16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 237

Маълумоти ғалату рафтори номуносиби Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотӣ

0

БОЗНАШР АЗ НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОДСИТНИИ КУЛ ДАР СОЛИ 2021

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон 13-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотии ниҳодаш бо хабарнигорон дониши нокофӣ ва рафтори бисёр номуносибе аз худ нишон дод.

Ӯ дар баробари ин ки аз суоли баъзе хабарнигорон хашмгин мешуду посухи номуносиб медод, маълумоти ғалату нодуруст ҳам баъзан иро мекард.

Додситони кулли кишвар аввал аз суоли хабарнигорои Радиои Озодӣ, ки дар робита ба истирдоди ақаллиятҳои қавми уйғур аз Тоҷикистон ба Чин пурсид, бо як рафтори номуносиб ва дағалона гуфт, ки “ман дар ин бора маълумот надорам.” ва аз посухи возеҳ фирор кард.

Юсуф Раҳмон ҳамчунин вобаста ба татбиқ нашудани Қонуни авф нисбати зиндониёни бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” ба хабарнигори “Азия – Плюс” гуфт, “хай қонун татбиқ нашудаст нашудаст” ҳатто дуруст сарфаҳм нарафт, ки дақиқан сухан дар бораи чӣ меравад ва дар зикри номи ин гурӯҳ ҳам мушкилӣ мекашид.

Суоли дигаре, ки низ маълумот надоштани Додситони куллро ошкор кард, посухи ӯ вобаста ба қочоқи пулҳои зиёд тариқи Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд, ки гуфт қисме аз он маблағҳо “дирами Арабистони Саудӣ буд”, дар ҳоле, ки “дирам” пули Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аст ва “риёл” пули Арабистони Саудӣ. Додситон инҷо ё байни кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фарқ гузошта наметавонад ва ё байни пулҳои миллии ин ду кишвар. Ҳатто номи кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабиро дуруст зикр карда натавонист.

Ин дар ҳолест, ки 18-уми марти соли 2021 Самариддин Ализода, ки он замон дар вазифаи муовини вазири тандурустии Тоҷикистон буд, зимни нишасти матбуотӣ ба хотири фарқ нагузоштан байни кишварҳои Куриёи Ҷанубӣ ва Куриёи Шимолӣ аз вазифа ронда шуд. Пас ин қарор “беомодагӣ иштирок кардан дар нишасти матбуотӣ ва муаррифии нодурусти масъале” бояд барои ҳама яксон бошад. Юсуф Раҳмон шахси наздики Эмомалӣ Раҳмон аст, хоҳем дид то куҷо ин қарор барои ӯ татбиқ мешавад.

Дар идомаи ҳамин суол вақте хабарнигори “Азия – Плюс” тавзиҳоти Додситониро хост ва гуфт, ки сардори гумрукии вилояти Хатлон гуфта буд, ки воридоти пулу тилло тариқи гумруки Панҷи Поён то Душанбе қонунӣ ворид шуда буд, аммо Юсуф Раҳмон ба хашм омада, гуфт: “Хай шумо рафта аз ҳамун пурсидан гиред.

Ин тарзи посухгӯии Додситони кулли кишвар аксар корбаронро ҳайратзада кард ва суолҳоеро низ дар зеҳни мардум ба вуҷуд овард. Бархе мепурсанд, ки ё Додситон бо тимаш дар бораи қазияи қочоқи тиллову пулҳои зиёд маълумоти кофӣ надоранд, ки ин шармандагӣ чунин ниҳоде аст ва ё “зери коса нимкоса”-е ҳасту намехоҳанд ҷузъиёти ин қазияро ба мардум фош кунанд. Аниқтараш худи ӯ ва бо қудояш дар ғасб ва тасарруфи ин миқдор тиллову маблағҳои зиёд даст доранд.

Беш аз 100 кушта ва захмӣ дар Доғистон

0

Бар асари таркиш ва сухторе, ки шоми гузашта дар пойтахти Доғистон сурат гирифт, зиёда аз 100 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 15-уми августи соли 2023, Сергей Меликов, раҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия ба хотири қурбониёни ҳодисаи таркиш ва сипас сӯхторе, ки шоми 14-уми августи соли ҷорӣ дар пойтахти ин кишвар рух дод, мотами миллӣ эълон кард.

Раҳбари Доғистон бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикону пайвандони ҷонбохтагон ва захмиҳову зарардидаҳо ин ҳодисаро як фоҷеаи бузург арзёбӣ карда, тибқи оморҳои расмӣ то соати 06:00 теъдоди осебдидаҳоро 102 нафар, аз ҷумла 27 нафар ҷонбохта гуфта буд.

Ба қавли расонаҳои русӣ, тибқи оморҳои ахир, теъдоди ҷонбохтагони таркиш ва сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-е дар Маҳаҷқалъа, то 35 нафар афзоиш ёфта, бархе дигар аз маҷруҳон, ки теъдоди онҳо зиёда аз 70 нафар гуфта мешавад, вазъи саломатиашон вазнин арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, шоми 14-уми августи соли ҷорӣ нахуст таркише дар як коргоҳ дар ҳамсоягии яке аз НФС ” Нафта 24″, тақрибан соати 21:40 дар Махаҷқалъа, пойхтахти Доғонистон рух дода, сипас алангаи ин оташ ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам расид ва оташсӯзии азиме ба вуқӯъ пайваст. Хадамоти оташнишонӣ ва дигар мақомот бо кумаки мардум тавонистанд, ки баъд 4 соат алангаи оташро пурра хомӯш кунанд.

Додситони кул гуфт, раиси бемористони Ибни Сино бо супориши ӯ дастгир шуд

0
Акс аз саҳфаи фейсбукии раиси бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба хабаргинорон гуфт, боздошти раиси бемористони Ибни Сино дар шаҳри Душанбе бо супориши вай сурат гирифтааст.

Имрӯз, 15-уми августи соли 2023, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабариаш ба хабарнигорон гуфт, Абдухалил Холиқзода, раиси бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон бо иттиҳоми “таҳқири намояндагони маҳалҳо” боздошт шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи фаъолиятҳои адабии ин тоҷири муваффақи кишвар таъкид карда гуфт: “Ӯ фаъолияти худро ба таҳқири миллати тоҷик, ҷудо кардани минтақаҳои гуногуни мамлакат, таҳқири намояндагони маҳалҳо, барангехтани кинаву адоват, ҷудо кардан ба мазҳабҳо ва динҳои гуногун, ноорому ноамн намудани мамлакат равона намуда, дар китоби худ ҳамин масъалаҳоро навиштааст. Шахсан супориш додам, ки ин одамро ба ҳабс гиранд ва ӯ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Аммо раиси бемористони Ибни Сино дар оғози ҳамин китобаш мегӯяд: “Падидаи маҳалгароӣ зеҳни ҳар як фарди соҳибандешаро машғул медорад, зеро дар таърихи навини мо сабаби асосии бебандубориҳо низ ҳамин падида ба ҳисоб меравад. Умедворам, ҳоло, ки шароити мусоид фароҳам шуда ва ҷомеа ҳам асари асафбори ин падидаро таҷриба кардааст, бо кӯшиши зиёиён ва бахусус ҷавонон, ҷанбаи тафриқаандозии он коҳиш ёбад ва шояд рӯзе аз байн бурда шавад.” (Ҳаводиси рӯзгори ман, саҳ.-6)

Абдухалил Холиқзода, тоҷири шинохтаи тоҷик, моҳи марти соли ҷорӣ китоби дуввуми худро, ки дар шакли ҳикоя ва достонҳо таълиф шудааст, зери унвони “Ҳаводиси рӯзгори ман” бо ду хат, порсӣ ва крилӣ дар Тоҷикистон ва Эрон нашр кард.

Вай дар ин китоб дар бораи чӣ гуна сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки зодаи ҷабҳаи мавсум ба “Фронти халқӣ” буд, нақл карда, бурдҳо ва бештар дар бораи бархе сиёсатҳои ғалат ва бохтҳои ин ҳукумат, ки фасод дар тору пуди он решдор шудааст, нақл мекунад.

Раиси бемористони Ибни Сино, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро дар китобаш “дӯст ва бародари азиз” дониста чанд достоне низ аз забони онҳо, аз ҷумла достони “Нозанин ва қизилбош”-ро аз забони вазири корҳои дохилӣ, ки дар ҳузури раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шунида, нақл кардааст. Аммо пеш аз ин достон ривояти вазири корҳои дохилиро ҳам ба хонанда гуфта, ки бобои Рамазон Раҳимзода яке аз “ҷосус”-ҳои ҳукумати болшевикон дар замони истилои Бухоро дар ибтидои асри бист будааст…

Абдухалил Холиқзода дар китоби худ бо сароҳат ҳамагуна истилои сарзамин, моликият ва салби озодиҳои мардумро аз сӯи болшевикон, русҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва сипас дар бештар аз 30 соли ахир тавассути намояндагони ҷабҳаи “Фронти халқӣ”, ки ҳукуматдорони имрӯзаи Тоҷикистон меросбари онҳо мебошанд, маҳкум мекунад.

Вай ҷабҳаи “Фронти халиқӣ”-ро шӯравигароҳое медонад, ки бар зидди озодихоҳон дар Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бо ҳимояи ҳукуматҳои Русия ва Узбекистон қиём карданд. Дар ин китоб ҳамин шӯравигароҳоро, ки муқобили истиқлоли Ватан қиём карда буданд, сабабгори оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 медонад. Вай муътақид аст, ки тирҳои охири ин ҷанг баъд аз 30 сол дар тобистони соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияи Рӯшон, Вамар ба синаҳои мардум зада шуд…

Омилҳо ва сабабҳои рушд ва тасеа наёфтани иқтисоди кишварро низ ин тоҷири шинохтаи кишвар дар Тоҷикистон ба бархе сиёсатҳои ғалати раҳбарон, набуди рақобатҳои солим дар бозорҳо, фасодҳои ирдорӣ ва ахлоқӣ, мавҷуд набудани адолати судӣ ва ба ноҳақ мусодира шудани моликияти соҳибкорон ва бозаргонони дохилӣ ва хориҷӣ медонад.

Биноан, хеле аз фаъолон ва огоҳони умури Тоҷикистон ҳам боздошти Абдухалил Холиқзода, раиси бемористони Ибни Синои Тоҷикистонро ба мисли дигар тоҷирони муваффақи кишвар ба монанди Маъруф Орифов, соҳиби супермаркетҳои “Орима”, Ҷурабек Охунов, молики ширкати хонасоз маъруф ба “Моварауннаҳр”, собиқи вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов, раҳбари ҳизби сабтином нашудаи “Тоҷикистони нав” ва молики чандин ширкатҳо ва Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед-88” дорои ангезаҳои сиёсӣ барои ибрози ақида ва мусодираи молу мулк ва тиҷоратҳои ӯ медонанд.

Гуфта мешавад, наздик ба се моҳ баъд аз нашри ин китоб бархе намояндагони Вазорати фарҳанг бо чопи чанд тақриз ба он вокуниш нишон дода, муллаифро “ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, мазҳабӣ, наҷодӣ” ва ғайра муттаҳам карда буданд. Бархе мавзӯъҳои дарҷшуда дар китоб барои беш аз 40 шабонарӯз рӯз мавриди баҳс ва баррасиҳои зиёде қарор гирифтанд.

Намояндагони Вазорати фарҳанг ҳам бештар вориди ин баҳс шуда буданд, аз ҳама бештар дар матолиби интиқодии худ овардани ҳикояи мавриди таҷовуз қарор гирифтани духтаре аз Ховалинг бо номи “Нозанин*” тавассути “қизлибош**”-е аз Афғонистон таҳқир ба сокинони як минтақа дониста, муаллифро маҳкум карданд, вале онҳо дар бораи вазири корҳои дохилӣ, соҳиби ин қисса, ки худаш зодаи ҳамон минтақа аст, ҳечгуна интиқоди тундеро раво надонистанд…

Бо ин ҳол, то замони нашри ин матлаб назари наздикону пайвандон ва ё адвокати Абдухалил Холиқзода, раиси бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон дар бораи ин иттиҳомоти Додситони кулли Тоҷикистон дар расонаҳо нашр нашудааст.

*Нозанин қаҳрамони як достони ин китоб аст. Духтаре зебо ва паричеҳра аз минтақаи Кӯлоб ва бахусус Ховалинг аст, ки аз болшевикҳо ҳамроҳи шавҳараш ба Афғонистон фирор карда, баъд аз мавриди таҷовуз қарор гирифтан аз ҷониби “қизилбош” тавассути шавҳараш кушта мешавад.

  • **Қизилбош, ҳамон раиси маҳал ва ё деҳаест, ки Нозанин ҳамроҳи шавҳараш дар байни дигар муҳоҷирони фирорӣ аз дасти болшевикҳо дар он сӯи Омударё ба он ҷо панаҳ мебаранд ва баъд аз таҷовузҳои такрор ба такрор тавассути шавҳари Нозанин ба қатл расидааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон

0

Субҳи 15-уми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷоми як сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт.

Сафари Раҳмон ба ин вилоят аз ноҳияи Дарвоз оғоз шудааст. Гуфта мешавад, ҳадаф аз сафар ошноӣ аз ҷараёни корҳои таҷдиду азнавсозии роҳи “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” мебошад. Ва бозсозии роҳ ҷузъи “Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма” аст.

Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафараш ҳамчунин аз Рӯшон, Шуғнон ва Хоруғ боздид кунад.

Дар ҳамин ҳол чанде аз сокинони шаҳри Хоруғ ба “Pamir Inside” хабар додаанд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ занону мардонро маҷбур ва ҳатто таҳдид доранд, ки дар вохӯрӣ бо Президент иштирок кунанд, дар ғайри сурат муҷозот хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, пас аз ҳодисаҳои хунини Рӯшону Хоруғ дар моҳи майи соли 2022 ин нахустин сафари Раҳмон ба ВМКБ аст.

Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва садҳо зода ва фаъоли ин вилоят бо итттиҳомоти сохтаи мақомот равонаи зиндон гардиданд. Инчунин нафар аз зодагони ВМКБ маҷбур шуданд, ки ба кишварҳои Аврупо ва ИМА муҳоҷират кунанд.

Дар робита ба ҳамла ва куштани шаҳрвандон дар Бадахшон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд, ки дастури “амалиёт”-ро шахсан худаш додааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, қарор буд Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли гузашта ба Бадахшон равад, аммо бо сабабҳои “ноамнии Афғонистон” ва “вазъи саломати ӯ” сафар бекор шуда буд.

Ҷасади муовини Ҳасан Асадуллозодаро пайдо карданд

0

Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбок” дар шаҳри Панҷакент пайдо шудааст. Дар ин бора мақомоти Додситонии кулли кишвар хабар доданд.

Имрӯз, 15-август Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба расонаҳо иттилоъ дод, ки ҷасади Исматуллоев ду рӯз пеш аз ҳудуди шаҳри Панҷакент пайдо шудааст. Ҷасад бо гузашти қариб ду моҳ шинохта нашудааст, аммо пас аз ташхиси дандонҳояш муайян шуда, ки ҷасади ӯст.

Юсуф Раҳмон дар ин нишасти матбуотӣ ҳамчунин илова кард, ки дар ҷинояти рабудан ва куштани муовини раиси “Ориёнбонк” дасти кам 16 нафар даст дорад ва то кунун 13 нафари онҳо боздошт шудааст, аммо 3 нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Гуфта мешавад, гумонбарони асосӣ дар қатли Шуҳрат Исматуллоев баъзе аз собиқ кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Ва худи Рамазон Раҳимзода вазири ин ниҳод дар нишасти матбуотияш низ тасдиқ кард, ки бархе собиқ кормандонаш, ки аз кор ронда шуда буданд, дар ҷинояти мазкур иштироки фаъол доштаанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 23-уми июни соли ҷорӣ Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” дар шаҳри Душанб рабуда шуда ва ба сӯи ноҳияи Айнии вилояти Суғд бурда шуд.

Дар аввал мақомоти Тоҷикистон аз боздошти 4 нафар собиқ афсарони ниҳодҳои қудратӣ хабар доданд, ки дар рабудани Исматуллоев гумонбар дониста мешуданд. Он замон гуфта мешуд, дар ҷинояти мазкур нафарони дигаре ҳам иштирок доранд, вале касе аз онҳо ном намебурд.

30-уми июни соли ҷорӣ мақомоти Молдова аз захмӣ шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Фурӯдгоҳи Кишинёви ин кишвар хабар доданд. Баъдтар маълум гашт, ки ӯ Рустма Ашӯров, собиқ корманди ВКД Тоҷикистон будааст.

Дар як наворе, ки 7-уми июли соли ҷорӣ ба шабакаҳо роҳ ёфт, худи ӯ пеш аз захмӣ шуданаш тавассути маъмурони интизомии фурӯдгоҳ бо модараш видоъ мекунад.

Рустам Ашӯров дар ин навор ба модараш мегӯяд, ки ду маъмури амниятии фурӯдгоҳро куштааст. Ва ҳатто ҷасади хобидаи онҳоро низ нишон медиҳад.

Дар ин суҳбат Ашӯров иқрор мешавад, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбок”-ро ӯ ҳамроҳи як нафари дигар бо номи Дилшод СБ куштаанд. Вале ӯ мегӯяд, дар қатли Исматуллоев мустақим даст надорад.

Бино ба гуфтаи собиқ милисаи тоҷик, Дилшод чанде пеш ба ӯ гуфта будааст, ки “як одам ҳудуди 200 миллион доллар “Биткоин” дорад, биё ӯро медуздему “Биткоин”-ҳояшро мегирем ва худашро ҷавоб медиҳем.” Дар идома афзуд, Исматуллоев бо сабаби шиканҷаи зиёди Дилшод кушта шуд.

То ҳанӯз мақомот Дилшоди Саидмуродов, маъруф ба Дилшод СБ-ро пайдо ва боздошт накардаанд. Гуфта мешавад, ӯ пас аз анҷоми ин кор тариқи фурӯдгоҳи Душанбе кишварро тарк кардааст.

Уфти қурби рубли русӣ дар баробари асъори хориҷӣ

0

Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ боло бурдааст.

Имрӯз, 14-уми августи соли 2023 қурби рубли русӣ дар баробари асъори хориҷӣ ба тавре камсобиқа суқут карда, дар пойинтарин сатҳи худ қарор гирифтааст.

Айни замон дар бозорҳои қурби асъори ҷаҳонӣ арзиши 1 рубли русӣ дар баробари доллари амрикоӣ то 0,9999 суқут карда, 100 ҳазор рубли русӣ ба 999 доллари амрикоӣ баробар гардидааст.

Арзиши қурби рубли русӣ дар ҳоле дар бозорҳои асъори ҷаҳонӣ суқут карда, ки мақомоти Русия иддао доранд, ки таҳримҳои ҷаҳонӣ алайҳи ин кишвар бархилофи пешбиниҳо натиҷаи баръакс дода, ба рушди иқтисоди ин кишвар мусоидат кардааст.

Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон, ки ягона ниҳоди муайянкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ дониста мешавад, қурби 1 рубли русиро 0,1113 сомонӣ таъйин кардааст. Ба иборати дигар, 1000 рубли русӣ баробар ба 111 сомонӣ ва 13 дирам баробар шудааст.

Гуфта мешавад, аз замоне ки Русия ҳамлаҳои низомии худ алайҳи Украинаро дар 24-уми феврали соли 2022 оғоз кард, таҳримҳои ҷаҳонӣ алайҳи Русия зиёд шуд ва раванди уфти қурби рубли русӣ дар баробари асъори ҷаҳонӣ низ афзоиш ёфт.

Эътирофи Додгоҳи олӣ ба вуҷуди додрасҳои ҷинояткор дар Тоҷикистон

0

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон вуҷуди додрасҳои ҷинояткор дар ниҳодҳои қазоии кишварро эътироф карда гуфт, ки камбудӣ аз ҷониби раҳбарият сурат гирифтааст.

Имрӯз, 14-уми августи соли 2023 Шермуҳаммад Шоҳиён раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш ба журналистон гуфт, ки соли гузашта 4 нафар ва дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳам ду нафари дигар аз додрасҳо бо сабаби содир кардани ҷиноят боздошт шудаанд.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки дар соли гузашта 4 нафар аз додрасҳои ниҳоди зертобеаш ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст зада буданд ва онҳо боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд.

Инчунин дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ низ ду нафари дигар аз додрасҳо, аз ҷумла собиқ раиси Додгоҳи ноҳи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд даст ба ҷиноят задааст. Парвандаи вай дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, вале то ҳол ба Додгоҳи олӣ ворид нагардидааст. Парвандаи дигар нисбат ба Қодирзода Зафар, додраси Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ворид шуда, нисбати вай ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шудааст.

Гуфта мешавад, дар низоми додгоҳҳои Тоҷикистон 443 нафар додрас дар додгоҳҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳо фаъолият мекунанд. Бархе коршиносони соҳа бар ин боваранд, ки ҳаҷми кор зиёд ва соатҳои кории додрасҳо қариб дубароба камтар аст. Биноан, аксари парвандаҳо дуруст баррасӣ карда намешаванд.

Ҳукми Хуршед Фозиловро бетағйир гузоштанд

0

Додгоҳи вилояти Суғд 7-сол ҳукми зиндони рӯзноманигор Хуршед Фозиловро бетағйир гузоштааст. 

Имрӯз, 14-уми август зимни нишасти хабарӣ масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Додгоҳи вилояти Суғд шикояти Хуршед Фозилов ва вакилони дифои ӯро дар мавриди бекор кардани ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент рад кардаанд. 

Шикояти Фозилов ва вакилонаш 12-уми июли имсол рад шуда, маълум нест, ки онҳо ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят мебаранд ё на.

Пештар аз ин, Додгоҳи марҳалаи назоратии шаҳри Душанбе ҳам ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони тоҷикро бетағйир гузошта буд. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов 26-уми майи соли ҷорӣ дар мурофиаи додгоҳие дар Боздошгоҳи шаҳри Хуҷанд ба иттиҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Пайвандону наздиконаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.  

Хуршед Фозилов 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт шуд. Баъд аз боздошт мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар донистанд. Аммо худи Фозилов иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт. 

Ин рӯзноманигор дар суҳбат бо вакилаш гуфтааст, мақомоти амниятии кишвар ӯро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Хуршед Фозилов аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран шоҳидӣ додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят бурда буд, аммо он рад шуд.  

Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд. 

Дар як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯби рӯзноманагирон, блогерон ва фаъолони маданӣ дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад.

Ҷамъомади фарҳангии тоҷикӣ дар Варшава

0

Рӯзи 12-уми августи соли 2023 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон ҷамъомади фарҳангии тоҷикон баргузор гардид. 

Ин ҷамъомадро Ассотсиатсияи лаҳистонии “Mova-język bez barier” дар ҳамкорӣ бо тоҷикони муқими ин кишвар ташкил кардаанд. 

Баргузоркунандагон ҳадаф аз ташкили ин ҷамъомадро ошно намудани мардуми таҳҷоӣ бо фарҳангу ҳунарҳо ва сари як суфраи тоҷикӣ ҷамъ овардани тоҷикони муқими Лаҳистон мегӯянд. 

Эла Кравчиковска, яке аз раҳбарони Бунёди “Mova, język bez barier” дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки дар умум ҷамъомадӣ фарҳангии чанд қавму миллатҳои гуногун ташкил карда шуд, аз ҷумла аз курдҳо, Афғонистон, Тоҷикистон, Сурия, Украина ва Беларус. 

Ба гуфтаи хонум Крачиковска, бо ташкили ин ҷамъомадҳо хостанд мардуми таҳҷоиро бо фарҳанги кишварҳое, ки бо он кам шиносанд ва ё фақат аз ҷангу мушкилоташон медонанду назари манфӣ дар бораи онҳо доранд, ошно кунанд. 

“Хостем нишон диҳем, ки ҳама инсонҳо ҳуқуқи баробар доранд, фарҳангӣ худро доранду дар аксар ҳолатҳо бо хости худашон муҳоҷир намешаванд, яъне маҷбуранд ба муҳоҷират раванд” – мегӯяд Эла Крачиковска.  

Гуфта мешавад, дар ҷамъомадҳои фарҳангӣ зодагони Тоҷикистон, Лаҳистон, Афғонистон, Украина, Эрон, Покистон, Беларус ва ғайра иштирок карда, бо фарҳангу хӯрокҳои якдигар ошно шудаанд.

Ҷалолиддини Маҳмуд, собиқ узви ҲНИТ дар зиндон даргузашт

0

Ҷалолиддини Маҳмуд, яке аз мақомдорони аршад ва собиқадорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар зиндони шаҳри Ваҳдат шаби 12-уми августи соли ҷорӣ дар 63-солагӣ аз олам даргузашт.

Мақомоти зиндони мазкур рӯзи якшанбе, 13-уми август ба хонаводааш занг зада онҳоро аз даргузашти ӯ огоҳ кардаанд. Марҳумро худи ҳамон рӯз дар зодгоҳаш, шаҳри Ҳисор дафн карданд.

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чанд созмони мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар зимни нашри изҳороте марги Ҷалолиддин Маҳмудро ба “муносибати зиддиинсонӣ”-и мақомоти зиндонҳои кишвар марбут донист.

Шӯрои ПМТ бар ин бовар аст, ки даргузашти мазлумонаи Ҷалолиддини Маҳмуд баёнгари муносибати ғайриқонунӣ ва зиддиинсонии ҳукумат нисбати зиндониёни сиёсӣ мебошад.”, омадааст дар изҳороти ПМТ.

Паймони миллии Тоҷикистон дубора маҳкум шудани Ҷалолиддини Маҳмудро “бо баҳонаи кӯмак ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳояшон далели дигари амалҳои барномарезишудаи мақомот барои фишор болои зиндониёни сиёсӣ” донистааст.

Исломҷон Саидов, масъули Дастгоҳи иҷроияи Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 14-уми август дар суҳбат ба Azda tv гуфт: “Ин ки ПМТ сабаби марги Ҷалолиддин Маҳмудро аз муносибати зиддиинсонии мақомоти зиндон донистааст, аз таҷриба аст. Ин бори аввал нест, ки чунин ҳодиса рух медиҳад. Кушторҳои бидуни додгоҳӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон кам нашудааст. Ва мо шоҳид ҳастем, ки дар зиндони Хуҷанд, дар роҳ ба Душанбе, дар зиндони Ваҳдат ва ҳодисаҳои зиёди дигаре ҳаст, ки ин нуктаро тақвият медиҳад.

Саидов ҳамчунин дар идома афзуд, ки “дигарбора зиндонӣ шудани Ҷалолиддини Маҳмуд худ баёнгари муносибати зиддииинсонии мақомот аст, ки бо ҳар навъ фишор болои чеҳраҳои сиёсӣ мехоҳанд, ки ҳам садои онҳоро хомӯш кунанд ва ҳам худи онҳоро то метавонанд аз байн бибаранд.

Ӯ ҳамчунин дар идома афзуд, ки ПМТ қасд дорад қазияи зиндониёни сиёсиро ба гуши ҷомеаи ҷаҳонӣ бирасонад.

Ҳамзамон рӯзи душанбе Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки “Ҷалолиддини Маҳмуд бори аввале, ки зиндонӣ шуда буд ва ҳатто вақте озод шуд, аз ҳеч беморие ранҷ намебурд. Аммо бори дуюм вақте зиндонаш карданд, аз фишори зиёди мақомот ва шароити номусоиди инсонӣ дар зиндон ба баъзе бемориҳо мубтало гашт.

Ба гуфтаи ӯ, Ҷалолиддини Маҳмуд ба эҳтимоли зиёд зери фишори мақомот ҷон бохтааст на аз беморӣ.

Бобоев ҳамчунин афзуд, ки кумитаи онҳо барои расонидани хабари шиканҷа шудани зиндониёни сиёсӣ ва мушкилоти онҳо дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳо муроҷиат карданд, вале касе чорае нандешид.

Ёдовар мешавем, ки Ҷалолиддини Маҳмуд узви Раёсати олии ҲНИТ бори аввал моҳи феврали соли 2015, замоне ки узви Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсӣ буд, бо иттиҳоми “нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ” боздошт гардида ва ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ соли 2019 10 моҳ мондан ба охири муҳлати ҷазо аз зиндон раҳо шуд. Вале пас аз чанд моҳи озодӣ моҳи августи соли 2020 дигарбора бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо мухолифони дар пайгард қарордошта” боздошт ва ба 6,5 сол маҳкум шуд.

Ҷалолиддини Маҳмуд дар мақомҳои гуногуни дохили ҳизбӣ, аз ҷумла муовини раиси ҲНИТ, раиси бахши ҳизб дар навоҳии тобеи марказ ва дигар масъулиятҳо кор кардааст. Ӯ инчунин берун аз ҳизб, аз ҷумла ҳамраиси Комисияи назорат бар оташбаси миллӣ, узви Комиссияи оштии миллӣ ва инчунин узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯро дӯстонаш рӯҳонии огоҳ аз улуми динӣ, фақеҳи барҷастаи исломӣ медонанд. Ба гуфтаи Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Раёсати олии ҲНИТ, Ҷалолиддини Маҳмуд “дар баробари доштани донишҳои фаровон ҳам соҳиби раъй ва ҳам ҷуръати баён кардани онро дошт.