижгона Ҳалимова рӯзноманигори тоҷикро як оператор-нозири Маркази хизматрасонии ҶСК “Эсхатабонк” дар шаҳри Ваҳдат ба додгоҳ кашидааст ва хостааст барои расонидани зарари маънавӣ 50 ҳазор сомонӣ пардохт намояд. Дар ин бора “Asia-Plus” хабар дод.

Аз оператор-нозир, ки Хайриддин Шарифзода ном бурда мешавад, иддао дорад, ки Ҳалимоваро барои резонидани шаъну шараф ва эътибори корӣ ба додгоҳ кашидааст.

Дар ҳамин ҳол худи Мижгона Ҳалимова ба “Asia-Plus” гуфтааст, ки ин даъвои корманди бонк асос надорад ва далели собиткунандае ҳам надорад. Ҳалимова дар идома мегӯяд:

“Баъдан ман дар саҳифаи фейсбукиям навишта будам, як гурӯҳи корӣ ҳамон вақт ташкил карда шуд, намоянда аз Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Эсхата маро даъват намуда, дар шаҳри Ваҳдат, ҷойе, ки Хайриддин Шарифзода кор мекунад мулоқот доир шуд. Он замон Шарифзода аз ман узр пурсида буд. Ҳамон вақт ба ман намояндагони бонк гуфта буданд, ки метавонӣ Хайриддин Шарифзодаро барои рафтори дағалонаш дар вақти корӣ бо муштариён, ба ҷавобгарии ҷинояти бикашӣ. Аммо он замон ман аз ӯ шикоят набурдам, ӯро бахшидам”.

Вале ба гуфтаи ин рӯзноманигори тоҷик пас аз як моҳи ҳодиса аз додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба ӯ занг зада гуфтанд, ки оператор-нозир Хайриддин Шарифзода аз Ҳалимова барои паст задани шаъну шараф ва этибори корияш шикоят бурдааст.

Мижгона Ҳалимова мегӯяд, ки баъд аз ин кори Хайриддин Шарифзода ӯ ҳам алайҳи вай ба догоҳи шаҳри Ваҳдат аризаи муқобили даъво бурдааст. Ҳалимова ҳам аз догоҳ хостааст, ки Хайриддин Шарифзодаро барои муносибати дағалона ва алфози қабеҳ ҷавобгар кунанд.

Дар ҳамин ҳол Хайриддин Шарифзода дар ҳақ будани худ пофишорӣ намуда гуфтааст, ки “Ман дар ҳақиқат барои зан буданаш аз ӯ бахшиш пурсидам, вале баъдан вақте ӯ аксҳои маро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карду маро таҳқир намуд ва корбароне, ки шоҳиди ҳодиса набуданд нисбат ба ман суханҳои қабеҳ гуфтаанд. Пагоҳ фарзандони ман ин ҳамаро мебинанд чӣ фикр мекунанд”.

Аммо Мижгона даъвои Шарифзодаро бепоя хонда, мегӯяд ки ин корманд ба додгоҳ на ҳамчун корманди бонк, балки ба унвони шахс, шикояти инфиродӣ бурдааст ва даъвои паст задани эътибори корияш мантиқ надорад.

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки мурофиаи додгоҳӣ то кунун баргузор нашудааст ва мунтазири оғози мурофиа мебошанд.

Дар гузашта ҳам Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи рӯзноманигор Мижгона Ҳалимова барои хабар надодан ба мақомот парванда боз карда буд ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро 25 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буд.

Нуқтаҳои муҳими Паёми Раҳмон, аз набуди COVID-19 то ёдоварӣ аз “хоинон”

0

Эмомалӣ Рамҳон раисҷумҳури Тоҷикистон бар хилофи солҳои қаблӣ на дар охири соли 2020 балки рӯзи 26-уми январ соли 2021 дар назди вакилони ҳарду палатаи порлумон аз кори яксолаи ҳукуматаш натиҷагирӣ кард.

Пештар рӯзноманигор Виктория Панфилова дар мақолае, ки мегуфт, Тоҷикистон дар остонаи дефолт қарор дорад навишта буд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол бар хилофи анъанаи солҳои пешин натиҷаҳои соли 2020-умро ҷамъбаст накард. Ва аз қавли манбаъаш дар ҳукумати Тоҷикистон навишт, ки шояд ин кор дар нимаи моҳи январ дар мулоқоти Президент бо вакилон анҷом дода шавад.

Ӯ ҳамзамон аз қавли коршиносон навишт, ки дар ҳар сурат, натиҷаҳо, ноумедкунандаанд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд, яъне Раҳмон имрӯз паёми солонаашро дар ҳузури вакилон ироа кард ва ҳамзамон гуфт, ки имсол чӣ корҳоро анҷом хоҳанд дод.

Дар умум, Эмомалӣ Раҳмон паёмашро асосан имсол ба масъалаҳои тандурустӣ, барқ, роҳ ва мактабу маориф бахшид. Раҳмон дар паёми имсолааш дастовардҳои 28 солаи ҳукуматашро асосан бо солҳои 91-ум муқоиса кард. Ӯ гуфт, ки танҳо соли 2020 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

“Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад.Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд”.

“Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд”.

Ҳамзамон зикр кард, ки агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст.

Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст. Аммо Раҳмон дар бораи аз кор бозмондани қисме аз корхонаҳо, болоравии қурби асъор ва зиёд шудани шумори сокинони кишвар ва оё ин пешравие, ки Раҳмон иддаояшро дорад ба вазъияти иқтисодии имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ ҳаст ё не, чизе нагуфт.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ моҳи июли соли 2020 гуфта буд, ки танҳо тайи соли охир 124 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонданд. Ин ниҳод ҳамзамон гуфта буд, ки дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2216 корхонаҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ин нуктаҳои паёми Раҳмон боиси пурсиши фаъолон шудааст, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама ба мисли солҳои 91 сокинон дар кишвар кор пайдо карда наметвонанду аз мушкилии норасоии барқ ҳамасола дар фасли сармо ранҷ мекашанд?

Раҳмон дар паёмаш ҳамзамон ёдовар шуд, ки барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.

Чизе, ки пештар сокинон чанд дафъа шикоят карданд, ки ин тағйирро дар нафақаҳояшон эҳсос накарданд.

Ҳамзамон ӯ зикр кард, дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Ӯ ҳамчунин дар Паёми соли 2019-аш гуфта буд, ки суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Аммо аз оне ки қурби пули миллӣ ҳам чанд дарсад поин рафт чизе нагуфт.

Бояд гуфт, ки буҷаи соли 2014 ба ҳисоби доллар 3 миллиарду 100 миллион буд. Дар ҳоле буҷаи соли 2020 бо доллар танҳо 2 миллиарду 200 миллионро ташкил медиҳад.

Раҳмон ин бор ҳам дар ҳузури ҳади ақал 4 фарзанди маснабдораш аз солҳои навад ва ба қавли худаш “хоинон” ёдовар шуд.

“Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.

Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Тавре, ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.

Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар соли 2020 бо сабаби баста будани роҳҳо, ҳудуди 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик натавонистаанд ба хориҷ раванд. Ба иддаои Раҳмон, аз 460 ҳазор муҳоҷири тоҷик, танҳо 111 ҳазори онҳо тавонистанд барои кор ба хориҷ бираванд. Чунин вазъ нишон медиҳад, ки дар дохили кишвар метавон муҳоҷиронро дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ ба кор таъмин кард. Чизе, ки коршиносон ба ягон нуктаи он мувофиқ нестанд.  

Нуктаҳои муҳими дигар дар Паёми Президент озод кардани кишоварзон аз андози ягонаи замин ва авфи амвол дар соли равон буд. Ва нуқтаи аз ҳама баҳсбарангези суханронии раиси ҷумҳур дар мавриди набудани COVID-19 дар кишвар аст.

Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият гуфта, ки “Тоҷикистон имрӯз бе COVID-19 аст”. Изҳори назаре, ки ба навиштаи Озодӣ бисёриҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он бо шубҳа менигаранд.

Дар охири паёми 2, 5 соаташ расиҷумуҳр гуфт мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст.

Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст.

Фаъолон ин нуктаи паёми раисҷумуҳрро ба шухӣ кашида гуфтаанд, ки аз имрӯзи Тоҷикистон ба чизаш мешавад фахр кард, маҷбурем бо ҳамон 5000 ҳазору 6000 ҳазор соли пеш фахр кунем.

Барои касбомӯзии муҳоҷирони тоҷик Бонки осиёии рушд 30 млн $ ҷудо мекунад

0

Барои рушди бозори кори Тоҷикистон, аз ҷумла касбомӯзии муҳоҷирон Бонки осиёии рушд 30 миллион доллар ҷудо мекунад.

Дар тарҳи созишномаи грантӣ гуфта шудааст, ки 1,5 миллион доллар саҳми Ҷопон ва бештар аз 3 миллион доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон будааст.

Рӯзи 21 январи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон аз ин тарҳ ҷонибдорӣ намудаанд.

Вале коршиносон аз шафофияти харҷи он нигаронанд, ки мисли дигар маблағҳо миёни боду ҳаво гум мешавад ва ҳеҷ тағйироте дар ин самт амалӣ намегардад.

Муовини вазири молия Юсуф Маҷидӣ дар Парлумон зимни муаррифии созишномаи мазкур гуфтааст, ҳадафи он рушди маҳоратҳои касбӣ ва имконияти ба кор таъмин намудани ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Дар идома иброз доштааст, ки “Дар доираи лоиҳа корҳои зерин, аз ҷумла сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии маркази омӯзишии соҳаи туризм ва хизматрасонӣ дар Душанбе, маркази омӯзишии соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва маркази омӯзиши соҳаи агросаноатӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин се адад маркази хизматрасонии муҳоҷирон дар Бохтар, Восеъ, Хуҷанд дар назар аст”.

Зикр мешавад, ки корҳо дар доираи ин созишнома аз феврали соли равон оғоз мегардад ва татбиқи он барои 6 соли оянда пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол Шӯҳрат Латифӣ коршиноси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтааст:  

“Бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар мутахассисон, ки дар ин самт бисёр кор кардаанд мизҳои мудавваре баргузор мешуд, масъалаи шаффофият, баъдан мониторинги иҷроиши тарҳ хуб пеш мерафт, аз нигоҳи бетарафӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ амал мекарданд ва боварии маблағгузор низ бештар мешуд”.

Ба гуфтаи Латифӣ бо миллионҳо доллари Бонки осиёии рушд ба ҷои бунёди омӯзишгоҳҳои нав, нахуст омӯзишгоҳҳои касбии феълан амалкунандаро ба таҷҳизоту мутахассис таъмин кунанд.

Ӯ қайд намудааст, ки бо ташкили курсҳои чандмоҳаи бозомӯзӣ мушкили корҷӯён, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ҳал нахоҳад шуд.

“Асосан муҳоҷирони мо дар сохтмонҳо кор мекунанд ва аз ӯҳдаи дигар касбҳое, ки дар бозори меҳнат харидор доранд, намебароянд. Бино бар ин, онҳоро ба омӯзишгоҳҳои касбие ҷалб намудан лозим, ки на барои чанд моҳи таҳсил як сертификат гиранд, балки воқеан касб омӯзанд”, – гуфтааст ин коршинос.

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон шумораи бекорон камтар аз се дарсадро ташкил медиҳад.  Аммо коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки ин омор аз воқеият дур аст, ҳатто давлатҳои пешрафта сатҳи бекорияшон аз се дарсад болост чӣ расад ба Тоҷикистон, ки қариб нисфи аҳолияш бекоранд.

Таркиши сахт дар шаҳри Панҷакент, 12 захмӣ ба бемористон интиқол ёфт

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз таркише дар як чойхонаи шаҳри Панҷакент хабар дод.

Гуфта мешавад, дирӯз 25 январ дар чойхонаи “Самарқанд” дар шаҳри Панҷакент таркиши газ ба амал омада чандин нафар захмӣ гардида, 12 нафар бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуданд.

Бино ба иттилои ВКД 25-уми январи соли равон, тахминан соати 12:20-дақиқа, дар чойхонаи “Самарқанд”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ-157, ки Тиллоев Ёлқин Раҳмонкулович, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи деҳаи Майката, ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент иҷора гирифта будааст, таркиш ба амал омадааст.

Дар хабари ВКД сабаби таркиши газ риоя накардани қойдаҳои бехатарӣ унвон гардидааст.

Гуфта мешавад, аз руйи ҳодиса тафтишот идома дошта, то ҳол талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” барои тасдиқ ба Парлумон фиристода шуд

0

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» -ро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намудааст. Дар ин бора сомонаи Маҷлиси намояндагон кишвар иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ин созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории дуюми иловагӣ)”, 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Дар ҷаласаи Шӯро Маҷлиси намояндагон, таъкид карда шудааст, ки ҳадафи амалисозии лоиҳа мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалии тиббию санитарӣ дар шаҳру навоҳии кишвар мебошад.

Ҳамчунин қайд гардидааст, ки маблағи иловагии пешниҳодгардида барои лоиҳаи мазкур 7,3 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ 10,0 млн. доллар мебошад, ки аз ҳисоби гранти Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад.

Лоиҳаи мазкур аз се қисмат иборат буда, кисмати якуми он “Маблағгузорӣ дар асосӣ натиҷаҳои фаъолият” ба ҳисоб меравад.

Инчунин қайд гардида, ки лоиҳаи кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳ ноҳияи вилоятҳои Хатлон: (Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён) ва дар Суғд: (Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ) ва ноҳияи Файзобод ва васеъкунии минбаъдаи татбиқи МНФ дар 6 ноҳияҳои нави таҷрибавии ҷумҳурӣ (Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Зафаробод ва Дарвоз) гузаронида мешавад.

Беш аз 400 тоҷикро барои кор ба вилояти Иркутски Русия мефиристанд

0

Мақомоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтаанд, барномаи сафарбар кардани як гурӯҳи муҳоҷирон бо мақомоти Русия баррасӣ шудааст ва бояд онҳо ба вилояти Иркутск барои кор фиристода шаванд.

Инро худи Ширин Амонзода, вазири ин ниҳод ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст. Амонзода иброз дошта, ки раёсати байналмилалии ин вазорат аз пеш бо ҷониби Русия дар ин замина музокирот дошт.

Дар ҳамин ҳол Фарангис Исломова, сардори ин раёсат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, се ширкати сохтмонӣ аз вилояти Иркутск дар шарқи Русия хостори ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон шудаанд.

Ба гуфтаи Исмоилова “ин ширкатҳо вазифадор шуданд, ки тавассути парвози вижа коргарони тоҷикро ба Русия бурда, бо ҷойи кор ва зиндагӣ таъмин мекунанд. Нархи билети парвоз, нархи иҷозаи кор ва сабти номро ин ширкатҳо пардохт мекунанд. Ҳамчунин ба тавофуқ расидем, ки баъд аз муддате ин ширкатҳо коргарони тоҷикро барои рухсатӣ ба Тоҷикистон оварда, сипас дубора ба Русия мебаранд”.

Вале дар мавриди маоиши муҳоҷирон Исломова гуфтааст, тибқи тавофуқот наметавонад миқдори маоши муҳоҷиронро ифшо кунад, вале гуфтааст, дар муқоиса бо соли гузашта маоши муҳоҷирони корӣ ду маротиба бештар аст.

Гуфта мешавад, муҳоҷирон ҳангоми ба Русия ворид шудан тӯли ду ҳафта дар қарантина қарор дода мешаванд. Ширкатҳои сохтмонӣ дар ин маврид бо “Роспотребнадзор” – муассисаи танзимкунандаи беҳдоштии Русия тавофуқ кардаанд.

Масъулини Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз ин пас бештаре аз Тоҷикистон, ки мехоҳанд барои кор ба Русия сафар кунанд, ба чунин тартиб тавассути барномаи “Кор дар Русия” ба Русия бурда мешаванд.

Зиёда аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ҳамасола ба Русия мераванд, вале баъд аз хуруҷи бемории ҳамагири COVID 19 ва баста гардидани марзҳо садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик натавонистанд тибқи маъмул худро барои кор то Русия расонанд, ки ин боис шуда сафи бекорон дар Тоҷикистонро афзоиш ёбад.

Путин меравад? Гирдиҳамойҳои густарда дар шаҳрҳои Русия

0

Дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия рӯзи шанбе 23 январ ба тарафдории мухолифи Кремлин, Алексей Навалний гирдиҳамоиҳо бо иштироки даҳҳо ҳазор нафар баргузор шуд.

Чунин гирдиҳамоиҳо бо иштироки ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Русия, ки ба нишони ҷонибдорӣ аз Алексей Навалний ва эътироз ба ҳукумати Русия ба хиёбонҳо баромаданд, ки дар чанд даҳҳаи ахир дар Русия бесобиқа будааст.

Рӯзи шанбе чунин ҳамоишҳо дар даҳҳо шаҳрҳо, аз ҷумла Сибир ва Шарқи Дури Русия, Иркутск ва Новосибирск баргузор шуданд. Дар умум гирдиҳамоиҳо бештар аз 90 шаҳрҳои Русияро фаро гирифт.

Тавре расонаҳо аз Маскав хабар медиҳанд, дар саросари кишвар аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ беш аз 3,5 ҳазор нафар, аз ҷумла ҳамсари Алексей Навалний, хонум ​​Юлия ва котиби матбуотии ӯ Кира Ярмыш боздошт шуданд. Дар Владивосток эътирозгарон бо пулис даргир шуда бар зидди онҳо барф партофтаанд.

Ҷонибдорони Навалний аз сокинон дар Русия даъват карданд, ки дар гирдиҳамоиҳо ба тарафдории пешвои мухолифон, ки ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шудааст, ширкат варзанд.

Алексей Навалниро рӯзи 17 январ дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав пас аз бозгашташ аз Берлин боздошт карданд. Навалний  дар онҷо пас аз олудашавӣ бо заҳри навъи “Новичок” табобат мегирифт.

Худи Алексей Навалний, пештар аз мардуми Русия талаб кард, ки ба нишони эътироз аз ҳукми ҳабси ӯ ба хиёбонҳо бароянд. Ӯ дар ин изҳороташ, ки 18-уми январ дар YouTube нашр шуд, гуфт, “натарсед, ба хиёбонҳо бароед. Барои ман не, барои худатон ва ояндаи худ берун бароед.”

Адади иштирокдорон дар гирдиҳамоии шаҳри Маскавро мақомоти шаҳр 4000 нафар мегӯянд, дар ҳоле, ки расонаҳои мустақил ба ин омор бовар надоранд ва хабаргузории Reuters теъдоди онҳоро 40 ҳазор нафар гуфта аст.

Пулис ба далели монеъ шудан ба ҳаракат дар роҳҳо рӯзи 23 январ барои гирдиҳамоӣ дар Санкт-Петербург ва Владивосток парвандаҳои ҷиноӣ боз кард. Пулиси Маскав низ пас аз ин гирдиҳамоӣ барои иштирокдорон бастани роҳҳо ва роҳравҳо парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Пештар Кумитаи тафтишот дар бораи кушодани чанд парванда, аз ҷумла дар бораи истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахсони мансабдори давлатӣ, авбошӣ ва вайрон кардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ гузориш дода буд. Ба гуфтаи раҳбари созмони ҳуқуқи башарӣ “Агора” Павел Чиков, шумораи парвандаҳои ҷиноӣ дар кишвар пас аз тазоҳуроти рӯзи шанбе аллакай ба нуздаҳ адад расидааст.

Боздошти ин мухолифи 44 солаи русро ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳкум кард ва бисёре аз раҳбарони ғарбиву аврупоӣ аз Русия талаб карданд, ки Навалний билофосила озод шавад.

Дар Варшава барои дастгирии Навалний дар назди бинои сафорати Русия коргардони маъруфи рус Иван Вырыпаев, ки дар Полша зиндагӣ мекунад, навиштаҷоти “Русия – аз озодии Навалний натарсед”-ро бардошт.

Дар ҳамин ҳол дар мусоҳиба бо “Financial Times” президенти Лаҳистон Анҷей Дуда аз Иттиҳоди Аврупо даъват карда, ки таҳримот алайҳи Русияро дар робита ба боздошти Алексей Навалний шадидтар кунад.

Анҷей Дуда: “Ҷуз ин  василаи сулҳомез барои фишор овардан ба давлате, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро вайрон мекунад, вуҷуд надорад. Авлавият гузоштан ба қонунҳои байналмилалӣ муҳим аст. То он даме, ки қонунҳои байналмилалӣ эҳтиром карда мешаванд, ҷанг ҳам вуҷуд нахоҳад дошт”

Радиои Лаҳистон навишта, ки вокуниш ба боздошти Алексей Навалний яке аз мавзӯъҳои асосии нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар рӯзи душанбеи 25 январ хоҳад буд.

Алексей Навалний як рӯз пас аз тамдиди муҳлати боздошташ маълумотеро дар бораи дороиҳои мармузи Владимир Путин ифшо кард. Наворе, ки Навалний дар бораи қароргоҳ ки ба иддаои ӯ маъруф ба “Қасри Путин” аст, ва дар наздикиҳои минтақаи Геленҷик дар Баҳри Сиёҳ қарор дорад, вокуниши бесобиқаро дар байни корбарони русзабон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба бор овард.

Он навор танҳо дар ютюб бештар аз 86 миллион бор дар 6 рӯз дида шудааст. Навалний дар он навор иддаъо кард, ки ин қаср барои раисҷумҳур Путин омода шудааст ҳадди ақал 100 миллиард рубл (як миллиарду 345 миллион доллар) арзиш дорад.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои СПАД баргузор мешавад

0

Ҷаласаи навбатии Шӯрои Созмони Паймони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД ) дар бораи ҷамъбасти фаъолияташ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 тариқи онлайн баргузор мегардад.

Бино ба гузориши ТАСС, Станислав Зас, дабири кулли СПАД дар нишасти Шӯро оиди фаъолиятҳои сиёсати хориҷии ин созмон, рушди низомии он, муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир, инчунин омодагии нерӯҳои посдори сулҳ барои ширкат дар амалиёти ҳифзи сулҳи таҳти сарпарастии СММ сӯҳбат хоҳад кард.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ як созмони минтақавии байналмилалӣ мебошад, ки Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомили он ҳастанд.

Гуфта мешавад, чорабинии мазкур онлайн баргузор мешавад ва намояндагони ВАО метавонанд бо аккредитатсияи пешакӣ аз фосилаи дур ширкат варзанд.

Нигаронии баъзе муҳоҷирони тоҷики муқими Аврупо аз таъқиби мақомот

0

Мақомоти қудратии Тоҷикистон аз баъзе муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ хостаанд, ки ба Ватан баргарданд ва дар ҳолати барнагаштан бар зидди онҳо парванда боз мешавад.

Азим Якин, як корбари Фейсбук бо нашри наворе дар саҳифааш аз таъқиби мақомоти қудратӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Ин корбар мегӯяд, шуъбаи кофтукоби ҷиноятии ВКД дар ноҳияи Дарвоз алайҳи ӯ бо моддаҳои 187 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, вале худи ӯ намедонад гуноҳаш чист.

Ба гуфтаи ин шаҳрванд падарашро мақомот даъват намуда гуфтаанд, ки фарзанди Шумо шомили кадом ҳизбу ҳаракатҳост ва ӯ бояд ба Тоҷикистон баргардад. Худи Азим мегӯяд, шомили ҳеч ҳизбу ҳаракате нест ва ҳеч гуноҳе ҳам накардааст, аммо намедонад мақомот барои чи алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Азим Якин дар сӯҳбат бо “Аздо тв” гуфт, мақомот бори аввал нест, ки алайҳи ӯ парванда боз мекунанд, чанд соле пеш парванда бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни Салафия боз карда буданд, аммо вақтҳои охир таъқибу фишорро болои хонаводааш бештар кардаанд.

Дар ҳамин ҳол яке аз муҳоҷирони дигар, ки нахост номаш зикр шавад, дар сӯҳбат бо “Аздо тв” гуфт, ӯ бо раводид ба кишварҳои Аврупоӣ рафта ва паноҳанда несту моили ҳеч ҳаракати сиёсӣ низ. Танҳо барои кор рафтааст, аммо мақомоти қудратии вилояти Хатлон ба хонаи онҳо рафта волидайнашро маҷбур доранд, ки фарзандатонро бигӯед ба кишвар баргардад ва дар акси ҳол бар зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мешаваду дар пайгард қарор хоҳад гирифт.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки намедонад барои чӣ мақомот мехоҳанд аз Аврупо баргардад, дар ҳоле, ки ҳеч фаъолияти сиёсие надорад ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандон фаъол ҳам нест.

Ба ҳамин монананд чанд муҳоҷири дигар ҳам шикоятҳо кардаанд, ки вақтҳои ахир мақомот болои хонаводаи онҳо фишор оварда талаб доранд фарзандонашон баргарданд.