28.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 637

Аввалин сервиси интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон бе ҳақи музд роҳандозӣ мешавад

0

Имрӯз 18 августи соли 2020 хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки дар якҷоягӣ бо “Алиф Бонк”-и Тоҷикистон барномаи интиқоли пулро бе гирифтани ҳақи хизмат роҳандозӣ мекунад. Бино ба гуфтаи ин хабаргузорӣ ин барнома бо ҳадафи ғамхорӣ ва осонии раванди интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ба навиштаи “Азия-Плюс” лоиҳаи “asiaplus.intiqol.tj” дар кишвар аввалин лоиҳаи муштараки инноватсионии сервиси интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон буда, ба зудӣ роҳандозӣ мешавад. Ин лоиҳаи шарикиест, ки фаврӣ амал карда, дар реҷаи 24/7 фаъолият мекунад”.

Аммо дар хабари мазкур кай ба ҳукми иҷро даромадани ин лоиҳа гуфта нашудааст, бештар болои зарурати як чунин барнома барои осонии интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон таъкид шудааст.

“Азия Плюс” менависад:

Имрӯз дар Русия беш аз 1 млн нафар тоҷикистониён кору зиндагӣ мекунанд. Интиқоли пул аз ҷониби онҳо ҳиссаи зиёди воридоти асъорро ба иқтисоди кишвари мо таъмин карда, барои рушди ҷамъият нақши назаррас дорад. Аз ин рӯ, таъмини одамон бо воситаи қулай ва муфид барои интиқоли маблағ ба ватан хеле муҳим аст.

“asiaplus.intiqol.tj –   тасмими бесобиқаи бонкист, ки ба тағйири пурраи тарзу усули анҷоми амалиёти интиқоли пул дар бозори молиявии Тоҷикистон равона шудааст. Сирри комёбии технологӣ дар он ифода меёбад, ки қулайу бароҳат ва дастрас будан барои мизоҷон дар бонки мо аз афзалияти муҳим шуморида мешавад. Ва мо бо камоли мамнуният дар бораи роҳандозии аввалин дар кишвар сервери бепули интиқоли маблағ – навгонии бисёрсоҳавӣ хабар медиҳем, ки дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳия шуд”, – мегӯяд раиси ҶСК “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов.

Ба гуфтаи директори генералии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Умед Бобохонов, наздики 35-40%-и хонандагони сомона ва шабакаҳои иҷтимоии расонаҳоро корбарон аз Русия ташкил медиҳанд, ки ҳар моҳ ба ҳудуди ним миллион шаҳрвандони мо рост меояд.

– Дар ҳамкорӣ бо “Алиф Бонк” – яке аз пешсафони бозори ватании fin-tech аз оғози амалисозии лоиҳа хушнудем. “Азия-Плюс” мудом ба ҳаёти муҳоҷирони корӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барояшон маълумоти муфиди зарурӣ пешниҳод намояд, то ки ба беҳтар шудани зиндагиашон дар мулки бегона ва ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат кунад. Яке аз чунин иқдомҳои мо – лоиҳаи муштарак бо “Алиф Бонк” аст.

Ба фикрам, ин намунаи хуби ҳамкории муфид аст, зеро “Алиф Бонк” тасмими қулайи инноватсионии интиқоли пул дошта, “Азия-Плюс” шумори хеле зиёди корбароне дорад, ки ин қарор барои онҳо ҳаётан зарур аст.

Мутмаинам, ки ҳамкории мо пурсамар сурат гирифта, ба дастгирии муҳоҷирон ва рушди иқтисоди миллӣ саҳми босазо мегузорад, – қайд кард ӯ.

Сервис аз кадом лиҳоз муфид аст?

Сервиси www.asiaplus.intiqol.tj ба интиқоли фаврӣ аз ҳама гуна корти бонкии Русия (Visa/MasterCard/МИР) ба Тоҷикистон ба ҳама гуна кортҳои “Корти миллӣ” ва ҳамёнҳои alif.mobi-и натанҳо “Алиф Бонк”, балки дигар ташкилотҳои қарзии кишвар имкон медиҳад.

Маблағ дар муддати якчанд сония ва бе ягон комиссия ба корт гузаронида мешавад. Маблағи интиқол ва 30 то 50 ҳазор рублро ташкил дода метавонад. Рӯзона маҳдудият нест.

Бартарии асасии ин портал кор тариқи онлайн дар реҷаи 24/7 аст. Лекин асосиаш дар он аст, ки барои интиқоли пул ба шуъбаи бонкӣ рафтану гузаштани маблағро интизор шудан лозим нест. Кофист, ки ба сомонаи www.asiaplus.intiqol.tj дохил шуда, якчанд тугма ё аломатҳоро пахш намоед. Дигар тамом! Маблағ дарҳол ба суратҳисоби гиранда дар Тоҷикистон мегузарад.

Мулоқоти сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин

0
Акс аз сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки 17 августи соли равон Вазири корҳои хориҷии кишварн Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ мулоқот анҷом дод.

Вобаста ба мавзӯи мулоқот гуфта шуда, ки “Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуда, ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо рӯҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид карданд.”

Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон расман аз 11 январи соли 1992 баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва эълони истиқлоли давлати Тоҷикистон дар 9 сентябри соли 1991 оғоз гардид. Байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ чандон қавӣ нест ва дар ин чорчӯб бештар кумакҳои ғизоии Саудӣ дар мавсимҳои муайян, аз қабили биринҷу хурмо ва дигар маводи хӯроки аввалия дида мешавад.

КДАМ полковники Оҷонсии зидди фасодро бо пора дастгир кард

0
Акс аз: fpbk.ru

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар медиҳад, ки 17-уми август полковник Ҷонибек Маҳмадзода корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми бузург дастгир шуд.

Гуфта мешавад, ки полковиник Ҷонибек Маҳмадзода дар вазифаи мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кор мекард. Аммо дар хабар миқдори муайяни пораи гирифташуда ва инчунин аз ҷузъиёти дастгиршавӣ, ки чӣ гуна ва дар куҷо рух додааст, чизе зикр нагардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, “17-уми августи соли 2020, аз тарафи кормандони КДАМ ҶТ ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон, мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмадзода Ҷонибек Бек, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Маҳмадзода Ҷ.Б. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Хабари боздошти кормандони баландпояи Оҷонсии зиддифасод бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Соли 2017 як гурӯҳи зиёди кормандони баландрутбаи ин ниҳод дастгиру зиндонӣ шуданд. Мақомот ин гурӯҳро бо иттиҳоми қаллобӣ, гирифтани пора ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам намуда ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Он сол ин хабар дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

Дар рӯйхати ин гурӯҳи кормандони дастгиршудаи Оҷонсии зиддифасод номи Фирӯз Холмуродзода, собиқ раҳбари Раёсати тафтишоти Оҷонсӣ, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, ҷой дошт. Ҳамчунин номи Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси ин ниҳод ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси идораи гумруки Хуҷанд низ сари забонҳо мегашт, ки онҳо ба даҳуним солии зиндон маҳкум шуданд.

Барномаи хабарии “ҲАФТА”

0

Рӯйдоду гузоришҳое, ки тӯли як ҳафта дар ҷомеа рух додааст онро бо шарҳу тафсилоти бештар дар барнома метавонед тамошо кунед.

#Azdatv

13-уми августи соли равон Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва шоири халқии Тоҷикистон, дар синни 75-солагӣ дар бемористони “Истиқлол” аз олам чашм пушид. Номбурда ҳафтаи гузашта бо нишонаҳои гирифторӣ ба бемории вируси COVID-19 дар беморхонаи “Истиқлол” бистарӣ буда рӯзҳои ахир зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд.

Ҳодисаҳои худкушии мансабдорон дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки сурат мегирад. Вазири нақлиёти ҶТ Худоёр Худоёрзода, ки ба қавли мақомот даст ба худкушӣ задааст барномаро бо ин мавзӯъ идома медиҳем.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 10 август ба Александр Лукашенко, президенти азнавинтихобшудаи Белорус барқияи шодбошӣ фиристод ва пирӯзии Лукашенкоро ба дастгирӣ ёфтан аз ҷониби мардумаш рабт дод.

Тафсилоти бештар вобаста ба мавзӯъҳои “Ҳафта” дар шакли видеоӣ инҷост.

Набераи Назарбоевро куштанд ё худ аз беморие даргузашт?

0
Акс аз: “asiais.ru”

Набераи нахустин президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев дар Лондон вафот кард. Марги Айсултан Назарбоевро рӯзи якшанбе, 16 август модараш дар сомонаи “Бунёди Нурсултон Назарбоев” тасдиқ кард.

Модари Айсултан мегӯяд: “Оилаи ман аз марги писари азизамон Айсултан сахт андӯҳгин аст ва дар ин лаҳзаи мушкил барои мо, умедворем, ки мардум  ба талафоти ҷуброннопазири мо эҳтиром мегузоранд”.

Шабакаи хабаргузории “www.dw.com” менависад, ки тибқи баъзе хабарҳо, сабаби марги Айсултан сактаи қалб гуфта шудааст. Аммо огоҳони умур аз қатли ӯ хабар медиҳанд.

Айсултан Назарбоев писари духтари калонии президенти собиқи Қазоқистон, Дарига Назарбаева мебошад. Падари Айсултан собиқ муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар, Раҳат Алиев буд, ки панҷ сол пеш дар зиндони Вена овехта шуд. Айсултан соли 2017 дар Федератсияи футболи Қазоқистон кор кардааст, моҳи октябри соли 2019 барои ҳамла ба як полис дар Лондон шартан маҳкум ба зиндон шуда буд.

Айсултан Назарбоев моҳи феврали соли 2020 аз фишори оилаи худ ба мақомоти Бритониё шикоят бурда аз ин давлат дархости паноҳандагии сиёсӣ карда буд. Ӯ дар саҳифаи фейсбукаш навишта буд, ки “оилаи ӯ кӯшиш доранд болояш фишор оранд”. Айсултон зимни изҳороташ дар фейсбук аз сирри хонаводаи назарбоевҳо оиди даст доштанашон дар пулшӯӣ ва фасоди бузург дар якҷоягӣ бо ҳукумати Русия ва Қазоқистон хабар дод.

Я верю в то, что если народ объединится против власти внутри страны, то нам будет под силу перевернуть государство вверх…

Gepostet von Aisultan Jesus Rakhat am Mittwoch, 12. Februar 2020

Аввали ҳамин сол, Айсултан ошкоро гуфта буд, ки модараш Дарига мехоҳад ӯро бикушад. Ӯ мегуфт, Дарига ӯро аз Нурсултон Назарбоев ба дунё овардааст. Набераи Нурсултон иддао карда буд, ки вай набера не, балки писари собиқ президент аст. Ба гуфтаи вай, аз бойгонии Раҳат Алиев дар бораи таваллуди худаш маълумот пайдо карда будааст. Бо пахши ин асрор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ мардуми Қазоқистонро дар ҳолати шокӣ қарор дод.

Ҳамчунин ӯ зимни иқрорҳояш ба қарордоде ишора кард, ки тибқи он “Газпром” -и Русия гази Қазоқистонро мехарад ва “дар он ҷо як ширкати тавлидкунанда вуҷуд дорад, ки дар як сол 1,5 миллиард доллари ИМА фоида ба даст меорад.”

Ин пул, ба гуфтаи ӯ, “дар Сингапур ҷамъ мешавад”, ки онҷо байни баъзе “масъулони баландпояи рус” ва раҳбарияти “Газпром” тақсим мешавад. “Дар мавриди Қазоқистон бошад, аз ин пулшӯӣ солона тақрибан 700 миллион доллар байни Тимур Қулибоев ва Қайрат Боранбоев – падараруси собиқи ман тақсим карда мешавад” – гуфт Айсултан Назарбаев.

Вай изҳори нигаронӣ карда буд, ки эҳтимол аз ҷониби хонаводааш ба қатл расонида мешавад, ба монанди Раҳат Алиев, ки падари ӯ ҳисоб мешуд.

Моҳи феврали соли 2015, Раҳат Алиеви 52-сола чанд соат пеш аз мурофиаи судияш ҷасади беҷонаш пайдо шуд. Дар Қазоқистон дар ғайбаш ӯро дар ташкили як гурӯҳи “мафёӣ”, ташкил табаддулоти давлатӣ ва куштор айбдор карда, ба 40 соли зиндон маҳкум карданд. Он ҳангом ӯ дар давлати Австрия қарор дошт ва ин давлат аз истирдоди Алиев худдорӣ карда, бар ин асос, ки  дар Қазоқистон ҳуқуқи инсон риоят намешавад.

Дарига Назарбаева аз моҳи марти соли 2019 вазифаи раиси Сенати Қазоқистонро ба душ дошт, ки моҳи майи соли 2020 президенти тозаинтихоби Қазоқистон Касим-Жомарт Такаев Даригаро аз вазифааш барканор кард.

Аҳзоби Тоҷикистон бо ваъдаи таъмини амнияту сохтани метро вориди интихобот мешаванд

0
Аксҳо аз “Озодӣ” ва “Ховар” гирифта шудааст

Баъд аз эълони таърихи баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли равон, то ҳол ду ҳизб аз иштирокашон дар ин интихобот хабар доданд.

Бино ба гузориши ҳафтаномаи “Тоҷикистон” рӯзи 15 августи соли ҷорӣ аввалин шуда Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Рустам Латифзода раиси ин ҳизбро ба ҳайси номзади ба интихоботи президентӣ пешниҳод намуд.

Акс аз “Ховар”

Ҳафтаномаи Тоҷикистон менависад, ки Рустам Латифзода дар барномаи пешазинтихоботии худ масъалаи таъмини амнияти давлатӣ, таҳкими марзҳо ва беҳбудии сатҳи зиндагии шаҳрвандонро аз мавзӯҳои меҳварии худ ҳамчун номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон унвон кардааст.

Дар интихоботи парлумонии гузашта Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар парлумон 7 курсиро соҳиб шуд. Рустам Латифзода баъд аз даргузашти раиси собиқи Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Амир Қароқулов дар соли 2014, раиси ин ҳизб интихоб гардид.

Ҳамзамон Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, низ аз иштироки ҳизбаш дар интихоботи президентии 11 октябр хабар дод.

Ғаффорзода дар хусуси барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбаш ба баланд бардоштани нафақабаи пиронсолон ва сохтани метро дар Душанбе ишора кардааст. Низ илова намуда, ки яке аз пешниҳодоти ҳизбаш дар ин интихобот барои даромади иловагӣ ба буҷаи давлатӣ ин аст, ки роҳҳои дохили шаҳри Душанбе барои мошинҳое, ки аз дигар ноҳияҳо меоянд, пулакӣ карда шавад.

“Мувофиқи релефи шаҳр он метавонад дар баъзе ҷойҳо метрои рӯизаминӣ ҳам бошад. Инчунин,  мо як пешниҳоди дигар дорем. Чун шаҳр ҳоло чаҳор дарвоза дорад, бояд он мошинҳое,ки аз минтақаҳо ба пойтахт меоянд, дар истгоҳи назди ҳамин дарвозаҳо таваққуф кунанд.  Агар ба шаҳр даромадан хоҳанд, бояд маблағи муайян супоранд. Он гоҳ ҳам тамбашавӣ камтар мешаваду ҳам ба буҷа маблағи иловагӣ ворид мегардад”, – гуфт Ғаффорзода.

Ӯ дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” оиди рушди иқтисоди кишвар ба чанд нукта чунин ишора намудааст: “Бигзор дар дохили кишвар ва бо қувваи  мардуми мо боигариҳои табии мо коркард шаванд. Он гоҳ мо 75 фоизи даромадро ба хориҷиҳо намедиҳему он вориди буҷаи давлат мешавад. Роҳи сеюмаш, ин баланд бардоштани тафаккури техникии насли наврас аст. Вақте ки мо истеъдодҳои техникиро якҷо сарҷамъ карда, бо устодони забардаст таъмин мекунем, он гоҳ пешрафтро интизор шудан мумкин аст ва онҳо ба мардуми худ хизмат мекунанд”, – таъкид кардаст раиси ҲСТ.

Бино ба тасдиқи худи раиси ҲСТ аъзоёни ин ҳизб ба 21 ҳазору 500 нафар расидааст ва зиёда аз нисфи аъзоёнаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Абдуҳалим Ғаффорзода ҳамчунин дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ номзадии худро ба курсии президентӣ пешбарӣ карда буд. Аксари коршиносон пешбарӣ шудани номзадии ин ҳизбро чандон ҷиддӣ қабул надоранд ва ҳизби ӯро ҳамчун ҳизби кисагӣ ном мебаранд.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 14.08.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

“Фароз” дар ҷамъоварии шираи камол, мардумро ба дод овардааст.

Барои рушди сайёҳӣ, БОР ба Тоҷикистон 10 млн доллар грант медиҳад.

Тоҷикистон аз Русия ваксина мехарад?

Президенти Литва: Лукашенко дигар лидери қонунии Белрус нест

0

Гитанас Науседа, раиси ҷумҳурии Литва муътақид аст, ки Александр Лукашенкоро наметавон мисли қабл лидери қонунии Белорус ҳисоб кард. Хабаргузории ТАСС-и Русия дар ин бора хабар додааст.

Сардори давлати Литва,ки рӯзи панҷшанбе бо шабакаи Sky News-и Бритониё мусоҳаба кардааст, гуфтааст мо наметавонем мисли пешина Лукашенкоро сардори давлат эътироф кунем:

“Фикр намекунам,ки мо чун дар гузашта метавонем Лукашенкоро роҳбари машрӯъ ва мунтахаб (сардори давлат) биномем, зеро дар Белорус интихоботи озод ва шаффофу демократӣ баргузор нашудааст”, – гуфтааст Гитанас Науседа, раиси ҷумҳурии Литва.

Науседа ҳамчунин огоҳ кардааст, агарки вазъияти буҳронии ношӣ аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба таври мусолиматомез роҳи ҳал пайдо накунад, дар қиболи Минск “имкони ҷорӣ кардани таҳрим”, вуҷуд дорад.

Президенти Литва ин фарзияро матраҳ кардааст, ки Русия “барои давлати таҳти нуфузаш манфиатдор” аст. Ӯ мегӯяд:

“Агар мо коҳилона ба ончики дар Белорус ҷараён дорад назора кунем,имкон дорад он комилан дар ҳайати Русия мулҳақ шавад. Мо-на танҳо Литва,балки ҳамаи Иттиҳоди Аврупо манфиатдорем,ки Белорус давлати орому собит, демократӣ ва мустақил бошад”.

Рӯзи чаҳоршанбе ҷаноби Науседа хабар дод,ки Литва, Латвия ва Лаҳистон нақшаи рафъи буҳрон дар Белорусро омода кардаанд. Вай аз се банд иборат аст:

  • ҳукумат аз истифодаи силоҳ муқобили норозиёни натоиҷи интихоботи 9 август даст бикашад;
  • боздоштшудаҳоро озод кунад;
  • бо ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ музокиротро оғоз намояд.

Ба андешаи Науседа барномаи музокирот, метавонад дар доираи Шӯрои мусолаҳаи миллӣ оғоз шавад,ки намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи маданӣ дар он ширкат варзанд.

Тоҷикистон аз Русия воксини зидди вируси COVID-19 хариданист

0
Акс аз сомонаи “www.ferra.ru”

Тоҷикистон бо Русия барои харидории воксин бар зидди вируси оламгири COVID-19 гуфтушунид ба роҳ мондааст.

Хабаргузории “Sputnik” аз қавли  муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ медиҳад, ки вазоратҳои тандурустии ҳарду кишвар дар ин масъала ба музокира нишастааанд. Ҳамчунин масъалаи харидории ин ваксина тавассути роҳҳои дипломатӣ низ идома дошта аст.

Номбурда мегӯяд, ҳаҷми истеҳсоли ваксина дар Россия барои фурӯши оммавӣ ҳанӯз кофӣ нест, зеро ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол то 1,5 миллион воя (доза) ваксина истеҳсол карда шавад, дар ҳоле ки аҳолии Россия 142 миллион нафарро ташкил медиҳад. Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, барои эм кардани аҳолии Россия тақрибан 9 сол лозим аст.  Ба ҷуз Тоҷикистон, 26 давлати дигар барои харидории ваксина дар навбат қарор доранд.

«Азбаски байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тандурустӣ созишнома вуҷуд дорад, умед дорем, ки ба мо ин ваксина  дастрас карда мешавад», -гуфтааст Наврӯз Ҷаъфаров

Айни ҳол  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии ваксина барои ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст.  

«Ҳангоми ҳисобкунӣ инчунин бояд ба назар гирифт, ки миқдори муайяни одамон ба COVID-19 гирифтор шуда, подтан (антитела) пайдо мекунанд ва ба ин одамон гузаронидани ваксина лозим намеояд. Одатан, подтанҳо тақрибан ду сол фаъоланд», —мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров. муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ

Бояд тазаккур дод, ки ваксинаи Русия бар зидди коронавируси COVID-19 11 август ба қайд гирифта шуд. Дар ояндаи наздик истеҳсоли оммавии он шурӯъ шуда, аллакай моҳи октябр ваксинакунонии шаҳрвандони Русия, ки ба гурӯҳи осебпазир шомил мебошанд, оғоз меёбад.

Барои рушди сайёҳӣ, БОР ба Тоҷикистон 10 млн доллар грант медиҳад

0
Акс аз: “Ozodi.org”

Тибқи хабари намояндагии доимии Бонки осиёии рушд дар Душанбе баҳри татбиқи лоиҳаи рушди сайёҳӣ, ин бонк ба Тоҷикистон 10 млн доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад.

“Asia-Plus” менависад, ки шартномаҳо оид ба амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Созмони ҷаҳонии саёҳии СММ ((ЮНВТО), Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ва ду ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ: Фонди коҳиши камбизоатӣ ва Маркази таҳлилии “Наво” имзо шудаанд. “ЮНВТО” ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ ба Кумитаи рушди сайёҳӣ дар таҳияи нахустин ҳисоби ёридиҳандаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, симои сайёҳии кишвар ва нақшаи рушди устувори ин соҳа кумак мекунанд”, – омадааст дар хабар.

Дар назар аст, ки ин лоиҳа 12 моҳ фаъолият кунад. Пас аз пурра барқарор шудани фаъолияти сайёҳӣ дар кишвар, корҳои таҳқиқотӣ барои ҷамъоварии маълумот дар бораи демография, интизориҳо, фаъолият, манбаъҳои иттилоот, сатҳи қаноатбахшӣ, сохтори хароҷот ва муносибати сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба ин бахш гузаронида мешавад. Ба навиштаи навоядагии (БОР) дар Тоҷикистон, маълумоти ҷамъоваришуда ба мустаҳкам намудани омори бахши сайёҳӣ ва беҳтар муайян кардани саҳми ин соҳа ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

“Нақшаи пешниҳодшудаи рушди устувори сайёҳӣ ба тарҳрезӣ, бозорёбӣ (маркетинг) ва амалисозии лоиҳаҳо беҳбуд мебахшад, то ки Тоҷикистон ҳамчун самти ояндадори сайёҳӣ мавқеъгирӣ кунад”, – таъкид мешавад дар хабар.

Ин гранти мазкур аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои кумак ба Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ моҳи октябри соли 2019 ҷудо шудааст. Ин лоиҳаи (БОР) ҳарчанд нахустин дар бахши сайёҳӣ бошад ҳам вале, ин аввалин кӯмаки бонк ба Тоҷикистон нест. Бино ба маълумоти худ (БОР) то декабри соли 2019 ин бонк ба 158 лоиҳа дар Тоҷикистон грант ё қарз додааст, қи ҳаҷми умумии он 1,87 миллиард долларро ташкил медиҳад.