18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 574

Изҳори омодагии Роҳи оҳани Тоҷикистон барои расонидани муҳоҷирон ба Русия

0

Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон барои расонидани муҳоҷирони корӣ ба Русия аз тариқи қатораҳо изҳори омодагӣ карданд.

Убайдулло Обидов, раиси идораи Роҳи оҳан дар минтақаи Суғд дар мусоҳиба бо хабаргузории “Спутник” гуфт, ки корхонаи онҳо барои расонидани муҳоҷирон ба Русия бо қатораҳо омода аст.

Дар шароите, ки қиммати чиптаи ҳавопаймо гарон аст, раиси Роҳи оҳан сафар бо қатораро ба сарфа ва бо эътимод маънидод  кард.

Ӯ баён дошт, ки мо ҳолати техникии қатораҳои мусофиркашонро комилан аз назар гузаронидем қатораҳо барои сафар ба Русия ба пуррагӣ омодаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ дар ҳоли ҳозир дар роҳи оҳани минтақаи Суғд 84 қатораи мусофиркашон дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад.

То охири соли 2019 яъне то замони паҳншавии бемории коронавирус ҳаракати қатораҳо дар масири Хуҷанд – Маскав – Хуҷанд.

Инчунин Душанбе – Маскав- Душнбе ва Кулоб – Маскав – Кулоб ҳар ҳафта ба роҳ монда шуда буд. Аммо хуруҷи бемории ҳамагир боиси бозмондани ҳаракати қатораҳо дар ин масирҳо гардид.

Ахиран Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия зимни баргузории Форуми байналмилалӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербург доир шуд, дар бораи имконпазир шудани сафари муҳоҷирон тавассути роҳи оҳан таъкид намуд.

Ӯ изҳор дошт, ки “ҳоло танҳо бо ҳавопаймо омада метавонанд, мо имкони омадан тавассути роҳи оҳанро баррасӣ кардем, яъне ин иловагӣ хоҳад буд”.

Муовини сарвазири Русия дар бораи норасоии нерӯи корӣ дар сохтумонҳои Русия ҳарф зада вазъи мавҷударо барои иқтисодиёти ин кишвар фалокатбор номид.

Масъулони соҳаи иқтисодиёт дар хусуси расонидани 7000 муҳоҷири корӣ ба Русия дар зудтарин фурсат изҳор кардаанд, ки дар ин радиф ҳаракати қатораҳои мусофиркашон имконпазир хоҳад шуд.

“Мо кушиш мекунем, ки тавозуни манфиатҳоро пайдо кунем ва ба тавофуқ расидем, ки механизми ҳамоҳангсозӣ ва ворид кардани нерӯи кориро аз ҷониби ширкатҳои калон сода мекунем. Ба низомнома тағйирот ворид карда шуд”, – иброз намуданд масъулон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.

Дар ҳоле, ки нархи чиптаи ҳавопаймо гарон буда ва масъулони соҳа зери назорат гирифтани нархҳои мавҷуда дар Тоҷикистонро мушкил арзёбӣ мекунанд ва бисёре аз сокинон, ба хусус онҳое, ки қасди сафар ба Русияро доранд, ба роҳ мондани ҳаракати қатораҳоро муҳим ва саривақтӣ медонанд.

Боз як писари дигари Саидқиёмиддини Ғозӣ ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуд

0

Фарзанди Саидқиёмиддини Ғозӣ, Саидҳасани Саидқиёмиддинро Додгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми “ифротгароӣ” барои 11 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора Раидои Озодӣ аз қавли наздикони номбурда иттилоъ дод.

Бино ба иттилои пайвандони Саидҳасан, ҳукм ду ҳафта пеш содир шуда, тафсилоти мурофиаи додгоҳ ба хотири паси дарҳои баста гузаштн маълум нест, вале ба гуфтаи манобеи Озодӣ фарзанди 27-солаи Саидқиёмиддини Ғозӣ ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад.

“Саидҳасани Саидқиёмиддин, таҳсилкардаи яке аз донишгоҳҳои Эрон буда, моҳи июли соли гузашта дастгир шуда буд. Пайвандонаш рӯзи 8-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷараёни тафтиши парванда ва мурофиаҳои додгоҳӣ паси дарҳои баста гузашт ва аз ин рӯ дар бораи гуноҳи ӯ чизе намедонанд”, – омадааст дар хабар.

Саидқиёмиддини Ғозӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифон дар солҳои 90 соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуда, баъдан барои 25 сол равонаи зиндон гардид. Аммо соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат дар як ошӯбе ба шакли мармуз кушта шуд.

Соли гузашта писари 44-солаи Саидқиёмиддини Қозӣ, Саидмуҳаммади Саидқиёмиддинро бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба 13 соли зиндон маҳкум карданд. Дар камтар аз як сол Саидҳасани Саидқиёмиддин дуюм фарзанди Саидқиёмиддини Ғозӣ аст, ки ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум мешавад.

Фаъолони Қирғизистон Тоҷикистонро ба Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ супурданд

0

Ҳуқуқшинос Сания Токтоғазиева, рӯзноманигорон, коршиносони ВАО ва фаъолон қасд доранд, ки ба тафтиши байналмилалӣ барои “таҷовузи низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии осоиштаи Қирғизистон” муроҷиат кунанд. Онҳо ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (Суди Гаага) муроҷиат карданд. Дар ин бора сомонаи қирғизии “24” хабар дод.

“Бо истифода аз ҳуқуқе, ки тибқи моддаи 15-и Оинномаи Рим танзим шудааст, аз номи ҷабрдидагон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ман ба прокурори Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиатнома (шикоят) фиристодам, ки тибқи моддаи 53-и Оинномаи Рим нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ва фармондеҳони Тоҷикистон дар бораи содир намудани ҷиноятҳои ҳарбӣ алайҳи аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Қирғизистон тафтишот гузаронанд. “, – гуфт Сания Токтогазиева.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ки салоҳияти он дар Оинномаи Рим ифода ёфтааст, аввалин додгоҳи доимии байналмилалӣ мебошад, ки дар асоси шартномавӣ таъсис дода шудааст, то ба беҷазо мондани бисёр ҷиноятҳои вазнин дар асри 21 хотима бахшад.  Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ як ниҳоди мустақили байналмилалӣ дар робита бо Созмони Милали Муттаҳид аст. Ин додгоҳ дар Гаагаи Нидерланд ҷойгир аст.

Оинномаи Рим санадест, ки кори Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро ба танзим медарорад. Кишварҳое, ки Оинномаи Римро имзо ва тасвиб кардаанд, иштироккунадагони комилҳуқуқи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба ҳисоб мераванд.

Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи таъсиси Суди байналмилалии ҷиноӣ дар як конфронси дипломатӣ дар Рим 17 июли соли 1998 қабул шуда, 1 июли соли 2002 эътибор пайдо кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, ки дар натиҷа аз ҷониби Қирғизистон 154 нафар маҷрӯҳ шуда, 36 нафар ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон аз 19 кушта ва 87 захмӣ хабар доданд.

Ҳарду кишвар якдигарро дар шурӯъи ҷанг айбдор карда, прокуратураҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон тибқи моддаҳои вазнин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд

Қазоқистон ба хотири чӣ ба Тоҷикистону Қирғизистон кумаки ҳарбӣ мекунад?

0

Ба гузориши “Tengrinews.kz” Вазорати дифои Ҷумҳурии Қазоқистон дар пайи кумакҳои ҳарбияш ба Тоҷикистону Қирғизистон гуфта, ки бо ин кумакҳои ҳарбӣ-техникӣ қасди тезонидани даргириҳои марзӣ байни ин ду кишварро надорад.

Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Қазқистон, моҳи декабри соли 2019 Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба пуршиддат шудани вазъ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби Қазоқистон талаби кумаки ҳарбӣ-техникӣ карда буд. Аммо созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи расонидани кумаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ 17 апрели соли 2021 ба имзо расид.

Ҳамчунин ин ниҳоди қазоқистонӣ афзуд, ки чунин қарордод бо Қирғизистон рӯзи 2 март ба имзо расидааст.

“Яъне, ин қарордодҳо бо Қирғизистон ва Тоҷикистон қабл аз шиддат гирифтани баҳсҳои марзӣ байни ин кишварҳо ба имзо расида буданд.

“Таъмини кумаки ҳарбӣ-техникӣ ба ин кишварҳо ба қасди тезондани баҳсҳои марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон нест. Ин созишномаҳо бо назардошти тибқи нақша хуруҷи нерӯҳи низомии хориҷӣ аз Афғонистон сурат гирифтааст.

Илова бар ин, интиқоли таҷҳизоти ҳарбӣ-техникӣ ба Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо пас аз ба даст овардани созишҳо дар бораи ҳалли зиддиятҳои мавҷуда ва ба эътидол овардани вазъ сурат мегирад”, – афзуд Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон.

Ҳамзамон Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ ба имзо расидани созишномаи ҳарбӣ-техникиро байни Тоҷикистону Қазоқистон тасдиқ карда, аммо гуфта, ки то ҳол ин кумакро дастрас накардааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон ба “Sputnik” гуфт: “Созишнома дар бораи кӯмаки низомӣ воқеан имзо шуда, аммо то ба ҳол дар амал татбиқ нашудааст ва мо ин кӯмакро ба даст наовардаем. Ин кӯмак ба хотири пурзӯр кардани марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Афғонистон аст”.

Русия вуруди муҳоҷиронро осон мекунад, вале гирифтани ваксина ҳатмӣ мешавад

0

Ҳукумати Русия масъалаи соддагардонии вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия ва эмгузаронии ҳатмии онҳоро таҳия мекунад. Дар ин бора муовини Сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин дар мусоҳиба бо “RTVI” дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург хабар дод.

“Ҳоло мо дар таҳияи мавзӯи соддаи воридоти муҳоҷирон ва эмгузаронии ҳатмӣ кор карда истодаем”, – гуфт Хуснуллин.

Ӯ ҳамчунин дар идомаи суҳбаташ таъкид кард, ки норасоии захираҳои меҳнатӣ дар сохтмон муҳимтарин мушкилоти имрӯз аст ва ин барои Русия хавфи хеле калон дорад, аз ҷумла зарар ба иқтисодиёт аст.

Қаблан муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия Никита Стасишин хабар дода буд, ки ҳукумати Русия ба зудӣ механизми воридоти оммавии муҳоҷиронро барои пур кардани норасоии сохтумончиён ба анҷом мерасонад.

Ҳамчунин Роҳбари Вазорати сохтмони Федератсияи Русия Ирек Файзуллин дар аввали моҳи март қайд карда буд, ки ҳалли масъалаи кадрҳо дар сохтмонҳо, бо “назорати дастӣ” амалӣ карда мешавад.

Дар давраи пандемияи коронавирус Русия бо норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба рӯст. Мақомоти ин кишвар барои рафъи норасоии қувваи корӣ борҳо аз сабук намудани будубош ва ворид шудани муҳоҷирон ба Русия гуфтанд, вале муҳоҷирон мегӯянд, то ҳол мушкилиҳо кам нашуда, балки бештар шудаанд.

Ҷаримаи калон ё то 5 сол ҳукми зиндон барои ҷияни ҳамсари раисҷумҳур

0

Вазорати умури дохила дар ноҳияи Данғара Амриддин Нахшовро ба авбошӣ муттаҳам карда аст.

Хабаргузории “Азия-Плюс” ба нақл аз манбааш дар Вазорати умури дохила иттилоъ дод, ки Амриддин Нахшов бародарзодаи ҳамсари Раисҷумҳури Тоҷикистонро бар асоси модаи авбошии Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 60  то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Нахшов Амриддин Файзиддинович 36 сол дорад зода ва сокини ноҳияи Данғара аст, ки барои содир кардани ҷиноят мутобиқи модаи 237 (авбошӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешуд ва таҳти пайгард қарор дошт. Рӯзи 27 май ба ВКД-и ноҳияи Данғара ҳозир ва худро таслим кард.

Бар асоси иттилои маркази матбуоти Вазорати умури дохила, Нахшов А.Ф. дар доираи парвандаи ҷиноии оғозшуда ӯ ба ҳабс гирифта шуд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Тибқи гузориши ВКД, рӯзи 16 май Нахшов бо ҳамроҳонаш дар яке аз тарабхонаҳо дар Данғара занозании омавӣ анҷом дод.

Пештар 7 тан аз ҳамроҳонаш боздошт шуда буданд ва худи Нахшов пинҳон мешуд, сипас онҳо бо кормандони ширкати “Mину Фарм”, ки катронҳои ферула ҷамъоварӣ мекунанд, бо силоҳи сард ҳамлавар шуданд.

Иллати задухӯрд мушаххас нест, пас аз ин ҳодиса чанд нафар бо ҷароҳатҳои гуногун, аз ҷумла захми корд дар бемористон бистарӣ шуданд.

“Азия-Плюс” бо такя ба манбааш навишта, ки Амриддин Нахшов писари хоҳари Раисҷумҳури Тоҷикистон Азизамоҳ Асадуллоева мебошад.

Амриддин то боздошт шуданаш корхонаи истихроҷи тиллои Нахшро дар ноҳияи Ховалинг идора мекард.

Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки роийгони ҳарбӣ мекунад

0

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Қазоқистон дар бораи расонидани кумаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ ба Тоҷикистон таҳия мешавад.

Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Қазоқистон дар сомонаи расмияш хабар дод, ки Ҳукумати ин кишвар лоиҳаи қарори Ҳукумат “Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Қазоқистон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи расонидани кумаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ омода кардааст”.

Гуфта мешавад, ки Созишнома дар бораи расонидани кӯмаки ройгони ҳарбӣ-техникии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 апрели соли ҷорӣ ба имзо расидааст.

Ҳадафи созишномаи мазкур фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои интиқоли яквақтаи моликияти ҳарбӣ аз ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон мебошад, – омадааст дар хабар.

Рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон аз ин пас осонтар мешавад

0

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумхури Тоҷикистон ислоҳияи лоиҳаи осонсозии рафтуомад бо Узбекистонро ба имзо расонид.

Бар асоси навиштаи “Спутник” тибқи ин ислоҳия шаҳрвандони Узбекистон метавонанд то 10 рӯз бидуни дарҷи муҳри вуруд ва сабт дар раводид дар Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд.

Дар қонуни қаблӣ рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон ба кишварҳои ҳамдигар, ки дар соли 2018 имзо шуда буд, ин муддат 3 рӯз дар назар гирифта шуда буд.

Ин ислоҳияро то ҳанӯз раисҷумҳури Узбекистон имзо накарда аст, аммо интизор меравад, ки Шавкат Мирзиёев ҳам дар сафари 10 июни худ ба Тоҷикистон онро имзо кунад.

Ҳамчунин мақомоти ду кишвар дар бораи аз саргирии ҳаракати автобусҳои мусофирбари миёни шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, ва Панҷакент бо Тошканд, Самарқанд, ва Термиз низ тавофуқ карданд.

Истирдоди 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия, ки дар чанд ҷиноят муттаҳам мешаванд

0

Прокуратураи генералии Федератсияи Русия бо дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарори истирдоди 4 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар содир намудани ҷиноятҳои зидди амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин нисбат ба шахсони алоҳида ва амвол айбдор мешаванд, қабул кард.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Додситонии кулли Федератсияи Русия, яке аз айбдоршавандаҳо Анушервон Аҳмадалиев ба он айбдор мешавад, ки моҳи августи соли 2016 шаҳрвандони Тоҷикистонро барои иштирок дар амалиётҳои ҳарбӣ ва мусаллаҳ, дар ҳайати як созмони террористӣ-экстремистӣ дар қаламрави давлати хориҷӣ водор месохтааст.

Айбдоршавандаи дигар Зиёратшо Хушвахтов ба он айбдор мешавад, ки бо маслиҳати пешакӣ моҳи октябри соли 1997 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти дигар ба ҳавлии хонае даромада, дар он ҷо мард ва ду фарзандашро бо силоҳи оташфишон куштааст. Пас аз як ҳафтаи ин ҳодиса, ӯ ҳамроҳи шариконаш куштори барқасдонаи марди дигар ва ҳамсари ӯро содир кардаанд.

Беҳрӯз Исроилов, ки ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буд, бо мақсади саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ, маҳалли ҷойгиршавии комиссариати ҳарбиро тарк намуда, фирор намудааст.

Қарорҳои Додситонии кулли Федератсияи Русия дар бораи истирдоди ин ашхос эътибори қонунӣ пайдо намуда, ба Хадамоти Федералии ҷазо супориш дода шудааст, ки айбдоршавандаҳоро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Айбдоршавандаҳо Анӯшервон Аҳмадалиев, Зиёратшо Хушвахтов, Шӯҳрат Ашӯров ва Беҳрӯз Исроиловро ҳамроҳии як дастаи махуси посбонон ба Тоҷикистон мебаранд, хабар медиҳад Додситонии кулли Федератсияи Русия.

Чаҳор варзишгари тоҷик қаҳрамони Осиё шуданд

0

Чемпионати Осиё оид ба самбои варзишӣ ва мусобиқаи байни мардон ва занон дар соли 2021 рӯзи 6 июн дар Тошканд пойтахти Узбекистон ба поён расид. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар ин чемпионати Осиё 22 медал ба даст овард.

Тибқи одат, намояндагони дастаҳои мунтахаби ҷавонон ва наврасони қитъа дар баробари варзишгарони калонсол рақобат карданд. Ҳамаи дастаҳои миллӣ-самбои ҷавонон, наврасон, калонсолон ва муҳориба 22 медал ба даст оварданд, ки 4- тои онҳо тилло мебошад.

Аз ҳисоби медалҳои бадаст оварда дар чемпионати ҷавонон, мунтахаби Тоҷикистон пас аз Узбекистон ва Қазоқистон ҷои саввумро соҳиб шуд.

Намояндагони ҳафт кишвар ғолиби чемпионати ҷории Осиё шуданд, ки ин нисбат ба мусобиқаи шабеҳи континенталӣ дар Ҳиндустон дар соли 2019 (18) ба таври назаррас камтар аст. Иллати ин коҳишро ташкилкунандагони мусобиқа ба вазъи душвори эпидемиологии минтақа муртабит донистанд.

Натоиҷи тими мунтахаби Тоҷикистон:

Навҷавонон 7 медал

Тилло:

1.Сайфиддин Сайфиддинов дар вазни -71 кг.

2. Меҳровар Чакалов -64 кг.

Медали нуқра:

1. Суннатулло Лоиқов -79 кг.

2. Муҳаммадҷон Абдуҷалилов-88 кг.

3. Чаҳонгир Ҳайдарзода-98 кг.

Медали биринҷӣ:

1.Анушер Гулов-58 кг.

2.Иброҳимчон Элмуродов-98 кг.

Ҷавонон 6 медал.

Нуқра:

1.Субҳиддин Халилзода-71 кг.

2.Туйчибек Шарифов -79 кг.

3.Озодбек Назрибекзода-88 кг.

4.Бахтовар Бобохонов-98 кг.

Биринҷӣ:

1.Ҷахонгир Камолов -64 кг

2.Давлатҷон Назриев -98 кг.

Мардон 6-медал

Тилло:

1.Ҳамроз Раҷабов-79 кг.

Нуқра:

1.Фирдавс Насимов-98 кг.

Биринҷӣ:

1.Масъуд Куканишоев- 58кг.

2. Муҳаммадӣ Раҷабов -71 кг.

3.Убайд Деваштич -79 кг.

4.Хуршед Маҷидов -98 кг.

Мубориза дар навъи Самбо 3 медал.

Тилло:

1.Бобоҷон Мирзозода-58 кг.

Бобохон Мирзозода дар ҳамаи муборизаҳои чемпионати Осиё оид ба самбо муҳориба дар вазни 58 кг. ғолиб омад ва қаҳрамони қитъа шуд.

Нуқра:

1.Тавризшо Парпишоев-79 кг.

Биринҷӣ:

1.Сорбон Латифов -64 кг.