25.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 589

Сироҷиддин Муҳриддин ва Залмай Халилзод масъалаи берунрафти нерӯҳои хориҷии Афғонистонро баррасӣ карданд

0

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 4 май дар Душанбе бо намояндаи вижаи ИМА барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот кард.

Сомонаи “Авеста” бо истинод ба манбааш дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон навишт, ки дар ин дидор масоили ҳамкориҳои дуҷониба, бисёрҷониба ва минтақавӣ, ҳамчунин вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла онҳо масоили музокироти сулҳи байни афғонҳо, омодагӣ ба Конфронси Истанбул ва берунрафти нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро баррасӣ карданд.

Дар идомаи ин гуфтугӯ Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки Тоҷикистон аз мавқеъи ҳукумати Афғонистон ва хостаҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар таъмини сулҳу субот дар ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Зимни баррасии ҳамкориҳои байни кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, алалхусус Созмони Миллали Муттаҳид, ҷонибҳо аз сатҳи хамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Мусоҳибон ба ҷонибдории тақвияти ҳамкорӣ дар самти муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайри қонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ сухан гуфтанд.

Ба гуфтаи манбаъ дар ин дидор ҳамчунин ба зарурати рушди ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид шуд.

Раиси вилояти Бодканд аз вазифааш озод карда шуд

0

Намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар минтақаи марзии Бодканд, ки чанде пеш дар он ҷо низои мусаллаҳона бо Тоҷикистон рух дод, Омурбек Суваналиев истеъфо дод. Дар ин бора рӯзи сешанбе оҷонсии “Кabar” бо истинод ба намояндаи ваколатдор хабар дод.

Тибқи иттилои агентӣ, истеъфои Суваналиев бо гузаштан ба вазифаи дигар рабт дорад. Ҳамзамон, бино ба иттилои портали 24.kg, Суваналиев бо фармони сарвазир Улукбек Марипов аз вазифа сабукдӯш шудааст.

“Имрӯз сарвазир Улукбек Марипов ба ман занг зада гуфт, ки маро аз вазифа озод кардаанд. Ман худи фармонро надидаам, занг кофист. Пагоҳ ман бо оилаам ба Ош меравам, муддате дар он ҷо мемонам ва баъд ба Бишкек меоям”, – гуфтааст собиқ Намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар минтақаи марзии Бодканд.

Суваналиев моҳи октябри соли 2020 намояндаи ваколатдори ҳукумат дар минтақаи Бодканд шуд. Қабл аз ин, ӯ муовини дабири Шӯрои Амнияти Қирғизистон буд.

Додситони кулли Қирғизистон Тоҷикистонро ба ҳуҷуми мусаллаҳона айбдор кард

0

Додситонии кулли Қирғизистон, Тоҷикистонро ба вайрон кардани як қатор созишномаҳои байналмилалӣ дар ҷараёни низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар айбдор кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод Додситонии кулли Қирғизистон хабар медиҳад.

Додситонӣ аз рӯи далелҳои ҳуҷум ва “ҷиноятҳои дигар” парвандаи ҷиноӣ боз карда, изҳор доштааст, ки 29 апрел дар минтақаи Бодканд, гурӯҳҳои бандитӣ ва нерӯҳои Тоҷикистон “ба марзҳои Ҷумҳурии Қирғизистон хиёнаткорона ҳамла карданд”.

Ба иддаои Додситонии Қирғизистон, ҳамла бо истифода аз “автоматҳо, миномётҳо, чархболҳои ҷангӣ, мошинҳои зиреҳпӯш ва дигар навъҳои силоҳ” алайҳи аҳолии осоишта анҷом шудааст.

Ба гуфтаи додситонии Қирғизистон, Тоҷикистон талаботи оинномаи Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсони СММ-ро дар соли 1976, созишномаи таъсиси ИДМ-ро дар соли 1991, Эъломияи Алмаатои соли 1991, Эъломияи Маскавро дар бораи риояи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 1994 ва созишномаи соли 1996 дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст. Дар изҳорот қайд карда мешавад, ки чораҳои тафтишотӣ андешида мешаванд.

Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон барои оғози ҷанг алайҳи як гурӯҳ кормандони низомӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Субҳи 3 май хабар дода шуд, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон раванди хуруҷи қисмҳои низомии худро аз марз ба анҷом расонидаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29 апрел низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи нуқтаи тақсимоти оби Головной оғоз ёфт.

Сабаби сар задани муноқиша насб кардани як камераи назорати видеоӣ аз ҷониби Тоҷикистон  дар назди обанбор гуфта мешавад. Қирғизистон низ пештар дар ин минтақа камераи назорати видеоӣ насб карда будааст.

Тоҷикистон то ҳол омори расмии қурбониёнро ироа накардааст. Тибқи омори ғайрирасмӣ дар ин ҷанг аз Тоҷикистон беш аз 90 нафар маҷруҳ шуда, 16 нафар кушта шудаанд. Қирғизистон мегӯяд, шумораи қурбониёни муноқиша бо Тоҷикистон ба 183 нафар расидааст, ки 34 нафари онҳо фавтидаанд.

Мушовири Эмомалӣ Раҳмон сафири Узбекистон таъйин шуд

0

Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ рӯзи 4-уми май сафири Тоҷикистон дар Узбекистон таъйин шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Содиқ Имомӣ буд, ки бо фармони Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии кишвар таъйин шуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода аз соли 2014 то ироаи ин фармон, ба ҳайси Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор кардааст.

Раҳмонзодаи 62 сола дар гузашта дар вазифаи Ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Мардум Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо тасмиму изҳоротҳои баҳсбарангезаш мешиносанд.

Аз ҷумла замоне, ки ӯ ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, талаб намуда буд, ки духтарони донишҷӯ бо пошнаи баланд ба дарс ҳозир шаванд. Инчунин пешниҳод намуда буд, ки аз донишҷӯёни дарсгурез ҷарима ситонида шавад.

Раҳмонзода ҳангоми раиси Кумитаи телевизион ва радио будан саводи кормандони эҷодиро зери суол бурда, ҳамаро аз як диктанти умумии забони тоҷикӣ гузаронд. Вақте вазири маориф буд,  пушидани либоси исломиро дар мактаб ва донишгоҳҳо манъ карда, истифода аз мошини шахсӣ ва телефонҳои мобилҳоро мамнуъ кард.

Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо ин фармонҳояш мардум интиқод намуда, худи ӯро дар тундлаҳнӣ ва ҳам зиёдаравӣ муттаҳам мекарданд.

Мақомоти шаҳри Исфара шумори дақиқи хонаҳои осебдидаро эълон кард

0

Мақомоти шаҳри Исфара шумори дақиқи хонаҳои харобу валангоршудаи сокинони ин шаҳрро, ки дар натиҷаи даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 28 ва 29 апрел пурра ва ё қисман аз байн рафтанд, мушаххас кард.

Пас аз таҳқиқи комиссияи вижае, ки аз ҷониби ҳукумати шаҳри Исфара тартиб дода шуд, маълум гашт, ки дар умум 55 манзили сокинони наздимарзӣ хароб шудаанд. Аз ин шумор 17 манзил пурра ва 38 хонаи дигар қисман хароб шудаанд, ки ба таъмир ниёз доранд. Дар ин бора Зубайдулло Шамолов, иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара ба “Sputnik Тоҷикистон” хабар дод.

Тибқи омори пешниҳодкардаи ҳукумати шаҳри Исфара 15 хона ба Ҷамоати деҳоти Ворух, 6 – то ба Ҷамоати деҳоти Сурх, аз Ҷамоати деҳоти Шаҳрак 5- то ва аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бошад 29 хона пурра хароб ва ё қисман зарар дидааст, – омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи манбаъ, дар баробари хонаҳои харобшуда як иншооти ёрирасон низ дар шаҳри Исфара зарар дидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳоло комиссияи вижаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ҷамоатҳои мазкур зарари даргириҳоро ҳисоб доранд ва эҳтимол меравад, ки ин омор боз ҳам тағйир ёбад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ байни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Ҷамоати Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара даргирӣ оғоз шуд, пас аз чанде низомиён вориди ҷанг шуданд, ки дар натиҷа талафоти ҷонӣ ва молӣ аз ду ҷониб зиёд шуд.

Ду кишвар як дигарро барои оғози тирандозӣ муттаҳам мекунанд. Прокуратураи генералии Қирғизистон рӯзи 3 май ҷониби Тоҷикистонро ба ҳуҷуми мусаллаҳона айбдор кард. Ҳамчунин Прокуратураи генералии Тоҷикистон як рӯз пас аз он низ ҷониби Қирғизистонро дар шуруи даргирҳо айбдор донист.

Туркия омода аст ба тоҷиконе, ки аз муноқишаҳои марзӣ осеб дидаанд кумак кунад

0

Сомонаи “Авесто” бо такя ба манбааш дар котиботи матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон нигошта, ки Тоҷикистон Туркияро дар мавриди вазъи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон огоҳ кард.

Бино ба иттилои манбаъ имрӯз 4 май муовини аввали вазизири умури хориҷаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Закӣ Карагёлро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот муовини вазири умури хориҷа ба дипламати турк дар мавриди руйдодҳои охирин ва вазъи кунунии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон нақл кард.

Дар робита ба ин таъкид шуд, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ барои мушаххас кардани марзи давлатӣ бо Қирғизистон тавассути гуфтушунидҳо ва дар асоси созишномаҳои каблан ҳосил шударо дорад.

Сафири Туркия дар навбати худ бо ишора ба муносиботи дустонаи Тоҷикистону Туркия таъкид намуд, ки ҷониби Туркия аз идомаи музокироти тарафҳо дар марз пуштибонӣ мекунад ва омода аст ба Тоҷикистон ба хусус ба шаҳрвандони зарардида дар ин низоъи марзӣ кумаки худро расонад.

Дар ҷараёни ин дидор масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистон ва Туркия низ баррасӣ шуданд.

Санаи сафари Токаев ба Душанбе маълум гардид

0

Раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо даъвати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Точикистон меояд.

Нашрияи “Спутник” аз қавли котиби матбуотии раёсати матбуотии Қазоқистон Берик Уали иттилоъ медиҳад, ки раисҷумҳури Қазоқистон Токаев рӯзҳои 19-20 май ба Тоҷикистон ташрифи расмӣ меорад ва дар рӯзномаи музокирот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ аҳамияти хос зоҳир карда мешавад.

Ба гуфтаи котиби матбуотии раёсати ҷумҳурии Қазоқистон масъалаҳои рушди шарики стратегии ду кишварро бо таъкид ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ,  сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дар бар мегирад.

Ба тавсиъаи ҳамкориҳои минтақавӣ, таъмини субот ва амният дар Осиёи Марказӣ диққати махсус дода мешавад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфтугӯи телефонӣ дошт ва дар ҷараёни гуфтугӯ Эмомалӣ Раҳмон аз Токаев даъват намуд, ки моҳи май бо сафари расмӣ ба Точикистон биёяд.

Ёдовар мешавем, ки 30 апрел паз аз шуруи даргириҳо дар марз президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаи ҳалли низои марзиро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам даъват шуд, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф биёрад.

Қарор аст дар сафари президенти Қирғизистон масъалаҳои мушкилоти марз аз ҷумла аломатгузории нуқтаҳои боқимонда баррасӣ шавад. Таърихи сафари Содир Ҷабборов  дақиқ нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки муҳлати мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян мешавад.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо “Kazan Grand Slam” ширкат меварзанд

0

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо “Kazan Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7 майи соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор мегардад ширкат меварзанд.

“Азия Плюс” бо истинод ба гузориши маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 7 варзишгар барои ҳунарнамоӣ ба Қазон хоҳад рафт.

Дар ин мусобиқа Шаҳбоз Саидаброров ва Абумуслим Қаюмзода дар вазни 60 кг.

Баҳром Суфиев ва Алиҷон Сафаралиев дар вазни 66 Сомон Маҳмадбеков (73кг)

Акмал Муродов (81 кг) ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни 90 кг ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар маҷмӯъ дар мусобиқаи байналмилалии “Kazan Grand Slam” ширкати 420 гуштигир (252 мард ва 168 зан ) аз 83 кишвари чаҳон дар назар аст.

Ғолибони мусобиқа ба ғайр аз медалҳо, мукофотҳои пулӣ барои ҷои аввал 5 ҳазор доллар барои ҷои  дуввум 3 ҳазор доллар ва барои ҷои саввум 1500 доллар мегиранд.

Маҳмурод Одинаев ва писарашро аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндон интиқол доданд

0

Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ ва писараш Шайх Ризоевро 1-уми май аз боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Душанбе ба зиндон интиқол доданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба қавли манбаи Озодӣ, худи Одинаевро рӯзи 1-уми май ба зиндони шаҳри Ваҳдат ё маъруф ба “Кирпичний” интиқол доданд ва писарашро ба зиндони маъруф ба “1-ум Советский”.

Мақомот собиқ муовини ҲСДТ-ро дар моҳи декабри соли гузашта баъд аз эълоне, ки дар саҳифаи фейсбукияш дар мавриди тазоҳурот кард, боздошт карданд. Аммо писараш Ризоевро қабл аз падар боздошт карда буданд.

Маҳмурод Одинаев бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагун кардани ҳокимият 28 январи соли ҷорӣ барои 14 сол равонаи зиндон шуд. Худи ӯ ва пайвандонаш ин иттиҳомотро карда, мегӯянд, қазияи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Аммо писараш Ризоев бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “талоши таҷовуз ба номус” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Пайвандонаш иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо низ рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ қурбони фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст.

Одинаев ҳамроҳ бо писараш аз замони дастгир шудан то ин дам дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ё СИЗО нигоҳдорӣ мешуданд.

Пайвандони Маҳмурод Одинаев низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари ба зиндон бурда шудани ӯро тасдиқ карданд. Яке аз пайвандонаш рӯзи 4-уми май гуфта, ки “ин ҳафта барояш ба боздоштгоҳ ғизо бурда будем. Дар он ҷо гуфтанд, ки ҳардуяшонро ба зиндон бурдаанд.”

Ба зиндон интиқол ёфтани Одинаев дар ҳолест, ки пайвандони ӯ ва ҳамчунин масъулони ҲСДТ аз вазъи саломатии ӯ нигаронӣ мекунанд. Ҳафтае пеш Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфта буд, ки вазъи саломатии Одинаев дар боздоштгоҳ бад шудааст ва ӯро бо араобачаи маъюбӣ мегардонанд. Зери назорати табибон будани ӯро масъулони зиндон низ тасдиқ карданд.

Дар аввали боздошти Одинаев наздиконаш дар суҳбат ба “Аздо.тв” гуфта буданд, ки ӯ бемор аст ва роҳ рафта наметавонад ва ҳамчунин биноияш низ заиф шудааст, то ҳадде, ки одамро хуб намешиносад. Наздиконаш шиканҷа шудани ӯро аз эҳтимол дур намедонанд. Аммо мақомот шиканҷа шудани Одинаевро рад карданд.

Муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз нигоҳи коршиносон

0

Муноқишаи низомӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон ба мантиқи умумии равандҳои низомию сиёсӣ, ки дар қаламрави пасошӯравӣ рух медиҳанд, мувофиқат мекунад, гуфт сиёсатшиноси рус, Меҳмон Ғафорлӣ ба Авесто.

Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди он, ки ин муноқиша бар асари баҳс миёни қирғизҳову тоҷикон, ки обро дар минтақаи обхезии “Головной” тақсим карда натавонистанд, сар зад, он тобиши сиёсӣ дорад ва идорашаванда аст.

Меҳмон Ғафорлӣ, коршиноси рус

“Ин муноқиша ба ҷанги калон байни Қирғизистон ва Тоҷикистон табдил нахоҳад ёфт, аммо Бишкек назоратро аз болои қисмате аз қаламравҳояш дар марз бо Тоҷикистон аз даст хоҳад дод, ки боиси ба кулли тағйир ёфтани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣдар Қирғизистон мегардад. Ҳадафи ин муноқиша ба худи қирғизҳо нишон додани он аст, ки демократияи қирғиз, ки интихоботи президент ва сарвазирро ба як навъ фароғати мардум табдил додааст, дурнамо надорад ва Қирғизистон ба қудрати қавӣ ва васеи президент ниёз дорад”- мегӯяд сиёсатшинос.

“Инқилобҳо дар ин кишвар дар 16 соли охир алакай доимӣ шуданд ва дар Қирғизистони пасошӯравӣ тақрибан 30 сарвазир иваз шуд.Ба ҳамин хотир, давлатдорӣ ва қобилияти мудофиавии Қирғизистон хеле заиф гашта, амалан дар назди қувваи низомии тоҷик нотавон монд”. – таъкид мекунад ӯ.

Дар охир Меҳмон Ғафорлӣ хулоса кард, ки “Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ин далелҳоро барои таҳкими қудрати шахсии худ истифода хоҳад кард, то майдони сиёсии кишварро аз рақибони ҷиддии сиёсӣ тоза кунад. Аз ин рӯ, дар ояндаи наздик таҳти ниқоби таҳкими давлатдорӣ ва баланд бардоштани қобилияти мудофиавии Қирғизистон мо дар ин кишвари Осиёи Марказӣ режими пурқудрати авторитарӣ ва маҳдуд шудани равандҳои демократиро хоҳем дид ”.