Ба гуфтаи муаллифон, дар Тоҷикистон беш аз 95 дарсади мардум худро мусалмон мегӯянд, аммо мақомот охирин мадрасаи мазҳабии мансуб ба исмоилиҳо ва фаъолияти китобфурӯшиҳои исломӣ дар назди бинои Донишкадаи исломиро дар шаҳри Душанбе қатъ карданд.
Ин матлаб, ки бо забони англисӣ нашр шудааст, таъкид мекунад, дар Тоҷикистон рафтани ҷавонони то 18-сола ба масоҷид ва ҷавонони то 35-сола ба Ҳаҷ манъ аст. Ворид шудан ба муассисаҳои давлатӣ бо ҳиҷоби исломӣ ва ришҳои суннатӣ низ мамнуъ мебошад.
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи хориҷ аз кишвар, мегӯяд, давлат вақте соҳибистиқлол дониста мешавад, ки шаҳрвандонаш озод бошанд ва мафҳуми озодиро дарк кунанд.
Ба муносибати Ҷашни Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми сентябр Намояндагии Паймони миллии Тоҷикистон дар Лаҳистон мизи гирде бо номи “Дарки моҳияти Истиқлол” бо ҳузури коршиносон ташкил кард.
Дар ин нишаст Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ гуфт, имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон, ки худро соҳиби ин дастоварди давлатӣ мешуморад ва ҳамасола онро бодабдабаи хос ҷашн мегирад, вале онҳоеро, ки дар ба даст овардани Истиқлоли Тоҷикистон саҳми асосӣ доранд ва солҳои 90-уми асри гузашта бо нидои озодихоҳӣ ба майдонҳо рехтанд ва раҳои кишварро аз зери султаи Шӯравӣ талаб карданд, “тавҳин мекунанд ва ҳатто онҳоро муттаҳам мекунанд, ки шумо будед Шӯравиро барҳам додед ва сабаби ҷанги шаҳрвандӣ шудед.”
Муовини раиси ПМТ бар ин назар аст, ки давлати мустақил аз шаҳрвандони мустақил ва озод таркиб меёбад “Ва модоме ки шаҳрвандон мустақиланд, онҳо бояд аз ҳама пеш аз шарафу иззати инсонии худ дифоъ кунанд ва нагузоранд ин иззату шарафи инсонии онҳо паст зада шавад.”
Ба гуфтаи Шерзамонов, давлатҳое, ки дар давлатдории худ баъди ба даст овардани Истиқлол новаффақанд шуданд ва мушкилоти иқтисодӣ солҳост онҳоро домангир кардааст, аз ҷумла Тоҷикистон, табиист, ки шаҳрвандонаш баргашти замони шӯравиро орзу мекунанд ва Истиқлол барои онҳо ҳеч арзише надорад, “ва мегӯянд, ки кош ҳамон Шӯравӣ аз нав барқарор мешуд ва мо бо он неъматҳое, ки Шӯравӣ дошт бо он дар неъмат мезистем”.
Ба гуфтаи Сайидов, аз нигоҳи таҳлили ҷомеашиносӣ ба он хотири истиқлоли комилро то ҳол ба даст наовардаем, ки чун “ҳоло мардум ба воситаи як гурӯҳи ҷиноятпеша дар ҳолати ғуломӣ нигоҳ дошта мешаванд”.
“Ҳукуматдорони мо имрӯз мехоҳанд мардумро дар атрофи як шахс ҷамъ кунанд. Ин ба хотири набудани як фикр ва идеяи миллӣ аст.”, мегӯяд намояндаи ПМТ дар Лаҳистон.
Абдуллоҳ Мағзумов, рӯҳонӣ ва узви ҲНИТ аз заҳамоти Тоҳир Абдуҷабборов барои ба даст овардани Истиқлол сухан гуфта, афзуд, ки ӯ он замон аз алфози ноби форсӣ-тоҷикӣ истифода мекард, ки ҳукуматдорон суханҳои ӯро дарк намекарданд. Зеро аксари сиёсиёни он замон бо забони омехтаи тоҷикиву русӣ суханронӣ мекарданд.
“Тоҳир Абдуҷабборов бо талошу заҳматҳои зиёд ва ҷасорату мардонагӣ тавонистанд, ки Истиқлолиятро ба миллат бидиҳанд, агарчи дар қонун ва коғазҳо ҳам бошад”, аммо ин Истиқлол ба дасти шахсони нолоиқ афтод.
Тағйир додани номи ҲХТ ва бо номи ҲХДТ соҳиб шудани ин ҳизб аз ҷониби Эмомалӣ, қадами нахустине дар ин майдон буд ва ба яккатозии як ҳизб замина гузошт. Агар зиндонӣ шудани раиси ҲДТ ва ба ду ҷиноҳ тақсим шудани ин ҳизб дуввумин қадами дастдарозии Эмомалӣ ба барканор кардани ҳизбҳои сиёсии кишвар ҳисобида шавад, аз соли 2010 сиёсати хасмонаи вай дар ин раванд хеле суръат пайдо кард. Албатта, дар саромади ин ҳизбҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор дошт, ки бо тартиб додани протоколи 33-20 он зина ба зина ва дар ниҳояти кор соли 2015 бо пуррагӣ аз саҳнаи сиёсии кишвар дур карда шуд.
Ахиран, латукӯби раиси ҲСДТ Раҳматулло Зоиров ва ба зиндон андохтани ҷонишини ӯ Маҳмурод Одинаев ситораи ин ҳизб низ дар паси абрҳои сиёсати ҳизбкуши Эмомалӣ аз рӯшноӣ боз монд.
Ин ҷо ба маврид аст, ки як нигоҳе ба ҷамоатҳо ва шахсиятҳои исломию динӣ карда шавад, ки дар муддати бист соли ахир ба чӣ ҳол рӯ ба рӯ гардиданд. Дастгоҳҳои ҷазодиҳии ҳукумати Эмомалӣ дар мисоли КДАМ ва ВКД ва ёрирасон дар мисоли додситониҳову додгоҳҳо аз солҳои 2002 инҷониб бо баҳонаи аъзо будан ба Ҳизбуттаҳрир, Ҷамоати Таблиғ, Ҳаракати Салафия, Ҷамоати Ихвонулмуслимин ва Шоҳидони Яҳво ва ғайра аксари ҷавононе, ки каме ба ислом ва дин майл нишон медоданд, ба паси милаҳои зиндон кашиданд ва ё бо гирифтани маблағҳои ҳангуфт барои муддате бошад ҳам онҳоро раҳо намуданд.
Инчунин, маъракаи бадномкунии ходимони динии маҳаллӣ, ки ба рӯйхати ҳизбу ҷамоатҳои боло рост намеомаданд, ба симои ин қишри ҷомеа зарбаи сахте зад, чунон ки дар байни ҷомеа як бадбинии ноогоҳона ба ходимони дин пайдо гардид.
Дуздидани мухолифон аз ҷониби ҳукумат ва бо пуррагӣ бедарак шудани баъзе аз онҳо, як самти муборизаи дигари ин режими бесалоҳ мебошад.
Дар ниҳояти кор моҳи маи соли 2022 баъд аз эҷоди фитна дар Помир ҳукумати Эмомалӣ даст ба қатлу куштор ва боздошту зиндонӣ кардани сокинони осоишта зад. Ин ҳол ба андозае вусъат пайдо намуда, берун аз марзи Тоҷикистонро низ фаро гирифт, чунон ки одамрабоӣ дар ҳудуди Русия ва ба “биҳишти сохта”-и Эмомалӣ истирдод намудани онон то ба имрӯз давом дорад.
Нуқтаҳои зикршуда намунае аз ҳазорҳо ҷиноятҳои 31-солаи ин ҳукумат аст, ки бо рехтани хуни зиёда аз 150 ҳазор нафар оғоз ёфта ва бо солона аз Ватан берун шудани қариб садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тамом мешавад, ки ин ҳоло поёни кор нест.
Чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон бо гузашти 31 сол ҳоло ҳам дар остонаи соли 1991 қарор дорад ва фарзияҳои баъдина аз ин бадтар хоҳад шуд.
Фарзияҳоеро дар ҳолати давом ёфтани ҳукумати Эмомалӣ бо “сиёсати хирадмандона”-аш метавон чашмдор шуд, ки амалӣ шудани он нисбати мухолифонаш аз воқеият дур нест:
А)Бо кумаки “дастгоҳҳои ҷазодиҳӣ”-и худ ва албатта, бо ҳамкории “хабаркашҳои маҳаллӣ” инсонҳое, ки заррае аз ин сиёсат изҳори норизогӣ мекунанд, мавриди боздошту шиканҷа қарор медиҳад.
Б)Ё касоне, ки ба андозаи муайяне донишу фарҳанг доранд ва аз қишри ноогоҳи ҷомеа фарқ мекунанд, бо вуҷуди дар хизмати режим буданашон, зиндонӣ мекунад ва ё берун аз ватан месозад..