26.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 520

Интизории корфармоёни рус аз муҳоҷирон

0

Русия мегӯяд, норасоии коргарон дар сохтмонҳо аз як то якуним миллион нафарро ташкил медиҳанд ва аз ин рӯ кайҳо боз интизори иқдомҳои мушаххас дар бораи рафъи камбуди муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд.

Сурат: ИЗВЕСТИЯ

Александр Ручев, раиси ширкати рушд ва сармоягузории “Основа” мегӯяд, вижагии хосе, ки дар мавзӯи боз шудани марзҳо барои муҳоҷирони корӣ муайян шудааст, ин хеле мусбат аст. Бозори меҳнат кайҳо боз дар интизори амалӣ шудани лоиҳаи ҷалби муҳоҷирони корӣ ба сохтмонҳо ва рафъи камбуди нерӯи корӣ буд. Дар ин бора таҳиягарон ва риелторҳо дар мусоҳиба бо “Известия” иттилоъ медиҳанд.

Пештар Ҳукумати Русия дар робита ба вуруди муҳоҷирони корӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сохтмонҳои ин кишвар лоиҳаеро ба тасвиб расонда буд ва тибқи он шумораи ҳадди аксари шаҳрвандони хориҷӣ дар доираи лоиҳа 10 ҳазор нафар гуфта мешуд, ки дар робита ба ин Александр Ручев мегӯяд:

“Умедворам, ки 10 ҳазор муҳоҷири корӣ ин танҳо дар марҳилаи аввал бошад, зеро талаботи умумии коргарон дар сохтмонҳои Русия тибқи ҳисобҳои гуногун аз 1 то 1,5 миллион нафар аст ва он афзоиш меёбад.”

Инчунин роҳбари Маркази биноҳои нави ширкати федералии “Этажи” Сергей Зайтсев қайд мекунад, ки агар раванди камбуди нерӯи корӣ идома пайдо кунад он ба бозори сохтмони манзили инфиродӣ низ таъсир мерасонад.

Бино ба гуфтаи Зайтсев, бояд як механизми соддае эҷод кард, ки бозорро барои захираи нерӯи корӣ ҳарчи зудтар пур кунад ва он самаранок бошад. Вай бар ин бовар аст, ки ҳар гуна маҳдудиятҳои қатъии қабули муҳоҷирон метавонад монеаҳои иловагӣ эҷод кунад, ки дар ниҳоят арзиши ин гуна захираҳоро афзоиш медиҳад ва метавонад ба нархи манзилҳо барои истеъмолкунандагони ниҳоӣ таъсири манфӣ расонад.

Ин коршиносон дар ҳоле аз камбуди нерӯи корӣ дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд, ки пештар коршиноси дигари рус аз паст будани музди меҳнат ба худи русҳо шикоят ва барои рафъи маоши кам дар ин кишвар хостори 3-4 маротиба кам кардани квотаҳои ҷалби муҳоҷирони корӣ шуда буданд.

Таҳдиди Толибон ба Эмомалӣ Раҳмон

0

Толибон бидуни ном гирифтан аз Тоҷикистон ба Эмомалӣ Рамҳон ҳушдор додааст, ки агар ба Афғонистон ҳамла кунад, мисли Амрико ва муттаҳидонаш шикаст мехӯрад.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққат ва сухангӯи Толибон дар Афғонистон бо интишори баёнияе дар 20-умин солрӯзи ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Афғонистон ин ҷангро тӯлонитарин ҷанг дар таърихи ин кишвар хонда, гуфтааст, “бояд барои дигарон ибрат бошад, то ба фикри ҳамла ба Афғонистон набошанд.”

Ҳамзамон сухангӯӣ Вазорати корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова гуфтааст: “Маскав аз наздик вазъият дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро назорат мекунад ва дар сурати лузум қотеона амал хоҳад кард.”

Хабаргузории русии “ТАСС” аз қавли сухангӯи дастгоҳи дипломатии Русия Мария Захарова иттилоъ додааст: “Байни мақомоти Русия ва Тоҷикистон ва бахусус Хадамоти марзбонӣ ва намояндагиҳои дипломатии ду кишвар иртибототи хубе вуҷуд дорад.”

Мария Захарова таъкид кардааст, ки “мо ҳамкории худро дар заминаи тақвияти тавони низомии Тоҷикистон идома медиҳем ва дар ҳолати бад шудани авзоъ дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон “Пойгоҳи 201”-и Русия дар ин кишвар ба кумаки марзбонони тоҷик мешитобад”.

Танишҳои лафзии Тоҷикистону Толибон дар ҳоле шиддат мегирад, ки ахиран дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахашон ду паради низомӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд. Ва аз сӯи дигар Толибон ҳам эълон карданд, ки ба хотири таъмини амният ва пешгирӣ аз хатари таҳдидҳои марзӣ шохаҳои “Лашкари Мансурӣ”, ки аз онҳо ҳамчун нерӯҳои вижаи маргталаб ёд мешавад, ба вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон фиристодаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳои афғонистонӣ Вазорати хориҷаи Афғонистон бо раҳбарии ҳукумати муваққати Толибон дар ин кишвар эълом кардааст, ки талош дорад, танишҳои лафзӣ байни Тоҷикистону Афғонистонро ба пойинтарин ҳад бирасонад.

7-уми октябри соли 2021 аз оғози ҳамлаи Амрико, Бритониё ва муттаҳидонашон дар НАТО ба Афғонистон 20 сол гузашт. Ҳамлае, ки дар соли 2001 ба суқути далвати Толибон дар Кобул мунҷар шуд. Аммо Толибон дар муддати 20 соли ҷанг ором нанишаста, ҳамеша дар ҳолати набардҳои низомӣ, сиёсӣ ва расонаӣ қарор доштанд, то ин, ки саранҷом дар рӯзи 15-уми августи соли 2021 бидуни ҷангу хунрезӣ дубора вориди Арги раёсати ҷумҳурӣ дар Кобул шуда, қудратро ба даст гирифтанд.

Пешниҳод: Сигнолҳои худравҳо ба мусиқии форам иваз карда шаванд

0

Ҳиндустон сигнали мошинҳоро аз садои оддии гушхарош ба оҳангҳои миллии ин кишвар иваз карданист.

Бино ба иттилои хабаргузории ҳиндии “The Times of India”, вазири ҳамлу нақли ин кишвар тасмим дорад қонунеро барои қабул ба парлумони ин кишвар ироа кунад, ки тибқи он мехоҳад садоҳои гӯшхароши худравҳоро дар хиёбонҳои пуриздиҳом ба навоҳои мусиқии миллии Ҳиндустон иваз кунад.

Вазири ҳамлу нақли Ҳиндустон Нитин Годкори ва ҳамзамон намояндаи парлумони ин кишвар рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт: “Ман ин тарҳро меомӯзам ва ба зудӣ раванди ҳуқуқии онро пайгирӣ хоҳам кард. Аз ин ба баъд, мо мехоҳем, ки сигнолҳои ҳама худравҳо ба садои мусиқии миллии Ҳиндустон шабоҳат дошта бошанд, то ин барои мардум форамтар бошад.”

Ин мақоми ҳиндӣ афзуда, ки тарҳи ӯ барои худравҳои ёрии таъҷилӣ, пулис ва дигар мошинҳои давлатӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Ҳиндустон яке аз кишварҳоест, ки аз лиҳози таҷаммуъи аҳолӣ ва ҳаракати зиёди васоили нақлиёт дар шаҳрҳояш, яке аз пурғавғотарин шаҳрҳои ҷаҳон ба шумор мераванд. Автобусҳо, мошинҳои боркаш, таксиҳо, мотосиклҳо, мошинҳои хусусӣ, мошинҳои боркаш ё сечархаҳо дар кӯчаҳо бидуни ҳеч риояи қоидаи роҳ фақат бо сигнол додан мегарданд.

Дар Суғд аз 500 бехона 1 нафар ба қайд гирифта шудааст

0

Тибқи як таҳқиқот нафарони бехонаву сарпаноҳ танҳо дар вилояти Суғд 500 нафарро ташкил дод, аммо расман дар мақомоти вилоят 1 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Акс аз “Asia-Plus”

Бино ба иттилои “Азия-Плюс”, ин таҳқиқот аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” бо сармоягузории Фонди ҷамъиятии “Нотебене” ва гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида шудааст.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, нафарони бехонаву сарпаноҳ аз сабаби надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва аз ҳуқуқҳои иҷтимоию тиббӣ маҳрум будан, қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб мешаванд.

Ба гуфтаи раҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” Баҳринисо Абдураҳмонова, рӯз ба рӯз шумораи афроди бехонаву сарпаноҳ дар вилояти Суғд дар ҳоли афзоиш аст.

Таҳқиқот сабабҳои бехонумон шудани ин афродро гуногун арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки баъзе ба далели муноқишаҳои оилваӣ, фурӯхтани хона дар пайи мушкилии иқтисодӣ, қарздорӣ аз бонкҳо, баъди озод шудан аз маҳбас ва баъди баромадан аз хона – интернатҳо бепаноҳгоҳ мондаанд. Таҳқиқот мегӯяд, 52 дарсади онҳо пеш аз чунин ҳолат соҳиби хона будаанд, вале бо далелҳои гуногун дар кӯча мондаанд.

Раҳбари ташкилоти “Диёр” афзуда, ки ин афрод аз сабаби надоштани мадорики муҳим наметавонанд сари вақт табобат гиранд ва дар натиҷа аксарашон ҷавон мемиранд.

“Бесарпаноҳон ҳамчунин, нафарони ихроҷ ё депортшуда, муҳоҷирони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони баъзе ақаллиятҳои миллӣ ва то ҳатто ноболиғон ҳастанд. Онҳо дар биноҳои вайронаи сохтмонаш нотамом, таҳхонаҳо, гаражҳо,  қабристонҳо дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунанд. Бештари ин гурӯҳ аз сабаби бесаводӣ ва тангдастӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд ва аз ин рӯ  наметавонанд ёрии тиббӣ бигиранд. Онҳо бар асари бемориҳои музмин ва сироятӣ аз қабили ВИЧ/СПИД, гепатит, сиррози ҷигар, сил ҷавон мемиранд”, – мегӯяд Абдураҳмонова.

Ҳамзамон гуфта мешавад, беш аз нисфи онҳо шахсони 44-сола буда, 2 дарсадашон ноболиғон ҳастанд.

“Таҳқиқот байни 100 нафар афроди бесарпаноҳ нишон дод, ки 54% онҳо аз 18 то 44 сола, 14% аз 44 то 60 сола ва 2% аз 60 сола боло ва ё то 18 сола мебошанд. Инчунин, 94% шаҳрванди Тоҷикистон буда, 4% шахсони бешаҳрванд ва 2% хориҷиён ҳастанд. Аз рӯйи ақалиятҳои миллӣ аз ин шумора 42% тоҷикон, 25% ӯзбекҳо, 21% русҳо буда, 12% дигар тотору украин, кореягӣ ва африқоӣ мебошанд.”, – омадааст дар таҳқиқот.

Муаллифони таҳқиқот мегӯяд, давлат барномае барои ёрии ҳуқуқӣ ба афроди бесарпаноҳ надорад ва бояд ба ин сиёсат таҷдиди назар кунад ва набояд ин қишр аз ёрии ҳуқуқӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумат дур монанд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи камбизоатӣ ва кумак ба ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамасола аз созмонҳои байналмиллалии молӣ кумакҳои ҳангуфт дарёфт мекунад, вале дар оморҳои расмӣ ба ҷои 500 нафар танҳо як нафар сабт мешавад. Ва Ҳукумат ҳам дар мавриди ин ки ин кумакҳо дар куҷо ва чӣ гуна масраф мешаванд, омода нест ба ҷомеа гузориш пешниҳод кунад.

Хутбаи Ширин Амонзода ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

0

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик тавсия додааст, ки тибқи қоидаҳои шариати исломӣ назм ва назофатро риоя кунанд.

Сурат: migrantocenter.ru

Намояндаи Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик тавсия додааст:

“Агар шумо муйлаб ва риш мондаед, тибқи қоидаҳои шариати Ислом бояд ҳар рӯз онро тозаю покиза нигоҳ дореду тарзе онро нигоҳубин намоед, ки атрофиён аз шумо тарс надошта бошанд.”

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории тоҷик таъкид мекунад: “Намозро дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории Федератсияи Россия муайян намудааст, адо намоед. Дар ҷойҳое, ки хондани намоз манъ карда шудааст бояд дар он ҷой намоз нагузоред.”

Илова бар ин, ба муҳоҷирони меҳнатӣ инчунин тавсия дода, ки пас аз кор ба китобхонаҳо, театрҳо, осорхонаҳои ин кишвар рафта фарҳанг, таърих, забони мардуми русро биомӯзанд ва онро эҳтиром кунанд. Ва агар имконпазир аст, ба донишгоҳҳои Русия ғоибона дохил шаванд.

Ҳамзамон намояндагӣ таъкид мекунад, ки шабакаҳои иҷтимоиро бо эҳтиёт ва самарнок истифода намоянд, “аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва ғайриманфиатнок худдорӣ намуда, қимматарин арзиши инсониӣ – вақти худро сарфа накунед.”

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Маскав муҳоҷирони кории тоҷикро ба касбомӯзӣ, хондан дар донишгоҳҳои олӣ ва рафтан ба театру дигар ҷойҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ бо пул ва имконоти худи муҳоҷирон тарғиб карда, насиҳат кардааст:

“Агар дар марказҳои дилхӯшӣ шароб нӯшидед ва ё хоҳиши тамоку кашидан доред, пас бояд донед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидан ва истифода бурдани онҳо манъ мебошад.”

Дар охир намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия мерасонад, ки дар сурати пайдо шудани суол ва ё мушкилоти дигаре ба ин Намояндагӣ муроҷиат кунанд.

Намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Париж

0

211 адад нигораҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба Музеи Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж бурда шудааст.

Гуфтанист, дар ин осорхона аз рӯзи 13-уми октябр соли ҷорӣ то 10-уми январи соли 2022 намоиши нигораҳои таърихӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ҳоли ҳозир аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон 70 нигораи нодир ва аз Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон зиёда аз 140 нигораи нодир ба Париж бурда шудаанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз бо забонҳои гуногун намоиши филмҳои тоҷикӣ ва наворҳо дар бораи мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Тибқи иттилои манобеи Аздо тв, Эмомалӣ Раҳмонов рӯзҳои наздик ба Париж сафар ва аз ин намоишгоҳ дидан хоҳад кард.

Таърихи бунёди Музеи Гимей соли 1889 замоне оғоз ёфт, ки фаронсавӣ Эмил Гиме, ки ба фарҳангҳои халқҳои дигар таваҷҷӯҳ дошт, дар заминаи коллексияи хусусии ашёҳои Шарқ як муассисаи хурди фарҳангиро таъсис дод.

Бори аввал Эмил Гиме коллексияи худро соли 1879 дар Лион ба намоиш гузошт ва баъд соли 1889 коллексияи Гиме ба Париж кӯчид.

Ҳоло дар ин осорхона мешавад бузургтарин коллексияи осори фарҳанги шарқиро, ки аз Чин, Ҷопон, Ҳиндустон ва Корея оварда шудаанд, пайдо кард.

Ҳамоиши эътирозии аъзои “Гурӯҳи24” дар Олмон

0

7-уми октябри соли ҷорӣ ҷамъе аз аъзои “Гурӯҳи24” дар шаҳри Кёлни Олмон ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.

Ба навиштаи сомонаи расмии “Гурӯҳ24”, ҳадаф аз ин ҳамоиши эътирозӣ дар назди бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Олмон дар шаҳри Кёлн баррасии мунсифонаи парвандаҳои паноҳҷӯёни сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо будааст.

Дар гузориш омадааст: “Иштирокчиёни ин ҳамоиш бо дар даст доштани овезаҳо ва шиорпартоиҳо аз Ҳукумати Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо талаб намуданд, ки дар таҳқиқ ва аз нав баррасӣ намудани қазияҳои мухолифин ва паноҳҷӯёни сиёсӣ ба адолат ва қонунҳои байналмилалӣ такя намоянд.”

Пештар ин гурӯҳ эълон карда буд: “Ахиран мақомоти кишвари Олмон ва бархе аз кишварҳои Аврупо ба дархости як теъдод аз паноҳҷӯёни сиёсии тоҷикистонӣ дар бори додани паноҳандагӣ ҷавоби радд доданд, ки ин ҳодиса метавонад ба истирдоди ин муборизин ва мухолифин ба Тоҷикистон сабаб гардад.”

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ки дар ҳоли ҳозир аксари мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо панаҳ овардаанд, бо сабабҳои мухталиф дархости панҳодагии бархе аз мухолифини тоҷикро рад намуда, тайи се соли ахир дасти кам се нафари онҳоро ба Тоҷикистон истирдод карданд, ки дар натиҷа ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

“Freedom Now”: Тоҷикистон зиндониҳои сиёсиро озод кунад

0

Имрӯз, 7-уми октябри соли 2021 пешнишасти 39-уми Баррасии даврии ҷаҳонӣ (UPR) бо ширкати намояндагони ниҳодҳои миллии ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Женева оғоз ба кор кард.

Созмони миллали муттаҳид (СММ) аз ниҳодҳои миллии ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки дар пешнишасти 39-уми Баррасии даврии ҷаҳонӣ (UPR) ширкат кунанд ва гузоришҳои ҷойгузини худро дар бораи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Баррасии даврии ҷаҳонӣ вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро моҳи январи соли 2022 дар Женева баррасӣ хоҳад кард.

Дар ин пешнишасти 39-ми Баррасии даврии ҷаҳонӣ созмонҳои “Freedom Now”, “IPHR”, “Lawyer for Lawyer” ва “IBAHRI” ширкат ва суханронӣ карданд, вале аз ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарии Тоҷикистон касе дар ин пешнишасти 39-ум ширкат надошт ва мухолифини табъидӣ ба шумули ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Паймони Миллии Тоҷикистон ва Кумитаи шаҳрвандии наҷоти зиндониён низ касе ширкат накардааст.

“Freedom Now” дар ин нишаст аз боздоштҳои худсаронаи раҳбарони мухолифин изҳори нигаронӣ кардааст ва боздошти раҳбарони зиндонии ҲНИТ, Зайд Саидов, раиси Ҳизби Тоҷикистони нав ва вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ва муйсафеди 80 сола Дониёр Набиевро дорои ангезаҳои сиёсӣ донист. Инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ҳукми СММ барои озодии беқайду шарти зиндониёни сиёсиро ба иҷро гузорад.

Намояндаи “Freedom Now” дар ин нишаст гуфт, моҳи ноябри соли 2018 ва майи соли 2019 дар зиндони Тоҷикистон ду ошӯб рух дод, ки дар натиҷа тақрибан 80 нафар маҳбусон, аз ҷумла чанд узви ҲНИТ кушта шуданд.

Созмони “Freedom Now” аз Тоҷикистон хостааст, ки иҷозаи таҳқиқоти мустақил ва шаффоф дар мавриди шӯришҳои зиндонро диҳад ва натиҷаи он таҳқиқотро ба таври густарда нашр кунад.

Кобул: Фурӯши дороиҳои қарздорон барои пардохти қарзи барқ

0

Ширкати энержии “Брешно”-и Афғонистон ният дорад амволи мансабдорони ҳукумати барканоршударо барои пардохти қарзи барқ фурӯшад.

Бино ба иттилои  “ToloNews“, дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе директори аз ҷониби “Толибон” тайъин шудаи ин ширкат Сафиуллоҳ Аҳмадзай хабар додааст.

Ба гуфтаи Сафиуллоҳ Аҳмадзай, пас аз анҷом ва тасдиқ ёфтани чораҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати муваққат, ширкат ба фурӯши амволи қарздорон ва мансабдороне, ки Афғонистонро тарк кардаанд, оғоз мекунад.

Аммо ба назари собиқ директори ширкати энержии “Брешно” Амонуллоҳ Ғолиб, ин чораи пешниҳодшуда метавонад мушкилоти мавҷударо танҳо дар муддати кӯтоҳ ҳал кунад.

Рӯзи 5-уми октябр Ширкати энержии “Брешно”-и Афғонистон иттилоъ дод, ки қарзи Афғонистон назди кишварҳои ҳамсоя барои нерӯи барқ ​​тақрибан ба 62 миллион доллар расидааст.

Дар хабар гуфта мешуд, ки ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи содиркунандаи барқ ​​- Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон нома фиристода ваъда додааст, ки қарзро пардохт мекунад ва аз онҳо хостааст, ки барқро хомӯш накунанд.

Ҳамчунин ин ширкат ба Миссияи кӯмаки СММ дар Афғонистон муроҷиат карда буд, то дар пардохти қарз ба онҳо кӯмак расонанд. Дар изҳороти ширкати “Брешно” қайд карда мешуд, ки дар сурати кӯмак пайдо накардан, ширкат маҷбур мешавад барои пардохти пул “ба афғонҳое фишор оварад, ки пули истифодаи барқи худро надодаанд, ҳатто агар имкон надоранд”

Дар ҳамин ҳол, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи сешанбе гуфтанд, ки ҳар ду кишвар кумак, аз ҷумла интиқоли барқро ба Афғонистон идома хоҳанд дод.

Ҳамчунин котиби матбуотии ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ низ таъкид кард, ки Душанбе бо вуҷуди қарз интиқоли барқ ​​ба Афғонистонро дар зимистон қатъ намекунад.

Кумакхоҳии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи ҷаҳонии пул

0

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи ВКХ, 6-уми октябр мулоқот бо иштироки муовини Вазир Шараф Шерализода ва ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот доир ба робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, таҳкими самтҳои он ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо дарназардошти вазъи минтақа гуфтугӯ карданд.

Гуфтанист, ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз 22-юми сентябр то 8-уми октябри соли ҷорӣ бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад.

Ҳамчунин рӯзи 5-уми октябр Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Катаржина Зайдел ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор Пиотр Трабинский оид ба Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

Дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналиилалии Пул хоҳиш кардааст, ки барои афзоиши дастгирии молӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд.

Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир 21 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумӣ 1,1 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад.