7.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 66

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

0

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи “Pamir Inside”, кормандони милиса дар Хоруғ, Шуғнон ва Роштқалъа волидон ва наздикони шаҳрвандони дар хориҷ бударо ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар Бадахшон даъват намуда, онҳоро маҷбур доранд, ки ба хешовандони худ дар хориҷ занг зада, онҳоро ба “бозгашти ихтиёрӣ” ба Тоҷикистон водор намоянд.

Мақомот бештар болои пайвандони онҳое фишор оварда истодаанд, ки нисбаташон барои фаъолияти интернетӣ, яъне гузоштани “лайк”, навиштани шарҳ ва бознашри маводҳои интиқодӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудаасту дар пайгард қарор доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани “писанд”-у “бознашр”-ро бекор карда буд.

Инчунин мақомот ба онҳое, ки бо хоҳиши худ бармегарданду “аризаи афв” менависанд ваъда дода истодаанд, ки онҳоро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунанд. Ҳодисаҳое вуҷуд дорад, ки онҳое, ки бо хоҳиши худ баргаштаанд, воқеан раҳо шудаанд, аммо афроде низ ҳастанд, ки пас аз бозгашт боздошт шуда, маҳкум ба зиндон шудаанд.

“Pamir Inside” менависад, ки кормандони ВКД барои баргардонидани шаҳрвандони дар ҷустуҷӯбуда, рутба ва ё мақоми баландтар мегиранд.

Хабари фишор болои пайвандони зодагони Бадахшон дар ҳолест, ки пулиси Маскав дар метрои Маскав Насима Сӯфишоева, кормандони собиқи милисаи Роштқалъаро боздошт карда, ба Тоҷикистон фиристодаанд. Баъди ба Душанбе овардани ӯ, мақомот доир ба парванда ва ҷойи нигаҳдориаш ба касе хабар надодаанд. Аммо як манбаъ аз Хоруғ бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомоти интизомӣ барои он аз Русия дархости истирдоди Насима Сӯфишоеваро кардаанд, ки ӯро дар як видеоҳои пешин аз ҳамоиши эътирозии зодагони Бадахшон дар Русия дидаанд.

Назари пайвандон ва худи Насима Сӯфишоева, ки хоҳари Сӯфишо Ғарибшоев муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилаи Роштқалъа аст ва се духтараш дар Русия боқӣ мондааст то ҳол дар ин бора дастраси расонаҳо нашудааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

0

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Дар пойтахти Олмон — шаҳри Берлин — гурӯҳи фаъолони ҳуқуқи башар, даст ба тазоҳуроти навбатӣ заданд. Онҳо дар назди сафорати Тоҷикистон ҷамъ омада, шиори “Stop Making Business with Tajikistan!” (Бо Тоҷикистон тиҷорат накунед!)-ро сар доданд. Онҳо аз ҳукумати Олмон талаб карданд, ки ҳамкориҳои иқтисодии худро бо режими Эмомалӣ Раҳмон боздорад.

Тазоҳургарон озодии зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, хусусан Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмуроди Эргашевро талаб карданд . 

Ба гуфтаи созмонҳои ҳуқуқи башар, онҳо қурбонии таъқибҳои сиёсӣ шудаанд, ки баъд аз ихорҷашон аз Олмон ба Тоҷикистон зуд боздошт ва ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум гардиданд.

Ин созмонҳо мегӯянд, “бо сабаби ҳамкории мустақим ва хатарноки мақомоти Олмон бо режими саркӯбгар” Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбоналиев – ду фаъоли мухолифи тоҷик дар соли 2023 аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Онҳо ба муҷарради расидан ба Душанбе боздошт ва дертар бо иттиҳоми сохта, аз ҷумла “кӯшиши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ” якумӣ ба 7 ва дуюмӣ ба 10 соли зиндон маҳкум гардиданд.

Дилмуроди Эргашев фаъоли шинохтаи узви ҶИРТ дар моҳи ноябри 2024 пас аз рад шудани дархости паноҳандагиаш аз Олмон ба Тоҷикистон баргардонида шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро муваққатан барои ду моҳ боздошт карданд. Иттиҳомоти расмӣ то ҳол эълон нашудаанд.

Дар ду соли охир зиёда аз 15 тазоҳурот дар шаҳрҳои гуногуни Олмон, аз ҷумла дар Берлин, Франкфурт, Мюнхен ва дигар ҷойҳо баргузор шуданд. Бо вуҷуди маълум будани хатари боздошт ва шиканҷа дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони ихроҷшуда, боз ҳам додгоҳҳои Олмон даст ба ихроҷи паноҳҷӯён мезананд.

Гуфта мешавад, ҳамаи шахсони ихроҷшуда собиқаи дарозмуддати фаъолиятҳои сиёсӣ ва зиддиҳукуматӣ доштанд.

Фаъолон бар ин назаранд, ки ҳамкориҳои иқтисодии Олмон бо Тоҷикистон саркӯбро “ғайримустақим” маблағгузорӣ мекунад.

Иттиҳоди Аврупо ахиран эълон кард, ки дар чаҳорчӯби ташаббуси Global Gateway ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон 12 миллиард евро ҷудо мекунад.

Тоҷикистон дорои манбаъҳои арзишманди табиӣ, аз ҷумла металлҳои нодир мебошад, ки барои саноати аврупоӣ муҳиманд.

Ба гуфтаи фаъолон, “ин сармоягузориҳо бояд бо шартҳои ҳуқуқи башар пайваст шаванд”, на бо хомӯшӣ нисбати саркӯб.

То ҳол нишонаҳои тағйири сиёсати Тоҷикистон дар баробари мухолифон ва боздоштшудагон мушоҳида намешавад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар як даҳсолаи охир сиёсати шадиди таъқиби мухолифонро пеш гирифтааст. Гузашта аз ин, Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои поймолкунандаи озодии баён ва озодии сиёсии созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад.

Тазоҳуркунандагон нигарони ҳамкории амиқи иқтисодии Ғарб бо як режимест, ки садҳҳо зиндонии сиёсӣ дорад ва озодии матбуот ва баёнро маҳдуд мекунад.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

0

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак ҳамлаҳои Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Навори Ғаззаро маҳкум карданд.

Ин баёния дар пайи нишасти солонаи БРИКС, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, нашр шуд. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои Исроил ба “зерсохторҳои ғайринизомӣ ва таъсисоти ҳастаии осоиштаи Эрон” нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд. 

Раҳбарони БРИКС ҳамзамон аз вазъи инсонӣ дар Фаластин ва идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза изҳори “нигаронии амиқ” карданд.

Ин нишаст бо иштироки сарони кишварҳои узв, аз ҷумла Президенти Бразилия Луиз Инасиу Лула да Силва, сарвазири Чин Ли Кецян, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Эрон Саид Аббос Ароқҷӣ, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, ва сарони кишварҳо Африқои Ҷанубӣ Миср Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Индонезия ва Эфиопия баргузор гардид. 

Президенти Русия Владимир Путин дар нишаст ба таври онлайн ширкат намуд.

Дар баёнияи муштараки ин гурӯҳ ҳамчунин ҳамлаи моҳи гузашта дар минтақаи Паҳалгами Кашмири таҳти назорати Ҳиндустон, ки боиси ҳалокати чанд нафар гардид, ҳамчун “ҳамлаи террористӣ” маҳкум шудааст.

Дар нишасти навбатии БРИКС кишвари Индонезия ҳамчун узви ҷадид қабул гардида, низ 10 кишвари дигар, аз ҷумла Белорусия, Қазоқистон, Узбекистону Малайзия ва дигарон шарикони ин иттиҳодия пазируфта шуданд.

Пас аз баргузории ин нишаст ва эълони аъзои ҷадид ба гурӯҳи БРИКС Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки болои ҳар кишвари узви он 10% андози гумрукиро афзоиш медиҳад.

БРИКС иборат аз иттиҳоди кишварҳои рӯ ба рушд мебошад, ки талош дорад дар баробари гурӯҳҳое чун G7 ва G20 мавқеи мустақил касб намояд. Гурӯҳ зери роҳбарии Чин ва Русия ислоҳи сохторҳои калидии сиёсӣ ва молиявии ҷаҳониро, аз ҷумла Шӯрои Амнияти СММ ва Сандуқи Байналмилалии Пул, пайгирӣ мекунад.

Гуфта мешавад, БРИКС дар талоши коҳиши вобастагӣ аз доллари амрикоӣ ва рушди як низоми алтернативии молӣ мебошад.

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

0

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар пайи ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқотро оғоз кардаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе низ паҳн шудааст, ки боздошти ин ду ҷавонро дар дохили мошини пулис нишон медиҳад. Мақомоти Русия гуфтанд, ки таҳқиқи парванда идома дорад ва онҳоро хатари ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур пас аз баргузории як чорабинии фарҳангии тоҷикон сурат гирифта, баҳсу вокунишҳои зиёдро дар фазои расонаии Русия ба бор овардааст. 

Ба назари муҳоҷирони фаъол, чунин рафторҳои ғайриқонунии баъзе аз муҳоҷирон метавонад боиси афзоиши хашму норозигии сокинони маҳаллӣ гардад ва ба обрӯи садҳо ҳазор муҳоҷири қонунию заҳматкаши тоҷик таъсири манфӣ расонад. 

Мунтақидон ҳукумат мегуянд, бо вуҷуди муҳоҷирати даҳҳо ҳазор ҷавон ба Русия ва дигар кишварҳо, ҳукумат ва махсусан Вазорати фарҳанги Тоҷикистон то ҳол натавонистаанд механизми муассиреро барои таблиғ ва омӯзиши фарҳанги асили миллӣ, рафтори дуруст ва риояи арзишҳои ахлоқӣ дар байни муҳоҷирон роҳандозӣ кунанд.

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба бандарҳои Яман

0

Артиши Исроил рӯзи якшанбе, 6-уми июл эълом кард, ки ба чанд бандар ва пойгоҳҳои низомии Ҳусиҳо дар Яман ҳамла кардааст.

Дар ин ҳамлаи ҳавоӣ бандарҳои “Ал-Ҳудайда”, “Раъсу Исо”, “Ас-Сулайф” ва нерӯгоҳи барқии “Ал-Ҳудайда” мавриди ҳамла қарор гирифтнд. Ба иттилои артиши Исроил, ҳамла ба зерсохторҳои муҳими Яман дар ҷавоб ба ҳамлаи Ҳусияҳо ба Исроил сурат гирифтааст.

Тавре гуфта мешавад, Ҳусиҳои Яман қаблан Фурӯдгоҳи Бин-Гурени Исроилро мавриди ҳадафи мушакии худ қарор доданд, ки дар натиҷа ин фурӯдгоҳ чанд соат таътил шуд ва парвозҳо ба таъхир гузошта шуданд.

Артиши Исроил лаҳзае пеш аз ҳамла эълон кард, ки мардуми ғайри низомӣ бандарҳо ва атрофи нерӯгоҳро холӣ кунанд. Исроил ҳамчунин ба киштии “Galaxy Leader”, ки моҳи ноябри соли 2023 аз ҷониби Ҳусиҳо гирифта шуда буд, ҳамла кард. Гуфта мешуд, Ҳусиҳои Яман бо мақсадҳои низомӣ аз он киштӣ истифода мекарданд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи артиши Ҳусиҳо Яҳё Сареъ гуфт, ки “падофанди мо дар хунсо кардани ҳамлаҳои Исроил алайҳи кишварамон муваффақ буд. Ва дар посух ба ин таҷовуз мо фавран бо мушакҳои “Hypersonic” ба Фурӯдгоҳи Бин-Гурин бандари Усдуд, нерӯгоҳи барқии Асқалон ва бо 8 паҳпод ба бандари Илот ҳамла кардем.”

Сухангӯи Ҳусиҳо афзуда, ки ҳамлаҳояшон ба Исроил ба хотири дифоъ аз ҳаққи мардуми Ғазза аст. Ӯ иддао намуда, ки то замони идомаи бомборонҳои Исроил ба Ғазза ва муҳосираи ин борика ҳамлаҳои ин гурӯҳ ба Исроил идома хоҳад дошт.

Аммо Исроил ва ҳампаймононаш Ҳусиёни Яманро гурӯҳҳои ниёбатии Эрон медонанд ва ба маконҳои стратегии низомӣ ва иқтисодии он, аз ҷумла бандари “Ал-Ҳудайда”, ки барои мардуми Яман маркази иқтисодии муҳим маҳсуб мешавад, бомборон мекунад.

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Масъуди Пизишкиён баъди ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон мулоқот кард.

Мулоқоти ҷонибҳо 4-уми июли соли ҷорӣ, дар шаҳри Хонкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи нишасти “Созмони ҳамкории иқтисодӣ” баргузор гардида, Раҳмонов ва Пизишкиён ҳамкориҳои дуҷониба ва мавзуҳои рӯзномаи ин нишастро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот аз алоқомандии Тоҷикистон ба таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии исломии Эрон гуфта, дар робита ба ҳодисаҳои ахир дар Эрон рухдода, ҳамдардии худаш ва мардуми Тоҷикистонро ба мардуми Эрон иброз доштааст.

Сарони ду кишвар аз сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба рушди мусбати онҳо ишора карданд ва зарурати иҷрои фаъолонаи созишномаҳои қаблан бадастомадаро таъкид кардаанд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот фаъолияти нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-2”, ки бо сармоягузории беш аз 180 миллион доллари Эрон сохта шудаааст ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба он ҳамчун ҳамкории муваффақи Тоҷикистону Эрон арзёбӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев низ мулоқот кардаааст.

Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ як ташкилоти минтақавии байнидавлатӣ буда, соли 1985 таъсис шудааст. Давлатҳое чун Туркия, Покистон, Эрон, Афғонстон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Тоҷикистон узви он ҳастанд.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

0

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Дар пасманзари афзоиши бесобиқаи ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон, ки дар баъзе минтақаҳо то ба 50 дараҷа мерасад, сокинон аз набудани шароити муносиб дар нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус троллейбусҳо изҳори нороҳатӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳавошиносӣ, дар чанд рӯзи охир ҳарорат дар Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар аз 40 дараҷа гузашта, дар минтақаҳои ҷанубӣ ва шоҳроҳҳо то ба 50 дараҷа ҳам расидааст.

Бо вуҷуди ин, дар бисёре аз мошинҳои мусофиркаш – автобусу троллейбус ва микроавтобусҳо – системаи хунуккунӣ (кондиционер) фаъол нест. Яке аз шаҳрвандон дар шабакаи Facebook навиштааст: “Дар дохили троллейбус мисли сауна аст. Кондиционерҳо тамоман фаъол нестанд ва мусофирон ба сахтӣ ин гармиро таҳаммул мекунанд.”

Танқидҳо бештар ба самти ниҳодҳои коммуналӣ ва нақлиётӣ равона шудаанд, ки ба гуфтаи мардум, барои мутобиқ кардани инфрасохтор ба шароити иқлимии нав чораҳои зарурӣ намеандешанд.

Гармои шадид ба саломатии мардум, бахусус кӯдакон, пиронсолон ва беморон хатарзо буда, ниёз ба чораҳои таъҷилӣ дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳои кишвар бештар мешавад.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

0

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Супоридани эътимоднома рӯзи 2-уми июли соли 2025 дар Қасри Белведер, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор шуда, ҳамзамон ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, Сатторов донандаи забонҳои англисӣ, русӣ ва олмонӣ буда, дар солҳои 2007-2014 сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, Лаҳистон ва Чехия буд. Ӯ аз соли 2014 то моҳи августи соли 2021 cафири Тоҷикистон дар Русия ва ҳамзамон 2016 то 2021 cафири Тоҷикистон дар Арманистон буд. Пас аз ин ӯ дубора дар январи соли 2022 сафири Тоҷикистон дар Олмон таъйин шуд.

Ба гуфтаи мунтақидони ҳукумати Раҳмон, замони сафарии Имомуддин Сатторов дар Русия барои муҳоҷирон ва дар умум шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар мушкилот бештар шуду кам не. Аз ҷумла чеҳраҳои шинохтае, ки ҳамеша дар хидмати муҳоҷирон буданд, ба монанди шодраовн Каромат Шарифов, Иззат Амон вачандин нафари дигар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Дар замони сафирияш дар Олмон низ чеҳраҳои шинохтае ба мисли Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саид, узви фаъоли Гурӯҳи 24 Билол Қурбоналиев ва узви ҶИРТ Дилмурод Эргашев аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод ва дар кишвар боздошту зиндонӣ шудаанд.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

0

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.

Сафири Русия дар Кобул Дмитри Жирнов дирӯз, 3-юми июл зимни дидор бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон тасмими давлаташ мабнӣ ба таври расмӣ шинохтани ҳукумати Толибонро эълом кард.

Жирнов дар суҳбат бо хабаргузории “ТАСС” гуфта, ки тасмими Русия барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон бо пешниҳоди Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва таъйиди Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гирифта шудааст.

Сафири Русия дар Кобул ин иқдомро нишонаи тамоюли Русия барои барқарории гуфтугӯҳо ва оддисозии равобити дипломатии Русия ва Афғонистон донистааст.

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ ба таври ҷудогона ба хабаргузории “ТАСС” гуфта, ки ҳукумати Толибон ба таври расмӣ аз тарафи Маскав шинохта шудааст. Ва Толибон аллакай сафири расмии худро ба Маскав фиристодаанд.

Муҳаммад Суҳайл Шоҳин, намояндаи Толибон дар Қатар мегӯяд, акнун пас аз тасмими Русия кишварҳои бештаре моро ба расмият хоҳанд шинохт.

Аммо собиқ ҳукуматдорони Афғонистон ва раҳбарони гурӯҳҳои мухолифи Толибон аз ин иқдоми Русия ибрози нигаронӣ намуда, гуфтаанд, ки оддисозии равобит бо Толибон, ки қаблан ҳамчун гурӯҳи террористӣ шинохта мешуд, боиси ривоҷи ноамнӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Аммо бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки чун Амрико ҳукумати Сурия ва хусусан раҳбари он Аҳмад Шаръро расман эътироф кард ва ҷунбиши ӯро аз феҳристи “гурӯҳҳои террористӣ” хориҷ кард, Русия низ дар муқобил чунин тасмимеро бо Толибон гирифт.

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

0

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, дар амалиёти мақомоти амниятӣ дар Екатеринбург беш аз 50 муҳоҷири озарбойҷонӣ бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ҷиноятӣ боздошт шуданд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки ду нафар аз боздоштшудагон — бародарон Зиёуддин ва Ҳусейн Сафаровҳо — дар натиҷаи фишори равонӣ ва бемории дил дар ҳабс ҷон бохтанд.

Ҳодиса мавҷи интиқод ва нигаронии шадидро дар Боку ба бор овард. Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон изҳор дошт, ки боздоштҳо ва муносибати мақомоти рус “ғариқобилиқабул ва бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ” мебошанд. Баъд аз ин, Боку чорабиниҳои фарҳангии Русияро дар қаламрави худ мутаваққиф кард ва сафири Русияро ба Вазорати хориҷа даъват намуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Озарбойҷон низ ба идораи хабаргузории “Спутник Озарбойҷон” ҳамла бурда, Игор Картавих мудири шуъбаи ин расона ва сардабири он Евгений Белоусовро бо иттиҳоми фаъолияти ғайриқонунӣ боздошт карданд. Ин иқдомро Маскав “якҷониба ва хатарнок барои озодии баён” арзёбӣ намуд. Кремл аз вокунишҳои Боку изҳори таассуф кард ва таъкид намуд, ки амалиётҳо дар Екатеринбург бар асоси далелҳои ҷиноятӣ сурат гирифта, ба миллат ё сиёсати қавмӣ рабт надорад. Бо вуҷуди ин, Комиссари ҳуқуқи башари Русия Татяна Москалкова ваъда дод, ки қазияро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.

Дар идомаи ин танишҳо, мақомоти Русия ҳамчунин Шаҳин Шихлинский, раиси диаспораи озарбойҷониён дар Русияро бераҳмона латтукӯб ва боздошт намуданд. Вай ба “қаллобии молиявӣ” муттаҳам дониста мешавад, вале пайравони ӯ ин иттиҳомро ангезаи сиёсӣ ва фишори мақсаднок арзёбӣ мекунанд.

Боздошти Шихлинский, ки яке аз шахсиятҳои шинохта дар ҷомеаи муҳоҷирони озарбойҷонӣ ба шумор меравад, танишҳоро боз ҳам бештар доман зад. Вазъият ба марҳилаи таниши ҷиддии байнидавлатӣ расидааст ва ҳарду ҷониб даъват ба таҳаммул ва эҳёи равобити дипломатиро муҳим мешуморанд. Русия аз Озарбойҷон даъват кард, ки “шарикӣ ва ҳамкории стратегӣ”-ро эҳё намояд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди афзоиши ҳолатҳои боздошт, шиканҷа ва муносибати таҳқиромез бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия, мақомоти Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳое чун Озарбойҷон вокуниши ҷиддие нишон намедиҳанд.

Ҳамасола ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд, аммо бархе аз онҳо бо таъқибу боздошт, ихроҷ ва ҳатто марги шубҳанок рӯ ба рӯ мешаванд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар аксари ҳолатҳо хомӯш мемонад ва ё бо изҳороти умумӣ ва мулоим иктифо мекунад. Дар муқоиса, мақомоти Озарбойҷон дар пайи боздошти муҳоҷирони худ дар Екатеринбург вокуниши сахт нишон доданд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки набуди вокуниши қотеъона аз ҷониби Душанбе боиси коҳиши эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар хориҷ мегардад ва онҳоро дар баробари хушунати эҳтимолӣ бе дифоъ мегузорад. Муҳоҷирон ва ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик борҳо даъват кардаанд, ки мақомот бояд дар ҳимояи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар фаъолтар ва ҷиддитар бошанд, зеро муҳоҷирон танҳо нерӯи иқтисодӣ нестанд, балки шаъни миллатанд.