Гуфта мешавад, айни замон ин 4 пулис дар додситонии шаҳри Кӯлоб боздошт шудаанд, аммо маълум нест парвандаи онҳо таҳқиқ мешавад ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва ё на. Ба гуфтаи наздикони марҳум, ин чанд нафар пулиси ҷавон вақтҳои охир дар шаҳри Кӯлоб бо мардум бисёр рафтори ноҷо ва мағрурона доштанд, “чунки онҳоро сардори пулиси шаҳри Кӯлоб Қунғуротзода Фотеҳ ҳимоят мекард ва ҳаркоре дилашон мехост даст мезаданд.”
Инчунин ба иттилои ин хеши Абдуқаҳҳор, яке аз ҳимоятгаронии аслии пулисҳои номбаршуда яке аз домодҳои Нуриддин Раҳмонов, бародари Эмомалӣ Раҳмон будааст. Сокинони Кӯлоб мегӯянд, наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб мардумро ба дод овардаанд.
Манбаъ мегӯяд, яке аз ин пулисҳо, ки номаш Ҷамшед аст, боре бо ҷинояти фурӯши маводи мухаддир дастгир ва аз кор ронда шудааст, аммо боз бо шиносбозӣ дубора пулиси минтақа таъйин мешавад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз марги Абдуқаҳҳори 37-сола нафарони зиёде дар назди шуъбаи пулиси Кӯлоб ҷамъ омада, аз мақомот хостанд, онҳое, ки дар қатли марҳум гумонбар мешаванд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо гуфта мешавад, пас аз таҷаммуи хешу наздикони Розиқов дар назди идораи пулиси шаҳри Кӯлоб беш аз даҳ нафари онҳо боздошт шуданд, ҳатто тибқи хабарҳои таъйидношуда пас аз боздошти пайвандони Абдуқаҳҳор як нафари дигар ҳам дар натиҷаи шиканҷаи пулис ҷон бохтааст. Аммо то ҳол Azda tv дурустии ин хабарро аз манбаъҳои дигар таъйид накардааст.
Дар давоми ҷанги оғозкардаи Русия алайҳи Украина зиёда аз 100 ҳазор нафар аз афсарону сарбозони рус ҷони худро аз даст додаанд.
Вазири дифои Украина гуфтааст, дар давоми беш аз 10 моҳи соли 2022, ки Русия алайҳи ин кишвар ҷанг эълон кардааст, беш аз 100 ҳазор нафар талафот додааст.
Ба гуфтаи ӯ кохнишинони Кремлин қасд доранд дар оғози январи соли ҷорӣ бори дигар басиҷи умумӣ эълон карда, тамоми марзҳо, ҳатто марз байни Русия ва Беларусро ҳам ба рӯи ҷавонони ин кишвар бибанданд, то тавонанд ба ин ҳадафашон бирасанд.
Русия дар бораи ин теъдоди бузург аз талафоти худ дар ҷараёни ҷанги Украина то ҳол расман гузориш надодааст ва дар бораи эълони дубораи басиҷи умумӣ чизе нагуфтааст.
Аммо пеш аз ин, Русия бо эълони басиҷи умумӣ як маротиба то ҳудуди 300 ҳазор нафарро ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ҷалб карда, ба ҷанг фиристода буд, ки дар натиҷа садҳо ҳазор аз шаҳрвандони ин кишвар аз тарси ҷалб шудан ба артиш аз Русия фирор карданд.
Он замон дар расонаҳои Русия ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, ки дар ин басиҷи умумӣ аксари ҷалбшудагон касоне ҳастанд, ки миллати онҳо ғайри рус буда, аз майдамиллатҳо намояндагӣ мекунанд.
Аммо ин дафъа мақомоти Русия қасд доранд, ки ба фарқ аз гузашта теъдоди бештареро ба сафи қувваҳои мусаллаҳи он кишвар ҷалб кунанд. Бархеҳо ин теъдодро то 500 ҳазор нафар тахмин мезананд.
Гуфта мешавад, Русия ҳамлаҳои худро зери унвони “амалиёти махсус” 24-уми феврали соли 2022 алайҳи Украина оғоз кард ва дар ин муддат даҳҳо ҳазор нафар афсару сарбоз аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шудаанд. Теъдоди оворагони украинӣ низ дар ин муддат беш аз 7 миллион нафар арзёбӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон ба ширкати “Тоҷиктелеком”, ки вобаста ба Хадамоти алоқаи кишвар, ки раҳбари он Бек Сабур, қудои Эмомалӣ Раҳмон аст, боз имтиёз дода шуд.
Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2022, супоридани беш аз 67 миллион сомонӣ (қариб 6 миллиону 700 ҳазор доллар) қарзи ширкат аз молиёт (андоз), ки зиёда аз 24 миллион сомонӣ (2,4 миллион доллар)-и он фоиз ё баҳраи қарз аст, то як соли дигар ба таъхир гузошта шуд.
Ширкати “Тоҷиктелеком”, ки воридоти Интернетро дар кишвар инҳисор кардааст ва боиси гаронӣ ва суст будани суръати Интернет дар кишвар мебошад, солҳои охир вазъи молии хуб надорад ва аз молиёту ширкатҳои дигар қарздор шудааст.
Гуфта мешавад, дар кишвар аксари ширкатҳои наздикону пайвандони раисҷумҳур аз имтиёзҳои зиёде бархурдоранд. Мисоли оддӣ, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”-и шаҳри Душанбе, ки сохтмонашро бародарони ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода истодаанддорад ва бояд дар якуним сол сохта мешуд, аммо сохтмонаш 15 сол боз идома дорад, қариб ҳамасола аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Гуфта мешавад, чун раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур низ яке аз наздикон ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад, табиист, ки аз имтиёзҳои давлатӣ ба таври автоматӣ баҳраманд хоҳад шуд.
Бег Сабур асосан бо суханҳои масхараомез ва тасмимҳои баҳсбарангезаш, аз ҷумла бастани сомонаҳо, қатъ кардани Интернет ва боло бурдани нархи симкортҳо, ки ин қарор дертар бекор карда шуд, миёни мардум ном баровардааст.
Бино ба гузориши ахири созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, Тоҷикистон аз нигоҳи озодии матбуот дар байни 180 кишвари дунё бо 40,26 хол дар ҷои 152-ум байни Судону Белорус қарор гирифтааст.
Ин созмон бо нашри гузориши худ аз мақомоти Тоҷикистон хостоааст, ки аз эҷоди фазои тарс, ки ҷуръати интиқод аз ҳукуматро боз медорад, даст бардорад ва рӯзноманигорони боздоштшуда ва зиндониро фавран озод кунад.
Ниҳоди мазкур ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба он айбдор карда, ки дар баробари ғайриқонунӣ таъқибу боздошт намудани журналистон инчунин талабу дархост ва вуҷуди ниҳодҳои байналмилалиро нодида мегирад.
Аз рӯи ин ҳодиса пулис бо қисми 1 моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (куштор) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, як муҳоҷири 39-солаи тоҷикро, ки дар ин хона сабтином шуда будааст, дар ҷустуҷӯ қарор додааст.
То ҳол ба расонаҳо номи ин шаҳрванди Тоҷикистон ва аз кадом минтақаи кишвар буданаш маълум нест.
Авазмад Ғурбатов, ки бо тахаллуси эҷодии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар майдони журналистика фаъолият дошт, яке аз ҷавонтарин рӯзноманигорони умедбахши тоҷик муаррифӣ мешавад. Мавсуф хатмакардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аст[15]. Ӯ то замони боздошт дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла ҳафтаномаҳои “Пайк” ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон – ҳафтаномаи “Фараж” ва Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” фаъолият дошт. Вай бештар мавзуъҳои иҷтимоии ҳассосро баррасӣ мекард.
Ӯ ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва андешаҳои худро дар робита ба масоили гуногун иброз менамуд.
Абдуллоҳ ду бор мавриди лату кӯби “шахсони номаълум” қарор гирифт, аммо дар як ҳолат омилони ин лату кӯб пайдо нашуданд ва дар ҳолати дувум чанд нафар барои майдаавбошӣ бо ҷарима аз ҷазо озод шуданд.
Завқибек Саидаминӣ ҳамчунин аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон низ буд. Ӯ бештар ба мавзуъҳои динӣ – фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷуҳ дошт, ки ба ин хотир аз кор дар телевизион ронда шуд. Пас аз он ки аз телевизион рафт, ба тиҷорат машғул шуд. Аммо дар ин кор муваффақ нашуд, балки ронандаи ҷарсақил (кран) шуд ва ба блогерӣ низ идома дод.
Пас аз боздошти Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ Завқибеки Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз маъдуд рӯзноманигороне буданд, ки садо баланд карданд ва дар суҳбат бо расонаҳо низ назари худро гуфтанд. Аммо 8 июли имсол Завқибек Саидаминӣ низ боздошт шуд[20].
Сеюми ноябри соли равон додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро ба ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” муттаҳам кардааст. Ҳарчанд раҳбарияти ин ҳизбу ин гурӯҳ ва худи оқои Саидаминӣ ин иттиҳомро рад карданд, аммо додгоҳ ин далоилро сарфи назар кардааст.
Баъди интихоботи парлумони соли 2010 мақомоти амниятии Тоҷикистон кор болои нерӯҳои сиёсии мухолиф ва ҳамчунин рӯзноманигорони озодандешро ҷиддӣ гирифтанд. Дар зимн, тибқи як муроҷиати видеоие, ки Пирмуҳаммадзода дар Рӯзи Президент ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон, раиси Дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 карда буд, ӯро низ ин “мавҷ”аз кор дур карда буд. Ӯ пас аз рафтан аз кор дар радио ба мусофиркашӣ ва блогерӣ машғул буд.
Пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ пушти сари ҳам боздошт шуданд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ муттаҳам кардаанд ва алайҳи ӯ мутобиқи моддаи 307, замимаи 3, қисми 2 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар ин зимн иддае аз устодони мактабҳо ба расонаҳои ғайриҳукуматӣ иттилоъ доданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, то аз тариқи ТВ “Бадахшон” алайҳи муътаризин сухан гӯянд. Аз ҷумла, омӯзгорон Наргис Ҷонмирзоева ва Азиза Қарачабекова гуфтаанд: “Моро ба он ҷо даъват карданд, то ки ба яке аз омӯзгоронамон хислатнома (характеристика) бидиҳем. Вақте он ҷо омадем, кормандони шуъбаи кор бо ноболиғон Майсара Азибекова ва шахсе бо номи Шоимардонов ба фишороварӣ нисбати мо пардохта, маҷбур карданд, ки матни онҳоро назди камера бихонем”.
Метавон гуфт, аввалин садои эътирозе, ки дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баланд шуд, аз сӯйи Дидабони Ҳуқуқи Башар буд ва ба ҳаводиси Хоруғ дар тирамоҳи соли 2021 рабт дошт. Дар ҳафтуми феврали соли 2022 ин созмон аз Тоҷикистон хост, макони боздошти Амриддин Аловатшоев, яке аз бадахшониҳои муқими Русияро, ки дар пайи тазоҳуроти мардумӣ дар Бадахшон тирамоҳи соли 2021 дар Русия бо тазоҳургарон ҳамроҳ шуд, ошкор намояд. Ҳамчунин ин созмон аз мақомоти Душанбеи расмӣ дархост кард, то “мақомоти Тоҷикистон бояд Интернет дар ВМКБ-ро бидуни таъхир барқарор намоянд. Интернет дар пайи тазҳуроти мардумӣ пас аз кушта шудани як сокини маҳаллӣ дар Хоруғ дар 25 ноябр қатъ шуда буд”.
Коршиносони ин созмони байналмилалӣ бар ин назар буданд, ки қатъи Интернет на танҳо мардуми минтақаро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад, балки онҳоро ба хатар низ рӯ ба рӯ хоҳад кард.